Вазъи ноороми Яман ва таъсири он ба иқтисодиёти ҷаҳон
Вазъи ноороми Яман ва таъсири он ба иқтисодиёти ҷаҳон
Бархӯрди низомӣ дар Яман вазъи иқтисодиёти ҷаҳониро печидатар кард. Бар асари ҷангу муноқишаҳо метавон хулоса кард, ки ягона сарчашмаи даромаду тиҷорати аксар кишварҳо — нафт ба дунбол тағйироту дигаргуниҳоеро дар бозори ҷаҳонӣ ба бор овард.
Аз бархӯрдҳои низомӣ дар Яман нархи нафт гаҳе пасту гаҳи дигар боло мешавад. Тавре дар суҳбат бо хабарнигорон вазири нафти Ироқ Одил Абдул Маҳдӣ изҳор доштааст, нархи ҷаҳонии нафт то охири соли 2015 мумкин аст то 70 долл. ИМА барои як баррел муқаррар гардад. Лозим ба ёдоварист, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ қимати нафт боло рафта буд, баъдан дар моҳи март андаке майл ба поён кард.
Дар мавриди он ки зарбаҳои ҳавоӣ ба Яман чӣ таъсире ба нафт мегузоранд, рӯйдодҳои рӯзҳои охир гувоҳи ҳоланд. Ёдовар мешавем, ки 27 марти соли равон нафти намуди Brent дар биржаи ICE Futures то ҳадди 5,8 фоиз боло рафт, яъне як барели он то 59,78 долл. ИМА расид. Аз дигар рӯзҳо дида як барел нафт 3,30 долл. ИМА боло рафт. Нафти намуди WTI дар биржаҳои тиҷоратии Ню-Йорк 6,6 фоиз боло рафт ва алъон як барели он 52,48 долл. ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ҳарчанд Яман бозингари бузург дар бозори нафтӣ маҳсуб намегардад, аммо бархӯрдҳои низомӣ дар ин минтақа метавонанд вазъи нафти ҷаҳониро мувоҷеҳ ба мушкилот гардонанд. Мушкилоти рақами аввал ин боло рафтани қимати нафт мегардад, ки дар баробари боло рафтани нархи «тиллои сиёҳ» таъсири он ба дигар молу маҳсулот низ асар мекунад. Гап сари он меравад, ки чун Яман ҳамрадиф бо халиҷи Бобул Мандеб аст ва роҳи ҳамлу нақли асосии нафт аз ин қаламрав убур мекунад, бинобар ин ҳам метавон хулоса кард, ки таъсири амиқе дар қимати нафт боқӣ мегузорад. Дар соли 2013 тариқи халиҷи мазкур 3,4 млн. барел нафт интиқол гашта буд.
Аз ин рӯ, бархӯрд дар ин минтақа таъсири сахти худро ба тиҷорату интиқоли нафт мегузорад. Халиҷ, ки баста шуд, хатсайри интиқоли нафт ба Африқои Шимоливу Осиё қатъ мегардад. Ин ҳама ба бозори ҷаҳонӣ таъсири амиқи худро мегузорад. Аз ин рӯ, аксари истеъмолкунандагон дар мадди аввал мекӯшанд, то захираҳои худро пурра кунанд, дар ҳоле ки қимати нафт болотар нарафтааст.
Имрӯз иқтисодиёти ҷаҳонро бештар аз ҳама ҳангомаи нафт такон бахшида, масъалаи мазкур чун сарчашмаи баҳсу баррасии масоили иқтисоди ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
Коршиносон дар ин масъала чунин андеша матраҳ мекунанд, ки сардаргумиҳо ба ИМА имкон медиҳад, то аз захираҳои бесобиқаи худ кор гирад. Чандин сол боз онҳо кӯшиш мекарданд, то арзиши нафт боло наравад ва ҷиҳати расидан ба мақсад аз ҳама имкониятҳо васеъ истифода мебурданд. Мусаллам аст, ки дар баробари ҷаҳиши нархи нафт ба боло, ИМА аз тиҷорату фурӯши захираҳои дар ихтиёрдоштааш фоидаи калон ба даст хоҳад овард. Дар навбати худ, ин ҳама бархӯрди ҷонибҳо вазъ дар бозори нафтии Яманро низ дигаргун хоҳанд кард.
Ҳангомаи нафтӣ дар Яман баъд аз тағйиру дигаргуншавии вазъ дар ин минтақа муайян хоҳад шуд, ки масъалаи нафтӣ чӣ вазъеро ба худ касб мекунад. Бино ба шарҳу тафсири коршиносон, масъалаи мазкур печидаву доманадор хоҳад шуд.
Ҳамзамон, коршиносон масъалаи нафтиро чунин баҳогузорӣ мекунанд, ки таъсири бархӯрди низомӣ ба масъалаи нафтӣ кӯтоҳмуҳлат буда, ҳеҷ гуна оқибати баде ба дунбол надорад. Зеро Яман чун кишвари бузурги истеҳсолкунандаи нафти ҷаҳонӣ шинохта намешавад ва дар ин самт мавқеи 39-умро дар ҷаҳон соҳиб аст.
Яман ба истеҳсоли нафт соли 1986 оғоз бахшид. Дар ҳоли ҳозир ҳолати иқтисодии кишвар аз нафту газ вобастагии зич дорад, ки 70 фоизи фоидаи қисмати буҷети кишварро ташкил медиҳад.
Ҳарчанд Яман чун бузургтарин истеҳсолкунандаи нафти ҷаҳонӣ ба ҳисоб наравад ҳам, аммо кишвари мазкур дорои захираҳои бойи нафту газист. Бино ба маълумоти Oil & Gas Journal, захираҳои нафтии Яман ба ҳолати моҳи январи соли 2014 3 млрд. баррел маънидод мегардад.
Бино ба пешбиниҳои ОПЕК, истеҳсоли нафт дар Яман дар соли 2015 0,1 млн. баррел дар як рӯзро дар бар мегирад, ки ин нишондод дар соли 2016 0,2 млн. баррел дар як рӯзро ташкил хоҳад кард ва нишондоди мазкур то соли 2019 нигоҳ дошта хоҳад шуд.
М. Идиев, маҷаллаи «БТ»




