Пурсишу посух дар масъалаҳои бонкӣ
Пурсишу посух
Гӯшаи «Пурсишу посух» гӯшаест, ки дар асоси талабу дархости хонандагони маҷалла, бахусус бахши иқтисодии мактабҳои олии кишвар таҳия шудааст. Посухҳо дар асоси андешаву афкори олимону мутахассисони дахлдор пешниҳод мегарданд.
Пурсиш: Фарқияти санҷиши аудити берунӣ аз аудити дохилӣ барои дилхоҳ муассиса дар чист?
Савол аз ҷониби донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Г. Абдулҳақова пешниҳод гаштааст.
Посух: Фарқияти санҷиши аудити берунӣ аз аудити дохилӣ дар он аст, ки аудити берунӣ аз ҷониби ширкати мустақили аудиторӣ дар асоси шартномаи байни муассиса ва ширкати аудиторӣ гузаронида мешавад. Муассиса ё ташкилот ширкати аудиториро дар асоси озмун интихоб менамояд. Аудити берунӣ бо пардохти маблағи муайян, ки бо мувофиқаи тарафайн дар шартнома муқаррар мегардад, гузаронида мешавад. Мақсади аудити берунӣ баҳодиҳии холисонаи дурустии ҳисоботи молиявии муассиса, мутобиқати он ба стандартҳои эътирофшудаю қонунгузории амалкунанда ва инчунин додани машварату тавсияҳои зарурӣ мебошад. Аз рӯйи натиҷаи аудити берунӣ, хулосаи аудиторӣ се навъ мешавад: мусбат, мусбат бо қайду шартҳо ва манфӣ.
Аудити дохилӣ бошад, аз тарафи воҳиди сохтории (департамент, идора ё шуъбаи) муассиса, яъне аз ҷониби худи кормандони муассиса гузаронида мешавад. Мақсади аудити дохилӣ сари вақт ба роҳбарияти муассиса пешниҳод намудани маълумоти дурусту муътамад дар хусуси ҳолати иҷрои функсияву вазифаҳои вогузоршуда аз тарафи воҳидҳои сохтории муассиса, вазъи назорати дохилӣ ва идорасозии хавф (риск)-ҳо ва ҳамчунин ба воҳидҳои сохтории муассиса додани тавсияҳои асарбахшу самаранок ҷиҳати беҳтар намудани кор мебошад.
Самтҳои асосии аудити дохилӣ аз инҳо иборатанд:
- баланд бардоштани самаранокию маҳсулнокии фаъолияти муассиса (аудити равандҳои кории муассиса, яъне аудити амалиётӣ);
- назорати дурустии ҳама гуна ҳисобот (муҳосибӣ, молиявӣ, идоракунӣ, яъне аудити молиявӣ);
- таъмини нигоҳдориву ҳифозати дороиҳо;
- назорати риоя гаштани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (комплаенс);
- назорати истифодаи дурусту самараноки технологияҳои иттилоотӣ (аудити технологияҳои иттилоотӣ).
Департаменти аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон




