Зеҳн

Ахбор: расмӣ, бонкӣ, иқтисодӣ (марти 2015)

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 16 дақиқа хондан

Ахбор: расмӣ, бонкӣ, иқтисодӣ

Расмӣ

Мулоқоти Президент Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти БОР Венкай Жанг

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд (БОР) Венкай Жангро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистон дар моҳи аввали соли равон 5,1 фоизро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 2 банди фоизӣ кам аст.

Венкай Жанг изҳор дошт, ки БОР ҳамоно дастгирии худро аз рушди босуботи иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла барои татбиқи босамари чораҳои Ҳукумати кишвар барои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ идома медиҳад.

Бо қаноатмандӣ тазаккур дода шуд, ки тайи солҳои ҳамкорӣ аз ҷониби БОР ба Тоҷикистон тақрибан 1,3 млрд. долл. ИМА қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ пешниҳод шудааст.

4 мар 15 / БТ

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи Рӯзи Модар

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба истиқболи Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Рӯзи Модарро, ки ба оғози Соли оила рост омадааст, ба кулли мардуми Тоҷикистон, ба хусус ба модарону хоҳарон самимона шодбош гуфта, таъкид дошт: «Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд аст».

6 мар 15 / www.president.tj

Созишномаи кумаки молиявӣ ба имзо расид

11 март дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар доираи Барномаи рушди низоми молиявӣ дар минтақаҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи маблағгузории манзил маросими имзои Созишнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ ва техникӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон баргузор гардид.

Созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва масъулини ташкилотҳои қарзии хурд имзо намуданд.

Дар маросими имзои Созишнома ҳамчунин Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳолгер Грэн, роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд (KfW) дар Тоҷикистон хонум Кристин Лаабс, намояндагони бонк ва ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон ширкат варзиданд.

11 мар 15 / БТ

Мулоқоти Президент Эмомалӣ Раҳмон бо Директори иҷроияи Шӯрои директорони БОР Умеш Кумар

18 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушд (БОР) Умеш Кумарро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ин муассисаи молиявии бонуфузи минтақавӣ баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, дар доираи стратегияи мазкур тибқи Нақшаи индикативии бонк барои солҳои 2015–2017 ба Тоҷикистон зиёда аз 240 млн. долл. ИМА ҷудо карда мешавад. Бо назардошти афзоиши таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, имкониятҳои афзун намудани дастгирии кишвар аз ҷониби БОР муҳокима гардид.

18 мар 15 / БТ

Ифтитоҳи бинои нави филиали минтақавии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар шаҳри Хуҷанд

24 март бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави филиали минтақавии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки иттилоъ дода шуд, филиали минтақавии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар шаҳри Хуҷанд аз соли 1994 ба фаъолият шуруъ намуда, дар бозори молиявию қарзии ин минтақа чун шарики боэътимод мавқеи сазовор касб намудааст.

Бинои нави филиал барои беҳсозии хизматрасониҳои навтарини бонкӣ, муҳайё кардани шароити муносиб барои кормандон ва мизоҷон бунёд ёфтааст.

Дар ин бинои панҷошёна, ки бо харҷи қариб 8,5 млн. сомонӣ бунёд ёфтааст, дар маҷмӯъ 52 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

24 мар 15 / БТ

Ифтитоҳи корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ дар шаҳри Қайроққум

25 март дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар назди осоишгоҳи «Баҳористон» фаъолият мекунад.

Чунонки зикр гардид, ин корхона, ки бо харҷи 22 млн. сомонӣ бунёд ёфтааст, иборат аз бинои маъмурият, бинои истеҳсолӣ ва бинои гармидиҳӣ бо анбори ангишт буда, тамоми масолеҳи сохтмонии дар бунёди он истифодашуда моли ватании Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти корхона ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва тайёри хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти гӯштӣ, қаннодӣ, сабзавоти коркардшуда ва хӯроки гарми якум ва дуюм равона карда шудааст.

25 мар 15 / БТ

Бонкӣ

Афзоиши пасандозҳои аҳолӣ идома дорад

Бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ баъди ҷамъбасти маълумотҳои моҳи январи соли равон маблағи 6 639,7 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,7 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла 2 187,1 млн. сомонӣ амонатҳо бо пули миллӣ ва 4 452,6 млн. сомонӣ бо асъори хориҷӣ ҷалб шудаанд. Агар ба таркиби бақияи пасандозҳо назар андозем, маълум мегардад, ки 36,1 фоиз (маблағи 2 400,2 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 63,8 фоиз (4 239,4 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.

Дар моҳи январ фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,24 фоиз ва пасандозҳо бо асъори хориҷӣ 11,81 фоизи солонаро ташкил намуданд.

2 мар 15 / www.nbt.tj

Бақияи умумии қарзҳо 29,1 фоиз зиёд шуд

Тибқи маълумоти омор, бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар нахустин моҳи соли ҷорӣ 9 903,8 млн. сомониро ташкил намуда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 29,1 фоиз афзуд. Аз ин маблағ 3 961,5 млн. сомонӣ қарзҳо бо пули миллӣ ва 5 942,3 млн. сомонӣ бо асъори хориҷӣ рост меоянд. Дар моҳи январ низ раванди афзоиши қарзҳои дарозмуҳлат идома ёфта, он ба 4 766,5 млн. сомонӣ баробар шуд.

Фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар дар моҳи январ бо пули миллӣ 26,52 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,67 фоизи солонаро ташкил намуд.

Ҳамчунин, дар аввалин моҳи соли равон ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда низ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 6,7 фоиз зиёд шуд. Аз ҷумла 88,5 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 фоиз зиёд мебошад.

3 мар 15 / www.nbt.tj

Вазъи қурби пули миллӣ ва таъмини устувории он муҳокима гардид

13 март бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба масъалаҳои марбут ба бозори асъор, болоравии қурби доллар нисбат ба сомонӣ ва дигар проблемаҳои рӯзмарраи низоми бонкии мамлакат барои рӯзноманигорон дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар ибтидои суҳбат масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳозирин оид ба вазъи феълии бозори дохилии асъор, тадбирҳои дар рӯзҳои охир барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани тағйирёбии қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ андешидаи бонк мухтасар маълумот доданд.

Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки аз имрӯз сар карда Бонки миллии Тоҷикистон фурӯши мустақими доллари ИМА-ро дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қатъ мекунад. Бинобар сабаби он ки баъзе корчаллонҳо аз чунин тарзи кор истифода бурда, ба таври сунъӣ қурби долларро боло мебурданд, тасмим гирифта шуд, ки аз ин баъд Бонки миллӣ ба бозори асъор тавассути бонкҳои тиҷоратии кишвар дахолат мекунад.

Дар рафти нишасти хабарӣ қайд гардид, ки тақрибан то як-ду ҳафта пеш чораҳои андешидаи бонк ба бозори асъор таъсирнок буданд. Аммо тавре мушоҳидаҳо нишон доданд, се рӯзи охир мардум то андозае дар таҳлука афтодаанд, ки заруру бидуни он доллар мехаранд, ки ин ҳам боиси боло рафтани қурби он шуда истодааст. Дар робита ба ин, масъулини Бонки миллӣ аз мардум даъват карданд, ки бе зарурат аз хариди доллар худдорӣ намоянд ва беҳтар аз ҳама пасандозҳояшонро бо пули сомонӣ нигоҳ доранд.

Дар фуроварди суҳбати ҷолиб ва судманд намояндагони воситаҳои ахбори омма ба ҳамкории дуҷониба ба хотири таъмин намудани муътадилии сатҳи нархҳо, таваррум ва тағйирёбии қурби асъори хориҷӣ даъват карда шуданд.

13 мар 15 / www.nbt.tj

Мусобиқаи футболи бонкдорони Суғд ба марҳилаи ¼ ниҳоӣ расид

Бозиҳои гурӯҳӣ дар мусобиқаи футболи байни дастаҳои низоми бонкии вилояти Суғд, ки 23 феврали соли ҷорӣ дар толори варзишии Абдураҳмони Ҷомӣ, воқеъ дар Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум оғоз ёфта буд, ба поён расиданд ва 8 дастаи беҳтарин ба бозиҳои ¼ ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Хотиррасон мекунем, ки ин мусобиқа бо ширкати 14 дастаи низоми бонкии вилоят дар ду гурӯҳ ҷараён гирифта буд. Дар гурӯҳи «А» дастаи «Рахш» (Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд) дар ҳамаи 6 бозӣ ғалаба ба даст оварда, бо касби 18 хол ҷойи аввалро ишғол намуд. Дастаҳои футболи «Соҳибкорбонк», «Эсхата-2» (собиқадорон) ва «Матин» мутаносибан ҷойҳои дуюм, сеюм ва чорумро ишғол намуданд.

Дар гурӯҳи «Б» бошад, «Эсхата» низ дар ҳамаи 6 бозӣ ҳарифонашро мағлуб карда, бо касби 18 хол ҷойи аввалро ишғол намуд. Се ҷойи баъдинаро дар ин гурӯҳ дастаҳои «Агроинвестбонк», «Амонатбонк» ва «Рахш-2» (дастаи собиқадорони шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд) ишғол карданд.

15 мар 15 / БТ

«АксесБонк Тоҷикистон» маърифати молиявии ҷавононро зиёд мекунад

ҶСК «АксесБонк Тоҷикистон» барои донишҷӯёни Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон дар мавзӯи «Беҳтар намудани сатҳи саводнокии молиявии ҷавонон» як силсила семинарҳо баргузор намуд. Ин чорабиниҳо дар доираи барномаи «Global Money Week», ки барои афзоиши донишҳои молиявии ҷавонон равона шудааст, гузаронида шуданд. Лоиҳаи «Global Money Week» дар соли 2014 дар саросари ҷаҳон 3 млн. кӯдакон ва ҷавонони 118 кишварро омӯзиш додааст.

16 мар 15 / БТ

Қарзи нави бебозгашт барои Тоҷикистон

17 март Шӯрои директорони иҷроияи Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) барои маблағгузории «Лоиҳаи рушди бунёди хидматрасонии коммуналии Тоҷикистон» ба маблағи 14,5 млн. долл. ИМА қарзи бебозгашт ҷудо кард.

Тибқи хабари АМИТ «Ховар», лоиҳаи мазкур ба ислоҳоти бахши хизматрасонии коммуналӣ, ки бо маблағгузории БҶ рӯйи кор омадааст, истинод мекунад. Лоиҳаи мазкур ба такмили сохтори ёрирасони мунисипалию коммуналӣ мусоидат карда, ҳамчунин имкон медиҳад, ки неруи мақомоти маҳаллии ҳокимият ва корхонаҳо барои хизматрасонӣ ба манзури баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии сокинони маҳаллӣ афзун карда шавад.

18 мар 15 / БТ

Коршиноси БҶ: «Ташкили Анҷумани баҳогузорони амволи ғайриманқул муҳим аст»

20 март бо ибтикори Иттиҳодияи байналмилалии молиявӣ ҷаласаи омӯзишию машваратӣ бо ҳузури намояндагони васоити ахбори омма доир гардид. Дар ин нишаст масъалаи омӯзиш ва таҳлили таҷрибаи баҳогузорӣ ба амволи ғайриманқул ҳамчун гарав дар мавриди гирифтани қарз матраҳ шуд. Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи «ACAFI»-и гурӯҳи БҶ амалӣ гардонида мешавад.

Тибқи маълумоти АМИТ «Ховар», татбиқи лоиҳаи мазкур ба ниҳодҳои молиявӣ имкон медиҳад, ки қарорҳои саривақтии қарзиро қабул намуда, бо ҳамин васила дастрасии корхонаҳои хурду миёна ва мизоҷонро ба хизматрасонии молиявӣ баланд бардоранд.

Дар ҷаласаи омӯзишӣ коршиноси БҶ Ҳомид Мамадҷонов доир ба паҳлуҳои гуногуни омӯзиш ва таҳлили таҷрибаи баҳогузорӣ ба амволи ғайриманқул ҳамчун гарав ҳангоми гирифтани қарз, тақвияти инфрасохтори молиявӣ, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони ташкилотҳои молиявӣ, рушди иттилооти бозори амволи ғайриманқул дар заминаи ташкили маҷаллаю рӯзномаҳо ва сомонаҳои иттилоотӣ табодули назар кард.

20 мар 15 / БТ

БАТИ маблағгузории савдоро дастгирӣ менамояд

Бонки Аврупоии таҷдид ва инкишоф (БАТИ) дастгирии рушди савдои байналхалқиро дар Тоҷикистон бо воситаи ҷудо кардани маблағгузорӣ ва ташкил намудани барномаҳои таълимӣ идома дода истодааст.

30 март дар чорчӯбаи Барномаи дастгирии рушди савдо (БДРС) бонки номбурда барои ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон» хати нави маблағгузории савдоро боз намуд. Худи ҳамин рӯз БАТИ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон бахшида ба қоидаҳои нави Палатаи байналхалқии савдо (ПБА) оид ба истифодаи Меъёрҳои байналхалқии амалияи бонкӣ (МБАБ) дар Бонки миллии Тоҷикистон семинар баргузор намуд.

Дар ифтитоҳи семинар Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов изҳор дошт: «Мо хушнудем, ки бароямон имконияте фароҳам омад, то чорабинии имрӯзаро баргузор намоем ва ба ин васила бонкҳои тиҷоратӣ тавонистанд маълумоти муҳимро ба даст оваранду кормандони онҳо дар бахши тағйироти охири амалияи бонкӣ таълим бигиранд».

Роҳбари намояндагии БАТИ дар ҷумҳурӣ ҷаноби Ричард Ҷонс қайд намуд, ки расонидани кумакҳои техникӣ ва гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти ҳайати БАТИ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

30 мар 15 / www.nbt.tj

Ифтитоҳи биноҳои нави БДА ҶТ «Амонатбонк» дар се ноҳия

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» дар робита ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҷамоатҳои деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд, Тоҷикободи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва Шогадоеви ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки намояндагони бонки мазкур ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо биноҳои нави кории марказҳои хизматрасонии бонкиро ифтитоҳ кард.

Дар айни ҳол сохтмони биноҳои нави кории марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар ноҳияи Дарвоз, шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Ховалинг, ноҳияи Темурмалик, Бохтари вилояти Хатлон, ноҳияи Тавилдара, ноҳияи Рӯдакӣ, ноҳияи Ёвон ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд давом дорад.

30 мар 15 / БТ

Тоҷи тиллоӣ — мукофоти амал

Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ҷониби Ширкати байналмилалии «Би-Ай-Ди-Бизнес Инишиатив Дайрекшинз» (Business Initiative Directions) барои нишондод ва дастовардҳо дар соҳаи идора, баланд бардоштани сифати кору маҳсулот ва ҷорӣ намудани технология ва инноватсияҳои ҷадид ба дарёфти Ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» сазовор гардид.

Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», вобаста ба ин 28 март дар донишкада муаррифии ҷоиза доир гардид. Ректори донишкада Ашурбой Солиев устодону кормандон ва донишҷӯёнро бо дарёфти ин ҷоизаи воло шодбош гуфта, иброз дошт, ки ин мукофоти амалу фаъолияти яксолаи аҳли коллективи донишкада дар самти таълиму тарбия, робитаҳои байналмилалӣ, инъикос ва иттилоотрасонии фаъолияти он дар ВАО мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳамчунин Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аъзои Иттифоқи академии Оксфорд гардид ва дар бораи донишкада дар маҷаллаҳои хориҷии «University of the Future» ва «Quality Crown» маълумоти муфассал чоп гардид, ки ҳамаи ин нуфузи донишкадаро дар сатҳи ҷумҳурию байналмилалӣ баланд мегардонад.

30 мар 15 / БТ

183 бонки Россия дучори мушкилот шуданд

Бонки Марказии Россия дар бораи вуҷуди мушкилот дар 183 бонки ин кишвар хабар дод. Дар айни замон ин 183 бонк дар бораи амалиёти худ ба тариқи ҳаррӯза ҳисобот медиҳанд. Михаил Сухов, муовини раиси Бонки Марказии Россия гуфт, бо тадбири ин бонк 183 бонк ба пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза водор шудаанд ва маҳдудиятҳо барои 44 бонк барои ҷалб кардани маблағҳои давлатӣ дар пасандозҳо ва барои 8 бонк дар ҳаҷми меъёри фоизӣ ҷорӣ карда шудаанд. Бонки Марказии Россия умедвор аст, ки худи бонкҳо роҳи аз вазъияти мушкил баромаданро пайдо мекунанд.

12 мар 15 / Интерфакс

Коммерсбонки Олмон 1,5 млрд. долл. ИМА ҷарима шуд

Коммерсбонки Олмон эълон кардааст, ки барои нақзи таҳримҳои Амрико алайҳи кишварҳое чун Эрон ва Судон ҳудуди 1,5 млрд. долл. ИМА ҷарима шудааст. Ин маблағ бояд ба Амрико пардохта шавад. Коммерсбонки Олмон таҳримҳои Амрико ва кишварҳои Ғарбро нодида гирифта, маблағи зиёдеро ба Эрон ва Судон интиқол додааст. Коммерсбонки Олмон гуфтааст, бо пардохти ин ҷарима аз таъқиби додгоҳии Амрико раҳо мешавад.

13 мар 15 / Bloomberg

Қарзи давлатии Фаронса аз 2 трлн. евро гузашт

Қарзи давлатии Фаронса афзоиши худро идома дода, дар ибтидои соли 2015 ба 2,037 трлн. евро расид. Бино ба хабари Донишкадаи давлатии омор ва тадқиқоти иқтисодии Брюссел, дар муқоиса бо семоҳаи пешина дар ин давра қарзи давлатии Фаронса 2,4 млрд. евро зиёд шудааст. Таносуби қарзи давлатии Фаронса нисбат ба ММД 95 фоизро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки бояд тибқи паймонҳои байналмилалӣ қарзи давлатии Фаронса набояд нисбат ба ММД аз 60 фоиз бештар бошад.

26 мар 15 / Bankir.ru

Бонки Инглистон аз ноустувории бозорҳои молиявӣ огоҳ мекунад

Бонки Инглистон пешбинӣ кардааст, ки бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ ноустувортар мешаванд ва тамоюлоти аз ҳад зиёд калавандаро касб мекунанд. Бино ба эътиқоди масъулини Бонки Инглистон, тамоюлҳои охир, аз ҷумла ҳаҷми савдои паст, суботи молиявиро халалдор ва ба ноустувории аз ҳад зиёд оварда мерасонанд.

27 мар 15 / The Wall Street Journal

ВТБ ба Чин пешниҳод кард, ки бо юан ба бонкҳои русӣ қарз диҳад

Бонки русии ВТБ ба вазорати молияи Чин пешниҳод кардааст, ки барои қарз додан бо юан ба ширкатҳои русӣ дар Чин иҷоза диҳад. Бино ба гуфтаи роҳбари ВТБ Андрей Костин, дар айни замон гирифтани қарз дар Чин барои ширкатҳо ва бонкҳои хориҷӣ мамнуъ аст, аз ин рӯ, мо ба вазири молияи Чин пешниҳод кардем, ки масъалаи ворид шудани ширкатҳои русӣ ба ин бозорро баррасӣ кунанд. Ба гуфтаи Костин, агар Россия тавонад ба ин бозор ворид шавад, як сарчашмаи хеле муҳимми маблағгузорӣ барои бонкҳо ва ширкатҳои русӣ пайдо хоҳад шуд. Вазорати молияи Чин гуфтааст, ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод.

30 мар 15 / Bankir.ru

Иқтисодӣ

Содироти нахи пахтаи Тоҷикистон афзуд

Дар соли равон содироти нахи пахта аз Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳод. Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми ду моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 20 ҳазор тонна нахи пахта (ду моҳи аввали соли 2014 – каме бештар аз 16 ҳазор тонна) содирот шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 24 фоиз зиёдтар аст. Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ICAC (Кумитаи байналмилалии машваратӣ оид ба пахта), тайи соли ахир нархи пахта 24 фоиз коҳиш ёфта, дар ин робита тӯли моҳҳои январ-феврали соли равон Тоҷикистон аз фурӯши нахи пахта ҳамагӣ 26 млн. долл. ИМА даромад ба даст овардааст.

20 мар 15 / www.news.tj

Ҳамгироӣ — имкониятҳои нав ва роҳҳои баромадан аз буҳрон

Чанде пеш дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ҷаласаи 65-уми Шӯрои иқтисодии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода иштирок кард.

Дар Шӯро масъалаҳои ҳамкории кишварҳои иштирокчии ИДМ, аз ҷумла «Нақшаи ҳамкориҳои муштараки кишварҳои иштирокчии ИДМ оид ба иҷрои масъалаҳои муҳимми молиявию иқтисодӣ», Маҷмӯи чорабиниҳо барои солҳои 2015–2016 оид ба татбиқи «Барномаи байнидавлатии ҳамкориҳои инноватсионии кишварҳои иштирокчии ИДМ то соли 2020» ва самтҳои асосии ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ «Дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва саноати ҷангал то давраи соли 2025» мувофиқа намуданд.

20 мар 15 / АМИТ Ховар

Дар бозори Аврупо арзиши як барел нафт 2 долл. ИМА баланд гардид

Як барел нафти хоми навъи Брент дар бозори Аврупо 61 долл. ИМА ба фурӯш рафт. Таҳлилгарони масоили иқтисодии ҷаҳон яке аз сабабҳои баланд гардидани арзиши нафтро дар сар задани нооромиҳо дар Либия ва зиёд гардидани талабот ба ин навъи сӯзишворӣ рабт медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки Либия дар ҷаҳон яке аз кишварҳои асосии истеҳсолкунандаи нафт ба шумор меравад.

www.jahonnamo.tj

Чину Қирғизистон барои сохтмони роҳи оҳан ба созиш расиданд

Чину Қирғизистон роҷеъ ба тарҳи сохтмони роҳи оҳани Чин–Қирғизистон ба созиш расидаанд. Бар асоси ин созиш Қирғизистон барои сохтмони ин роҳ ба Чин замин ҷудо мекунад ва худи Чин ин роҳ ва зербинои марбут ба онро месозад. Дар ивази замини ҷудошуда Чин ба Қирғизистон дар наздикии яке аз шаҳрҳои бандарии худ 17 гектар замин медиҳад, то Қирғизистон тавонад дар он ҷо терминалҳои бору молҳои воридотӣ ва содиротии худро бунёд кунад. Ин тарҳ аз 6 то 6,5 млрд. долл. ИМА арзиш дорад.

11 мар 15 / News.tj

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2