Ҷанбаҳои педагогии тарбияи иқтисодии хонандагони синфҳои болоӣ дар замони муосир
ҶАНБАҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАРБИЯИ ИҚТИСОДИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ БОЛОӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
Имомов Х.Ш.
Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Дурнамоҳои сохтмони минбаъдаи ҷомеаи демократии Тоҷикистон ва заминаи моддию техникии онро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати роҳҳои асосии тараққиёти иқтисодиёти мамлакат тезонидани пешрафти илмию техникӣ ва ба роҳи интенсивии тараққиёт гузаронидани иқтисодиётро муайян намудааст. Дар шароити ба роҳи интенсивии тараққиёт гузаронидани иқтисодиёт муносибати хоҷагидорона ба неъмати ҷамъиятӣ муҳимтарин принсипи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб дониста мешавад. Имрӯз сарфакорӣ, муносибати оқилона ба неъмати халқ масъалаи воқеии ҷомеа мебошад. Дар ин робита, нақши тарбияи иқтисодии меҳнаткашон, аз ҷумла хонандагон, ба ташаккули тафаккури нави иқтисодӣ, ташаббускорӣ ва кордонии ҳар як фард нигаронида шуда, тадриҷан ба баланд бардоштани масъулият, ҷустуҷӯи эҷодии роҳҳое нигаронида мешавад, ки ба натиҷаҳои беҳтарини ниҳоии хоҷагии халқ бо хароҷотҳои камтарин бурда мерасонанд. Албатта, аҳамияти рӯзафзуни тарбияи иқтисодии меҳнаткашон ба шароити нави тараққиёти иқтисодиёти мамлакат вобаста аст.
Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти илмию техникӣ, технологӣ ва ташкили истеҳсолоти ҷамъиятиро ба куллӣ тағйир дода, боиси тағйироти сифатӣ дар мазмуни меҳнат ва вазифаҳои меҳнаткашон мегардад. Ин дигаргуниҳо зарурати беҳтар намудани тарбияи иқтисодии хонандагонро низ ба миён мегузоранд, ки вай бояд донишҳои васеъ: касбӣ, доираи назар ва маҳорат, дониши амиқи асосҳои политехникии истеҳсолоти ҳозираро дошта, мошинҳои навтарин ва равандҳои технологиро зуд азхуд карда тавонад. Дар ин робита, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ вазифа гузошта мешавад, ки бо назардошти тарбияи иқтисодии хонандагон инкишоф додани тафаккури иқтисодӣ ва кордонии насли наврасро аз вазифаҳои авлавиятнок маҳсуб донад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки масъалаи сарфаю сариштакорӣ ва тақвият бахшидани чораҳои муассири амалӣ дар байни хонандагон ба таври кофӣ тақвият дода нашудааст. Аз ин лиҳоз, сифат ва самарабахшии таҳсилоти иқтисодӣ ба талаботи имрӯза мувофиқат намекунанд. На дар ҳамаи таълимгоҳҳо чорабиниҳои тарбиявӣ оид ба масъалаҳои сарфаю сариштакорӣ дар байни хонандагон ба таври муассир ба роҳ монда мешаванд, ки дар натиҷа дараҷаи тайёрии иқтисодии мактаббачагон ба талаботи муосир ҷавобгӯ намебошад. Дар байни коргарони ҷавон низ ҳанӯз ҳам далелҳои муносибати ғайрисариштакорона ба моликияти ҷамъиятӣ, вайрон кардани интизоми меҳнат ҷой доранд.
Азбаски хонандагон дар бораи донишҳои иқтисодӣ тасаввуроти паст доранд ва ба мафҳуму категорияҳои иқтисодӣ дуруст сарфаҳм намераванд, сарфаю сариштакориро риоя намекунанд, меҳнати дигаронро низ қадр накарда, хунукназарӣ зоҳир менамоянд. Дар хонандагон маҳорати ташкили кор вуҷуд надошта, бисёре аз хонандагони синфҳои болоӣ талаботро бо имкониятҳои иқтисодӣ андозагирӣ карда натавониста, вақтро қадр намекунанд. Сохтори майлу хоҳиши касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз сохтори талаботи воқеӣ ба кадрҳо хеле фарқ мекунад ва касби коргари истеҳсолоти саноатиро қисми ками хонандагон интихоб мекунанд. Аз ин лиҳоз, вазифаи таъхирнопазири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии имрӯза вобаста ба талаботи муосир пурзӯр намудани тарбияи иқтисодии хонандагон мебошад.
Ин вазифа яке аз талаботҳои ислоҳоти соҳаи маориф низ ба ҳисоб меравад, яъне аҳамияти амалии ба муносибатҳои истеҳсолӣ ҷалб намудани хонандагон, дар онҳо ташаккул додани мафҳумҳои асосии иқтисодӣ, инчунин тарбияи сифатҳои шахсият. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд сифатҳои шахсияти сариштакор, муносибати ғамхоронаю сарфакорона ба моликияти ҷамъиятӣ ва табиати ватан, китобҳои дарсӣ, молу мулки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, қувваи барқ, чизҳои шахсӣ, хӯрокворӣ, махсусан ба нонро ташаккул диҳад.
Яке аз сабабҳои дар амалияи кори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ғайриқаноатбахш ташкил карда шудани тарбияи иқтисодии хонандагон ба қадри кифоя коркард нашудани масъалаи тарбияи иқтисодӣ дар назарияи педагогӣ мебошад. Аз ҷумла, дар айни замон ҷанбаи кам омӯхташуда раванди тарбияи иқтисодии хонандагони синфҳои болоӣ боқӣ мемонад; шароити педагогии ташкили самараноки тарбияи иқтисодии хонандагон муайян карда нашудааст; шаклҳои тарбияи сифатҳои шахсияти хонандагон дар раванди тарбияи иқтисодӣ таҳия нашудаанд; кори муштараки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ оид ба тарбияи иқтисодии хонандагон баррасӣ карда нашудааст. Дар натиҷа, дар раванди таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ низоми кори самаранок оид ба тарбияи иқтисодии хонандагони синфҳои болоӣ ба роҳ монда нашудааст.
Дар баробари ин, синни калони мактабӣ дар ҳалли масъалаҳои тарбияи иқтисодии хонандагон давраи пурсамар ва масъулиятнок мебошад. Дар синни калони мактабӣ тафаккури хонандагон барои аз худ намудани категорияҳо ва қонунҳои мураккаби инкишофи ҷамъиятӣ ба дараҷаи кофӣ инкишоф меёбад. Ин давра инчунин бо муносибати бошууронаи хонандагон ба азхудкунии донишҳо низ фарқ мекунад. Дар ин синну сол ҳиссиёти амиқи ватандӯстӣ ва шаҳрвандӣ, ки ба ташаккули сифатҳои аз ҷиҳати ҷамъиятӣ арзишманди шахс мусоидат мекунад, равшан зуҳур меёбанд.
Аз ин лиҳоз, бо назардошти гуфтаҳои болозикр барои дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ самаранок ба роҳ мондани тарбияи иқтисодии хонандагони синфҳои болоӣ пешниҳод менамоем:
- таҳияи амсилаи тайёрии иқтисодии шахсияти хонандагон асоснок карда шавад;
- ду гурӯҳи шартҳои педагогии тарбияи самарабахши иқтисодии хонандагони синфҳои болоӣ ошкор карда шавад: ба шартҳои берунӣ робитаи мутақобилаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар тарбияи иқтисодии хонандагон мансуб аст; ба шароити дохилӣ тайёр будани хонандагон ба ташаккули назарҳою бовариҳои иқтисодӣ ва фаъолияти хонандагон, ки аз рӯи мазмун ва шароит ба тайёрии истеҳсолӣ наздик карда шудааст, шомил мебошад;
- омӯзиши имкониятҳои раванди таълиму тарбия дар синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва корхонаҳои саноатӣ барои ташаккули донишу маҳоратҳои иқтисодӣ, сифатҳои шахсият ва ангезаҳои фаъолият дар хонандагон бо назардошти синну соли онҳо, ки ба сатҳи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ вобастагӣ доранд, ба роҳ монда шавад;
- ба таври озмоишӣ шароити зарурии ташаккули тайёрии иқтисодии шахсияти хонандагон муайян ва санҷида шавад;
- моҳияти кори муштараки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ оид ба тарбияи иқтисодии хонандагони синфҳои болоӣ аз мавқеи муносибати низомнок кушода дода шавад;
- ташаккули тайёрии иқтисодии шахсияти хонандагони синфҳои болоӣ дар асоси фаъолияти онҳо, ки ба истеҳсолот наздик карда шудааст, ба роҳ монда шавад.
Адабиёт:
- Шарипов, Б. Р. Нақши технологияи иттилоотӣ дар баланд бардоштани самаранокии идоракунии иқтисодиёти рақамӣ / Б. Р. Шарипов, У. Т. Наимов, А. С. Бобоев // Илм ва технологияи асри XXI. – 2020. – № 3(3). – С. 133–140. – EDN LLYCFX.
- Шарипов, Б. Р. Омилҳои таъсиррасон ва ташаккули фаъолияти муҳити иттилоотии таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон / Б. Р. Шарипов, Д. Р. Шарипов, Д. С. Бойаҳмадова // Илм ва технологияи асри XXI. – 2020. – № 4(4). – С. 58–62. – EDN HRZKKR.
Аннотатсия:
Дар мақола зикр карда мешавад, ки вобаста ба тарбияи иқтисодии хонандагон ҷанбаҳои сарфаю сариштакорӣ, муносибати оқилона ба неъмати халқ масъалаи воқеии ҷомеа маҳсуб дониста мешавад. Дар ин робита, нақши тарбияи иқтисодии меҳнаткашон, аз ҷумла хонандагон, ба ташаккули тафаккури нави иқтисодӣ, ташаббускорӣ ва кордонии ҳар як фард нигаронида шуда, тадриҷан ба баланд бардоштани масъулият, ҷустуҷӯи эҷодии роҳҳое нигаронида мешавад, ки ба натиҷаҳои беҳтарини ниҳоии хоҷагии халқ бо хароҷотҳои камтарин бурда мерасонанд. Имрӯз бояд пешрафти илмию техникӣ, технологӣ ва ташкили истеҳсолоти ҷамъиятиро ба куллӣ тағйир додан зарур аст, ки ин боиси тағйироти сифатӣ дар мазмуни меҳнат ва вазифаҳои меҳнаткашон мегардад. Ин дигаргуниҳо, албатта, зарурати беҳтар намудани тарбияи иқтисодии хонандагонро низ ба миён мегузоранд, ки хонандагон бояд донишҳои васеъ: касбӣ, доираи назар ва маҳорат, дониши амиқи асосҳои политехникии истеҳсолоти ҳозираро амиқ дониста, мошинҳои навтарин ва равандҳои технологиро зуд азхуд карда тавонанд.
Калидвожаҳо: тарбияи иқтисодӣ, тафаккури иқтисодӣ, сарфаю сариштакорӣ.
Маълумот дар бораи муаллиф:
Имомов Хурсанд Шарипович – унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. Тел.: (+992) 710-03-55-55, e-mail: imomov86@list.ru.




