Механизми рушди соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ
Механизми рушди соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ
Исмоилов М.М., Эшбоев Ҷ.А.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров
Ҷузъи калидии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавиро сармояи зеҳнӣ ташкил медиҳад ва одатан баҳодиҳии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ ин баҳодиҳии сармояи зеҳнӣ мебошад.
Маҳдудияти баҳодиҳии соҳибкорӣ ва сармояи зеҳнии корхонаҳои шабакавӣ дар кишвар мавҷудияти миқдори зиёди маълумоти рақамии бо ҳам алоқаманд, инчунин дар баъзе ҳолатҳо ҷой доштани ахбори нокифоя ё ғалат мебошад, ки таҳлилро хеле душвор менамояд.
Илова бар ин, хислатҳои сифатиро, ки ҳангоми соҳибкории сармояи зеҳнӣ дар корхонаҳои шабакавӣ дар кишвар истифода мешаванд, муайян намудан хеле душвор аст. Аз ин лиҳоз, дар шароити муосир коркарди низоми ҳаматарафаи оқилонаи соҳибкории сармояи зеҳнӣ дар корхонаҳои шабакавии кишвар аҳамияти махсус дорад.
Баҳодиҳии сармояи зеҳнии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ ҳаракат ба самти инноватсионии рушдро дар шароити афзоиши рақобат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва хоҳиши ширкатҳоро барои ҷорӣ намудани инноватсияҳо бо мақсади ташаккул ё нигоҳ доштани «бартарияти рақобатии» худ муайян мекунад.
Зеро, ҳатто Й. Шумпетер соҳибкоронро ҳамчун як навъи махсуси одамоне (сармояи зеҳнӣ), ки ба навоварӣ майл доранд, муайян намуда, фаъолияти онҳоро ба таври моддӣ ҳамчун рекомбинатсияи мунтазами омилҳои истеҳсолот тавсиф намуда, ба ин васила консепсияи ягонаи соҳибкор (сармояи зеҳнӣ)-ро ҳамчун субъекти фаъоли ширкат таҳия намуд, ки функсияи он ба ҷустуҷӯи омилҳои нави истеҳсолот ва қисмҳои нави онҳо нигаронида шудааст.
Ин махсусан ба соҳибкории корхонаҳои шабакавӣ ва иқтисодиёти шабака дахл дорад. Й. Шумпетер ва Л. Мизес консепсияи ягонаи соҳибкориро ҳамчун субъекти асосии иқтисодӣ, пешбарандаи рушди иқтисодӣ таҳия намуда, бори аввал собит намуданд, ки соҳибкор вазифаи муҳими навовариҳои минтақаҳоро дар иқтисодиёт иҷро мекунад [4].
Ҳамин тариқ, барои ташаккули консепсияҳои созандаи соҳибкорӣ дар асоси нақши мусбати инноватсионии он дар соҳибкории корхонаҳои шабакавӣ ва дар маҷмӯъ, дар ҷомеа замина гузошта шуд.
Баҳодиҳии сармояи зеҳнии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ бояд аз ҳар ду тараф ба назар гирифта шавад:
Аз як тараф, соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ дар системаи омилҳои рушди иқтисодӣ ба беҳтар шудани шароити зиндагӣ ва баланд бардоштани сифати он мусоидат мекунад, вале нақши ночиз мебозад.
Аз тарафи дигар, соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ ҳамчун омили рушди иқтисодӣ сатҳи рушди соҳаи соҳибкориро нишон медиҳад ва имкон медиҳад, ки проблемаҳои мубрами ҷомеаи муосир, аз ҷумла проблемаи бекорӣ дар минтақаҳо ва ҷумҳурӣ ҳалли худро ёбанд.
Ғайр аз ин, сармояи зеҳнии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа бояд роҳи зиёд кардани даромад, ба вуҷуд овардани талабот, манбаи афзоиши некуаҳволӣ ва ба даст овардани даромади иловагӣ ҳисоб карда шавад.
Усулҳои баҳодиҳии сармояи зеҳнии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавии кишвар хусусиятҳои умумӣ ва ҷузъии худро доранд, ки онро ба 4 гурӯҳи махсус тақсим намудем:
- Усули баҳодиҳии ҷузъҳои соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ дар кишвар бо истифодаи низоми холҳо. Ин усул сода ва дастрас буда, арзёбии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавии кишвар дар намуди муқоисаи арзишҳои миқдории ҷузъҳои алоҳидаи он амалӣ карда мешавад.
- Усули кластерӣ. Ин усул низ баҳодиҳии холии рушди соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ дар кишварро дар назар дорад.
- Усули коэффитсиентии арзёбии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавии кишвар. Ин усул арзёбии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавии кишварро бо истифодаи нишондиҳандаҳои сифатӣ, коэффитсиентҳои тавсифдиҳандаи истифодаи самараноки иттилоотӣ дар назар дорад.
- Баҳодиҳии интегралии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ дар кишвар. Ин усул камбудиҳои усули коэффитсиентиро ислоҳ намуда, сифати арзёбиро беҳтар менамояд.
Равияҳои методии баҳодиҳии сармояи зеҳнии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи гузариш аз тартиби чорум ба панҷум ва шашуми низоми технологӣ амалӣ карда мешаванд ва аз рӯйи истилоҳоти муосиртар — бо комёбиҳои навоваронаи инқилоби 4-уми саноатӣ алоқаманд аст.
Ҷорӣ намудани ин технологияҳои инноватсионии рақамӣ рушди иқтисодӣ ва рушди иқтисодиёти шабакавии иқтисоди миллиро дар маҷмӯъ таъмин менамояд.
Бо ин мақсад лоиҳаҳои миллии рушди инноватсионӣ ва рақамӣ дар соҳибкории шабакавӣ қабул гардида, дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ татбиқ карда мешаванд, ки заминаи рақобатпазирии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодии Тоҷикистон тавассути татбиқи модели инноватсионӣ дар шароити муосир ҳамчун вектори афзалиятноки стратегияи рушди иқтисодӣ муайян карда мешавад, ки мақсаднокӣ ва зарурати онро нишон медиҳад.
Бо ин мақсад механизмҳои ҳавасмандгардонии талаботро ба маҳсулоти инноватсионӣ таҳия кардан зарур мебошад. Хусусан, барои зиёд кардани манфиати давлат ба нигоҳ доштан ва барпо намудани нерӯи илмию техникӣ зарур аст, ки ҳавасмандгардонии ихтироъкорӣ ва сармояи зеҳнии шабака пурзӯр карда шавад.
Чун дар боло қайд намудем, омилҳои калидии рушди соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ сармояи зеҳнӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, самаранокии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ аз тағйирёбии он вобаста аст. Аз ин лиҳоз, равияҳои методии баҳодиҳии сармояи зеҳнии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ истифода бурда мешаванд.
Равияҳои методии баҳодиҳии сармояи зеҳнии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ қисми муҳими системаи ҷомеаи иттилоотӣ аст, ки дар доираи иқтисодиёти иттилоотӣ хусусияти ҳамгироӣ дорад, ки он ба давраи аграрӣ ё иқтисодиёти саноатӣ хос нест.
Ҳамзамон, ин ба комёбиҳои унсурҳои дигари система таъсири мусбат мерасонад, яъне иқрор карда метавонем, ки ин система дорои амволи инноватсионии кофӣ мебошад.
Ба сармояи зеҳнии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ захираҳо, пул, сармояи истеҳсолӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ таъсир мерасонанд, ба тамоми соҳаҳои хоҷагии миллӣ дохил мешаванд ва ба сохтори иқтисодиёти миллӣ дар сатҳи макроиқтисодӣ таъсири назаррас мерасонанд.
Яке аз нишондиҳандаҳои таъсиррасон ба соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ муҳоҷирати аҳолӣ дар минтақа мебошад. Ба рушди соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ муҳоҷирати беруна ва пешниҳодҳои бозори меҳнат дар минтақа таъсир мерасонанд.
Баҳодиҳии сармояи зеҳнии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ таҳлили фаъолнокии сармояи зеҳнии шабакавӣ дар иқтисодиёти шабакавии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фарқият бо музди меҳнат талаб менамояд.
Сармояи зеҳнии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ аз омӯзиши амалии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ ва кибер-иттилоот сарчашма мегирад, вақте ки ҳама гуна имтиёзҳо мувофиқи назарияи иттилоот метавонанд дар битҳо — воҳидҳои асосии иттилоот ифода карда шаванд. Ҳаҷм ва баробари он ба ҳаҷми маълумот, аз он шаҳодат медиҳад, ки маҳсулоти сармояи зеҳнии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ — ин иттилоот аст. Омилҳои сифатии иттилоот, ки аз хусусияти ғайримоддии он гирифта шудааст, ин мавҷуд набудани амортизатсияи ҷисмонӣ, қобилияти гум накардани хосиятҳои худ ҳангоми истифодабарӣ мебошад.
Маълумот ва дониш вобаста аз табиати иқтисодии онҳо, иқтисодиёти ғайримоддӣ (ҳамчун объект ё натиҷаи фаъолияти хоҷагидории намудҳои фаъолияти инсон) мебошанд. Маҳсулоти зеҳнӣ (интеллектуалӣ) метавонанд ҳамдигарро ивазкунанда ва ҳамдигарпуркунанда; ҷорӣ ва оянда, бевосита ва ғайримустақим бошанд.
Маҳсулоти зеҳнӣ падидаи ноаён мебошад, ки дар баъзе ҳолатҳо маҳсули истеҳсолӣ ва омили истеҳсолот мебошад. Вобаста ба мақсади истифодабарӣ ба сифати ҳама гуна мол, молҳои зеҳнӣ ба молҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ тақсим карда мешаванд.
Бо назардошти гуфтаҳои болоӣ, мо «сармояи зеҳнии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ»-ро ҳамчун маҳсулоти зеҳнӣ ва иқтисодӣ, ки гардиши иқтисодиро бо мақсади ба даст овардани фоида барои соҳиби он — субъекти муносибатҳои иқтисодӣ (шахсони воқеӣ, ширкатҳо, давлатҳо) ба амал мебарорад, муайян мекунем.
Барои баҳодиҳии сармояи зеҳнии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ равандҳои асосии зерин ҷудо карда шудаанд:
- Сармояи зеҳнии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ ҳамчун омили рақобатпазирӣ. Назарияи ширкатҳо, корхонаҳо як падидаи мураккабест, ки аз сармояи шахсӣ, сохторӣ ва сармояи мизоҷ иборат аст.
- Сармояи зеҳнии соҳибкории корхонаҳои шабакавӣ ҳамчун дараҷаи мавқеи рақобатнок ва имконияти баҳисобгирии харид (дороиҳои ғайримоддӣ, доираи васеи дороиҳо, нисбат ба дороиҳое, ки дар баҳисобгирии муҳосибӣ ҳамчун дороиҳои ғайримоддӣ эътироф шудаанд) мебошад. Вале на ҳамаи дороиҳои ғайримоддӣ метавонанд ҳамчун сармояи зеҳнӣ тасниф (гурӯҳбандӣ) карда шаванд.
- Сармояи зеҳнии соҳибкории корхонаҳои шабакавӣ дар чаҳорчӯбаи консепсияи сармояи соҳибкорӣ, ҳаҷми дониш, инноватсия ва дигар натиҷаҳои фаъолияти эҷодӣ, ки бо назардошти арзиши пулӣ ба гардиши бозор дохил мешаванд, даромад меоранд ва моликияти воситаҳои ахбори омма мешаванд.
Воридшавии амиқи сармояи зеҳнии соҳибкории корхонаҳои шабакавӣ ба истеҳсолот яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини табдил додани сармояи соҳибкории шабакавӣ мебошад.
Самаранокӣ ва хосиятҳои зеҳнии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ, ҳам неъматҳои ҷамъиятӣ ва ҳам сармоягузорӣ аз якдигар бо навъҳои гуногуни моликияти зеҳнӣ фарқ мекунанд.
Намунаи таснифоти навъҳои моликияти зеҳнӣ дар дастурамали Фраскати нишон дода шудааст. Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мутобиқи дастурамалҳо, натиҷаҳои таҳқиқоти асосӣ бо эҳтимолияти калон хусусиятҳои неъматҳои ҷамъиятии сармояи зеҳнии шабакавии инноватсиониро доранд [1, 69].
Хусусиятҳои асосии баҳодиҳии соҳибкории корхонаҳои шабакавӣ дар ҷамъияти баъдииндустриявӣ, махсусан истеҳсолот ва истеъмоли ахбор хислати ташкилӣ ва шабакавии иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.
Аз он ҷумла, барои ҷамъияти баъдииндустриявӣ компонентҳои асосии соҳибкории корхонаҳои шабакавӣ зеҳни инсон ва ахбор ба ҳисоб мераванд, шабака хислатҳои баҳамалоқамандии элементҳои системаҳои иқтисодии ахборро муайян месозад.
Ҳамин тариқ, равияҳои методии баҳодиҳии сармояи зеҳнии соҳибкорӣ дар корхонаҳои шабакавӣ аз таҳлили он, ташаккулёбии он дар соҳаҳои илм, маориф, идоракунӣ, тандурустӣ, ВАО, иқтисодиёти воқеӣ ва ғайра сар мешавад.
Адабиёт:
- Гаврилова Р. А. Интеллектуальный капитал в информационно-сетевой экономике: дис. ... кандидата экономических наук: 08.00.01 / Гаврилова Россиния Анатольевна. – Санкт-Петербург, 2013. – С. 69.
- Каплан Р. С. Сбалансированная система показателей. От стратегии к действию / Р. С. Каплан, Д. П. Нортон [Пер. с англ.]. – М.: ЗАО «Олимп-Бизнес», 2003. – 304 с.
- Клейнер Г.Б. Становление общества знаний в России: социально-экономические аспекты / Г.Б. Клейнер // Общественные науки и современность. – 2005. – № 3. – С. 56–69.
- Мизес Л. Человеческая деятельность: Трактат по экономической теории / 2-е испр. изд. – Челябинск: Социум, 2005. – 878 с. – ISBN 5-901901-29-0.
- Дятлов С.А. Информационно-сетевая экономика: структура, динамика, регулирование: Монография / С.А. Дятлов, В.П. Марьяненко, Т.А. Селищева. – СПб: Астерион, 2008. – 416 с.




