Наврӯз — таҷассумгари суннатҳои мардумӣ
Наврӯз — таҷассумгари суннатҳои мардумӣ
Барои тоҷикон ва форсзабонони дунё боис ба ифтихор аст, ки ҳоло ҷашни қадимии онҳо — Наврӯз дар саросари дунё таҷлил мешавад.
Имсол Наврӯзро 300 миллион нафар дар ҷаҳон ҷашн мегиранд. Дар кишварҳои мухталиф, ки акнун Наврӯзро ҷашни худӣ медонанд ва ин калимаро ҳар қавме ба таври худ Новруз, Нуруз, Невруз, Науриез, Нооруз талаффуз карда, соли нави хуршедӣ, баробаршавии шабу рӯз ва ҳамин тавр расидани фасли баҳорро истиқбол мекунанд.
Садои тантанаи Наврӯз дар саросари дунё шунида мешавад ва Наврӯз воқеан ҳам ба як ҷашни ҷаҳонӣ табдил мешавад. Наврӯзро ҳоло дар Эрону Тоҷикистон, Афғонистону Покистон, Озарбойҷону Ӯзбекистон, Қирғизистону Қазоқистону Туркманистон, дар минтақаҳои курднишини Ироқу Сурия, дар Ҳиндустон, Гурҷистону Туркия, Македонияву Шинҷони Чин, дар ҷумҳуриҳои мухталифи мухтори Россия, дар Тотористону Бошқирдистон, дар Доғистону Чеченистон ва кишварҳои дигари ҷаҳон бо шукӯҳи тамом ҷашн мегиранд.
Ҷуғрофиёи Наврӯз пас аз шинохти Наврӯз чун ҷашни ҷаҳонӣ аз ҷониби СММ дар ҳоли густаришёбист. 30 сентябри соли 2009 ЮНЕСКО бо дархости кишварҳои форсзабон Наврӯзро ба Феҳристи мероси маънавии башарӣ дохил кард. 19 феврали соли 2010 иҷлосияи 64-уми Маҷмаи кулли СММ дар бораи «Ҷашни байналмилалии Наврӯз» қатънома қабул ва 21 мартро рӯзи ҷашни байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Ҳадафи асосии қатъномаи СММ тақвият бахшидан ба робитаҳои дӯстонаи байни миллатҳо, нигоҳдорӣ ва тарғиби анъанаҳои неки умумибашарӣ унвон шудааст. Пешкорони ин иқдом Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Туркия ва кишварҳои дигари эронию турктабор буданд.
Баъди расман чун ҷашни ҷаҳонӣ эълом шудани Наврӯз ҳоло онро гурӯҳҳое дар Аврупову Амрико ва Канадо низ таҷлил мекунанд. Имсол дабири кулли СММ Пан Ги Мун фарорасии Наврӯзро ба тамоми оламиён табрик гуфт.
Имсол дар Кохи Сафеди Амрико низ Наврӯзро бо шукӯҳи ба худ хос таҷлил карданд. Дар ин маросим бонуи аввали Амрико Мишел Обама ҷаҳониёнро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфт ва ӯ суханронии худро бо ибораи зебои форсӣ — «Наврӯзатон муборак!» оғоз кард. Мишел Обама зикр намуд, ки ҷашни зебои Наврӯзро мардуми Ховари Миёна ва ҷаҳониён, аз ҷумла дар Амрико бо шодмонӣ ва ниятҳои наҷиб истиқбол мегиранд.
Ҳамчунин, Барак Обама, Президенти ИМА мардуми ин кишвар ва ҷаҳониёнро ба ифтихори ҷашни Наврӯз муборакбод гуфт.
Дар кишварҳои Амрикои Шимолӣ, Амрикои Ҷанубӣ, ҳавзаи Уқёнус, Африқо, Аврупо ва дигар гӯшаҳои ҷаҳон Наврӯзро асосан эронинажодон ва турктаборони муқимишуда бо расму русуми миллии худ таҷлил намуданд.
Бо ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мардуми бумии ин гӯшаҳои олам ба ҷашнгирии ин гурӯҳҳо ҳамроҳ шудаву Наврӯзро ҷашн мегиранд. Қаламрави Наврӯз ба тадриҷ тамоми кураи Заминро фаро мегирад.
Ба назар мерасад ин ҳам аз вижагиҳо ва анъанаҳои Наврӯз аст, ки онро дар тамоми дунё мепазиранд ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мекунанд. Бузургии Наврӯз ҳам дар он аст, ки онро аз халқҳои эронинажод халқҳои дигар барои афкори неку зебоӣ ва мувофиқ омаданаш ба тарзи зиндагиашон пазируфтаанд. Ҳарчанд Наврӯз рамзи бузургии фарҳанги мардуми ориёинажод аст, ки дар паҳнои азиме аз кӯҳҳои осмонбӯси Помиру халиҷи Форс то Ҳинду Чину Покистону Мисру Аврупо ба сар бурда, нақши худро дар таърихи тамаддуни башарият гузоштаанд. Беҳуда низ нагуфтаанд, ки Наврӯз рамзи нақши бузурги ин қавм дар фарҳанги ҷаҳонӣ аст.
Дар гузашта дар Эрони бостон ва саросари қаламрави империяҳои бузург дар ҳудуди Мисру Юнон, Туркия ва Курдистон, Ҳинду Чин сарфи назар аз дину мазҳаб Наврӯзро чун ҷашни баҳор, оғози солу кишту кор, ҷашни зебоии табиат, ҷашни паҳлавонӣ, ҷашни нишоту сурур ва ҷашни умеду орзу дӯст медоштанд ва пазироӣ мекарданд.
Дигаргуниҳои бузурге, ки дар даҳсолаҳои ахир дар рӯзгори мардуми форсизабон — Тоҷикистону Эрону Афғонистон рух доданд, шукӯҳу шаҳомату зебоии Наврӯзро амалан дар чашми тамоми ҷаҳониён бештар ҷилва дод.
Ҳарчанд Наврӯз аз бостонитарин ҷашнҳои ҷаҳон ба шумор меравад ва аз асри 6–4 пеш аз милод, аз замони Ҳахоманишиҳо то ба замони мо расидааст, солҳои ахир ҳолу ҳавои наврӯзӣ тақрибан дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон эҳсос мешавад ва Наврӯз шукӯҳи худро нишон медиҳад.
Ба таври муштарак дар сатҳи байналмилалӣ Наврӯз аввалин бор соли 2010 дар Тоҷикистон, баъдан соли 2011 дар шаҳри Теҳрон — пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон, соли 2012 дар шаҳри Душанбе, соли 2013 дар пойтахти Туркманистон — шаҳри Ашқобод, соли 2014 дар шаҳри Кобул — пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо иштироки ҳайатҳои давлатии кишварҳои зиёд, президентҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон ҷашн гирифта шуд.
Ба ин ҳад бошукӯҳ шудан ва ҷашни ҷаҳонӣ эълон шудани Наврӯз ба таври осон ба даст наомадааст. То замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Наврӯзро ба унвони ҷашни миллӣ дар тақвими худ фақат Эрон ва Афғонистон ҷой дода буданд. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз Наврӯзро бисёре аз кишварҳо ҷашни миллии худ эълон карданд ва дар тақвими худ онро ворид карданд.
Ҳукумати шӯравӣ баргузории ҷашни Наврӯзро мамнуъ карда буд ва ин мамнуъият то замони роҳбарии Михаил Горбачёв идома дошт. Бо ин вуҷуд, мардуми ин манотиқ Наврӯзро ба тарзи пинҳонӣ ҷашн мегирифтанд ва ё барои ҷалби мувофиқати мақомоти маҳаллӣ номи дигаре ба Наврӯз гузошта, онро баргузор мекарданд. Масалан, дар Тоҷикистон онро чун иди баҳор ва ё чун иди 8-уми март таҷлил мекарданд.
Ҳамчунин дар Афғонистон, дар даврони ҳукумати толибон баргузории ҷашни Наврӯз мамнуъ буд ва онҳо тақвими ҳиҷрии қамариро ба расмият дароварда буданд.
То соли 1993 Наврӯз дар Туркия, ки тавассути курдҳо баргузор мешуд, мамнуъ ва ғайриқонунӣ буд ва дар ҳар куҷое, ки курдҳо Наврӯзро ҷашн мегирифтанд, ҷашн бо боздошти онҳо тавассути нерӯҳои амниятии Туркия анҷом меёфт. Давлати имрӯзаи Туркия таҷлили Наврӯзро ба унвони ҷашни баҳори туркии Невруз иҷоза додааст.
Ҳамин гуна Наврӯз дар тӯли таърих чун ҷашни бунёдии мардуми ориёитабор, аз шарру шӯри таърих, салтанати ҳахоманишиҳою кӯшониёну сосониён, хилофату империяҳо, эътиқоди оташпарастию бутпарастию зардуштӣ ва дини мубини ислом убур намуда, то замони мо расидааст.
Расму русуми наврӯзӣ, ки аз покизагию шиори андешаи неку гуфтори неку рафтори нек маншаъ мегирад, то замони мо барқарор мондааст. Суннатҳое чун оштӣ варзидан, озор надодани одамону ҷонварон ва қатъи ҷангу хунрезӣ дар ин рӯзҳо, шод намудани кӯдакон, бахшидани ҳадяҳои наврӯзӣ, муборакбодиҳои наврӯзӣ, покиза намудани хона, испанд дуд кардан, аёдати беморону пирон, пӯшидани либоси наву тоза, пухтани хӯрданиҳои қадимие чун ҳалвою чалпаку самбӯса, суманак, палав, кочӣ ва дигар таомҳои болаззат, оростани хони ҳафтшину ҳафтсину ҳафтмева, барпо кардани базмҳои дилхушии рақсу тарона, шеърхонӣ, гулгардонӣ, баргузор намудани бозиҳои варзишии қадимӣ ба монанди оташбозӣ, гӯштингирӣ, камонварӣ, аспсаворӣ, кишти замин, ниҳолшинонию сабзкорӣ ва русуми дигар аз замонҳои қадим то кунун чун суннатҳои наврӯзии муштарак дар кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, боқӣ мондааст.
Ҷашни ҷаҳонӣ эълом шудани Наврӯз дар замони ҷаҳонишавӣ ҳамаи суннатҳои неке, ки аз гузаштаҳои дур ба мо ба воситаи таҷлили он ба мерос мондааст, аз нобудшавӣ ҳифз мекунад. Мардуми кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бо таҷлил аз ин ҷашни қадимӣ урфу одатҳои худро нигоҳдорӣ мекунанд. Таҷлили ҳарсолаи Наврӯз ба мардум либоспӯшии миллӣ, хӯрокпазии миллӣ, баргузории базму бозиҳои миллӣ ва ҳунарҳои миллиро меомӯзад ва суннатҳои неки рӯ ба фаромӯшӣ ниҳодаи аҷдодиро дар минтақаҳое, ки Наврӯз дар он ҷашн гирифта мешавад, эҳё мекунад.
Ба ин тартиб, ҷаҳонӣ эълом шудани Наврӯз барои наздикшавӣ ва ҳамдигарфаҳмии қавму миллатҳои минтақа дар шароити ҷаҳонишавӣ мусоидат мекунад.
А. Мӯминов, маҷаллаи «БТ»




