Мактаби мусиқӣ ва саҳми он дар тарбияи ахлоқӣ-эстетикии насли наврас
МАКТАБИ МУСИҚӢ ВА САҲМИ ОН ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ-ЭСТЕТИКИИ НАСЛИ НАВРАС
Шарифов Ш. Ҷ.
Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Таҳким, рушд ва модернизатсияи системаи миллии таҳсилоти мусиқӣ ва шаклҳои фаъолияти мусиқии касбӣ тавассути такомули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, механизмҳои дастгирии он, мусоидат намудан ба равандҳои эҷодиёт ва таъминоти ҳифзи иҷтимоии кормандони эҷодӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2015», баланд бардоштани сифати тарбияи мутахассисони касбӣ дар соҳаи мусиқӣ, устувор гардонидани шаклҳои фаъолияти мусиқии касбӣ, қонеъ гардонидани талаботи эстетикии шахс ва ҷомеа мебошад. Тарбияи насли наврас яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлату ҳукумат арзёбӣ мегардад. Дар ин ҷараён таълиму тарбия масъалаи асосии ҷомеасозӣ гаштааст, чунки танҳо маърифат ва маънавиёт, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, бедории воқеии миллӣ, накӯкорӣ, созандагию бунёдкорӣ омили рушди ҷомеа шуда метавонад. Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи фарҳангу маориф ҷалб намуда, тарбияи насли наврасро яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлату ҳукумат арзёбӣ менамояд. Чунки насли наврас яке аз ганҷинаҳои арзишманди миллат буда, ба ғамхориву пуштибонӣ ниёз дорад.
Мусиқӣ санъатест, ки ба воситаи он тасвири ҷомеа, тарзи муоширати инсон, шакли тафаккур дар садо ифода меёбад. Омӯзиши мусиқӣ ва аз худ кардани донишҳои мусиқӣ, маҳорат ва малака мутобиқи барномаҳои таълимӣ мебошад ва барои ба даст овардани чунин донишҳо, фаъолияти амалии мусиқӣ ва эстетикӣ бояд ба дараҷаи муайяни таҳсилоти мусиқӣ ҷавобгӯ бошад. Мактаби мусиқӣ таълимгоҳ ё муассисаи махсуси ибтидоию миёнаи тарбиявие мебошад, ки дар он асосҳои назарию амалии созу овозро меомӯзанд. Аз давраҳои қадим барои ниёгони халқи тоҷик омӯзиши созу овоз яке аз қисмҳои муҳими тарбияи бадеии санъати нафиса ба шумор мерафт. Омӯзиши мусиқӣ хусусан дар аҳди Сосониён хеле равнақ ёфта буд. Яке аз калонтарин мактаби мусиқӣ дар музофоти Тайсафун таҳти роҳбарии Борбад амал мекард, ки дар он баробари омӯзиши назарияи мусиқии форсӣ, инчунин мусиқии юнонию ҳиндӣ омӯхта мешуд ва аввалин дастурҳои назарию амалӣ низ дар ин давра мураттаб шудаанд.
Дар аҳди Сомониён мактаби калону машҳури мусиқие дар Бухоро таъсис ёфт, ки ба он устоди номвари мусиқӣ Абулаббоси Бахтиёр сарварӣ мекард. Дар ин мактаб ӯ асосҳои назарию амалияи мусиқии аҳди Борбадро аз нав барқарор намуда, анъанаҳои мусиқии Ҳиндустон ва дигар кишварҳоро меомӯзонд. Навъҳои нави мактабҳои мусиқӣ пас аз Инқилоби Октябр чун таълимгоҳи махсус таъсис ёфтанд, ки он давоми анъанаи пешиниён буд. Аз ҷумла, соли 1922 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии халқии Бухоро мактаби мусиқии Шарқӣ кушода шуд. Соли 1927 дар Самарқанд бо сардории оҳангсозону мусиқишиносони рус Н. Н. Миронов ва В. Успенский мактаби олии мусиқӣ таъсис ёфт. Аввалин мактаби мусиқӣ дар ҶШС Тоҷикистон соли 1937 таъсис гардид, ки баробари омӯзиши асосҳои мусиқии аврупоӣ, инчунин анъанаи иҷрокунандагии мусиқии миллӣ таълим дода мешуд [1, с. 142].
Умуман, дар замони Ҳукумати Шӯравӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 58 мактаби бачагонаи мусиқӣ фаъолият менамуданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ мактабҳои бачагонаи мусиқӣ зинаи таҳсилоти ибтидоии бадеӣ ба шумор мераванд ва ба ин муассисаҳо бачагони болаёқат аз синни 6 то 12-сола ҷалб карда мешаванд. Ворид гардидани кӯдак ба олами бадеӣ, аз ҷумла фарҳанги мусиқӣ бо раванди ибтидоии касбӣ омезиш меёбад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 86 адад мактабҳои бачагонаи мусиқӣ фаъолият менамоянд, ки дар ин муассисаҳо теъдоди умумии хонандагон 11 123 нафарро ташкил медиҳанд, ки ҳамагӣ шумораи 0,1% бачагони ҷумҳуриро ташкил медиҳанд [2, с. 7].
Дар шароити кунунӣ андӯхтани донишҳои устувори фанҳои мусиқӣ ва дарёфти малакаҳои техникаи иҷрокунандагӣ, ки ҷузъи ҳатмии таҳсилоти касбии мусиқӣ мебошанд, заруранд. Хонандагон бояд на танҳо дорои маҷмӯи дониш ва маҳорату малака, балки қобилияти баланди худэҷодкунӣ дошта, дар ҳаёти мусиқии ҷомеа фаъолона иштирок намоянд. Омӯзиши навохтани асбобҳои мусиқӣ барои кӯдакон дунёи нави рангинро кушода, шавқу рағбати онҳоро ба асбобҳои мусиқӣ зиёд мегардонад. Аммо вазифаҳои мактабҳои мусиқӣ набояд бо ин маҳдуд гарданд. Муҳимияти фаъолияти ин муассисаҳо зиёд гардонидани муҳаббати кӯдакон ба мусиқӣ, ошкор кардани қобилияти мусиқии кӯдакон, васеъ гардонидани фаҳмиши онҳо дар асоси мусиқии бадеии давраҳои гуногун, беҳтар намудани фаҳмиши зебоӣ ва такмил додани истеъдоди онҳо дар муассисаҳои касбӣ мебошад [3, с. 15].
Шаклҳои ташкили омӯзиш ва тарбияи мусиқӣ ин раванди таълимӣ-тарбиявии мусиқӣ мебошад, ки хусусиятҳои фаъолияти мусиқӣ-эстетикии иштирокчиёни онро маълум менамояд. Инҳо дарсҳои амалӣ (дарсҳо), консертҳои ҳисоботӣ, лексияҳо, фестивалҳо, мусобиқаҳо, экскурсияҳо ва ғайра мебошанд. Усулҳои асосии таълиму тарбияи мусиқӣ дар фаъолияти якҷояи байни иштирокчиёни он, ки дар ҷараёни азхудкунии донишҳои мусиқӣ, маҳорат ва малакаҳо, фаъолияти мусиқӣ-амалӣ ва ташаккули мусиқӣ-эстетикии шахсият сурат мегиранд. Дар таълимоти мактабҳои мусиқӣ яке аз масъалаҳои мубрам ин ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набудани фаъолияти онҳо мебошад. Аксарияти омӯзгорон дар раванди таълим ба ташаккули истеъдоди хонанда аҳамият намедиҳанд. Онҳо вазифаи худро дар иҷроиши барномаи таълимӣ ва тайёрӣ ба азназаргузарониҳо, конкурсҳо мебинанд. Дар натиҷа хатмкунандагони мактабҳои мусиқӣ созҳои мусиқиро ҳатто навохта наметавонанд, маҳорати дарки қобилияти мусиқифаҳмиро надоранд, ки ба дараҷаи иҷроиши мустақилонаи хонандагон таъсири манфӣ мерасонад.
Таҳким, рушд ва модернизатсияи системаи таҳсилоти мусиқӣ тавассути такомули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, механизмҳои дастгирии он, мусоидат намудан ба равандҳои эҷодиёт, баланд бардоштани сифати тарбияи мутахассисони касбӣ дар соҳаи мусиқӣ, устувор гардонидани шаклҳои фаъолияти мусиқӣ ба қонеъгардонии талаботи эстетикии насли наврас мусоидат менамояд [4, с. 3].
Педагогикаи мусиқӣ як соҳаи илми педагогикаи умумӣ ба ҳисоб рафта, асосҳои таълим ва тарбияро ба воситаи хусусиятҳои санъати мусиқӣ меомӯзад ва бо қонунҳои асосии рушди педагогикаи умумӣ алоқаманд мебошад.
Манбаъҳои омӯзиши педагогикаи мусиқӣ инҳоянд:
-
Таҷрибаи омӯзиши мусиқии ниёгон. Ҷамъоварӣ ва нигоҳдории намунаҳои падидаҳои мусиқии ниёгон ва ба насли наврас муаррифӣ кардани онҳо. Ин падидаҳо бояд мафҳуми эҷодии фарҳанги мусиқии ниёгонро дар бар гирад, ки дорои беҳтарин намунаҳои асарҳои мусиқии устодони санъат, малакаҳои корӣ ва натиҷаҳои умумии фаъолияти таълимӣ ва мусиқӣ бошанд.
-
Тадқиқоти падидаҳои педагогии мусиқии муосир. Ин, пеш аз ҳама, таҷрибаи амалии фаъолияти муассисаҳои таълимии мусиқӣ дар тайёр намудани мутахассисони касбӣ, мактабҳои эҷодӣ ва омӯзиши усулҳои таълиму тарбияи мусиқӣ мебошад.
-
Таҷрибаи пешқадами муосири илмӣ ва таълимӣ. Дар ин ҷо мо омӯзиш ва омезиши натиҷаҳои кори илмӣ ва таҷрибавии тадқиқотчиёнро дар ҷустуҷӯи технологияи муосир ва беҳсозии мусиқӣ ва таълими мусиқиро дар назар дорем. Ин натиҷаҳои тадқиқоти донишкадаҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошанд, ки баҳри таҳлил, такмил ва ҳалли масъалаҳо дар таълиму тарбия ва роҳҳои беҳтар гардонидани фаъолияти мактабҳои мусиқӣ равона шудаанд.
Педагогикаи мусиқӣ яке аз соҳаҳои илми педагогика ба шумор рафта, категорияҳои назариявии худро дорад. Ин категорияҳо асосҳои назариявии махсуси соҳаи мусиқиро муайян менамоянд.
Таълимоти мусиқӣ — ин раванд ва натиҷаи азхудкунии донишҳои мусиқӣ, маҳорат ва малака, ки мутобиқати сатҳи азхудкунии падидаҳои мусиқиро аз нуқтаи назари таҳлилӣ-назариявӣ ё амалӣ нишон медиҳад. Вазифаҳои таълимоти мусиқӣ ташаккул ва азхудкунии ин таҷриба ба мутахассисони ояндаи соҳаи мусиқӣ мебошад.
Қонунияти таълимоти мусиқӣ — сабабҳои воқеие, ки алоқаи муҳими байни ҷомеа ва падидаҳои мусиқиро нишон медиҳанд, ё раванде, ки бе он иҷроиши таъсирбахши босамари таълим ва тарбияи мусиқӣ номумкин аст:
- мувофиқати мундариҷаи таълим ва тарбияи мусиқӣ ба дараҷаи ташаккули фарҳанги мусиқии ҷомеаи муосир;
- вобаста будани раванди таълиму тарбияи мусиқӣ ба шароити иқтисодии таъминоти рушди соҳаи мусиқии миллӣ;
- мутобиқ намудани мазмуну мундариҷаи таълиму тарбияи мусиқӣ ба анъанаҳои мусиқии миллӣ.
Асосҳои таълимоти мусиқӣ
Ба асосҳои таълимоти мусиқӣ ғояҳои асосии назариявӣ дохил мешаванд ё талаботе, ки дар он раванди таълиму тарбияи мусиқӣ қарор дорад. Ба онҳо марбут мешаванд:
- дастрас будани таълиму тарбияи мусиқӣ ба ҳар як наврас новобаста аз ҷинс, миллат ва ақидаҳои динӣ;
- баробарии шароити ҳар як хонанда барои баамалбарории истеъдоди мусиқӣ ва рушди ҳаматарафаи наврасон;
- робита бо фарҳанги бадеии миллӣ ва ҷаҳонӣ;
- робитаи мутақобилаи таҷрибаи таълими мусиқии мамлакатҳои дигар;
- интихоби озоди тарз, услуб, тартиб, усули омӯзиши таълиму тарбия дар мусиқӣ;
- таълими илмии мусиқӣ дар асоси дастовардҳои пешрафти илмӣ-методӣ, ақидаҳои назариявии мусиқӣ ва фаъолияти амалӣ-иҷрокунандагӣ;
- зина ба зина ва пайдарпаии таъминоти шароити оддии таълимоти ибтидоии мусиқӣ;
- бунёди шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти пурсамар ва ташаббускории эҷодии мусиқӣ [5, с. 23].
Дар марҳилаи имрӯза дар кишвар имкониятҳои эҳё ва рушду нумӯи мактабҳои мусиқӣ вуҷуд доранд ва барои ин зарур аст, ки:
- пояи моддии тамоми таълимгоҳҳои мусиқӣ қавӣ гардонида шуда, раванди таълим дар онҳо бо созҳои муосири мусиқӣ, бо асарҳои классикаи ҷаҳонӣ ва оҳангсозони тоҷик таъмин карда шавад;
- ҳамасола аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашри маҷмуаҳо, китобҳои дарсии нота, воситаҳои таълим ва ҳавасмандгардонии муаллифон маблағ ҷудо шавад;
- барои ҳифз намудан ва афзудани истеъдоди хонандагон масъулини мактабҳои мусиқӣ ҳавасманд гардонида шаванд;
- имконияти тарбияи бадеии кӯдакону наврасон ва таълими онҳо тавассути ба ин раванд ҳамроҳ намудани муассисаҳои навъи такягоҳӣ — театрҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо, ташкилотҳои консертӣ, иттифоқҳои эҷодӣ васеъ карда шавад;
- робитаи мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъатро бо муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ мустаҳкам карда, таълиму тарбияи насли ҷавон дар таълимгоҳҳо аз рӯи як мақсад ва вазифаҳои умумӣ ба роҳ монда шавад;
- барои таъмин намудани мактабҳои бачагонаи мусиқӣ ва санъат бо мутахассис аз рӯи кулли ихтисосҳо системаи боэътимоди омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо ташкил карда шавад;
- ташаккули ҳавасмандии хонандагон нисбат ба мусиқӣ бо истифодаи усулҳои мушаххаси ҳозиразамон, барномаҳои таълимӣ, фанҳои ҷудогона, ки омилҳои синнусолӣ, таълимӣ ва тарбияи бадеиро ба инобат мегиранд, ба роҳ монда шавад [6, с. 22].
Адабиёт:
- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, Ҷ. II. — Душанбе, 1989. — С. 142. БҶ ВФ ҶТ // Ҳисобот оид ба фаъолияти Вазорати фарҳанг дар соли 2015 ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳа дар соли 2016. — Душанбе, 2016. — С. 57.
- Рубин В. В поисках гармонии // Музыкальная жизнь. 2009. — № 9. — С. 15.
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.07.2010 таҳти № 322 дар бораи тасдиқи «Барномаи давлатии рушди мусиқии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2015». — Душанбе, 2010. — С. 3.
- Броннер М. Композитор и современное музыкальное сообщество // Музыкальная жизнь. 2009. — № 11. — С. 23.
- Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва масъалаҳои ҳалталаби татбиқи он. — Душанбе, 20.11.2007. — С. 22.
Аннотатсия. Дар мақолаи мазкур оид ба саҳми мактабҳои мусиқӣ дар таълиму тарбияи ахлоқӣ-эстетикии насли наврас сухан меравад. Муаллиф қайд менамояд, ки педагогикаи мусиқӣ як шохаи педагогикаи умумӣ буда, манбаъҳои омӯзишӣ, хусусиятҳо ва категорияҳои худро дорад. Инчунин, дар мақолаи мазкур оид ба масъалаҳои ҳалталаби таълим ва тарбияи мусиқӣ ва мушкилиҳое, ки дар фаъолияти мактабҳои мусиқӣ ба миён омадаанд, сухан меравад. Баҳри бартараф гардидани камбудӣ ва норасоиҳо дар фаъолияти ин муассисаҳо якчанд таклифҳо пешниҳод гардидаанд.
Калидвожаҳо: мактаби мусиқӣ, таълимоти мусиқӣ, категорияҳои мусиқӣ, тарбияи зебоӣ, педагогикаи мусиқӣ, манбаъҳои омӯзиш, маҳорат ва малака.




