Зеҳн

Нақши ташкилотҳои қарзӣ дар рушди кишоварзӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 14 дақиқа хондан

Нақши ташкилотҳои қарзӣ дар рушди кишоварзӣ

Бояд тазаккур дод, ки дар пешрафту тараққиёти кишоварзии мамлакат на танҳо саҳми Вазорати кишоварзӣ ва кишоварзони Тоҷикистон, балки нақши ташкилотҳои қарзӣ низ калон аст. Дар тамоми давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳам ҳукуматҳо ва ҳам ташкилотҳои қарзӣ дар доираи барномаҳои махсуси давлатӣ соҳаи кишоварзии кишварро кумак менамоянд.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ (аз рӯйи маълумоти сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон) 17 Бонк, 1 Ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 42 Ташкилоти амонатии хурд, 42 Ташкилоти қарзии хурд ва 36 Фонди қарзии хурд фаъолият мекунанд, ки ҳар яки онҳо сандуқи қарзӣ доранд ва ҳар яки онҳо метавонанд дар рушди кишоварзии кишварамон саҳми худро гузоранд.

Маблағгузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ

Дар давоми соли 2014 ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаи кишоварзии мамлакат ба андозаи 1 023,6 млн. сомонӣ қарзҳо пешниҳод намудаанд, ки ин 12 фоизи тамоми қарзҳои ба соҳаҳо пешниҳодгардидаро ташкил менамояд (нигаред ба ҷадвали 1). Ҳаҷми маблағи қарзҳои ба соҳаи кишоварзӣ пешниҳодгардида агарчӣ нисбат ба соли 2013 ба маблағи 229,4 млн. сомонӣ афзоиш ёфта бошад ҳам, вале дар қиёс ба қарзҳои сандуқи қарзии ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2013 ба андозаи 0,05 фоиз камтар аст. Яъне, агар дар соли 2013 ҳаҷми қарзҳои соҳаи кишоварзӣ 12,09 фоизи сандуқи қарзии ҷумҳуриро ташкил намояд, дар соли 2014 ин нишондиҳанда ба 12,04 фоиз баробар аст.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки ҳар қадаре нисбат ба соҳаи кишоварзӣ кумаку дастгирӣ шавад, ҳамон қадар эҳсоси карахтӣ ва қафомонии ин соҳа ҳис мегардад. Аз як тараф афзоиши аҳолӣ, аз тарафи дигар бештар шудани сабади истеъмолии мардум ва мунтазам зиёд гардидани талаботи рӯзмарраи истеъмолкунандагон низ ба ин сабаб шуда метавонад.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, имрӯз теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ки шакли асосии хоҷагидорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб мераванд, дар ҷумҳурӣ 150 ҳазор ададро ташкил медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки имрӯз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он дар ҷумҳурӣ ба қарзҳои имтиёзнок, низоми андози мувофиқ, маблағгузории пурсамар, лизинг ва дастрасӣ ба натиҷаҳои инноватсионӣ ниёз доранд. Лозим ба ёдоварист, ки дар Паёми имсолаи Президенти кишвар Роҳбари давлат дар ин самт қайд намуд, ки «Нақш ва саҳми соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имконияти содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бисёр муассир мебошад». Бинобар ҳамин, дастгирии ин соҳа аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ шарт ва зарур аст.

Ҷадвали 1. Пешниҳоди қарзҳо аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳо дар солҳои 2013–2014 (бо сомонӣ)

Соҳаҳои қарзҚарзҳои додашуда (2013)Қарзҳои додашуда (2014)Фарқият
Ҳамагӣ6 571 026 4488 498 688 5361 927 662 088
Кишоварзӣ794 238 3971 023 645 655229 407 258
Растанипарварӣ471 750 765629 748 331157 997 566
Пахтакорӣ285 975 080418 221 533132 246 453
Ғаллакорӣ47 972 77042 285 282-5 687 487
Боғкорӣ17 732 49412 939 980-4 792 514
Токпарварӣ612 6102 089 5831 476 973
Картошкапарварӣ45 711 25356 035 72210 324 470
Намудҳои дигари растанипарварӣ73 624 05898 174 73024 550 673
Чорвопарварӣ112 060 173190 054 17077 993 997
Ҳайвони калони шохдор83 861 368131 250 80447 389 437
Ҳайвони хурди шохдор20 485 93930 165 3109 679 371
Асппарварӣ1 210 4903 550 4682 339 978
Намудҳои дигари чорвопарварӣ5 253 40518 929 20513 675 800
Парандапарварӣ18 262 13713 304 750-4 957 387
Ғайраҳо191 845 572187 582 587-4 262 985
Замбурпарварӣ7 705 96610 236 6172 530 651
Моҳипарварӣ1 133 0692 727 9211 594 852
Захиракунии маҳсулоти кишоварзӣ1 612 69611 506 8639 894 167
Гирифтани нуриҳои минералӣ, маводи сӯхту молиданӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигарҳо барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ6 910 9517 819 390908 439
Хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ (ба ғайр аз пахта)21 208 17110 155 524-11 052 647
Хариду фурӯши пахта118 548 636104 981 731-13 566 904
Ғайраҳо34 570 08538 620 9304 050 845
Саноат1 305 606 1821 072 899 152-232 707 030
Сохтмон678 835 2311 345 028 215666 192 984
Нақлиёт256 358 416440 147 821183 789 405
Хӯроки умумӣ24 463 25624 466 2012 945
Хизматрасонӣ310 447 233339 746 49729 299 264
Савдои хориҷӣ1 661 204 5901 818 420 134157 215 544
Миёнаравии молиявӣ32 810 954264 253 154231 442 200
Истеъмолот987 055 1981 243 028 559255 973 361
Дигар соҳаҳо520 006 991927 053 146407 046 155

Картошкапарварӣ — соҳаи ба маблағгузорӣ ниёздошта

Тасаввур намоед, ҳар сол чӣ қадар картошкаву помидору бодрингу дигар анвои сабзавоту меваҷот аз хориҷи кишвар вориди бозорҳои Душанбе мегардад. Акнун тасаввур намоед, ҷиҳати ворид гаштани чунин сабзавоту меваҷот аз хориҷи кишвар чӣ миқдор асъор лозим мешавад ва агар ин миқдор маблағ дар ҷумҳурӣ монад, ба иқтисодиёти мамлакат чӣ қадар фоида меорад…

Ҳамагӣ чанд сол пештар дар ҷумҳурӣ қариб нисф ва ё зиёдтар аз нисфи сементи ба фурӯш мерафта аз хориҷи кишвар ворид мешуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ҷалби маблағгузорӣ дар ин самт тавонист на танҳо воридоти сементро аз хориҷ қатъ намояд, балки Тоҷикистонро ба қатори содиркунандагони ин намуди маҳсулот дохил гардонад.

Модоме ки бо маблағгузорӣ дар сохтмону ба истифодадиҳии заводу корхонаҳои сементбарорӣ воридоти семент аз хориҷи кишвар барҳам хӯрд, чаро бо чунин тарзу усул воридоти картошка низ аз хориҷ барҳам дода нашавад? Заминҳои обии мавзеъҳои картошкапарварии ҷумҳурӣ сад дар сад метавонанд тамоми аҳолии кишварро бо ин намуди маҳсулот таъмин намоянд. Фақат зарур аст, дар ин самт ва дар ин соҳа маблағгузориро дуруст роҳандозӣ кунанд.

Аммо набояд фаромӯш намуд, ки истеҳсоли картошка чун истеҳсоли семент нест, ки ашёи хомро ба таҷҳизот ворид намоию тугмачаро пахш карда, аз он тарафи таҷҳизот семент истеҳсол гардад. Барои ҳосили хуби картошка гирифтан меҳнати дақиқкорона ва пурмасъулияте лозим аст, ки имрӯз соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ба ин гуна заҳмат ниёз дорад. Чунки худи кишоварзӣ ҳамеша дар ҳама давру замон заҳмати бештарро талаб менамуд.

Имрӯз барои зиёд истеҳсол намудани картошка чӣ талошҳое, ки намекунанд. Дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бахусус минтақаи Рашт барои дастгирии соҳаи мазкур чунин иқдом ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як корхонаву муассисаи ноҳия бояд картошка кишт намояд. Аз ин рӯ, дар моҳҳои апрел–май намояндагони қариб тамоми ташкилоту муассисаҳои ин ноҳияҳо барои гирифтани қарзи бонкӣ ҷиҳати кишту кори картошкаи ватанӣ ба ташкилотҳои қарзии ноҳия, хусусан бонки давлатӣ муроҷиат менамоянд.

Ин маърака боиси он гардидааст, ки дар ноҳияҳои минтақаҳои зикршуда шумораи қарзҳои пешниҳодгардида аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ дар фасли баҳор меафзояд. Дар баробари ин, зарурият ба қарз аз тарафи аҳолӣ дар мавсими кишту кор бештар мегардад ва ҳамчунин, барои ба муҳоҷирати корӣ сафар намудан низ муштариёни қарзгирро дар назди ташкилотҳои қарзӣ зиёд менамояд. Аз ин рӯ, ташкилотҳои қарзии ин минтақаҳоро зарур аст, маҳз дар ин мавсим барои дастгирии ин соҳа фаъол шаванд.

Дар соли 2014 дар фасли баҳор нархи тухмии картошка ба 4–5 сомонӣ расид. Дар ин давра кишоварзони ноҳияҳои картошкапарвар тухмиро бо нархи баланд харидорӣ намуданд. Аксари картошкапарвароне, ки аз ташкилотҳои қарзӣ барои харидани тухмӣ қарз мегирифтанд, шикоят аз он мекарданд, ки имсол барояшон соли гарону пур аз хавф аст. Вобаста ба ин масъала, Ҳукумати Ҷумҳурӣ вазъро омӯхта ба он дахолат намуд ва ба ташкилотҳои қарзӣ супориш дода шуд, ки дар ин самт кишоварзонро кумак намоянд. Ин буд, ки бонки давлатӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии кишвар барои картошкапарварон қарзҳои имтиёзнок ҷудо намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳар сол БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ин самт бетафовут набуда, саҳми худро дар соҳаи кишоварзии кишвар мегузорад. Қарзҳои имтиёзноки ба соҳаҳои пахтакорӣ, картошкапарварӣ пешниҳодшаванда ва ё иҷозаи то 20 фоизи сандуқи қарзиро барои пешрафти хоҷагиҳои деҳқонӣ истифода намудан, худ далели он аст, ки дастгирию кумак дар пешрафти соҳаи кишоварзии мамлакат аз тарафи бонки давлатӣ сурат мегирад.

Вале новобаста ба ҷидду ҷаҳди Ҳукумати кишвар ва дастгирии ташкилотҳои қарзӣ, ҳосили картошка дар соли 2014 нисбат ба соли 2013 камтар гардид. Агар дар соли 2013 ҳосили картошкаи ҷамъиятӣ, деҳқонӣ ва аҳолӣ дар якҷоягӣ дар мамлакат 1 115 596 тоннаро ташкил намояд, пас ин рақам дар соли 2014 ба 853 714 тонна баробар буд, ки ин 76,5 фоизи ҳосили соли 2013-ро ташкил медиҳад.

Ҷадвали 2. Истеҳсоли картошка дар ҷумҳурӣ дар солҳои 2013 ва 2014

МинтақаСоли 2013 (ҷамъиятӣ)Соли 2013 (деҳқонӣ)Соли 2013 (аҳолӣ)Соли 2013 (ҳамагӣ)Соли 2014 (ҷамъиятӣ)Соли 2014 (деҳқонӣ)Соли 2014 (аҳолӣ)Соли 2014 (ҳамагӣ)с. 2014 нисб. с. 2013 (%)
Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ74 593444 249596 7541 115 59691 729343 448418 537853 71476,5
ВМКБ91437 26519 78157 96087934 31818 74853 94593,1
Суғд48 321160 586223 015431 92251 331146 760127 476325 56775,4
Хатлон13 36478 217192 987284 5688 05354 608164 356227 01779,8
ш. Душанбе0——0———0—
НТҶ11 994168 181160 971341 14631 466107 762107 957247 18572,5

Маблағгузорӣ дар самтҳои навини кишоварзӣ

Имрӯз вақти он расидааст, ки дар соҳаи кишоварзии кишвар роҳҳои нави замонавиро бояд интихоб намоем. Ба андешаи банда, дар соҳаи кишоварзӣ се самте аст, ки ташкилотҳои қарзӣ бояд маҳз дар ин самтҳо кишоварзони мамлакатро бештар маблағгузорӣ намоянд:

  1. Обёрии қатрагӣ;
  2. Сохтмони гармхонаҳо;
  3. Сохтмони сардхонаҳо барои меваю сабзавот.

Обёрии қатрагӣ

Мутаассифона, дар кишвари мо низоми обёрикунонии қатрагӣ хеле кам ба назар мерасад. Дар Тоҷикистон кам нестанд заминҳое, ки бо обёрии қатрагӣ метавон онҳоро сероб намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст овард. Аксари минтақаҳои кишварамон бо вуҷуди минтақаи дорои сарчашмаи обҳои тоза будан, аз беобии заминҳои бекорхобида танқисӣ мекашанд. Дар ин ҳолат, аз ин намуди обёрикунӣ истифода намудан хеле муфид аст. Ин намуди обёрикунонӣ маблағи бештарро талаб менамояд, вале таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳосилнокӣ аз ин намуди обёрикунонӣ хеле хубу самаранок аст.

Аз рӯйи маълумоти дастрасгашта, имрӯз дар ҳудуди 60–70 гектар боғҳо дар Тоҷикистон тавассути обёрии қатрагӣ обёрӣ карда шудаасту халос. Обёрии қатрагӣ дар самти сабзавотҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ бошад, хеле камтар аст.

БДА ҶТ «Амонатбонк» дар соли 2014 яке аз лоиҳаҳоеро бо харҷи қариб 5 млн. сомонӣ дар самти обёрии қатрагӣ ба соҳаи пиёзпарварӣ дар деҳаи «Гулистон»-и ноҳияи Ҷ. Румӣ амалӣ намуд, ки тавассути ин лоиҳа зиёда аз 50 гектар заминҳои бекорхобидаи ноҳияи мазкур бо обёрикунии қатрагӣ обёрӣ карда шуд. Имрӯз ҶДММ «Навобод 1» аз ин заминҳо ҳосили хеле хуб ба даст оварда, ба хориҷ аз кишвар ба фурӯш мебарорад.

Сохтмони гармхонаҳо

Бояд қайд намуд, ки сохтмону ба истифодадиҳии гармхонаҳо дар кишвар ҷавобгӯйи талабот нест. Гарчанде ки дар солҳои Шӯравӣ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ бархе аз гармхонаҳое бо усули шӯравӣ сохта шуда, каму беш амал менамуд, вале дар даврони истиқлолият онҳо ё вайрону валангор шуда аз кор баромаданд ё имрӯз аксарашон корношоям гардидаанд. Аммо дар панҷ–даҳ соли истиқлолият дар як қисми минтақаҳои ҷумҳурӣ бо усули чинӣ чандин гектар гармхонаҳо сохта шуда, ба истифода дода шуданд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаҷми гармхонаҳо аз рӯйи маълумоте, ки аз Вазорати кишоварзӣ дастрас гардид, ҳамагӣ майдони 88,14 гектарро ташкил менамояд, ки мутаассифона, ин хеле кам аст. Аз ин майдон 54,8 гектар ё 62,1 фоизи гармхонаҳо ба ду ноҳия ва ду шаҳр рост меоянд: ноҳияҳои Ёвон, Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Б. Ғафуров ва Норак. Дар дигар минтақаҳо мутаассифона, ба ин соҳаи хубу сердаромад маблағгузорӣ ва таваҷҷуҳ зоҳир намегардад.

Дар ҷаҳони имрӯза намудҳои нави гармхонаҳои замонавӣ сохта мешавад, ки тамоми фаъолият дар он автоматикунонидашуда аст. Масалан, дар чунин гармхонаҳо ҳар як бех помидор ва ё дигар намуди сабзавот тавассути компютер назорат мегардад ва худи таҷҳизот ҳар як буттаро ба таври автоматӣ бо обу нуриҳо таъмин менамояд. Ҳосилнокӣ аз чунин гармхонаҳо ба маротиб зиёд аст. Аз ин рӯ, маблағгузории ташкилотҳои қарзӣ дар ин самт ба истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзии мамлакат набзи тоза бахшида, ин соҳаро тақвият мебахшад.

Соли 2014 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Мастчоҳ як лоиҳаи калонеро дар самти сохтмону ба истифодадиҳии гармхонаҳо тавассути хати қарзӣ дар ҳаҷми зиёда аз 4 млн. сомонӣ маблағгузорӣ намуд, ки тибқи он дар майдони 7 гектар заминҳои бекорхобида 35 адад гармхонаҳо бо усули чинӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» нисбат ба он лоиҳаҳое, ки барои истеҳсолу коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ равона шудаанд, аҳамияти ҷиддӣ дода, амалӣ намудани онҳоро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти қарзии худ меҳисобад. Имрӯз помидору бодиринги истеҳсолнамудаи гармхонаҳои бо маблағгузории БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Мастчоҳ сохташуда дар фаслҳои зимистону баҳор дар бозорҳои Хуҷанду Душанбе ба фурӯш мераванд.

Сардхонаҳо

Бояд тазаккур дод, ки то вақте ки шумораи сардхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намекунад, мо меваҷотамонро ба таври васеъ ба хориҷ бароварда наметавонем. Тамоми давлатҳои пешрафтае, ки ба содироти меваю сабзавот машғуланд, сардхонаҳое доранд, ки дар онҳо меваю сабзавоти соҳаи кишоварзӣ муддатҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ангур ва ё себу ноке, ки дар фасли тирамоҳ ба даст меояд, то мавсими дигар дар сардхона онро нигоҳ доштан мумкин аст.

Солҳои охир дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ, бахусус дар ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода сардхонаҳои одӣ сохта мешавад, ки то фаслҳои дигар меваи ангурро тару тоза нигоҳ медоранд. Натиҷаи ҳамин буд, ки имсол дар бозорҳо ангури тару тоза бештар ба чашм мерасад.

Дар минтақаҳое, ки кишоварзӣ, бахусус боғу токпарварӣ рушд мекунад, маблағгузорӣ дар самти сардхонаҳо муфид ба ҳисоб меравад.

Дар охир ҳаминро бояд қайд намуд, ки бунёду ба роҳмонии гармхонаҳою дигар корхонаҳои истеҳсолӣ дар коҳиш додани сафи бекорон ва ба танзим даровардани вазъи иқтисодии мардум мусоидат хоҳад кард. Чунин корро метавон бо ҷалби ташкилотҳои қарзӣ амалӣ сохт.

О. Сафолов, иқтисодчии БДА ҶТ «Амонатбонк»

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2