Зеҳн

Ташаккул ва рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Ташаккул ва рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асоев Б.Х.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои нахустини худро дар роҳи татбиқи иқтисоди рақамӣ тавассути фаъолияти технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар соҳаҳои мухталифи кишвар ба роҳ монда истодааст. Солҳои охир дар масъалаи ташаккули иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қарорҳо қабул ва ба тасвиб расидаанд, аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.11.2003, № 1174 «Дар бораи Стратегияи давлатии иттилоотӣ-коммуникатсионии технологӣ барои рушди Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2011, № 643 «Дар бораи Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2020», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2019, № 642 «Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, № 460 «Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025».

Ҳамзамон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зиёди татбиқи иқтисоди рақамӣ, аз он ҷумла заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, моддӣ-техникӣ, кадрӣ ва ғайра мавҷуд мебошанд. Коршиносони соҳавӣ бар он ақидаанд, ки ба ғайр аз заминаҳои қайдгардида, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шудаанд, инчунин тадбирҳое андешида шаванд, ки рушди низоми рақамиро дар кишвар пурзӯр гардонанд, зеро рақамикунонии ҳар як бахши иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ кишвар ба як падидаи ногузир табдил ёфта истодааст. Барои ба воқеият табдил ёфтани иқтисодиёти рақамӣ дар тамоми самтҳои хоҷагидорӣ вазифаҳои зерин ҳалли худро бояд ёбанд, аз қабили: баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии аҳолӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, омода кардани мутахассисони касбӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз низоми рақамӣ тавассути роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баргузории семинарҳо дар соҳаҳои алоҳида, мустаҳкам намудани сохтори корпоративӣ ва ғайра.

Дар Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ оварда шудааст, ки сатҳи истифодаи технологияҳои рақамӣ нисбат ба бахши давлатӣ, бахши хусусӣ, аҳолӣ ва хоҷагиҳо, инчунин сатҳи рушди бахши рақамии иқтисодиёт ва малакаҳои рақамӣ баҳодиҳӣ карда мешавад [3, с. 5].

Оид ба масъалаи мазкур олимони зиёд таҳқиқот бурдаанд. Масалан, муҳаққиқ Турдибеков Б.А. дар мақолаи худ бо номи «Ҳолати муосири ташаккули иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд мекунад, ки таҳқиқоти гузаронидашуда нишон доданд, ки Тоҷикистони рақамӣ метавонад ба як манбаи муҳими инноватсия, рушд ва шуғл табдил ёбад, ба шарте ки кишвар ба малакаҳои одамон, муҳити тиҷоратӣ ва таҳкими инфрасохтори рақамӣ бештар сармоягузорӣ кунад [6, с. 1–6].

Ба фикри мо низ, барои рушди иқтисоди рақамӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату кумитаҳои дахлдорро лозим меояд, ки бештар сармоягузорон ва донорҳоро ба самти инноватсия, ки ҳам аҳолиро бо ҷойи кор таъмин намояд ва ҳам дар оянда манбаи даромади буҷети давлатӣ гардад, ҷалб намоянд.

Ҳамзамон, дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташаккули иқтисоди рақамӣ қайд намуданд: «Ҳамчунин, ҷиҳати рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ ва ташаккул додани заминаи технологии он ба ислоҳоти соҳаи алоқа тақвият бахшида, гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда шавад» [5].

Бо мақсади ҳалли мушкилоти дар самти иқтисоди рақамӣ ҷойдошта амалигардии тадбирҳои зерин, ки дар Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 оварда шудаанд, зарур мебошад:

  • муайян намудани меъёрҳои ҳуқуқие, ки ташаккули иқтисоди рақамиро маҳдуд мекунанд;
  • тавсеаи истифодаи таҷрибаи ҳуқуқӣ;
  • ташаккули шароити муътадили ҳуқуқӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ;
  • ташкили инфрасохтор ҷиҳати таъмини мубодилаи маълумот байни субъектҳо;
  • ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, ки ба ташкили иқтисоди рақамӣ равона карда шудааст;
  • ташаккули заминаи ҳуқуқии рушди робототехника, низоми бехатарии иттилоотӣ ва кибербехатарӣ;
  • ташаккули механизми ҳуқуқии таъмини амнияти рақамии беморон, кормандони тиб ва ташкилоту муассисаҳои тиббӣ;
  • муқаррар намудани меъёрҳо ва талаботи ягона ҷиҳати таъмини мутобиқат ва ҳамкории низомҳои мухталифи иттилоотӣ;
  • фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои ташаккули таҳсилоти рақамӣ [2, с. 21–22].

Ҳамзамон, Махалина О.М. дар ҳаммуаллифӣ бо Махалин В.Н. дар мақолаи илмии худ дар мавзӯи «Табдил додани иқтисодиёти рақамӣ дар системаҳои миллии андози кишварҳои хориҷӣ» дахл намуда, иброз доштаанд, ки кумаки давлат дар рушди иқтисоди рақамӣ бояд аз ду қисм иборат бошад. Якум, аз таҳдидҳои киберӣ муҳофизат кардани ширкатҳои истифодабарандаи системаҳои IT тавассути манбаи қонунгузорӣ, инчунин ба воқеияти нав мутобиқ кардан, аз ҷумла усулҳои дурусти баҳисобгирии воситаҳои истеҳсолот. Дуюм, барои ширкатҳое, ки роҳи рақамикунонии истеҳсолотро пеш гирифтаанд, шароити мусоид фароҳам оранд. Агар монеаҳои гуногун бартараф карда шаванд, иқтисоди рақамӣ зудтар рушд мекунад [4, с. 38–51].

Дар мақолаи Исмоилов Ш.М., Хӯҷамқулов Р.Б., Лутфуллоев М.Д. оид ба дурнамои рушди иқтисоди рақамӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки иқтисоди рақамӣ — ин таъсиси сифатан нави иқтисодиёт ва тиҷорат мебошад, ки дар натиҷаи инқилобҳои илмӣ ва тағйироти технологӣ ба дастовардҳои илмӣ — технологияҳои иттилоотӣ, инчунин рақамикунонии иқтисодиёт ва ҷомеа асос ёфтааст [1, с. 41–46].

Ҳамин тариқ, дар мақолаи мазкур ташаккули иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, чунин натиҷагирӣ намудем:

  • роҳҳои мукаммалу самараноки ба таври илмӣ асоснокшуда оид ба татбиқи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард ва муайян карда шаванд;
  • заминаи муътамади таълимӣ, илмӣ ва методӣ оид ба татбиқи иқтисоди рақамӣ бунёд карда шавад, то ки мавриди баҳрабардории олимону муҳаққиқони соҳа қарор гирад;
  • дастурҳои таълимӣ, методӣ ва китобҳои дарсӣ таҳия ва чоп карда шуда, мавриди истифодаи муҳаққиқону донишҷӯёни риштаҳои иқтисодӣ пешниҳод гарданд;
  • курсҳои бозомӯзии мутахассисони соҳа ташкил карда шаванд ва дар ин замина омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб карда шаванд.

Адабиёт:

  1. Исмоилов Ш.М. Перспективы развития цифровой экономики в условиях Республики Таджикистан // Ш.М. Исмоилов, Р.Б. Худжамкулов, М.Д. Лутфуллоев / Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия общественных наук. – Худжанд, 2020. – С. 41–46.
  2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025», аз 26 октябри соли 2021, № 460. – С. 21–22.
  3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, № 642 «Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». – Душанбе, 2019. – 31 с.
  4. Махалина О.М., Махалин В.Н. Трансформация цифровой экономики в национальные налоговые системы зарубежных стран // Вестник РГГУ. Серия Экономика. Управление. Право. – 2020 (3). – С. 38–51.
  5. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021 [матни расмӣ]. – Душанбе, 2021. – http://president.tj/node/13739
  6. Турдибеков Б.А. Современное состояние формирования цифровой экономики в Республике Таджикистан // Б.А. Турдибеков / Вестник Евразийской науки. – 2018. – № 1, Том 10. – ISSN 2588-0101. – С. 1–6.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2