Шарҳи бонкиву иқтисодии ВАО-и ҷаҳон
Шарҳи бонкиву иқтисодии ВАО-и ҷаҳон
Frankfurter Allgemeine (9 март 15). Бино ба маълумоти омории Юнон, тӯли ҳафт соли охир аввалин маротиб аст, ки дар соли 2014 иқтисодиёти Юнон нишондиҳандаҳои баландро касб кардааст. Рушди ММД бино ба натиҷаҳои сол 0,8 фоизро ташкил мекард, ки коршиносон инро муътадил арзёбӣ мекунанд. Баъдан дигарбора ин нишондиҳанда ба тадриҷ коҳиш ёфт.
Дар семоҳаи сеюми соли 2014 ММД-и Юнон рушд кард, аммо дар семоҳаи чорум якбора он то 0,4 фоиз коҳиш ёфт. Коршиносон сабаби аслии инро бо интихоботи парлумонӣ марбут медонанд, ки дар ибтидои соли 2015 тағйирот дар умури роҳбарӣ ба вуҷуд овард. Сарвари Бонки марказии Юнон Иоаннис Стурнарас ҳафтае қабл ҳушдор дода буд, ки вазъи сиёсии Юнон рушди иқтисодиёти кишварро таҳдид дорад. Бино ба гуфтаи ӯ, нобоварӣ имрӯз хатари ҷиддӣ гаштааст.
Дар ду моҳи аввали соли равон ҳукумати Юнон аз нақша дида андози аз меъёр камтарро ҷамъоварӣ намуд. Дар моҳи январ ва феврали соли ҷорӣ ба буҷети ҳукумати марказӣ дар маҷмуъ 7,3 млрд. евро ворид гашт, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз камтар аст.
Frankfurter Allgemeine (12 март 15). Дар музокироти Юнон, ки дар чаҳорчӯбаи нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел баргузор гардид, ҳукуматдорони Юнон кӯшиши оштӣ кардан бо рақибони аврупоиро рӯйи кор гирифтанд. Ба Афина ваъда дода шуд, ки ислоҳоти навин дар муҳлати кӯтоҳ амалӣ хоҳад гашт. Бино ба навиштаи нашрия, Афина аз ду чиз: вақту сармоя камбудӣ дорад.
Бонкҳои юнонӣ имкону тавони ҷалби сармоя ба бозори молиро надоранд ва муҳлати тӯлонист, ки аз амонатгузорон сармоя дастрас накардаанд ва миёни муштариёни бонкҳо нобоварӣ афзун гаштааст. Аз ибтидои соли 2015 аз Юнон беш аз 20 млрд. евро бароварда шудааст. Бе қарзи Бонки марказии Аврупо чаҳор бонки бузурги Юнон — Alpha Bank, National Bank of Greece, Piräus Bank ва Eurobank Ergasias мувоҷеҳ ба шикаст мешаванд.
Spiegel (15 март 15). Раёсати федеролӣ оид ба назорат ва хизматрасониҳои молии Олмон аввалин шуда иҷозатномаи фаъолияти бонкиро тақдими муассисаи молиявии исломӣ кард. Аксари бонкҳои Олмон хоҳони дар худ ҷой додани сармояҳои исломианд, аммо то ба имрӯз ин кор амалӣ нагашта буд.
Kuveyt Türk Bank ният дошт моҳи июли соли 2015 фаъолияти худро дар Олмон амалӣ созад. Аввалин шуъбаҳои бонки мазкур дар шаҳрҳои Берлин, Франкфурт ва Мангейм ифтитоҳ хоҳанд шуд. Дар соли 2012 Kuveyt Türk Bank ба ҳукуматдорони Олмон ҷиҳати оғоз бахшидан ба фаъолият дархост пешниҳод карда буд, аммо иҷозатнома дастрас нагашта буд.
Роҳбарияти бонк бар ин назаранд, ки акнун марҳалае фаро расидааст, то ҳар чӣ зудтар вориди бозори молии Олмон гарданд. Бино ба таҳқиқоти бозории Kuveyt Türk Bank, 21 фоизи аҳолии Олмон метавонанд муштариёни муассисаи молии исломӣ гарданд. Феълан дар Олмон 4,5 млн. нафар мусалмон ба сар мебаранд. Дигар афроди ғайримусалмон низ ниёзу хоҳиши бештар ба фаъол шудани муассисаҳои молиявии исломӣ доранд.
Guardian (20 март 15). Бритониё дар остонаи муфлисшавӣ қарор дорад. Намояи нархи истеъмолии Бритониё аз соли 1989 то ин ҷониб чунин нишондоди пастро соҳиб набуд. Бино ба ҳисоби ғайрирасмӣ, дар соли 1960 таваррум пасттар аз ин буд, аммо дар ин бора расман чизе ба нашр нарасидааст.
Дар моҳи январи соли 2015 намояи нархи истеъмолӣ дар Бритониёи Кабир 0,3 фоиз, дар моҳи феврал 0,0 фоиз буд. Аз сабаби коҳиши бесобиқаи нархи нафт ва аз сабаби «ҷанг» миёни марказҳои бузурги тиҷоратӣ нархи сӯзишворӣ то 16,6 фоиз ва нархи маводи ғизоӣ бошад, то 3,4 фоиз коҳиш ёфт.
Музди миёнаи меҳнат аз соли 2008 то соли 2014 пайи ҳам коҳиш ёфта буд. Ҳамзамон, дар соли 2014 вазъият куллан тағйир ёфт. Бино ба маълумоти охир, дар пайи таварруми паст рушди музди меҳнат тайи се моҳ то моҳи январи соли 2015 ҳамагӣ 1,8 фоизро ташкил кард.
Интизор меравад, ки дар фасли баҳор нархи маҳсулот ва нархи ҷаҳонии нафт низ коҳиш меёбад.
Reuters (25 март 15). Barclays аз коҳиш додани ҳаҷми сармоягузориҳои нави бонк, ки натиҷаҳои манфӣ ба даст овардааст, эълон доштааст.
Соли гузашта бонки мазкур сармояи худро тақвият бахшида, аз дороиҳои нофорам худдорӣ карда буд. Тайи соли охир даромади бонки мазкур дар маҷмуъ 5,5 млн. фунтро ташкил мекард.
Бино ба маълумоти худи Barclays, дар соли 2015 бонки сармоягузор оғозро хуб роҳандозӣ карда буд, аммо соле баъд даромад аз сармоягузории бонк то се баробар коҳиш ёфт.
Дар соли 2014 Barclays дар ҳаҷми 174 млн. фунт стерлинг (268 млн. долл. ИМА) хисороти молӣ дида буд. Дар семоҳаи чоруми соли гузашта зарари муассисаи мазкур 1,68 млрд. фунт стерлингро дар бар мегирад.
Дар маҷмуъ дар соли 2014 5 фоизи ходимони бонк аз кор рухсат шуда буданд.
Financial Times (27 март 15). Ҷониби Фаронса, Олмон ва Италия тасмим доранд ба Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ, ки муассиси он Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоб меравад, ҳамроҳ шаванд. Дар ин хусус оҷонсии «Файнэншл Таймс» иттилоъ дод. Ин маълумотро Фаронса қисман эътироф кард. Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ бо сармояи 50 млрд. долл. ИМА як навъ рақиби Бонки Ҷаҳонӣ буда метавонад. Ба Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ, ки моҳи октябри соли сипаригардида таъсис ёфта буд, Бритониёи Кабир низ ҳамроҳ гардид.
Иттифоқчиёни дигари Амрико дар кишварҳои Осиёиву Уқёнуси Ором аз қабили Австралия, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ аз аъзо шудан ба Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ худдорӣ намуданд.
Wall Street Journal (30 март 15). Дар пайи як муноқишаи офшорӣ бонки Banco de Madrid (Испания), ки хизматрасонии муштариёни сарватманд ё дороро амалӣ месозад, дар мавриди муфлисшавии худ ариза пешниҳод кардааст.
Тибқи хабари Бонки марказии Испания, амонатҳои дар ҳаҷми то 100 ҳазор евро буда таҳти ҳифозати Фонди суғуртавии амонатҳои Испания қарор доранд. Бино ба маълумоти Иттиҳодияи бонкҳои Испания, дар моҳи сентябри соли 2014 ҳаҷми умумии амонатҳои Banco de Madrid 674,7 млн. евроро ташкил мекард. Ҳаҷми дороиҳои Banco de Madrid то иттиҳомоти ВРА 6 млрд. евро буд.




