Зеҳн

Тағйирёбии нарх дар бозори ҷаҳонӣ дар семоҳаи аввали соли 2015

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Тағйирёбии нарх дар бозори ҷаҳонӣ дар семоҳаи аввали соли 2015

Дар семоҳаи якуми соли 2015 намояи нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии маҳсулот ва ашёи хом, алалхусус нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва сӯзишворӣ, ки ба нархҳои истеъмолии воридотии кишвар таъсири махсус мерасонанд, раванди пастравиро идома дод. Омилҳои мухталиф, ба монанди вазъи сиёсӣ-иқтисодӣ, раванди устуворёбии қурби доллари ИМА, пешниҳоди барзиёд ва талаботи начандон устувор дар миқёси ҷаҳон таъсири худро ба сатҳи умумии нархҳо расониданд.

Соли ҷорӣ, тибқи пешбиниҳо, сатҳи умумии нархҳои ҷаҳонии мол ва ашёи хом вобаста ба пастравии нархи маводи сӯзишворӣ ва дурнамои мусбии ҳосилнокӣ раванди муътадили коҳишёбиро идома хоҳанд дод.

Маҳсулоти кишоварзӣ

Тағйирёбии нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус ғаллагӣ, бо назардошти саҳми назарраси онҳо дар сохтори хароҷоти аҳолӣ ва сабади истеъмолии кишварамон, бо сатҳи таваррум алоқамандии зиёд дорад. Бинобар ин, мушоҳидаи доимӣ ва пешбинии тағйирёбии нархҳои ҷаҳонии ин намуди маҳсулот барои пешгирии таъсири болоравии он ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ басо муҳим мебошад.

Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, дар моҳи марти соли 2015 нархи ҷаҳонии маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба аввали сол 6,0 фоиз коҳиш ёфт, ки дар таркиби он пастравии нархи маҳсулоти ғаллагӣ (аз қабили гандум ва биринҷ), равғани растанӣ ва инчунин пахта назаррас буд.

Аз маҳсулоти асосии кишоварзӣ нархи маҳсулоти ғаллагӣ нисбат ба аввали сол 5,6 фоиз, аз он ҷумла гандум 14,4 фоиз ва биринҷ 1,9 фоиз паст гардидааст, ки ин бо таносуби мусбии пешниҳод нисбат ба талаботи он вобастагӣ дорад. Аз ҷумла, истеҳсоли барзиёд дар Россия ва Иттиҳоди Аврупо дар маҷмуъ ба ҳосили зиёди мавсими 2013/14 ва ба раванди пастравии нархи гандум мусоидат намуд.

Бояд қайд кард, ки дар мавсими соли ҷорӣ низ, яъне солҳои 2014/15 аз ҷониби Шӯрои байналмилалӣ оид ба ғалла (IGC) ва Бонки Ҷаҳонӣ афзоиши муътадили истеҳсоли ҷаҳонии маҳсулоти ғаллагӣ ва захираи он пешбинӣ гардидааст.

Нархи равғани растанӣ — офтобпараст бошад, тамоили коҳишёбиро идома дода, дар муқоиса ба аввали сол 9,1 фоиз коҳиш ёфт. Инчунин, нархи нуриҳои минералӣ вобаста ба коҳиш ёфтани нархи сӯзишворӣ, бахусус гази табиӣ, ки ашёи асосӣ барои истеҳсоли он мебошад, 5,9 фоиз паст гардид.

Маҳсулоти дигари соҳаи кишоварзии барои иқтисодиёти Тоҷикистон муҳим пахта мебошад, ки нархи ҷаҳонии он («CotlookA index») тибқи намояи Бонки Ҷаҳонӣ дар семоҳаи аввали соли 2015 муътадил буда, нисбат ба аввали сол ба андозаи 1,5 фоиз афзоиш ёфт.

Сӯзишворӣ

Намояи нархҳои ҷаҳонии сӯзишворӣ дар семоҳаи аввали соли 2015 тамоили коҳишёбиро идома дода, нисбат ба аввали сол 12,9 фоиз ва ҳамин давраи соли гузашта 46,6 фоиз поён рафт. Раванди мазкур пеш аз ҳама дар натиҷаи пастравии бемайлони нархи нафти хом ба вуқӯъ омад. Чунончӣ, агар дар моҳҳои январ–августи соли 2014 нархи нафт барои 1 баррел дар атрофи 100–105 долл. ИМА тағйир меёфт, дар моҳҳои боқӣ тамоили назарраси пастравии он мушоҳида гардид. Дар натиҷа, дар интиҳои семоҳаи аввали соли ҷорӣ нархи нафт барои як баррел ба 52,8 долл. ИМА расида, тағйирёбии он нисбат ба аввали сол 13,0 фоиз ва ҳамин давраи соли қаблӣ атрофи 50 фоизро ташкил намуд.

Намояи нархҳои дигар намуди сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт ва гази табиӣ низ дар ин давра зери раванди пастравии нархи нафт, нисбат ба аввали сол мувофиқан 6,6 фоиз (нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 15,2 фоиз) ва 15,0 фоиз (нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 32,1 фоиз) коҳиш ёфтанд.

Тибқи мушоҳидаҳо якчанд омил дар якҷоягӣ ба коҳишёбиҳои намояи нархҳои сӯзишворӣ оварда расонид:

  • Раванди сол аз сол афзоиши устувори истихроҷи навъ ва роҳҳои алтернативии пешниҳоди маводи сӯзишворӣ. Афзоиши тарҳрезишудаи истихроҷи навъҳои алтернативии сӯзишворӣ, аз қабили биосӯзишворӣ, нафт аз конҳои регсанг (oil sands) ва варақсанг (shale oil) дар Америкаи Шимолӣ рақобатро дар бозори ҷаҳонии нафт зиёд намуд.
  • Коҳишёбии талабот ба нафт. Се соли охир раванди суст гардидани талаботи нафт дар ҷаҳон, пеш аз ҳама аз ҷониби гурӯҳи кишварҳои мутараққии Созмони ҳамгироии иқтисодӣ ва рушд ва кишвари Чин мушоҳида мешавад, ки асосан аз вазъи ноустувори рушди иқтисодиёт ва истеъмоли сӯзишвориҳои алтернативии экологӣ вобастагӣ дорад.
  • Қарори қабулкардаи созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ҷиҳати гузаштан аз сиёсати ҳадафгирии нарх ба нигоҳдории ҳаҷми истеҳсоли он. Созмони ОПЕК ҳамчун истеҳсолкунандаи бузурги нафт, тӯли солҳои охир ҳадафи худро аз нигоҳдории нархи нафт дар ҳудуди 100–110 долл. ИМА барои як баррел арзёбӣ мекард ва воқеан, истихроҷ ва пешниҳоди нафт мувофиқи ҳадафи мазкур роҳандозӣ мешуд. Аммо, бо вуҷуди коҳишёбии нархи нафт, дар семоҳаи сеюми соли 2014 ОПЕК қарор қабул кард, ки истеҳсоли нафтро мисли пештар дар ҳаҷми 30 млн. баррел дар 1 рӯз нигоҳ медорад.
  • Равандҳои геосиёсӣ дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон. Бар хилофи интизориҳои қаблӣ ҷиҳати афзоиши хавфҳо ва болоравии нархи нафт вобаста ба шиддатнокии вазъи геосиёсӣ дар баъзе кишварҳои Шарқи Наздик ва Украина, дар нимсолаи дуюм, чӣ тавре рақамҳо нишон медиҳанд, таъсири омили мазкур ба сатҳи нархҳо баръакс буд.
  • Болоравии қурби доллари ИМА. Тибқи мушоҳидаҳо қурби доллари ИМА ва нархи нафт ҳамчун анъана алоқамандии баръакс дошта, болоравии қурби доллар боиси коҳишёбии нархи нафт гардид.

Хавфҳои асосӣ ҷиҳати тағйирёбии нархи маҳсулоти сӯзишворӣ дар давраҳои минбаъда аз идомаёбии дараҷаи афзоиши пешниҳоди он, пеш аз ҳама аз истихроҷи навъҳои алтернативии нафт дар сатҳи кунунӣ алоқамандии зиёд дорад. Зеро, бо дарназардошти маблағи зиёдро талаб намудани истихроҷи он, дар шароити паст будани нархи нафти муқаррарӣ, даромаднокии нафти ғайримуқаррарӣ зери суол мемонад. Илова ба ин, аз равандҳои геосиёсӣ дар ҷаҳон тағйирёбии нархи нафт низ вобастагии калон хоҳад дошт.

Филизоти одӣ ва қиматбаҳо

Дар бозори ҷаҳонии филизот раванди аз як тараф афзудани пешниҳод ва аз тарафи дигар сустшавии талабот мушоҳида мегардад. Тибқи маълумот дар семоҳаи аввали соли 2015 вобаста ба боқӣ мондани талаботи сусти Чин, ки то 50 фоизи талаботи филизоти ҷаҳонӣ ба он рост меояд, нархи ҷаҳонии филизот раванди пастравиро соҳиб гашт. Намояи нархи филизот нисбат ба аввали сол 8,9 фоиз коҳиш ёфт, ки асосан дар натиҷаи пастравии нархи маъдани оҳан 14,7 фоиз, никел 13,8 фоиз ва мис 7,9 фоиз ба вуқӯъ омад.

Нархи алюминий, ки барои иқтисодиёти кишвар мадди назар аст, нисбат ба аввали сол 7,1 фоиз паст гардид, вале нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 фоиз афзуд.

Дар бозори ҷаҳонии филизоти қиматбаҳо аз рӯйи мушоҳидаҳо пас аз коҳишёбиҳои шадид дар соли 2013, намояи нархҳо то моҳҳои июн–августи соли 2014 бо таъсири вазъи геосиёсӣ дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дошт. Аммо, дар нимсолаи дуюми соли 2014 дар натиҷаи болоравии интизориҳои манфии сармоягузорон ва вобаста ба коҳишёбии талабот (пеш аз ҳама аз ҷониби Чин ва Ҳиндустон) нархи филизоти қиматбаҳо тамоюли пастравӣ дошт. Аз ҷумла, дар моҳи марти соли равон нисбат ба аввали сол нархи нуқра 0,3 фоиз, тилло 1,8 фоиз ва платина 6,3 фоиз коҳиш ёфтааст.

Мувофиқи мушоҳидаҳо ва пешбиниҳо, дар соли 2015 нархи филизоти қиматбаҳо дар сатҳи муътадил боқӣ мемонад, аммо тағйир ёфтани сиёсати пулии бонки марказии ИМА ва Аврупо метавонад то андозае ба тағйирёбии сатҳи нархҳо таъсир расонад.

Шуъбаи тадқиқотӣ ва моделсозии Департаменти сиёсати пулии Бонки миллии Тоҷикистон

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2