Тамоюли нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар дар моҳҳои январ–феврали 2015
Тамоюли нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар дар моҳҳои январ–феврали 2015
Вазъи иқтисодиёти кишвар вобаста ба ноустувории ҳолати сиёсию иқтисодии кишварҳои минтақа, номуътадилии бардавоми нархи молу ашёи асосии содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши фишорҳои қурбӣ, дар моҳҳои январ–марти соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи нисбатан заифтар қарор дошт.
Ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) дар семоҳаи аввали соли 2015 ба 8,3 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он 5,3 фоизро ташкил намуд. Коҳиш ёфтани суръати афзоиши ММД-и воқеӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,7 банди фоизӣ, пеш аз ҳама, ба паст гардидани унсури талабот дар иқтисоди ҷаҳон ва ноустувории иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони асосии савдо, ки аз нимсолаи дуюми соли 2014 инҷониб бештар мушоҳида гардид, вобастагӣ дошт.
Сарфи назар аз он, раванди рушди истеҳсолот ва таклифоти молу маҳсулоти ватанӣ дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла маҳсулоти саноатӣ 16,7 фоиз, гардиши савдои чакана 10,7 фоиз, кишоварзӣ 5,3 фоиз ва сохтмон 0,9 фоиз ба қайд гирифта шуд.
Дар моҳҳои январ–марти соли ҷорӣ сатҳи таваррум 1,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 банди фоизӣ кам гардид.
Дар шароити буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, коҳишёбии талаботи дохилӣ ва даромаднокии аҳолӣ ба паст гардидани сатҳи таваррум дар кишвар мусоидат намуд. Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти озуқа 2,1 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа 0,4 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 1,9 фоиз ба вуқӯъ пайваст.
Ҳамзамон, сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 6,5 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Сатҳи таварруми аслӣ бе дарназардошти омилҳои ғайримонетарӣ дар ин давра бо нишондиҳандаи манфӣ ҷамъбаст гардида, -0,5 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 банди фоизӣ кам мебошад. Таварруми аслии солона бошад, дар ин давра ба 1,3 фоиз расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Дар давраи баррасишаванда раванди коҳишёбии нархи маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ (картошка 18,7 фоиз, сабзӣ 9,4 фоиз, гӯшти гов 4,8 фоиз, гӯшти гӯсфанд 1,9 фоиз, асал 2,9 фоиз, тухм 2,0 фоиз ва нахӯд 5,3 фоиз) ба сатҳи таварруми аслӣ замина гузошт.
Мутобиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ–марти соли 2015 маблағи 966 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,8 фоиз кам гардид.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 13,7 фоиз ва бо кишварҳои хориҷи дур 9,8 фоиз коҳиш ёфт. Коҳишёбии мазкур бо назардошти номуътадилии сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон, коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқолҳои пулӣ ва ба ин васила кам гардидани талаботи аҳолӣ алоқамандӣ дошт.
Ҳаҷми содироти молҳо дар давраи баррасишаванда 21,5 млн. долл. ИМА-ро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 12,7 фоиз зиёд шуд. Воридоти молҳо бошад, 751,7 млн. долл. ИМА-ро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,9 фоиз коҳиш ёфт. Вобаста ба ин, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ҷамъбаст гардида, ба 537,2 млн. долл. ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,2 фоиз кам мебошад.
Ин пеш аз ҳама дар натиҷаи коҳишёбии талабот ба маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла барои сохтмон, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ, маҳсулоти маъданӣ, инчунин нисбатан зиёд гардидани ҳаҷми содирот ва коҳиш ёфтани қурби пули миллӣ вобастагӣ дошт.
Департаменти сиёсати пулии Бонки миллии Тоҷикистон




