«CASA-1000»: пули нави энергетикӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ
Лоиҳаи «CASA-1000» марҳилаи сифатан нави ҳамкории энергетикиро миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ оғоз намуда, иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба омили муҳими рушди устувори иқтисодӣ ва пешрафти минтақа табдил медиҳад. Ба анҷом расидани сохтмони қисми Осиёи Марказии лоиҳа ва ба истифода додани хатти интиқоли барқи «Датка – Суғд-500» рӯйдоди муҳим ва таърихӣ гардида, барои ташаккули нахустин долони байниминтақавии энергетикӣ дар таърихи муосир замина гузошт. Ин лоиҳаи бузург манфиатҳои иқтисодии кишварҳоро ба ҳам оварда, ба рушди савдои неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат менамояд ва шарикии стратегиро таҳким бахшида, имкониятҳои навро барои ҳамгироӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва шукуфоии дарозмуддати минтақа фароҳам месозад.
Оғози татбиқи лоиҳа
Оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» 12-уми майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари вақти иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф ва Сарвазири вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков баргузор гардид.
Дар вазъияти тантанавӣ роҳбарони кишварҳо ба назди такягоҳи оҳании рамзи ифтитоҳи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» омада, бо калидҳо мурватҳоро ба такягоҳ тоб доданд. Сипас, бо пахши тугмаи рамзӣ татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» расман оғоз гардид.
Моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон пас аз ба имзо расидани як қатор созишномаҳо миёни ширкатҳои энергетикӣ ва пудратчиён ва мутобиқ ба талаботи қонунгузории амалкунанда лоиҳа пурра ба марҳилаи сохтмон гузашт.
Миқёс ва аҳамияти инфрасохтории лоиҳа
Арзиши умумии инфрасохтори лоиҳаи «CASA-1000» зиёда аз 1,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ тақрибан 343 миллион доллар ё қариб 28,5 фоиз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.
Дар доираи лоиҳа бунёди иншооти зерин пешбинӣ гардида буд:
- сохтмони 1387 километр хатҳои интиқоли неруи барқ;
- бунёди 598 километр хатҳои ҷараёни тағйирёбанда;
- сохтмони 789 километр хатҳои ҷараёни доимӣ;
- бунёди ду зеристгоҳи пуриқтидори конверторӣ бо иқтидори 1300 МВт ҳар кадом;
- интиқоли то 1300 МВт неруи барқ.
То имрӯз корҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон пурра анҷом ёфтаанд.
Дар Афғонистон татбиқи лоиҳа идома дорад. Пас аз эҳёи маблағгузорӣ аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ дар соли 2024 корҳои сохтмонӣ дубора фаъол гардиданд: зиёда аз 95 фоизи маводи зарурӣ аллакай дастрас карда шуда, бештар аз 70 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Анҷоми пурраи лоиҳа ва оғози истифодаи тиҷоратии он дар соли 2027 дар назар аст.
Ба анҷом расидани сохтмони инфрасохтор дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон амалан барои ташаккули бозори нави фароминтақавии энергетикӣ замина фароҳам овард.
Ҳамгироии энергетикии насли нав
Лоиҳаи «CASA-1000» яке аз бузургтарин лоиҳаҳои байналмилалии энергетикӣ дар фазои АвруОсиё ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии он ташкили интиқоли неруи барқи изофавии аз ҷиҳати экологӣ тоза аз кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон ва Қирғизистон ба давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ, пеш аз ҳама, Афғонистон ва Покистон мебошад.
Дар асл, «CASA-1000» нахустин долони устувори энергетикиро дар таърихи муосир миёни ду минтақаи бузург – Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ташаккул медиҳад.
Лоиҳа таъсиси инфрасохтори муосири интиқоли неруи барқ, рушди механизмҳои савдои байналмилалии захираҳои энергетикӣ ва фароҳамсозии шароитро барои ҳамгироии минбаъдаи бозорҳои минтақавии энергетикӣ пешбинӣ менамояд.
Ба истифода додани хатти интиқоли барқи 500 кВ «Датка – Суғд-500» аҳамияти стратегии муҳим дорад, зеро он пайвастагии устувори низомҳои энергетикии кишварҳои Осиёи Марказиро таъмин намуда, эътимоднокии тамоми низоми минтақавии энергетикиро ба таври назаррас баланд мебардорад.
Ба шарофати ин, Тоҷикистон аллакай имрӯз имконияти техникии воридот ва содироти неруи барқро бо Қазоқистон ва Қирғизистон ба даст овардааст, ки ин дурнамои ҳамкории энергетикиро дар минтақа ба таври назаррас густариш медиҳад.
Тоҷикистон – маркази муҳими энергетикии минтақа
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати иқтидори азими гидроэнергетикии худ, ки яке аз бузургтаринҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, дар татбиқи лоиҳаи «CASA-1000» мавқеи марказӣ ва калидиро ишғол менамояд. Истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ин лоиҳаро дар шароити гузариши ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти «сабз» ва коҳиши партовҳои карбон дар соҳаи энергетика махсусан муҳим мегардонад.
Дар доираи татбиқи лоиҳа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншооти бузурги инфрасохторӣ амалӣ карда шуданд:
- хатти интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи «Датка» то зеристгоҳи «Суғд-500» бо дарозии умумии тақрибан 480 километр сохта шуд;
- хатти интиқоли барқи «Регар-500» – «Сангтӯда» бо дарозии 115 километр мавриди истифода қарор гирифт;
- зеристгоҳи нодири конвертории «Сангтӯда» бунёд ёфт, ки нахустин зеристгоҳи конверторӣ дар Осиёи Марказӣ ва бузургтарин дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоб меравад.
Маҳз зеристгоҳи конвертории «Сангтӯда» ба муҳимтарин унсури технологии лоиҳа табдил ёфта, интиқоли неруи барқро тавассути ҷараёни доимӣ ба самти Осиёи Ҷанубӣ таъмин менамояд.
Дар асл, Тоҷикистон ба пули энергетикӣ миёни ду минтақаи бузурги қора табдил меёбад.
Тибқи нишондиҳандаҳои лоиҳа, инфрасохтори «CASA-1000» имкон медиҳад ҳамасола то 11 миллиард кВт·соат неруи барқ интиқол дода шавад.
Ин нишондиҳанда пурра ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мутобиқ мебошад, ки дар он афзоиши ҳаҷми содироти неруи барқ то 10 миллиард кВт·соат дар як сол пешбинӣ гардидааст.
Манфиатҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои нав
Махсусан муҳим аст, ки содироти неруи барқ аз ҳисоби истеҳсоли зиёдатии мавсимии неруи барқ дар давраи тобистон амалӣ хоҳад шуд, ки қаблан қисман бидуни истифода боқӣ мемонд.
Ин имкон медиҳад иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ самаранок истифода гардида, партови беҳудаи об коҳиш ёбад ва сатҳи даромаднокии низоми миллии энергетикӣ баланд бардошта шавад.
Илова бар ин, лоиҳаи «CASA-1000» барои сохтмони неругоҳҳои нави барқи обӣ ва ҷалби сармоягузории иловагӣ ба бахши энергетикии кишвар замина фароҳам меорад. Ба вуҷуд омадани бозори кафолатноки хориҷии фурӯш ҷолибияти сармоягузории соҳаи энергетикаи Тоҷикистонро ба таври назаррас афзоиш медиҳад.
Ҳамчунин, таъсири мултипликативии лоиҳа аҳамияти махсус дорад. Рушди инфрасохтори энергетикӣ ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, саноатӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намуда, ҳамзамон ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ такон мебахшад.
Маблағгузории лоиҳаи «CASA-1000»-ро Консорсиуми ташкилотҳои байналмилалии рушд амалӣ менамояд, ки ба ҳайати он Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки сармоягузории Аврупо, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Британияи Кабир, инчунин Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ шомил мебошанд.
Аҳамияти геополитикӣ ва минтақавии лоиҳа
Лоиҳаи «CASA-1000» аз доираи як лоиҳаи одии энергетикӣ хеле фаротар рафта, ба воситаи муҳими дипломатияи минтақавӣ ва таҳкими эътимод миёни давлатҳо табдил ёфтааст.
Дар шароити чолишҳои муосири ҷаҳонӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар таъмини субот ва рушди устувор нақши калидӣ дорад.
Ҳамкории энергетикӣ ба ташаккули вобастагии мутақобила миёни кишварҳо мусоидат намуда, дар навбати худ муносибатҳои неки ҳамсоягиро таҳким бахшида, хавфи ташаннуҷи минтақавиро коҳиш медиҳад.
Лоиҳа барои Афғонистон аҳамияти махсус дорад, зеро ин кишвар ба ҳалқаи муҳими транзитӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ табдил меёбад.
Ҷанбаи иҷтимоии лоиҳаи «CASA-1000»
Яке аз хусусиятҳои нодири лоиҳа самти равшани иҷтимоии он мебошад. Лоиҳаи «CASA-1000» на танҳо интиқоли тиҷоратии неруи барқро пешбинӣ мекунад, балки дастгирии мустақими ҷомеаҳои маҳаллиро низ фаро мегирад.
Ҳанӯз дар марҳилаи сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар 76 маҳалли аҳолинишин зиёда аз 35 миллион доллар маблағҳои грантӣ ҷалб карда шуданд.
Ин маблағҳо ба самтҳои зерин равона гардиданд:
- рушди таъминоти барқ;
- рушди соҳаи тандурустӣ;
- рушди соҳаи маориф;
- рушди инфрасохтори нақлиётӣ;
- рушди соҳибкорӣ.
Зиёда аз 100 ҳазор нафар аз ин ташаббусҳо баҳраманд шуданд.
Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки интихоби лоиҳаҳо бевосита бо иштироки аҳолии маҳаллӣ тавассути шуроҳои махсуси фарогири гендерӣ назди ҷамоатҳо амалӣ гардидааст.
Чунин равиш намунаи муосири рушди устуворро инъикос намуда, ба иштироки фаъоли ҷомеа дар қабули қарорҳо асос меёбад.
«CASA-1000» ва консепсияи энергетикаи «сабз»
Дар ҷаҳони муосир масъалаи устувории экологӣ дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ аҳамияти махсус пайдо кардааст. Лоиҳаи «CASA-1000» ба консепсияи ҷаҳонии энергияи «тоза» пурра мутобиқ буда, танҳо ба истифодаи захираҳои барқароршавандаи гидроэнергетикӣ асос ёфтааст.
Тоҷикистон ва Қирғизистон дорои иқтидори назарраси истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, дар ҳоле ки Покистон бо норасоии ҷиддии захираҳои энергетикӣ рӯ ба рӯ мебошад. Аз ин рӯ, татбиқи лоиҳа ба коҳиш додани истифодаи сӯзишвории карбогидридӣ ва паст намудани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ мусоидат менамояд.
Интиқоли тақрибан 3 миллиард кВт·соат неруи барқи Тоҷикистон ба Покистон имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти миллионҳо истифодабаранда қисман қонеъ гардида, ҳамзамон сарбории экологӣ ба минтақа коҳиш дода шавад.
Хулоса
Лоиҳаи «CASA-1000» намунаи равшани он мебошад, ки чӣ гуна соҳаи энергетика метавонад ба неруи пешбарандаи рушди иқтисодӣ, ҳамгироии минтақавӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёбад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин лоиҳа марҳилаи сифатан нави рушди соҳаи энергетикаро боз намуда, мавқеи кишварро ҳамчун яке аз марказҳои калидии энергетикии Осиёи Марказӣ таҳким мебахшад.
Ташкили пули энергетикӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ на танҳо имкониятҳои содиротии Тоҷикистонро густариш медиҳад, балки дар оянда ба таҳкими субот, эътимоди мутақобила ва рушди устувори тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард.
Лоиҳаи «CASA-1000» танҳо як лоиҳаи инфрасохторӣ нест. Ин рамзи давраи нави ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад, ки бар манфиатҳои мутақобила, устувории экологӣ ва шарикии стратегӣ асос ёфтааст.
Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон




