Зеҳн

Захираҳои замин ҳамчун манбаи асосии базаи моддӣ-техникии соҳаи кишоварзӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Захираҳои замин ҳамчун манбаи асосии базаи моддӣ-техникии соҳаи кишоварзӣ

Ҳисайнов Н.А.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

Қисми муҳими таркибии базаи моддӣ-техникии кишоварзӣ захираҳои замин ба ҳисоб меравад. Замин сарчашмаи бебаҳои сарвати миллӣ мебошад. Замин заминаи аввалин, асоси истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва шарти бевоситаи мавҷудияти ҷомеаи башарӣ ба шумор меравад. Дар доираҳои гуногуни фаъолияти истеҳсолии одамон замин низ вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад. Дар саноат (агар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданокро ба инобат нагирем) замин ин мавзеест, ки дар он корхонаҳо ҷойгир шудаанд.

Масоҳати умумии замини ҷумҳурӣ, минтақа, ноҳия ва ё хоҷагӣ на танҳо аз рӯйи сохтор гуногун аст, балки мувофиқи ҳосилхезӣ ва ҷойгиршавиашон низ қитъаҳои замин аз якдигар фарқ мекунанд. Ин фарқиятҳо ба дараҷаи муайян заминаҳои табиӣ-иқтисодиро барои махсусгардонии корхонаҳои кишоварзӣ ва истифодаи самараноки захираҳои замин ба вуҷуд меоваранд. Ҳангоми ҳалли проблемаҳои тараққиёти босуботи кишоварзӣ ва баҳои иқтисодӣ додан ба фаъолияти хоҷагидории корхонаҳои кишоварзӣ хусусиятҳои номбаршударо ба эътибор бояд гирифт. Баҳодиҳӣ ва баҳисобгирии захираҳои замин аз рӯйи сифат ва мавқеи ҷойгиршавии қитъаҳои замин дар кадастри давлатии замин ҳаллу фасл мегарданд.

Захираҳои замин маҳдудияти ҳудудӣ доранд. Аммо аз нуқтаи назари иқтисодӣ маҳдудияти замин мафҳуми нисбӣ мебошад, чунки тавассути маблағгузориҳои иловагӣ истеҳсоли маҳсулотро аз воҳиди майдони кишт мунтазам зиёд намудан мумкин аст. Нерӯи истеҳсолии замин дар амал беҳудуд аст. Ҳар як марҳилаи нав дар тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъиятӣ дар оянда афзоиши маҳсулнокии заминдориро таъмин менамояд. Ҳамзамон, қайд кардан лозим аст, ки самти муҳими баландбардории самаранокии иқтисодии истифодабарии замин дар кишоварзӣ дар марҳилаи ҳозира интенсификатсияи мунтазам мебошад.

Ҷадвали 1. Сохтори замини кишти зироатҳои кишоварзӣ дар минтақаи агросаноатии Кӯлоби вилояти Хатлон

Намуди замин2019 (ҳаз. га)2019 (%)2022 (ҳаз. га)2022 (%)2022 нисбат ба 2019 (+,-)
Замини кишти зироатҳои кишоварзӣ, ҳамагӣ182640100184120100+1480
Замини кишти зироатҳои ғалладонагӣ11553163,211518862,6-343
Замини кишти зироатҳои техникӣ3653820,03748720,4+949
Замини кишти сабзавот98365,4103625,6+526
Замини кишти картошка49362,746862,5-250
Замини кишти полезиҳо43482,448172,6+469
Замини кишти зироати хӯроки чорво114536,3115816,3+128

Аз таҳлили ҷадвали 1 маълум мегардад, ки сохтори замини кишти зироатҳои кишоварзӣ дар минтақаи агросаноатии Кӯлоби вилояти Хатлон дар соли 2022 нисбат ба соли 2019 зиёд шудааст, яъне соли 2022 нисбат ба соли 2019 замини кишти зироатҳои кишоварзӣ 1480 ҳаз. га зиёд гардида бошад ҳам, лекин аз ҳисоби замини кишти зироатҳои ғалладонагӣ ва замини кишти картошка рӯ ба пасравӣ ниҳодааст. Ин ҳолат хоҷагидоронро водор месозад, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд. Инчунин мақомоти дахлдорро лозим меояд, ки дар масъалаи мазкур ба корхонаҳои кишоварзии минтақаи агросаноатии Кӯлоби вилояти Хатлон тавассути кумакҳои молиявӣ дастгирӣ намоянд.

Ба фонди замини ҳар як минтақаи ҷумҳурӣ хусусиятҳои гуногуни табиӣ-иқлимӣ хос мебошад. Ин ҳолат зарурати баҳисобгирии шароитҳои табиию иқлимиро ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии иқтисодии истифодабарии замин ба миён меоварад. Чунин зарурият тақозои низоми заминдории аз ҷиҳати илмӣ асоснокшударо дорад. Низоми заминдорӣ вобаста аз шароити ҳар як минтақа ба комплекси омилҳои агроиқлимӣ, биологӣ, техникӣ, ташкилӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ асос меёбад.

Низоми заминдорӣ ба баланд бардоштани самаранокии истифодабарии замин ва рушди ҳосилхезии он равона шуда, аз чунин унсурҳои асосӣ (зернизомҳо) иборат мебошад: тарзи гузаронидани киштгардон, усулҳои бартараф намудани эрозияи хок ва коркарди ратсионалии он, низоми мошинҳо ва истифодаи дурусти нуриҳо, оҳакандозии хокҳо, обёрӣ ва хушконидани заминҳо, тухмикорӣ, корам намудани алафзорҳо ва чарогоҳҳо, мубориза бар зидди алафҳои бегона ва ҳашароти зараровар, чорабиниҳои ташкилӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ. Чанде аз онҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

Киштгардон ҳамчун яке аз унсурҳои асосӣ (зернизомҳо)-и низоми заминдорӣ мавқеи махсусро ишғол мекунад. Мақсад аз киштгардон мувофиқи нақша иваз намудани замини кишти зироатҳо набуда, балки таъмини мувозинат (баланс)-и мусбии моддаҳои органикӣ дар хок мебошад, ки ҳосилнокии онро баланд мебардорад. Ҳангоми интенсификатсияи заминдорӣ дар шароити тараққиёти махсусгардонӣ, контсентратсия ва интегратсияи агросаноатии истеҳсолоти кишоварзӣ нақши киштгардон хеле калон аст. Дар ин ҳолат вазифаҳои асосии киштгардон чунинанд: муайян намудани дараҷаи махсусгардонии замини кишоварзӣ барои кишти ин ва ё он намуди зироат; муайян намудани зироатҳои пешкишт ва зироатҳои мобайнӣ; тоза намудани заминҳои кишт аз ифлосиҳо ва барангезандагони касалиҳои зараровар, ки барои зироатҳо хавфноканд (вазифаи санитарӣ-гигиении киштгардон).

Масалан, дар КТ «Исмоили Сомонӣ»-и ноҳияи Ховалинг, ки дорои миқдори замини умумии хоҷагӣ 98 гектар, аз ҷумла замини киштзор 10 гектар, чарогоҳ 88 гектар мебошад, тавассути киштгардон намудани заминҳо дар соли 2023 истеҳсоли солонаро ба миқдори 23 тонна гандум, 6 тонна хӯроки чорво расонидааст. Ёдовар бояд шуд, ки КТ «Исмоили Сомонӣ»-и ноҳияи Ховалинг дорои 36 сар чорвои калони шохдор, 84 сар чорвои майда, 1 сар асп, 2 адад бино ва 1 адад трактор бо ҳама таҷҳизоташ мебошад.

Мубориза бар зидди эрозияи хок аз таъсири обҳо ва бодҳо низ яке аз унсурҳои низоми заминдорӣ ба ҳисоб меравад. Сохтмони иншооти гуногун ба муқобили сел ва обхезиҳо ҳосилхезии мавҷудаи хокро нигоҳ дошта, барои истифодаи самараноки замин ва баландшавии ҳосилнокии он мусоидат мекунанд. Барои бартарафсозии эрозияи хок усулҳои гуногун ва иншооти мухталифи гидротехникиро истифода мебаранд: сабзонидани дарахтон дар атрофи қитъаҳои замин, кишти алафҳои бисёрсола, сохтмони иншооти оҳану бетонӣ барои обҷамъкунӣ ва обёрӣ. Солҳои охир дар ин самт аз усулҳои навини коркарди замин (хок) истифода мебаранд. Хусусан, низоми ҳамаҷониба асоснокгардидаи заминдорӣ барои муҳофизати хок нақши муҳимро мебозад. Чунин низоми заминдорӣ имкон медиҳад, ки барномаҳои муҳофизати хок аз таъсири обу бодҳо бо таври комплексӣ ҳал карда шаванд. Бо ин мақсад техника ва технологияи такмилёфтаи коркарди зироатҳои кишоварзиро истифода бурдан лозим аст, чунки мошин ва агрегатҳои комбиниронидашуда якчанд амалиёти агротехникиро якбора анҷом медиҳанд. Дар натиҷа, гардиши тракторҳо ва мошинҳо дар қитъаҳои замин кам мегардад. Ин амал фишорро ба қабати болоии замин, яъне хок камтар мекунонад.

Дар ХД «Кова»-и ноҳияи Мӯъминобод, ки роҳбарии онро Қурбонов Абдурасул ба уҳда дорад, бинобар сабаби дар кӯҳистон ҷойгир будани хоҷагӣ гардиши тракторҳо ва мошинҳо дар қитъаҳои замин кам ба назар расида, фишор ба қабати болоии замин, яъне хоки ҳосилхез камтар гардидааст. Дар натиҷа аз 4 га замини лалмии корам, ки тавассути трактори тасмачарх кишти гандум карда шуда буд, ба миқдори 20 тонна ҳосил ғундошта шуд.

Самаранокии иқтисодии истифодабарии замин дар кишоварзӣ тавассути низоми нишондиҳандаҳо муайян карда мешавад. Ҳосилхезии зироатҳои асосии кишоварзӣ ва арзиши аслии воҳиди маҳсулот аз зумраи онҳо мебошад. Нишондиҳандаи мазкурро мо дар маводи хоҷагиҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мавриди таҳлилу баҳодиҳӣ қарор додем (ниг. ба ҷадвали 2).

Ҷадвали 2. Нишондиҳандаҳои самаранокии иқтисодии истифодабарии заминҳои шудгор дар хоҷагиҳои кишоварзии минтақаи Кӯлоб дар солҳои 2019–2022

Нишондиҳанда2019: МЗК (га)2019: МУ (тонна)2019: Ҳ (с/га)2022: МЗК (га)2022: МУ (тонна)2022: Ҳ (с/га)Афзоиш ё камшавӣ (%): МЗК (га)Афзоиш ё камшавӣ (%): МУ (тонна)Афзоиш ё камшавӣ (%): Ҳ (с/га)
Зироатҳои ғалладонагӣ115531405537323,8115188478764349,6-0,3+18,0+8
Зироатҳои техникӣ3653863056108,43748772567123,5+2,6+15,0+13,9
Сабзавот98363303702724,9103624153542925,4+5,3+25,7+7,3
Картошка49363138741847,44686847271873,9-5,1-73+1,4
Полезиҳо43481648322616,748171984852843,3+10,8+20,4+8,6
Хӯроки чорво11453372804-11581413888-+1,1+11,0-
Соҳаи боғдорӣ26817102771803,824631116929865,7-8,2+13,8+7,7
Соҳаи ангурпарварӣ532437293977,15163464331090,9-3+24,5+11,6

Аз маълумоти ҷадвали 2 бармеояд, ки истифодабарии заминҳои шудгор дар хоҷагиҳои кишоварзии минтақаи Кӯлоб рӯ ба афзоиш ниҳодааст, ба истиснои заминҳои зироатҳои ғалладонагӣ (-0,3%), картошка (-5,1%), соҳаи боғдорӣ (-8,2%) ва соҳаи ангурпарварӣ (-3,0%), ки коҳиш ёфтаанд.

Нишондиҳандаҳои боло ба самаранокии иқтисодии истифодаи замин баҳои саҳеҳ медиҳанд. Аммо барои баҳодиҳии маҷмӯии самаранокии иқтисодии истифодаи замин нишондиҳандаҳои арзиширо ба кор мебаранд: маҷмӯи маҳсулоти заминдорӣ, даромади умумӣ, даромади соф (фоида) аз замини аҳамияти кишоварзӣ дошта ё замини кишт, баромади маҳсулот ба воҳиди хароҷоти истеҳсолӣ (меҳнатӣ, моддӣ).

Ҳамин тариқ, захираҳои заминро ҳамчун қисми муҳими базаи моддӣ-техникии хоҷагиҳо ва корхонаҳои кишоварзии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон таҳлилу баррасӣ намуда, чунин хулосагирӣ намудем:

  1. Фонди замини вилояти Хатлонро аз рӯйи тақсимоти маъмурӣ-территориявӣ ба ду қисм ҷудо намудем: заминҳои минтақаи Вахшу Бохтар 55,2% ва заминҳои минтақаи Кӯлоб 44,8%.
  2. Захираҳои замин маҳдудияти ҳудудӣ доранд ва аз нуқтаи назари иқтисодӣ нисбӣ мебошанд, чунки тавассути маблағгузориҳои иловагӣ истеҳсоли маҳсулотро аз воҳиди майдони кишт мунтазам зиёд намудан лозим аст.
  3. Низоми ҳамаҷониба асоснокгардидаи заминдорӣ барои муҳофизати хок нақши муҳимро мебозад; чунин низоми заминдорӣ имкон медиҳад, ки барномаҳои муҳофизати хок аз таъсири обу бодҳо бо таври комплексӣ ҳал карда шаванд.
  4. Мавҷуд набудани комплекси мошинҳои кишоварзӣ ва агрегатҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва мушкилоти дастрас намудану то ба истеъмолкунанда расонидани онҳо боиси баланд гардидани хароҷоти истеҳсолӣ ва меҳнатӣ барои истеҳсоли воҳиди маҳсулот мегардад.
  5. Дар шароити имрӯза зарур аст, ки масъалаҳои мелиоративӣ ва азхудкунии заминҳои кишоварзӣ ба таври комплексӣ, бо баланд бардоштани дараҷаи техникӣ ва сифати сохтмони иншооти хоҷагиҳои обтаъминкунанда ҳал карда шаванд.
  6. Хоҷагиҳои кишоварзии деҳқонӣ ва ҷамъиятиро зарур аст, ки барои ноил гардидан ба ҳосили баланд ва безарар аз маводи ғайриорганикӣ дуруст истифода намоянд.

Адабиёт:

  1. Носиров Р., Самандаров И.Ҳ., Мирзоев Т.М., Шукуров И.Ш. Ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ. – Душанбе, 2008. – 358 с.
  2. Нишондиҳандаҳои асосии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бехатарии озуқаворӣ ва камбизоатӣ. №4. Маҷмӯаи оморӣ. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2017.
  3. Одинаев Ҳ.А., Тағоев Ҷ.Ҳ., Шералиев Э.Н. Иқтисодиёти кишоварзӣ (Дастури таълимӣ). – Душанбе: «Деваштич», 2008. – 103 с.
  4. Пириев Ҷ.С., Исайнов Х.Р., Давлатов Қ.Қ., Тағоев Ҷ.Ҳ. Иқтисоди кишоварзӣ (Воситаи таълимӣ). – Душанбе: «Ирфон», 2005. – 273 с.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2