Зеҳн

Таъсири касбияти омӯзгор дар ташаккули шахсияти хонандагон

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 13 дақиқа хондан

ТАЪСИРИ КАСБИЯТИ ОМӮЗГОР ДАР ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ ХОНАНДАГОН

Боронова М. С.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Омӯзгор нафарест, ки барои ӯ ғановати маънавӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, рафтори шоиста, хулқу одоб, шарафу шарафнокӣ, некиву некбинӣ, ҳимматбаландӣ, хоксориву фурӯтанӣ, покию покизагӣ, ростиву парҳезкорӣ арзиши асос дорад. Омӯзгор бояд донад, ки инсони озод ва мустақил тариқи инкишофи қобилияти инфиродии худ тамоми умр ҳамчун шахс ташаккул меёбад ва ин сифатҳоро дар замири шогирдони худ тарбия менамояд. Барои расидан ба ин ҳадаф ӯро зарур аст, ки мунтазам баҳри андӯхтани дониши касбии худ машғул шавад.

Таҳлил ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки барои ба мартабаи омӯзгори шоиста сазовор гардидан барои ҳар муаллим зарур аст дар худ маҳорати педагогиро ташаккул диҳад. Омӯзгорро зарур аст, ки бо кӯшишҳои доимӣ, забони ширину гуворо, талаффузи равон шогирдонро ба дарс ҷалб намояд, шавқу ҳаваси хонандагонро ба фаъолияти эҷодӣ ва маърифатҷӯӣ бедор намояд.

Баррасии ташаккул ва инкишофи салоҳияти касбии омӯзгорон ҳамчун раванди азхуднамоӣ ва тағйири арзишҳо мавриди диққати аксарияти муҳаққиқон ва педагогҳои машҳур қарор дода шудааст. Мувофиқи ақидаи мутахассисон, фаъолияти омӯзгорӣ бо се арзиши меъёрӣ — шахсияти омӯзгор, фаъолияти педагогӣ, муносибати тарафайни шахсияти омӯзгор ва шахсияти хонанда муайян карда мешавад ва инкишофи фаъолияти педагогӣ бо инкишоф ва вазъияти ин ҳар се арзиш алоқаманд аст.

Раванди мубаддал гардидани арзишҳои меъёриву маънавиро ба арзишҳои шахсӣ метавон ба таври зерин шарҳ дод:
— дар аввал омӯзгор дорои як арзиш аст, ки бо арзишҳои меъёрии фаъолияти ӯ мувофиқ аст;
— дар давраи дуюм боз як арзиши дигар пайдо мешавад, ки ба ин восита дар ӯ ду арзиши меъёриву маънавӣ фаъолият менамоянд;
— дар давраи сеюм ҳамаи арзишҳои меъёрию маънавӣ ба арзишҳои шахсии омӯзгор мубаддал мегарданд. Вале он ҳама арзишҳои меъёриву маънавии омӯзгор ба маънои томаш на дар ҳама ҳолат бо арзишҳои меъёриву маънавии умумӣ мувофиқат менамояд, ки маҳз чунин вазъият восита ё худ сабаби ташаккул ва инкишофи маҳорати касбии омӯзгор мегардад.

Ба ҳам мувофиқат накардани меъёрҳо дар чунин ҳолатҳо ба миён меояд: агар яке аз арзишҳои меъёриву ахлоқӣ ба монанди шахсияти омӯзгор дар муносибат бо хонанда мувофиқат накунад, ё ин ки мундариҷаи арзишҳои меъёриву ахлоқӣ чун шаклҳои таҷассум намудан, дарк ва фаҳмиш ва ё таассуроту ҳиссиёт ба мундариҷаи арзишҳои шахсии омӯзгор мувофиқ набошад.

Номувофиқияти арзишҳои меъёриву ахлоқӣ ба арзишҳои омӯзгор ба паст рафтани самаранокии фаъолият, ба пайдо гардидани монеаҳо ва қатъгардиҳои фаъолият дар ӯ оварда мерасонад. Ин ҳолатҳо омӯзгорро водор месозанд, ки имконият ва воситаҳои баҳампайвандии арзишҳои берунӣ ва шахсиро ҷустуҷӯ намояд. Ин нукта низ, яъне раванди ҷустуҷӯи имкониятҳо ва воситаҳои ташкили ҳамгиросозии арзишҳо, аз ҷумлаи моҳияти инкишофи салоҳияти касбии омӯзгор ба ҳисоб меравад.

Арзишҳо ба омӯзгор дар шакли эҳсосот низ дода мешаванд, аз ин лиҳоз эҳсосот қисми ҷудонашавандаи ташкили ҳамгироии арзишҳо мебошад. Кор ва амал намудан дар заминаи эҳсосот имконият медиҳад, ки вазъи номутобиқатии арзишҳо ва мазмуну мундариҷаи онҳо, ки дар шакли маъно, муқаррарот ва намуна мавҷуданд, муайян карда шаванд. Ба ифодаи дигар, кор бо эҳсосот — заминаи асосии инкишофи салоҳияти касбии омӯзгор маҳсуб меёбад. Ва маҳз эҳсосот ба омӯзгор вазъи номувофиқатии арзишҳоро маълум менамояд ва ӯро водор месозад, ки он номувофиқатии арзишро дар ҳамгироияшон ҳаллу фасл намояд.

Маълум аст, ки фаъолияти омӯзгор дар ду маврид — дар доираи унсурҳои сохтории фаъолияти педагогӣ ва вазифаҳои фаъолияти педагогӣ амалӣ мегардад [1, с. 210].

Омӯзгор бояд қобилияти дӯст доштани кӯдаконро дошта бошад, онҳоро дарк намояд ва чӣ тавре ки онҳо ҳастанд, бо бартариҳову камбудиҳояшон қабул намояд. Он омӯзгоре, ки дорои чунин ҳунарҳо набошад, ӯ шахсият ё тақдири касеро, албатта, тақдири хонандаро намебинад.

Педагогҳои машҳур таъкид намудаанд, ки низому тартибот ба чӯбдасти «тарбия»-и устод иртибот надорад. Талаботи доимӣ ва боандешаву дурандешона кӯдаконро давра ба давра ба ҳаёти мустақилона омода месозанд. Амалҳои солеҳ якҷо бо иродаи матину дили пур аз меҳру муҳаббат ва ҳавасмандкунандаи омӯзгор аст, ки бо гузашти вақти муайян кӯдаконро тарбият ва таълим менамояд. Аз ин хотир, зарур аст, ки дар раванди тарбия ба тарбиятгиранда бояд имконият дод, то тарбиятгиранда эҳсос намояд, ки, новобаста аз рафтор ва сифатҳои зоҳирӣ, устодон ба ӯ бо меҳру муҳаббат рафтор менамоянд.

Омӯзгор зимни фаъолияти касбӣ ва рафтори худ бояд бо кӯдакон бо эҳтиром муносибат намояд. Дар ин бобат омӯзгор на танҳо услуб ва шакли муносибатро бо шогирдон муайян менамояд, балки уҳдадор аст, ки шахсияти онҳоро ҳифз ва эҳтиром намояд. Чунон ки Я. Корчак қайд менамояд, «қади баланди инсон ин гувоҳи бартарии ӯ аз нафарони ӯро иҳотакарда нест» [4, с. 210].

Қайд намудан зарур аст, ки дар шароити имрӯза дар мактабҳои кишвар чунин як эҳтироми тарбиятгиранда аз тарафи омӯзгор ба назар намерасад, ки, бешубҳа, ба самаранокии раванди таълиму тарбия таъсири манфӣ мерасонад. Ин ҳолат дар аксарияти мавридҳо дар шакли авторитарӣ (раво донистани ҳукми тарафайн) муносибати омӯзгор — тарбиятгиранда ба назар мерасад. Чунончи гӯё хонанда ҳуқуқ дорад, ки ба дарс бе тайёрӣ биёяд. Аз ин рӯ, дар бисёр ҳолатҳо мавқеи беузр, беасос ва авторитарии (ҳукмравоӣ) омӯзгор нисбат ба хонандагон ба тайёриҳои сусти мактаббачагон шарҳу эзоҳ дода мешавад. Бо вуҷуди ин, дар асоси хулосаи педагогҳои машҳур, омӯзгорро зарур аст, ки новобаста ба надонистани дарс ва тайёр набудани кӯдакон бо онҳо бо эҳтиром муносибат намояд.

Хонандаро тавассути методҳои маъмули педагогӣ бо истифода аз дониш ва меъёрҳои мавҷуда дар ниҳоди кӯдак ҳисси масъулиятшиносиро тарбия намояд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои устод хонанда бояд дар раванди таълиму тарбия кӯшиш намояд, ки донишҳоро аз худ намояд.

Ҳамчунин, таҳлили сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки омӯзгори бадқаҳру хашмгин омӯзгори олӣ нест. Хашму ғазаб, норозигӣ, тундмизоҷӣ, нафрату адоват, агар ба пуррагӣ шуури педагогро тасарруф намоянд, дар ӯ бемориҳои рӯҳӣ, девонагӣ ва дигар ҳолату касалиҳои ба инҳо монанд пайдо мешаванд. Аз ин лиҳоз, омӯзгори ояндаро зарур аст, ки нигоҳ доштани ҳиссиёти манфии худ ва дар муддати кӯтоҳ тасаллӣ додани худро дар ҳолатҳои душвору мураккаб аз худ намояд.

Худназорат будан доиман қобилияти наранҷиданро дар ҳар гуна вазъияти мураккабу мушкил эҳё менамояд. Бояд тазаккур дод, ки дар бобати нигоҳ доштани эҳсосот дар муносибатҳо психологҳо ва педагогҳои машҳур ақида ва ё фикрҳои ҷолиби диққат пешниҳод намудаанд. Масалан, Л. Фейхтвангер ҳушдор намудааст, ки «дар ҳолате, ки шумо ба касе қаҳру ғазаб доред, аз наздик шудан ба ӯ натарсед. Ба назди ӯ равед, таъзим намоед, оромона чизеро, ки аз ӯ ба шумо дарду алам меорад, гӯед. Беҳтарини Шумо ҳамон аст, ки якумин шуда, ба таъзим меояд» [11, с. 87].

Ҳамин тариқ, дар асоси таснифотҳои мухталиф метавон чунин хулосабарорӣ намуд, ки муносибат, пеш аз ҳама, алоқаи байни одамон аст, ки барои фаъолияти якҷоя зарурат дошта ва дар доираи чунин фазо таъсир расонидани як нафар ба нафари дигар амри вуҷуд пайдо мекунад. Ба ҷуз ин, муносибат раванди бисёрсамтаест, ки метавонад дар як ҳолат ҳамчун раванди таъсиррасонии байниҳамдигарии одамон ва ҳамчун раванди иттилоотӣ истифода шавад. Ниҳоят, инсон тавассути муносибат ва ё алоқаҳои тарафайн метавонад дар худ ҷанбаҳои зеринро ташаккул диҳад:

  • эътиқод, муносибат ва самтгириҳои арзишии ташаккулёфтаро, ки мавқеи иҷтимоиву маънавии ӯро муайян менамоянд;
  • услуби рафторро дар муносибат вобаста ба алоқаҳои гуногунҷабҳа;
  • кӯшиши амалӣ намудани мақсадҳои нақшавии худ ва худсобиткунӣ;
  • нияти фаҳмидани нафари дигар, қабул намудани таҷрибаи нав, омӯзиш, дарк намудан ва баҳогузории объективона;
  • воситаи таъсиррасонии ташаккулёфта ба шарики ҳаммуносибати муҳтоҷ ба ёрӣ, талқин ва тақлид намудан [12, с. 231].

Дар воқеъ муносибати педагогӣ раванди бисёрсамтаи озмуни муқаррарнамоӣ ва инкишофи коммуникатсия, якдигарфаҳмӣ, инчунин таъсири тарафайни байни омӯзгор ва хонандагон аст, ки аз мақсад ва мундариҷаи фаъолияти якҷояи онҳо бармеояд [10, с. 157]. Аз ин хотир, муҳаққиқон ва педагогҳои машҳур қайд менамоянд, ки муносибат ин моҳият, асос ва методи интегралии тарбия ба ҳисоб меравад. Муносибати педагогӣ аз ҷумлаи ҷанбаҳои боғановату пурмаҳсул ҳисобида мешавад, ки натиҷаи он боиси ғанӣ гардидани маънавиёти ҳам омӯзгор ва ҳам хонанда мегардад. Лекин қайд намудан зарур аст, ки чунин амал дар сурате имконпазир мегардад, ки агар педагог мавқеи субъектро ишғол намуда, ба тарбиятгиранда низ ҳамчун ба субъект муносибат намояд, ки ин нукта дар асоси критерияҳои зерин муайян карда мешавад:

  • аз тарафи педагог эҳтиром гардидани ҷаҳони маънавии хонанда ва эътирофи ҳуқуқи норозигии ӯ ба омӯзгор;
  • шавқу ҳавас ба ҷаҳони хонанда ва шарик будан ба вазъияти ӯ, изҳори хурсандӣ намудан дар мавриди муваффақият ва ҳамдардӣ намудан дар мавриди нокомиҳои хонанда;
  • қабул намудани фардияти хонанда ҳамчун арзиш, ки он сифатҳо танҳо ба ӯ тааллуқ доранд. Албатта, чунин муносибат намудани омӯзгор ба хонанда дар доираи сатҳи инкишофи салоҳияти педагогии омӯзгор сурат мегирад. Умуман, хусусиятҳои асосӣ ва ҳаммусбати муносибати педагогӣ нақши волоро дар фаъолияти омӯзгор бозида, қобилияти коммуникативии ӯро намоиш медиҳад. Аз нуқтаи назари ҷанбаҳои этикии муносибат, дар ин ҷода диққати асосӣ ба ҳамон вазифаҳое равона карда мешавад, ки дар ташаккули салоҳияти муносибатҳо нақши боризро доро бошанд. Ва он вазифаҳо нуктаҳои зеринро дар бар мегиранд:
  • ба муносибат ҷалб намудани кӯдак, бедор намудани хоҳиши ӯ ба муносибат, бартараф намудани фишоровариҳои психологӣ, бартараф намудани тарсу ваҳм дар назди ҳодисот, бовар кунонидани хонанда дар интихоби озоди хелҳои муносибат (танҳо дар асоси меъёрҳои маънавӣ), баланд бардоштани худбаҳодиҳӣ ва боварӣ ба худ, бовар кунонидани хонанда нисбат ба муносибати мусбии омӯзгор ба ӯ;
  • «шарикӣ»-и кӯдак дар раванди муносибат, дастгирии хонанда дар доираи кӯшишҳои ӯ ба муносибат, ба худ гирифтани як қатор мушкилиҳо, ёрӣ расонидан ба тарбиятгиранда, зоҳир намудани шавқу рағбати ӯ ба ҷаҳони дохилии худаш;
  • «болобардорӣ»-и кӯдак ё худ таърифкуниҳо. Дар раванди чунин муносибати тарафайн ба хонанда муяссар мегардад, ки чунин фарҳанги этикии муносибатро нигоҳ дошта, ба шарофати кӯшишҳои маънавӣ ва ҷисмониаш ба арзишҳои нави маънавӣ ворид гардад, ки дар ҳамин замина сифатҳои маънавии шахсият дар ӯ ташаккул меёбанд [15, с. 154].

Амалӣ гардидани ин вазифаҳо, албатта, боз ҳам аз қобилияти амалии касбии омӯзгор вобаста аст, ки ба самаранокии раванди таълиму тарбия таъсири назаррас хоҳад расонд. Боиси қайд аст, ки омӯзгор ҳамеша ва ҳаматарафа кӯшиш менамояд, ки муносибати ӯ бо хонандагон самаранок бошад. Дар ин бобат таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои таъмин намудани самаранокии муносибати омӯзгор як қатор критерияҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки, тахминан, онҳоро метавон дар чунин қолабҳо тарҳрезӣ намуд:

  • донистани қонуниятҳои асосии муносибат;
  • донистани сохтори муносибат, хусусиятҳои амалӣ намудани вазифаи коммуникативӣ, интерактивӣ ва идрокии муносибат;
  • донистани методикаи муносибат ва муносибатҳои байнишахсӣ;
  • донистани талаботи психологиву педагогӣ ва этикӣ барои ташкили муносибати педагогӣ бо хонанда. Ҳамчунин, принсипҳои ахлоқии муносибати педагогӣ дар худ яке аз шаклҳои шуури этикии педагогро таҷассум менамоянд. Чунки дар он принсипҳо талаботи умумигардонидашудаи салоҳияти муносибати педагог бо хонандагон инъикос меёбанд. Принсипҳои муносибати педагогиро мақсадҳои тарбия муайян менамоянд ва дар асоси ҳамон мақсадҳо муносибати педагог ва хонандагон дар мадди назар қарор дода мешавад.

Дар ин бобат метавон чунин принсипҳоро махсусан номбар кард:

  • принсипи ғайризӯрӣ;
  • принсипи баробарии муносибатҳои тарафайн;
  • принсипи эҳтироми меҳнати маърифатии хонанда;
  • принсипи эҳтироми бемуваффақияти кӯдак;
  • принсипи эҳтироми кори душвор ва ё мураккаби инкишоф;
  • принсипи эҳтироми мустақилияти хонанда;
  • меҳру муҳаббат зимни табассуму сарҷунбониҳо ифодакардаи тарбияткунанда ба тарбиятгиранда;
  • серталабӣ ва эҳтироми самимона доштан ба хонавода;
  • принсипи такя намудан ба ҷиҳатҳои мусбии хонанда;
  • принсипи созишкорӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳснок [14, с. 324].

Қайд намудан зарур аст, ки ин принсипҳои аз тарафи педагогҳои машҳур амалан мавриди истифода қарор дода шуда, зимни онҳо далелҳои бадастомада низ баррасӣ шудаанд. Чунончи, Л. В. Калашникова дар рисолаи «Психологияи меҳнати омӯзгор» механизми психологии муносибати педагогии мувофиқро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки дар ҷараёни он як идда вазифаҳои психологӣ-педагогӣ ба иҷро оварда мешаванд. Масалан, дар ин бобат Л. В. Калашникова амалишавии чунин вазифаҳоро дар назар дорад:

  • инкишофи асосҳои сабабияти рафтор ва фаъолият;
  • ташаккули муносибати эҷодӣ ба навъҳои гуногуни фаъолият;
  • ташаккул ва инкишофи шахсияти хонанда [8, с. 28].

Ҳамин тариқ, омӯзгор дар раванди муносибат ва робита бо хонандагон донишҳои худро оид ба шахсияти кӯдак васеъ намуда, бо роҳҳои мухталиф ва ё гуногун хонандагонро дар ин ё он вазъият қабул ва баҳогузорӣ менамояд, ки ин ҳама ба ташаккули муносибатҳои эмотсионаливу байнишахсии хонандагон ва омӯзгор нақши назаррас мебозад. Умуман, дар шароити имрӯза дар ҳолати пайдо гардидани ҳиссиёти нафрату адоват нисбат ба хонанда, ки омӯзгор бо ӯ аз нигоҳи танқидӣ, аз рӯи ғараз муносибат намуда, ҷиҳатҳои мусбии рафтори ӯро нодида мегирад, дар ниҳояти кор чунин таваҷҷуҳи манфӣ дар доираи ташкил намудани раванди муътадили таълиму тарбия ва таъмин намудани самаранокии ин раванд ҳатман таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумла, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар аксарияти ҳолатҳои пайдо шудани таваҷҷуҳи манфӣ зарурати нохуше пеш меояд: яъне, омӯзгор бояд иваз карда шавад. Чунки чунин омӯзгор, мувофиқи назарияҳои мавҷудаи педагогӣ, ба талаботи умумии психологиву педагогии салоҳияти педагогӣ ҷавобгӯ намебошад, аз ин рӯ бояд ба фаъолияти дигар гузарад, ё ин ки бо истифода аз методҳои гуногуни психологӣ худнигоҳдории эҳсосотро омӯзад.

Адабиёт:

  1. Архангельский С. И. Учебный процесс в высшей школе, его закономерные основы и методы. — М., 1980.
  2. Журавлев В. И. Основы педагогической конфликтологии. — М., 1995.
  3. Конюхов Н. И. Словарь-справочник по психологии. — М., 1996.
  4. Корчак Я. Избранные педагогические произведения / Я. Корчак; Пер. с пол. К. Э. Сенкевич. — М.: Педагогика, 1979. — 474 с.
  5. Краткий психологический словарь / Сост. Карпенко Л. А.; под ред. Петровского А. В., Ярошевского М. Г. — М.: Политиздат, 1985. — 431 с.
  6. Лутфуллозода М., Бобизода Ғ. Андешаҳо перомуни салоҳиятҳо ва ташаккули онҳо. — Душанбе, 2017. — 88 с.
  7. Мнацаканян Л. И. Личность и оценочные способности старшеклассников. — М.: Просвещение, 1991.
  8. Натанзон Э. Ш. Психологический анализ поступков ученика. — М.: Просвещение, 1991.
  9. Педагогика: Учебное пособие / Сластенин В. А., Исаев И. Ф., Шиянов Е. Н. — М.: Академия, 2002. — 576 с.
  10. Педагогика: Учебное пособие для студентов педагогических учебных заведений / Сластенин В. А., Исаев И. Ф., Мищенко А. И., Шиянов Е. Н. — М.: Школа-Пресс, 1998.
  11. Попов Л. А. Этика: Курс лекций. — М.: Центр, 1998.
  12. Смирнов В. И. Общая педагогика в тезисах, дефинициях, иллюстрациях. — М.: Педагогическое общество России, 1999.

Аннотатсия. Муаллиф дар мақолаи худ баррасии ташаккул ва инкишофи салоҳияти касбии омӯзгоронро ҳамчун раванди азхуднамоӣ ва тағйири арзишҳо қарор додааст. Раванди мубаддал гардидани арзишҳои меъёриву маънавиро ба арзишҳои шахсӣ метавон ба таври зерин шарҳ дод: дар аввал омӯзгор дорои як арзиш аст, ки бо арзишҳои меъёрии фаъолияти ӯ мувофиқ аст. Дар давраи дуюм боз як арзиши дигар пайдо мешавад, ки ба ин восита дар ӯ ду арзиши меъёриву маънавӣ фаъолият менамоянд. Таҳлили сарчашмаҳои илмӣ касро ба хулоса меоварад, ки эмпатияи хайрхоҳӣ асосан хоси хонандагони синфҳои ибтидоӣ мебошад, вале эмпатияи ҳамдардӣ ба синфҳои болоӣ хос аст.

Калидвожаҳо: инкишоф, омӯзгор, азхуднамоӣ, машҳур, шахсӣ, мувофиқ, ҳамдардӣ, восита.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2