Зеҳн

Меъёри истифодаи пули нақд

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Меъёри истифодаи пули нақд

Гардиши бесобиқаи пули нақд дар Тоҷикистон

Яке аз ҳуҷҷатҳои қабулнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон — «Стратегияи рушди бонкдорӣ барои солҳои 2010–2015» меъёри гардиши берун аз бонкии пули нақдро дар иқтисодиёти кишвар ҳанӯз панҷ сол муқаддам дар ҳаҷми 69,6 фоизи пули миллии ба муомилот баровардашуда арзёбӣ карда буд. Ин нишондиҳандаро ба ҳаҷми умумии дар он давра ба муомилот баровардаи пули нақд (3,7 млрд. сомонӣ) баргардонем, 2,5 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Албатта, дар 5 соли ахир аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва низоми бонкдории кишвар як зумра қарору барномаҳо ҷиҳати паст кардани шиддати гардиши пули нақди берун аз суратҳисобҳои бонкӣ қабулу роҳандозӣ гардидаанд. Дар доираи ҷорӣ шудани хизматрасонии қартаҳои бонкӣ, барномаҳои музди меҳнат ва нафақа тавассути корт, барномаи ба таври электронӣ қабули пардохтҳои давлатӣ ва интернет-бонкинг аз ҷумлаи ҷолибу муосиртарин чорабиниҳо дар ин маврид мебошанд. Ахиран, меарзад Қарори №815 аз 30 декабри соли 2014 қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ мисол овард, ки дар доираи ин чорабиниҳо ба имзо расидааст.

Мутаассифона, мушоҳида ва омор нишон медиҳад, ки чорабиниҳои тазаккурёфта бо сабабҳои гуногун ба қадри кофӣ ба шиддати гардиши пули нақд таъсир расонида натавонистаанд. Ҳарчанд ба таври расмӣ ин омор аз ҷониби мақомоти ваколатдор расонаӣ нашавад ҳам, мушоҳидаҳо ҳаҷми бузурги пули нақди берун аз суратҳисобҳои бонкиро собит менамоянд. Ба ин девалватсия, яъне дар як муҳлати кӯтоҳ ба андозаи бесобиқа поён рафтани қурби арзи миллӣ далел шуда метавонад.

Шиддати гардиши пули нақд дар кишварҳои ИДМ

Тибқи оморҳои бонкӣ, ҳаҷми гардиши пули нақд дар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ нисбат ба дигар кишварҳо даҳҳо баробар зиёд буда, монеаи асосии рушди иқтисодиёти ин кишварҳо ба ҳисоб меравад. Шумораи зиёди амалиёти нақдӣ ва истифодаи бесобиқаи он дар муомилот муҷиби рушди «иқтисоди соягӣ», фасоди молиявӣ ва пардохт нашудани андозу дигар пардохтҳои давлатӣ мегардад. Ба қавли бонкдори маъруфи рус Герман Греф, «Россия бо касофати ин масъала солона 8 фоиз камтар ММД-ро дастрас менамояд». Ҳаҷми гардиши пули нақд дар иқтисодиёти Россия ба 25 фоизи пули ба муомилот баровардашуда муайян шудааст. Ин нишондиҳанда дар дигар ҷумҳуриҳо аз ҳаҷми нишондиҳандаҳои Россия болотар буда, масъалаи мазкур мубраму ҳалталаб мебошад. Аз ин хотир, имрӯз дар Украинаву Озарбойҷон ва Қазоқистону Россия ҷиҳати пешгирӣ ва паст кардани шиддати гардиши бесобиқаи пули нақд чораҳои амалӣ андешида мешаванд.

Аз ҷумла, Вазорати молияи ФР лоиҳаи барномаеро ба ҳукумати кишвар пешниҳод намудааст, ки тибқи он муомилот бо пули нақд маҳдуд карда мешавад. Лоиҳаи барномаи номбурда ҳаҷми муомилот бо пули нақдро барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳудуди кишвар то 600 ҳаз. рубл иҷозат медиҳад. Дар ҳолати маблағи пардохт аз меъёри муайяншуда боло рафтан, ҳаҷми муайяншуда (600 ҳазор рубл) бо пули нақд ва боқимондаи маблағ танҳо тавассути суратҳисобҳои бонкӣ бояд пардохт шаванд.

Меъёри маҳдудият дар кишварҳои ҷаҳон

Дар ИМА, Фаронса, Белгия, Италия, Юнон ва Мексика маҳдудияти меъёри пардохт бо пули нақд аз миёнаҳои асри гузашта ҷорӣ шудааст. Масалан, барои харидҳои бузург, аз қабили автомобил, хона ва ғайра меъёрҳо аз 10 000 долл. ИМА то 100 000 долл. ИМА-ро ташкил медиҳанд. Норвегия, Нидерландия, Австрия тамоман аз истифодаи пули нақд даст кашидаанд. Олмон, Испания, Шветсия ва Литва бошанд, масъалаи манъи харидҳоро бо пули нақд ба нақша гирифтаанд.

Дар Иттиҳоди Аврупо ҳамагӣ 10 фоизи амалиётҳо тавассути пули нақд анҷом меёбанд. Ин амалиётҳо дар Шветсия ҳамагӣ 3 фоизро ташкил дода, як идда бонкҳои ин кишвар аз қабули маблағҳои нақдӣ канораҷӯӣ мекунанд.

Сиёсати устуворро дар ин маврид ҳукумати Италия роҳандозӣ намудааст. Италия ҳама гуна амалиёти пардохташон бо пули нақди аз 1000 евро болобударо барои аҳолии маҳаллӣ манъ намуда, танҳо хориҷиён имкони аз меъёри муайяншуда зиёд харидорӣ намуданро доро мебошанд.

Испания бошад, тамоми амалиёт бо пули нақд аз 2500 евроро ҳангоми муомилаҳои тиҷоратӣ манъ карда, соҳаи сохтмон ва фурӯши манзил таҳти назорати қатъии ҳукумат қарор дорад. Маҳдудият на танҳо барои испаниҳо, балки ба хориҷиён ҳам тааллуқ дорад.

Булғористон ҳамаи ҳисоббаробаркуниҳоро бо пули нақд дар ҳаҷми 15 000 лев (баробар ба 7 500 евро) муайян карда, барои нақзи қонуни мазкур шахсони воқеӣ ба миқдори 25 фоиз ва ҳуқуқӣ ба андозаи 50 фоизи маблағи харидуфурӯш ҷарима карда мешаванд.

Усули имтиёзнок дар Ҳиндустон

Ҳиндустон масъалаи мазкурро бо ташаббус ва дастгирии иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ҳаллу фасл менамояд. Таваҷҷуҳи иттиҳодияҳои тиҷоратии Ҳинд ба рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар он зоҳир мешавад, ки дар бонкҳо нархи коркарди як амалиёт барои истифодаи корти дебетӣ ва ё амалиёти ғайринақдии муассисаҳои савдою хизматрасонӣ қариб 10 баробар арзонтар аз иҷрои амалиётҳо барои гирифтани пули нақд мебошад. Гуфтан ҷоиз аст, ки бонкҳо ба мизоҷон барои ба таври ғайринақдӣ муомила кардан имтиёзҳои хуб пешниҳод мекунанд, аз ин хотир таваҷҷуҳи мизоҷон низ ба ин шакли пардохт зиёд ба назар мерасад.

Ҳамчунин, бо мақсади рушди пардохт тавассути қартаҳои бонкӣ дар муассисаҳои хурд ва миёнаи савдо дар Ҳиндустон, нархи терминалҳои пардохтӣ, аз ҷумла POS-терминалҳо, дар натиҷаи ҳамкории ширкати маҳаллии Linkwell Telesystems бо Низоми байналмилалии пардохтии Visa ва ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо дар дохили кишвар, ба қадри 50 фоиз арзонтар карда шудааст.

Меъёри муомилаи нақдӣ дар Чин

Тамоми ташкилотҳои буҷетӣ ва корхонаҳои бузургу миёнаи кишвари Чин музди меҳнатро тавассути қартаҳои бонкӣ мегиранд. Аз ин хотир, ҳиссаи аъзами кортҳои ин кишвар дар доираи барномаи «маош» бароварда шудааст. Ҳамзамон, бо мақсади танзим ва рушди пардохтҳои ғайринақдӣ қартаҳои корпоративӣ («қартаҳои расмӣ») ба муомилот бароварда шудааст, ки тавассути он маблағҳо барои сафари хизматӣ, хароҷоти хоҷагидорӣ ва намояндагии корхонаҳо пардохт карда мешаванд.

Соли 1988 тибқи санади маъмурии Бонки Мардумии Чин меъёри ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд барои ташкилотҳо дар ҳаҷми 50 ҳазор юан (баробар ба 7400 долл. ИМА) муайян карда шуд. Ин тартиби қабулшуда имконияти истифодаи пули нақдро барои ҳисоббаробаркуниҳо маҳдуд карда, барои рушди муомилоти ғайринақдӣ мусоидат мекунад.

Меъёри ҳатмии қабули пардохт тавассути корт

Яке аз кишварҳои тараққикардаи Осиё — Кореяи Ҷанубӣ ҷиҳати ҳавасмандгардонии истифодабарандагони қартаҳои бонкӣ, аз пешниҳоди имтиёзҳо барои андоз ба муассисаҳои савдо ва хизматрасоние, ки ба қабули пардохтҳо тавассути корт фаъолият мекунанд, ва аз кам кардани андоз аз даромади шахсони воқеии дорандагони қартаҳои бонкӣ истифода мебарад. Кам кардани андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои дорандагони кортҳо дар Кореяи Ҷанубӣ ба ҳаҷми хариди кардаашон бо корт вобаста буда, то 4000 долл. ИМА-ро дар як сол ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, тавассути санадҳои меъёрӣ ҳаҷми максималии пешниҳоди қарзҳо бо пули нақд маҳдуд карда шудааст. Ин меъёр барои қартаҳои кредитӣ барои як моҳ 610 долл. ИМА муайян шудааст. Тибқи талаботи ҳукумат, ҳамаи муассисаҳои савдои Кореяи Ҷанубӣ, ки ҳаҷми солонаи савдояшон аз 18 000 долл. ИМА болотар аст, ҳатман қабули пардохтҳоро тавассути корт бояд анҷом диҳанд.

Сиёсати монетарии сахту оҳанин дар Белгия

Дар Белгия баъзе аз санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки барои маҳдуд намудани доираи истифодаи пули нақд равона карда шудаанд. Тибқи фармон, аз соли 1967 барои муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз 250 евро зиёд ҳисоббаробаркуниҳоро бо пули нақд ва ё чек манъ мекунад. Барои хариду фурӯши амволи манқул низ мувофиқи фармони мазкур, пардохтҳо бо пули нақд то 10 фоизи маблағи умумӣ, дар ҳолате ки он аз 15 000 евро зиёд набошад, иҷозат дода мешавад. Боқӣ маблағ бояд тавассути ҳисобҳои бонкӣ пардохт карда шавад.

Ҳамчунин, тибқи дигар санадҳои меъёрии Белгия як идда андозҳо, аз қабили андоз аз даромади шахсони воқеӣ, андоз барои мерос ва ғайраҳо танҳо тавассути ҳисобҳои бонкӣ пардохт карда мешаванд.

Тахфиф ҳангоми харид бо корт

Солҳои 80-уми асри гузашта дар марҳилаҳои аввалини гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ, бонкҳои Финландия созишномаҳо оид ба комиссияи байнибонкии ба сифр баробарро барои қартаҳои дебетии низоми миллии қартаҳои пардохтӣ ба имзо расониданд. Нишондиҳандаи асосии созишномаи мазкур ҳаҷми маблағи комиссионии байнибонкӣ барои хизматрасонӣ ва амалиёт бо қартаҳои пардохтӣ дар тамоми низоми бонкии кишвар ройгон ба роҳ монда шуда буд. Ин восита ба ҳавасмандгардӣ ва ҷалбу нуфузи хизматрасонии мазкур ҳамаҷониба мусоидат намуд. Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки ҳангоми гузариш ба Фазои ягонаи пардохтҳои аврупоӣ (евро) Финландия ҳам тартиб ва қоидаҳои низоми хизматрасониҳояшро ба он мутобиқ гардонида, пардохти комиссия барои хизматрасонии кортҳоро дар ҳаҷми 0,19 фоиз аз маблағи амалиёт, дар ҳоле ки дар тамоми кишварҳои Иттиҳоди Аврупо меъёри пасттарин 0,2 фоиз муайян шудааст, нигоҳ медорад.

Камтарин ҳиссаи пули нақд

Дар Бритониёи Кабир, ки ҳиссаи пули нақди берун аз бонкҳо дар гардишбуда дар сатҳи пасттарин (3,8 фоиз) қарор дорад, соли 1997 аз тарафи ҳукумат барномаи «Корти давлатии харид» (Government Procurement card ё GPC) ҷорӣ карда шуд. Барномаи мазкур ба хизматчиёни давлатӣ имкони хариди молҳои чаканаро бевосита аз таъминкунандагон, тавассути қартаҳои давлатии харид (GPC) фароҳам меорад. Ҳанӯз аз замони ҷорӣ намудан, барномаи номбурда дар Бритониёи Кабир дастгирӣ ва таваҷҷуҳи зиёди аҳолиро ба худ ҷалб намуд. Аз ҳама зиёд соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва хадамоти ёрии таъҷилӣ бо барномаи мазкур фаро гирифта шуд. Соли 1998 ҳамагӣ 12 барномаи GPC агар ҷорӣ шуда бошад, теъдоди онҳо дар соли 2005 ба 800 адад расид. Ҳаҷми харид бошад, тавассути GPC аз 200 млн. фунт стерлинги соли 2001 то 700 млн. фунт стерлинг дар соли 2003 боло рафт.

Меъёр ба хотири пешгирии буҳрон

Мавҷи 2-юми буҳрони ҷаҳонии молиявӣ бо «ҷанги шадиди асъорӣ» оғоз гардид, ки иқтисодҳои азими оламро ба ларза овардааст. Насими сарди ин буҳрон ин дафъа дар як муддати кӯтоҳ ба молияи Тоҷикистон, хусусан қурби пули миллӣ таъсири амиқ мерасонад. Тоҷикистон ҳам дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон дар ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу василаҳои пешгирӣ ва муътадил гардонидани оқибатҳои ин буҳрон қарор дорад. Биноан, дар доираи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ ҷорӣ намудани таҷрибаҳои дар боло тазаккурёфта шояд аз фоида холӣ набошад. Моҳиятан, ҷорӣ намудани аксари таҷрибаҳои номбурда барои фаъолияти муназзами низоми бонкӣ ва иқтисодиёти кишвар мутобиқ мебошанд. Бахусус, вобаста ба хусусияти бозори бонкӣ, ҷорӣ намудани маҳдудият ва муайян кардани меъёр барои муомилот бо пули нақд, пешниҳоди имтиёз ва тахфифу гузаштҳо барои амалиётҳои ғайринақдӣ, таъмини кафолатҳо барои ҳифзи манфиатҳои дорандагони корт, паст кардани комиссияҳои байнибонкӣ, ҳавасмандгардонии муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ ҳангоми муомила бо пардохти ғайринақдӣ ва аз боҷу пардохтҳои давлатӣ озод кардани воридоти таҷҳизоту технологияҳои пардохтӣ барои рушди амалиётҳои ғайринақдӣ ва аз байн бурдану паст кардани шиддати гардиши бесобиқаи пули нақд дар иқтисодиёт самарабахш мебошанд.

О. Муродов, коршиноси соҳаи бонкдорӣ, сардори Шуъбаи таҳлил ва баҳогузории ширкати аудитории «BMG Audit»

Рӯйхати адабиёт

  1. Обзор сферы использования наличных денег в Российской Федерации и зарубежных странах.
  2. Указание Банка России №2003-У «О внесении изменения в пункт 2 указания Банка России от 20 июня 2007 года №1843-У „О предельном размере расчетов наличными деньгами и расходовании наличных денег, поступивших в кассу юридического лица или кассу индивидуального предпринимателя“» от 28 апреля 2008 г.
  3. Сомонаи http://www.consultant.ru «Справочная информация: „Расчет наличными деньгами в Российской Федерации“».
  4. Сомонаи www.newsru.co.il, матлаби «Правительство утвердило ограничение использования наличных».
  5. Сомонаи www.audit-it.ru, матлаби «Ограничение оборота наличных денег и расчетов наличными».
  6. Суроғаи http://protivkart.org/main/1164-razrabotan-zakon-ob-ogranichenii-oborota-nalichnyh-deneg.html, матлаби «Разработан закон об ограничении оборота наличных денег».
  7. Дмитрий Анатольевич Кочергин. Учебник «Электронные деньги».

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2