Арбобони барҷастаи низоми бонкдорӣ
Арбобони барҷастаи низоми бонкдорӣ
Маҷаллаи «Бонкдорӣ дар Тоҷикистон» тасмим гирифт, ки минбаъд дар шумораҳои маҷалла гӯшаеро зери унвони «Аз рӯзгори инсонҳои наҷиб» тақдими хонандагон гардонад. Гӯшаи мазкур аз рӯзгору фаъолияти пурсамари кормандони соҳаи иқтисоди кишвар, аз корномаи шахсиятҳои барҷастаи таърихи навтарини иқтисодиёти ҷаҳон маводи хонданибоб пешкаши хонандагон мегардонад.
Соҳибному соҳибиззат: Ҳаёт ва фаъолият (Изатулло Лалбеков)
Изатулло Лалбеков шахсест, ки дар соҳаи бонкдорӣ ва рушди низоми бонкӣ дар ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Изатулло Лалбеков соли 1945 ба дунё омада, дар соли 1971 собиқ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм карда, тахассуси молия ва қарзро касб намудааст.
Фаъолияти кории Изатулло Лалбеков аз соли 1962 ҳамчун шогирд дар бахши бонки давлатӣ ибтидо мегирад. Баъди хатми техникуми омор дар соли 1965, ба ҳайси бозраси қарзии Бонки давлатии ИҶШС дар ВМКБ фаъолият мекунад. Баъдан, чанд сол дар шуъбаи Бонки давлатии ИҶШС дар н. Рӯшон фаъолият карда, аз мутахассиси одӣ то ба вазифаи сармуҳосиби шуъбаи бонк мерасад.
Ҳамзамон, баробари кор мактаби олиро низ хатм мекунад. Мутахассиси ҷавони ояндадор дар соли 1969 ба идораи ҷумҳуриявии Бонки давлатии ИҶШС даъват мешавад ва дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла бозрас, иқтисодчӣ, иқтисодчии калон, тафтишгар, тафтишгари калон, сардори раёсати саридораи Бонки давлатии ИҶШС, РСС Тоҷикистон кору фаъолият мекунад. Маҳз дар ҳамин вақт Изатулло Лалбеков методҳои таҳлили амиқ, инчунин кори бонкӣ ва дар маҷмуъ иқтисоди ҷумҳуриро аз худ мекунад.
Дар замони кор дар Идораи ҷумҳуриявии Бонки давлатии ИҶШС Изатулло Лалбеков ҳамчун мутахассиси варзида, ки маҳорату малакаи кор ва ташкилотчигӣ дошт, дар ислоҳоти низоми бонкии ИҶШС иштироки бевосита намуда, дар ташкили низоми бонкии ҷумҳурӣ саҳми беандоза мегузорад. Бо иштироки бевоситаи ӯ, идораҳои бонкҳо дар ноҳияҳо ва вилоятҳои навтаъсис шурӯъ ба фаъолият мекунанд. Дар давоми фаъолияти кориаш бо ифтихорномаҳои Бонки давлатии ИҶШС ва унвони «Аълочии бонки ИҶШС» сазовор гардидааст.
Дар тӯли 50 соли фаъолияти худ устод Изатулло Лалбеков чандин мутахассисони варзидаро омода намудааст, ки ҳоло онҳо на танҳо дар соҳаи бонкӣ, балки дар дигар соҳаҳои гуногун дар ҷумҳурӣ ва дар хориҷи кишвар фаъолият пеш мебаранд. Метавон гуфт, ки шогирдони тарбиянамудаи устод қариб, ки дар тамоми соҳаҳои молияву бонкии кишвар фаъолият намуда, таҷрибаи ин марди фозилро ҷиҳати рушди кишвар сафарбар намуда истодаанд. Шогирдон устодро ҳамчун фарди дар кор ҷиддӣ ва дар инсонгарӣ хоксору зиндадил ном мебаранд.
Изатулло Лалбеков, дар баробари малакаю маҳорати амалӣ ва таҷрибаи бузург, то андозаи кофӣ дониши назариявиро низ соҳиб аст. Бо хоҳиши роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, устод Лалбеков дар баробари кори пурмасъулият, ҳамчунин дар таълими донишҷӯёни курсҳои болоӣ аз рӯйи фанҳои махсус саҳм дошт. Бештари рисолаҳои дипломии донишҷӯёне, ки зери роҳбарии И. Лалбеков анҷом дода мешаванд, баҳои баланд мегиранд.
Дар соли 1987 аз сабаби аз нав ташкил шудани низоми бонкӣ, ба вазифаи муовини аввали Раиси раёсати бонки ҷумҳуриявии «Жилсотсбонк»-и ИҶШС пешбарӣ мешавад, ки масъулияти хизматрасонии ҳисоббаробарию асъор дар соҳаи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, резидентҳо ва ғайрирезидентҳоро иҷро ва роҳбарӣ мекард.
Аз соли 1990 роҳбари шуъбаи Бонки робитаҳои берунии иқтисодии («Внешэкономбанк») ИҶШС дар ш. Душанбе буда, аз соли 1992 президенти Бонки робитаҳои берунии иқтисодии («Внешэкономбанк») Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешавад.
Устод Изатулло Лалбеков қобилияти зиёд, мустақилият, тафаккури амиқи иқтисодиро соҳиб аст. Дарки моҳияти масъала, қабули қарор, омӯхтани масъалаҳои муосир ва дар амал иҷро намудани онҳо ва ҳисси масъулиятшиносӣ ҷиҳати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ба ӯ имкон доданд, ки дар ҳама ҷо пурсамар фаъолият намояд.
Изатулло Лалбеков мунтазам дар пайи такмили ихтисоси худ мебошад. Дар соли 1987 бо баҳои аъло таҳсилро дар факултаи махсуси Донишкадаи молиявии Москва (ҳоло Академияи молиявӣ оид ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси бонкӣ) хатм кард. Дар соли 1990 мактаби олии тиҷорати Академияи хоҷагии халқ дар назди Шӯрои Вазирони ИҶШС дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷиро аз рӯйи барномаи «Механизми молиявӣ — фаъолияти берунии иқтисодӣ» хатм намудааст.
Чун устод меҳнатро дӯст медорад ва меҳнатдӯстӣ аз хислатҳои ҳамидаи ӯст, аз ин рӯ сазовори обрӯ ва эҳтироми атрофиён гардидааст.
Дар замони кор дар вазифаи Раиси бонк «Тоҷиквнешэкономбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба бонки махсуси бузурги фаъолияти берунииқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Ба туфайли кӯшишу талошҳои ӯ бо 35 бонки хориҷӣ робитаҳои байнибонкӣ ба роҳ монда шуд.
Изатулло Лалбеков шахси хайрхоҳ ва меҳрубон аст ва ба тарбияи мутахассисони ҷавон аҳамияти зиёд медиҳад. Барои мутахассисони ҷавон тамоми шароитро дар низоми бонкӣ фароҳам овардааст.
Изатулло Лалбеков солҳои зиёд аъзои фаъоли Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҷумҳурӣ, аз ҷумла лоиҳаи қонунҳое, ки ба низоми молиявии кишвар дахл доранд, фаъолона иштирок менамояд.
Устод Лалбеков марди масъулиятшинос ва кордону уҳдабаро буда, ҳар вазифае, ки ба зимма мегирад, бо масъулияти том иҷро менамояд. Қабл аз он ки устод мутахассиси варзида аст, шахсест ҳалиму хоксор ва самимиву заминӣ.
Заҳматҳои пурсамар ва саҳмгузориҳои босазои Изатулло Лалбековро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии «Хизмати шоиста» қадрдонӣ намудааст, ки ин боиси таҳсин ва дастгирист.
Маҳз бо дарназардошти таҷрибаи хуби корӣ, моҳи январи соли 2008 устод Изатулло Лалбеков ба вазифаи навтаъсиси Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон таъйин гардид ва то ҳол дар ин вазифа фаъолият мекунад.
Некхоҳӣ нисбати мардум, дасту дили пок дар кор Изатулло Лалбековро дар байни ҳамкорону атрофиён соҳиби эҳтиром гардонидааст.
Иқтисодчӣ ва сиёсатмадори намоёни асри XX (Фридрих Август фон Хайек)
«Талабот ва ниёзи ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидааст бар шахсиятҳои донишманд ва ғояҳои такондиҳанда ва рушдбахшандаи онҳо. Ва метавон гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо тавассути Фридрих фон Хайек тавонистааст дар ин самт бениёз бошад».
— Маргарет Тетчер
Иқтисодчии англис Фридрих Август фон Хайек 8 майи соли 1899 дар шаҳри Вена дар оилаи Август фон Хайек, корманди Вазорати тандурустӣ ва ҳамзамон донишманди Донишгоҳи Вена ба дунё омадааст. Ӯ ба донишгоҳи машҳури Вена дохил шуда, дар он ҷо илмҳои иқтисод, ҳуқуқ, фалсафа ва равоншиносиро аз бар намуд. Хайек соли 1921 ба гирифтани унвони доктори илмҳои иқтисодии Донишгоҳи Вена ноил гардида, корашро дар Бюрои Австриягии батанзимдарории иддаои ҳарбиён, ки дар он вақт иқтисодчии маъруф Людвиг фон Мизес роҳбарӣ менамуд, оғоз кард.
Соли 1924 Хайек ба узвияти иқтисоддонҳои машҳуру таъсиррасони Австрия шомил гардида, масъалаҳои мубрами иқтисодиёти кишварашро дар якҷоягӣ бо дигар иқтисоддонҳою файласуфон баррасӣ мекард. Ӯ бо истифода аз донишу малакаи хеш Ҳукумати Австрияро водор сохт, то ҷиҳати тадқиқнамоии масъалаҳои муҳимми иқтисодӣ донишгоҳи махсусе ташкил намоянд.
Тӯли солҳои бистум қисми зиёди мақолаҳои ӯ фарогири масъалаҳои савдо, сиёсати пулӣ ва ғ. ба табъ расиданд. Фридрих ҷиҳати рушди иқтисодиёти мамлакати хеш дар баҳсу мунозираҳои сатҳи олӣ ширкат варзида, ғояҳои наву нишонрас пешниҳод менамуд.
Масалан, ба андешаи ӯ сиёсати тавсеаталабии фискалӣ ва пулӣ метавонад ба афзоиши маҷмӯи истеҳсолот дар як муддати кӯтоҳ оварда расонад, аммо аз сабаби нисбатан таъсирбахш будани он ба нархҳо болоравии сатҳи бекорӣ ва таваррум метавонад ба вуқӯъ ояд.
Хайек як нуктаро талқин мекард, ки коҳиш додани меъёри фоизҳо (ва ё афзоиши самаранокии сармоя) метавонад доираи истеҳсолотро васеъ гардонад, ки дар натиҷа ширкатҳо қодиранд технологияҳои бештару ҷадидтарро ба кор бурда, ҳамзамон қувваи кориро афзун гардонанд. Ба андешаи ӯ, арзиши ҳар як молу маҳсулот аз ҷиҳати истифода, зарурият ва то кадом андоза мувофиқ буданаш ба мақсадҳои инсонҳо бояд муайян карда шавад.
Ин донишманди барҷаста бар он аст, ки афзалияти бозорҳои озод дар он аст, ки нархҳо худ бозгӯйи маълумоти асосӣ барои истеъмолкунандагон ва ташкилотҳо ҷиҳати қабули қарорҳои иқтисодии оқилона мебошанд.
Ҳамчунин ӯ мепиндорад, ки дар ҳолати боло рафтани нархҳои бозор муътадилгардонии он аз тарафи Ҳукумат қариб, ки ғайриимкон мегардад.
Соли 1938 Хайек ҳамчун Роҳбари клуби иқтисодии Лондон таъйин гардида, маҳз дар ҳамин сол ҳамчун шаҳрванди Лондон пазируфта мешавад. Ӯ дар ин кишвар мақому манзалати хосаеро соҳиб мегардад.
Маҷмӯи китобҳо ва мақолаҳои Хайек, ки бештар фарогири масъалаҳои муҳиму ҳалкунанда атрофи таърихи афкори умум, назарияи ҳуқуқ, иқтисодиёт ва равоншиносӣ (аз ҷумла «Назарияи пул ва давраи тиҷорат», «Маблағҳои хусусӣ», «Нархҳо ва маҳсулот», «Фоида, манфиат ва сармоягузорӣ», «Индивидуализм ва фармоиши иқтисодӣ», «Сарқонуни озодӣ», «Роҳ ба сӯйи ғуломдорӣ», «Ҳуқуқ ва озодӣ», «Тадқиқот оид ба фалсафа ва иқтисод») ба нашр расида, феълан ҳамчун дастури рӯйи мизии донишҷӯёну донишмандони ҷаҳон мавриди истифодаанд.
Соли 1963 ин донишманди машҳур ба Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати таъйин гаштан ба мақоми профессори бахши сиёсат ва иқтисоди Донишгоҳи Фрейбург сафарбар мешавад. Тӯли солҳои зиёд дар донишгоҳи мазкур ба донишҷӯён таълим медиҳад ва ба худ ҷойгоҳи махсусеро касб менамояд.
Фридрих ҷоизадори мукофоти Нобелӣ ва ҳамчунин узви Академияи илмҳои Бритониё ва Австралия, Академияи илмҳои иқтисодии Аргентина ва дорандаи дараҷаҳои олии илмӣ мебошад. Ӯ ҳамчун иқтисодчӣ ва сиёсатмадори маъруфи асри XX ба шумор меравад. Саҳми ӯ ҳамчунин дар илми ҳуқуқшиносӣ ва маърифатшиносӣ бағоят калон аст.
Соли 1991 ба Фридрих аз тарафи Президенти ИМА Ҷорҷ Буш медали «Озодӣ» шахсан тақдим гардид.
Феълан қисми зиёди иқтисодшиносон ва сиёсатмадорони ҷаҳонӣ бар онанд, ки ҳар дурнамо ва пешниҳодҳое, ки Хайек чӣ дар илми иқтисод ва чӣ дар илми ҳуқуқ пешниҳод менамуд, тасдиқи худро ёфта истодаанд, ки ин аз оқиливу бузургии ин донишманд дарак медиҳад.
Маргарет Тетчер ва Кит Ҷозеф таъкид дошта буданд, ки ғояҳои Хайек барои давлат ва махсусан барои иқтисодиёт ва вазъи бозор ҳидояткунандаи бузургеанд.
Хайек соли 1992 аз олам дармегузарад. Ҷаҳони иқтисод ин шахсияти донишмандро ҳамчун нафаре, ки зодаи баҳсу ҳақиқат ва дармон барои иқтисодиёти кишварҳост, ёдовар мешаванд. Ва имрӯз ғояҳои ӯ дар пайи амалишавиву корбарӣ қарор доранд.
А. Шарипова, маҷаллаи «БТ»




