Шарҳи бозори коғазҳои қиматнок (марти 2015)
Шарҳи бозори коғазҳои қиматнок (марти 2015)
Дар моҳи марти соли ҷорӣ 8 музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 218,18 млн. сомонӣ (моҳи феврал 3 музояда ба маблағи 15,95 млн. сомонӣ) ва 1 музоядаи Векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 39,97 млн. сомонӣ (моҳи феврал 1 музояда ба маблағи 34,97 млн. сомонӣ) гузаронида шуд. Моҳи март шумора ва ҳаҷми барориши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 202,23 млн. сомонӣ афзудааст. Афзоиши маблағи барориш ба бештар фаъол намудани истифодаи ин фишанг чун воситаи самараноки татбиқи сиёсати пулӣ вобаста буда, барои комёб шудани ҳадафҳои гузошташуда мусоидат намуд.
Дар ин давра тағйирёбии меъёри фоизии коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон низ тамоюли болоравӣ дошт. Агар дар моҳи феврал фоизи миёнавазн ба 3,22 фоиз баробар шуда бошад, дар моҳи март он ба андозаи 0,19 банди фоизӣ афзоиш ёфта, 3,41 фоизи солонаро ташкил намуд.
Муҳлати дар муомилот будаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон ва Векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин моҳ 7, 14, 28, 56 ва 91 рӯзро ташкил дод.
Идораи амалиёт дар бозори озоди Бонки миллии Тоҷикистон




