Рӯйдодҳои муҳимми моҳи марти соли 2015
Рӯйдодҳои муҳимми моҳ
-
4 март – Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд (БОР) Венкай Жангро ба ҳузур пазируфт.
-
6 март – бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба истиқболи Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
-
11 март – дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар доираи Барномаи рушди низоми молиявӣ дар минтақаҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи маблағгузории манзил маросими имзои Созишнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ ва техникӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон баргузор гардид.
-
13 март – бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба масъалаҳои марбут ба бозори асъор, болоравии қурби доллар нисбат ба сомонӣ ва дигар проблемаҳои рӯзмарраи низоми бонкии мамлакат дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
-
16 март – ҶСК «АксесБонк Тоҷикистон» барои донишҷӯёни Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон дар мавзӯи «Беҳтар намудани сатҳи маърифатнокии молиявии ҷавонон» як силсила семинарҳо баргузор намуд.
-
17 март – Шӯрои директорони иҷроияи Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) барои маблағгузории «Лоиҳаи рушди бунёди хизматрасонии коммуналии Тоҷикистон» ба маблағи 14,5 млн. долл. ИМА қарзи бебозгашт ҷудо кард.
-
18 март – Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушд (БОР) Умеш Кумарро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ин муассисаи молиявии бонуфузи минтақавӣ баррасӣ шуд.
-
20 март – бо ибтикори Иттиҳодияи байналмилалии молиявӣ ҷаласаи омӯзишию машваратӣ бо ҳузури намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.
-
20 март – дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи 65-уми Шӯрои иқтисодии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода иштирок кард.
-
21 март – дар Тоҷикистон Наврӯзи оламафрӯз бо тантана ҷашн гирифта шуд.
-
24 март – бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави филиали минтақавии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
-
30 март – Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дастгирии рушди савдои байналхалқиро дар Тоҷикистон бо воситаи ҷудо кардани маблағгузорӣ ва ташкил намудани барномаҳои таълимӣ идома дод.
Таҳияи Ҳ. Туфонова




