Саодати зиндагӣ аз Модар аст
Саодати зиндагӣ аз Модар аст
«Бо сиришти поки инсонӣ, фазилати накугавҳарӣ занон фарҳанги ҷомеаи моро пеш бурда, дар он тухми ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро кошта, онро пояндаву устувор ва ҷовидонаву давомдор нигаҳ медоранд».
— Эмомалӣ Раҳмон
«Занон дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ ҳиссаи муносиб мегузоранд ва ба ин восита мақоми зан-модарро, ки пешбарандаи ҷамъият, нуру зиёи ҳаёт ва асоси бахту нишот дар кишварамон мебошад, боз ҳам баланд мебардоранд».
— Эмомалӣ Раҳмон
Зани тоҷик намунаи олитарини Зан–Модар аст. Ӯ ҳамон модарест, ки дар сари гаҳвора нишаста аллаи ширин мехонад, бо лафзи малеҳу дилчасп сухан мегӯяду бо ҳазорон умеду орзу нахлеро дар канори саршор аз муруввату заҳмату ранҷ ба воя мерасонад. Ҳаёташро беихтиёр нисор месозад ба фарзанд. Бале, ба фарзанде, ки дар оянда номбардорандаи халқу миллати хеш ва ояндасози ватани аҷдодӣ мегардад.
Бузургии Зан–Модар маҳз дар тарбияи дурусти фарзанд, нигоҳдории забони ноб, таърих ва фарҳанги миллӣ арзёбӣ мегардад.
Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: «Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан».
Ба ин маънӣ, занону модарон муваззафанд, ки ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим, ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.
Маҳз тарбияи дурусти фарзанд, ки масъулияти ниҳоят бузург аст, модаронро вазифадор месозад, то дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан–Модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста аст.
Бояд гуфт, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он маҳз аз рӯйи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯйи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.
«Оила дар фарҳанги мардуми сарбаланди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эҳтирому эътироф шуда, дар он беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ ташаккул меёбад».
— Эмомалӣ Раҳмон
Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Ҳадаф аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши зан дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад.
Яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мо ташаккули тарзи зиндагии солим, фароҳам овардани шароит барои модару фарзанди солим ва ташкили оилаи солим мебошад. Ин масъала, пеш аз ҳама, ба мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо ва тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим, яъне ба масъалаи оилаи устувор дахл дорад. Зеро оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи нерӯи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо ҳисоб ёфта, агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии Зан–Модар вобаста аст. Худи модарон бояд соҳибмаърифату бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бошанд, то асоси тарбияи дурусти фарзандон маҳз ба онҳо вобаста буда, нақш ва мақомашон ба хубӣ эҳсос гардад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2015, №352 эълон шудани соли 2015 «Соли оила» амри саривақтӣ ва дурустест баҳри маърифати хонаводагӣ, риояву пос доштани суннатҳои оиладории миллӣ ва таълиму тарбияи фарзандон ва пеш аз ҳама дар пешгирии омилҳою зуҳуроти номатлуб марҳалаи наверо боз кард. Метавон гуфт, чунин иқдом аз ҷониби Сарвари давлат ҷиҳати ба танзим овардани кори оиладорӣ, тарбияи насли солим, ки он миллати солим ба бор меорад, мусоидат хоҳад кард.
Пас, бошад, ки модарони азиз ва хоҳарони меҳрубон, ки оинаи беғубор, инъикоси симои зоҳирӣ ва ботинии давлат ва миллати тоҷик ҳастанд ва сатҳи хираду маърифати миллату давлатро таҷассум менамоянд, дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоранд.
Иди Зан–Модар ба кулли занону модарон муборак бошад!
Маҷаллаи «БТ»




