Зеҳн

Шарҳи макроиқтисодӣ (январ–декабри соли 2014)

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 36 дақиқа хондан

Шарҳи макроиқтисодӣ (январ–декабри соли 2014)

I. Вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар

Дар давоми соли 2014 ноустувории нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва вазъи шадиди геосиёсӣ дар минтақа ба суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири манфӣ расонида, то андозае ба коҳиш ёфтани рушди иқтисодиёти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) замина гузошт. Вазъи воқеии иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ бо нисбатан паст гардидани суръати рушди иқтисодиёт, коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқолҳои пулӣ, кам шудани сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва афзоиши фишорҳои қурбӣ арзёбӣ мегардад. Новобаста аз ин дар соли баррасишаванда раванди мусбии рушд дар иқтисодиёти миллӣ нигоҳ дошта шуда, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи нисбатан муътадил қарор доштанд.

1.1. Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) ва бахши воқеии иқтисодиёт

Ҳаҷми ММД дар соли 2014 ба 45,6 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки рушди ҳақиқии он 6,7 фоизро ташкил дод. Коҳиш ёфтани афзоиши ММД-и воқеӣ нисбат ба соли қаблӣ ба андозаи 0,7 банди фоизӣ бо кам гардидани унсури талабот дар иқтисодиёти ҷаҳон ва пастравии рушди иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони асосии савдо (Россия, Украина, Чин ва Қазоқистон), ки аз нимсолаи дуюми соли 2014 инҷониб бештар мушоҳида гардид, вобастагӣ дошт. Дар соли 2014 рушди воқеии ММД дар минтақа, аз ҷумла Ӯзбекистон 8,1 фоиз, Қазоқистон 4,3 фоиз, Қирғизистон 3,6 фоиз, Арманистон 3,4 фоиз, Озарбойҷон 2,8 фоиз, Федератсияи Россия 0,6 фоиз ва Беларус 1,6 фоизро ташкил дод (Диаграммаи 1).

Дар соли ҳисоботӣ рушди иқтисодиёт ва таклифоти молу маҳсулот дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар нисбатан муътадил буда, бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст гардиданд. Аз ҷумла, афзоиши истеҳсолот дар соҳаи сохтмон 25,3 фоиз, гардиши савдои чакана 6,5 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти саноат 5,1 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 4,5 фоиз ва хизматрасонӣ 1,0 фоиз ба қайд гирифта шуд.

Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ки зиёда аз 90 намуди маҳсулоти саноатии истеҳсолшавандаро дар бар мегирад ва яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад, дар соли 2014 маблағи 10,5 млрд. сомонӣ (12,0 фоизи ММД)-ро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 5,1 фоиз зиёд мебошад. Афзоишёбии он бештар аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли истихроҷи маъдан 24,8 фоиз (аз ҳисоби маводи ғайриэнергетикӣ 46,2 фоиз), саноати коркард 1,0 фоиз (истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 3350,4 млн. сомонӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 1280,8 млн. сомонӣ, маҳсулоти нафтӣ 97,8 млн. сомонӣ, маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 925,5 млн. сомонӣ ва маҳсулоти металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ 903,1 млн. сомонӣ) ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об 7,1 фоиз ба вуқӯъ пайваст.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшудаи кишоварзӣ бошад, дар соли ҳисоботӣ 21,0 млрд. сомониро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 4,5 фоиз зиёд мебошад. Ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар сохтори ММД 23,5 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба соли қаблӣ 2,4 банди фоизӣ зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии он 69,1 фоиз (ё 14 532,8 млн. сомонӣ) ба соҳаи растанипарварӣ ва 30,9 фоиз (ё 6 489,1 млн. сомонӣ) ба соҳаи чорводорӣ рост меояд, ки нисбат ба соли қаблӣ мувофиқан 0,9 ва 12,5 фоиз зиёд мебошанд.

Дар соҳаи растанипарварӣ 1564,7 ҳазор тонна сабзавот, 545,7 ҳазор тонна маҳсулоти полизӣ, 342,1 ҳазор тонна мева ва 188,8 ҳазор тонна ангур истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ сабзавот 4,0 фоиз, полизӣ 10,5 фоиз, мева 4,2 фоиз ва ангур 7,7 фоиз зиёд мебошад. Маҳсулоти ғалладона дар ҳаҷми 1 317,8 ҳазор тонна, пахта 372,6 ҳазор тонна ва картошка 853,7 ҳазор тонна истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ донагӣ 5,4 фоиз, пахта 5,1 фоиз ва картошка 23,5 фоиз кам гардиданд.

Дар соҳаи чорводорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт (бо вазни зинда) 198,8 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 14,9 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар соли ҳисоботӣ 3,2 фоиз зиёд гардида, 854,7 ҳазор тоннаро ташкил намуд.

Дар соли 2014 бинобар сабаби зиёд гардидани шумораи фабрикаҳои парандапарварӣ дар қаламрави кишвар воридоти тухм 90 фоиз коҳиш ёфта, истеҳсоли он дар соли 2014 ба 350,0 млн. дона расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,8 фоиз зиёд мебошад (Диаграммаи 2).

Дар соли 2014 ба маблағи 7,4 млрд. сомонӣ сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо аз худ карда шуд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 25,3 фоиз зиёд мебошад. Ҳиссаи сармоягузориҳои ғайридавлатӣ (шахсӣ 2 245,4 млн. сомонӣ, хориҷӣ 1 545,4 млн. сомонӣ ва муштарак 506,9 млн. сомонӣ) рушди аз ҳама зиёд дошта, 58,2 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳоро ташкил медиҳад.

Дар сохтмони иншооти энергетикӣ маблағи 1 260,0 млн. сомонӣ сармоя аз худ карда шуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 24,6 фоиз зиёд мебошад. Дар соҳаи нақлиёт ва алоқа бошад, ба маблағи 1 203,9 млн. сомонӣ сармоя равона гардид, ки ба буҷети давлатӣ ва корхонаю ташкилотҳо 500,1 млн. сомонӣ ва сармоягузориҳои хориҷӣ 703,8 млн. сомонӣ рост меояд.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба муносибатҳои нави иқтисодӣ ва беҳтар намудани бахши соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар минтақаҳо, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир як қатор барнома ва нақшаҳои рушди дарозмуҳлат ва миёнамуҳлат қабул гардидаанд, ки бевосита ба рушди иқтисодиёти минтақаҳо нигаронида шудаанд.

Айни замон, дар қаламрави ҷумҳурӣ 4 минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият дошта, дар соли 2014 дар ин минтақаҳо ба маблағи 72,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 62,7 фоиз зиёд мебошад. Дар минтақаҳои мазкур асосан корҳои сохтмонӣ дар корхонаҳои коркарди нафт, нассоҷӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла истеҳсоли семент рафта истодааст.

Ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 10,0 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 1,0 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии он 84,5 фоиз аз тарафи корхонаҳои ғайридавлатӣ ва 15,5 фоиз аз ҷониби бахши давлатӣ хизматрасониҳо пешниҳод гардидааст. Ҳиссаи хизматрасониҳо ба соҳаҳои маишӣ 37,0 фоиз, нақлиёти мусофирбар 21,9 фоиз, алоқа 14,8 фоиз, маориф 8,9 фоиз, хизмати тиббӣ 3,6 фоиз, коммуналӣ 0,6 фоиз ва дигар хизматҳои пулакӣ 13,2 фоиз рост меояд. Шахсони ҳуқуқии (корхона ва ташкилотҳо) расман ба қайд гирифташуда ба маблағи 5,3 млрд. сомонӣ хизматрасониҳои гуногун пешниҳод намуданд, ки 52,5 фоизи ҳаҷми умумии хизматрасониҳоро дар ҷумҳурӣ ташкил дод. Ба шахсони воқеӣ ва хароҷоти хонаводаҳо бошад, 47,5 фоизи ҳаҷми умумии хизматрасониҳо, ки маблағи 4,8 млрд. сомониро ташкил медиҳанд, рост меояд. Инчунин, дар соли баррасишаванда ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ ба ҳар сари аҳолии ҷумҳурӣ 1 217,4 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли қаблӣ 2,7 фоиз зиёд мебошад.

Нишондиҳандаи ММД ба ҳар сари аҳолӣ бошад, дар интиҳои моҳи декабри соли 2014 маблағи 5,5 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 10,0 фоиз зиёд мебошад.

1.2. Сатҳи бекорӣ, музди меҳнат ва даромади аҳолӣ

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии бекорони расман ба қайд гирифташуда аз рӯйи баҳодиҳии пешакӣ дар соли 2014 ба 57,3 ҳазор нафар расида, 2,5 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил медиҳад.

Ба интиҳои соли ҳисоботӣ шумораи аҳолии ба кор таъминбуда 2,3 млн. нафарро ташкил дод. Аз шумораи умумии аҳолии бо кор машғул шахсони дар рӯйхатбудаи кироякор дар соҳаҳои кишоварзӣ 45,8 фоиз, маориф 18,9 фоиз, тандурустӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ 8,7 фоиз ва саноати коркард 5,2 фоиз фаъолият мебаранд.

Музди миёнамоҳонаи меҳнат дар соли ҳисоботӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 852,3 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 13,8 фоиз зиёд мебошад. Ҳадди ақали музди меҳнат бошад 250 сомониро ташкил намуд. Ҳамзамон, музди миёнамоҳонаи меҳнат дар бахши воқеии иқтисодиёт 753,8 сомонӣ ва дар бахши хизматрасонӣ бошад 899,2 сомониро ташкил дод. Даромадҳои пулии аҳолӣ дар соли 2014 маблағи 21,8 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 11,2 фоиз зиёд мебошад.

1.3. Сатҳи таваррум ва тағйирёбии нархҳо

Дар соли 2014 раванди нисбатан номуътадили сатҳи нархҳои маҳсулоти воридотӣ, тағйирёбии қурбӣ, бахусус дар кишварҳои шарикони савдо (Россия ва Қазоқистон) ва инчунин болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ (орд, картошка, сабзӣ, пиёз ва маҳсулоти гӯштӣ) ба афзоиши сатҳи таварруми кишвар замина гузошт.

Новобаста аз болоравии нархи маҳсулоти истеъмолӣ, раванди муътадилии сатҳи таваррум дар давоми сол нигоҳ дошта шуд. Дар натиҷа меъёри солонаи он 7,4 фоизро ташкил дода, нисбат ба нақшаи дурнамои қабулшуда, ки 7,5 фоизро ташкил медод, 0,1 банди фоизӣ паст мебошад (дар соли 2013 ин нишондиҳанда 3,7 фоизро ташкил дода буд). Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 9,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 6,5 фоиз ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 2,9 фоиз ба вуқӯъ пайваст (Диаграммаи 3).

Маҳсулоти хӯрокворӣ. Яке аз бахшҳои асосии сатҳи таваррумро маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил медиҳад, ки дар соли 2014 ҳиссаи он дар сабади истеъмолӣ 57,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар соли баррасишаванда болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 9,7 фоизро ташкил дода, ҳиссаи он 75,7 фоизи таварруми бавуқӯъомадаро ташкил намуд. Болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ асосан аз ҳисоби қиматшавии нархи пиёз 2,2 маротиба, картошка 32,7 фоиз, шир ва маҳсулоти ширӣ 16,9 фоиз, орди навъи якум 16,4 фоиз, гӯшти гов 14,1 фоиз, гӯшти гӯсфанд 10,8 фоиз, биринҷ 9,3 фоиз, чой 6,4 фоиз ва равғани растанӣ 0,8 фоиз мушоҳида гардид. Дар баробари ин, нархи сабзӣ 21,3 фоиз, карам 16,9 фоиз, тухм 6,4 фоиз ва себ 2,8 фоиз коҳиш ёфт.

Сабзавот. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли сабзавот дар қаламрави кишвар нисбат ба соли қаблӣ 4,0 фоиз зиёд гардидааст. Сарфи назар аз он, бинобар зиёд будани талаботи дохилӣ, болоравии нархи маҳсулоти мазкур 38,6 фоизро ташкил дод, ки нокифоя будани ҳаҷми истеҳсоли онро дар бозори дохилӣ инъикос менамояд.

Болоравии нархи картошка дар соли 2014 вобаста ба коҳиш ёфтани истеҳсоли он дар кишвар ва кам гардидани воридоти он аз Ҷумҳурии Покистон ба вуқӯъ пайваст (тибқи маълумоти расмӣ, дар соли 2014 истеҳсоли картошка дар кишвар нисбат ба соли қаблӣ 23,5 фоиз кам гардида, воридоти он аз Ҷумҳурии Покистон низ 31,2 фоиз коҳиш ёфт).

Ғалладона. Дар семоҳаи чоруми соли 2014 тағйирёбиҳои қурбие, ки дар бозори дохилии асъор вобаста ба таъсири буҳрони сиёсию иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони савдо мушоҳида гардид, ба болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла нархи орд таъсир расонид. Нархи миёнаи орди навъи якум дар соли ҳисоботӣ 16,4 фоиз афзоиш ёфт. Дар соли 2014 нархи миёнаи як килограмм гандум дар бозорҳои кишвар нисбат ба соли қаблӣ 21,0 фоиз боло рафтааст, ки аз номусоид омадани боду ҳаво ва баланд гардидани нархи воридотии он вобаста буд.

Мувофиқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, дар соли 2014 нархи як тонна гандум (навъи амрикоӣ) дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна 269,6 долл. ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба соли қаблӣ 7,5 фоиз коҳиш ёфтааст. Яке аз сабаби асосии пастравии нархи гандум дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳосили хуб ба даст овардан дар кишварҳои содиркунанда, бахусус Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад (Диаграммаи 4).

Маҳсулоти гӯштӣ. Вобаста ба баланд гардидани сатҳи зиндагӣ, некӯаҳволии мардуми кишвар ва даромадҳои пулӣ, талаботи аҳолӣ ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ зиёд гардидааст. Бинобар ин, мувофиқи маълумоти Агентии омор дар соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт (дар вазни зинда) 198,7 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 14,9 фоиз зиёд гардид.

Нархи маҳсулоти гӯштӣ, бахусус гӯшти гов ва гӯсфанд дар давраи ҳисоботӣ тамоюли болоравӣ дошта, нархи миёнаи як килограми он дар ҷумҳурӣ мутаносибан 33,8 ва 35,1 сомониро ташкил намуданд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 13,1 фоиз ва 11,0 фоиз зиёд мебошад.

Аммо дар семоҳаи чоруми соли 2014 бинобар сабаби зиёд гардидани пешниҳоди маҳсулоти гӯштӣ ва кам гардидани талабот ба ин намуди маҳсулот, аз ҷумла бо сабаби коҳиш ёфтани даромади аҳолӣ, пастравии нархи он дар охири сол ба назар расид (Диаграммаи 5).

Маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ. Дар соли ҳисоботӣ нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ, ки 28,8 фоизи сабади намояи нархҳоро ташкил медиҳад, 2,9 фоиз афзоиш ёфта, дар муқоиса ба соли қаблӣ 3,2 банди фоизӣ кам мебошад.

Аз маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ афзоиши нархи бензин 14,3 фоиз (бештар дар нимсолаи аввал дида мешавад), газвор 6,4 фоиз, маснуоти бофандагӣ 3,2 фоиз, мебел 3,1 фоиз, либосворӣ 2,8 фоиз ва маводи шустушӯй 2,8 фоиз ба болоравии сатҳи таваррум таъсир расониданд. Дар баробари ин, нархи хишти сохтмонӣ 15,0 фоиз, фурӯзонакҳои барқӣ 6,9 фоиз, семент 5,2 фоиз, шифери асбестии сементӣ 1,5 фоиз ва маҳсулоти доруворӣ 1,4 фоиз коҳиш ёфт, ки ба зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли онҳо дар кишвар вобаста буд.

Хизматрасонии пулакӣ. Дар соли 2014 болоравии нарху тарифаҳои хизматрасонии пулакӣ нисбат ба соли қаблӣ 5,7 банди фоизӣ афзоиш ёфта, 6,5 фоизро ташкил дод. Ба афзоиши тарифаҳои хизматрасонии пулакӣ болоравии арзиши пардохти нақлиёти роҳи оҳан 21,8 фоиз, муассисаҳои санаторию истироҳатӣ ва солимгардонӣ 14,7 фоиз, манзилию коммуналӣ 12,3 фоиз, нақлиёти ҳавопаймо 11,7 фоиз, хизматрасонии маишӣ 8,4 фоиз, муассисаҳои томактабии бачагона 8,4 фоиз, хизматрасонии тандурустӣ ва маориф 5,0 фоиз ва арзиши нақлиёти мусофирбар 2,8 фоиз мусоидат намуд (Диаграммаи 6).

Нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ дар соли ҳисоботӣ 4,7 фоиз зиёд шуд, ки асосан аз ҳисоби қиматшавии нархҳои истеҳсолу тақсимоти қувваи барқ 9,1 фоиз, маҳсулоти саноати коркард 4,0 фоиз ва истихроҷи канданиҳои фоиданок 3,1 фоиз ба амал омад. Дар истихроҷи канданиҳои фоиданок қиматшавии нархи истихроҷи маводи ғайримаъдании бинокорӣ 15,6 фоиз, истихроҷи ангиштсанг 10,7 фоиз ва истихроҷи нафти хом 7,5 фоиз ба қайд гирифта шуд. Дар истеҳсоли маҳсулоти коркард бошад, болоравии нархи маснуоти зерин мушоҳида гардид: маҳсулоти ширӣ 14,5 фоиз; спирти этилӣ 21,1 фоиз; орд 11,8 фоиз; маснуоти тамоку 9,4 фоиз; нӯшокиҳо 4,4 фоиз ва маҳсулоти нонӣ 3,9 фоиз.

Сатҳи таварруми аслӣ дар соли ҳисоботӣ 2,9 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 1,6 банди фоизӣ зиёд мебошад. Меъёри таварруми аслӣ бе дарназардошти афзоиши нархҳои ба тариқи маъмурӣ муқарраршаванда ва нархи маҳсулоти хосиятҳои мавсимӣ ва воридотӣ дошта, ки ба омилҳои ғайримонетарӣ дохил мешаванд, ҳисоб карда мешавад (Диаграммаи 7).

Таваррум дар минтақаи ИДМ. Тибқи маълумоти Кумитаи омори байнидавлатии мамлакатҳои ИДМ, дар соли 2014 сатҳи таваррум дар кишварҳои минтақа бо нишондиҳандаҳои дар ҷадвали 1 овардашуда ҷамъбаст гардид. Аз ҳама бештар болоравии сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Украина, Ҷумҳурии Беларус, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба қайд гирифта шуд (Ҷадвали 1).

Ҷадвали 1. Таваррум дар кишварҳои ИДМ (соли 2014)

КишварҳоХӯрокворӣҒайрихӯрокворӣХизматрасонӣТаваррум
Украина24,814,534,324,9
Беларус18,58,127,516,3
Россия15,48,110,511,4
Қирғизистон13,96,85,910,4
Қазоқистон8,07,86,47,4
Тоҷикистон9,72,96,57,4
Молдова5,16,51,64,7
Озарбойҷон-0,70,0-0,1-0,1

Манбаъ: Кумитаи омори байнидавлатии мамлакатҳои ИДМ

Ҷумҳурии Украина. Дар давраи мазкур сатҳи таваррум 24,9 фоизро ташкил дод, ки сабаби асосии болоравии он бо вазъи мураккаби сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар алоқаманд буд.

Ҷумҳурии Беларус. Сабабҳои асосии болоравии нархҳо дар Ҷумҳурии Беларус аз омилҳои зерин вобастаанд: болоравии тарифҳои хизматрасонии коммуналӣ ва нақлиёти мусофирбар (зиёда аз 2 маротиба), болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯшт, орд ва картошка, коҳишёбии рубли Беларус нисбат ба доллари ИМА (25,2 фоиз) ва болоравии музди номиналии меҳнат.

Федератсияи Россия. Ба болоравии сатҳи таварруми ин кишвар ҷорӣ намудани таҳримҳои кишварҳои ғарб ва ИМА бо маҳдудиятҳои воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, болоравии нархи баъзе маҳсулоти озуқаворӣ ва коҳишёбии рубли русӣ нисбат ба доллари ИМА дар соли 2014 замина гузошт.

Ҷумҳурии Қирғизистон. Дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба болоравии сатҳи таваррум афзоиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 13,9 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 6,8 фоиз ва хизматрасонӣ 5,9 фоиз саҳм гузоштанд.

Аз рӯйи таҳлилҳо дар соли 2015 интизории ноустувории сатҳи нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии мол ва ашёи хом, бахусус маҳсулоти нафтӣ ва кишоварзӣ дар назар аст. Барқароршавии иқтисодиёти ҷаҳон ҳоло ҳам бо суръати суст ҷараён меёбад, ки ин метавонад ба ноустувор мондани талабот ба маҳсулоти асосии содироти иқтисоди миллӣ сабаб гардад.

Дар ин раванд, рушди суст ва номуътадили иқтисодӣ дар Федератсияи Россия, ки яке аз шарикони асосии тиҷоратии кишвар ба ҳисоб меравад, пешбинӣ мегардад. Раванди мазкур ба камшавии вуруди интиқолҳои пулӣ ва дар навбати худ ба сустшавии талаботи дохилӣ (фаъолнокии иқтисодӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар) таъсир мерасонад.

II. Рушди бахши берунӣ

2.1. Гардиши савдои хориҷӣ

Дар соли 2014 вазъи номуътадили сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон, ноустувории рушди иқтисодиёти кишварҳои шарикони асосии савдо (Россия ва Украина), тағйирёбиҳо дар бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ ва вобаста ба ин суръати пасти рушди иқтисодиёти ҷаҳон ба афзоиши фишорҳои қурбӣ, касри тавозуни савдо ва то андозае ба сустшавии фаъолнокӣ дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар таъсир расонид.

Гардиши савдо. Гардиши савдои хориҷӣ дар соли ҳисоботӣ маблағи 5 316,2 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуда, нисбат ба соли қаблӣ 6,6 фоиз зиёд гардид. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои ИДМ 15,8 фоиз ё 329,7 млн. долл. ИМА зиёд ва бо кишварҳои хориҷаи дур бошад 0,1 фоиз ё 2,3 млн. долл. ИМА кам мебошад.

Тавозуни савдо. Дар ин давра тавозуни савдои кишвар манфӣ ташаккул ёфта, касри он 3 361,3 млн. долл. ИМА (бо кишварҳои ИДМ 1 922,9 млн. долл. ИМА ва бо кишварҳои хориҷаи дур 1 438,4 млн. долл. ИМА)-ро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 13,6 фоиз ё 403,4 млн. долл. ИМА зиёд мебошад. Ин пеш аз ҳама дар натиҷаи зиёдшавии талабот ба маҳсулоти воридотӣ барои сохтмони иншоот, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, коҳиш ёфтани маҳсулоти асосии содиротӣ (алюминий ва пахта) дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва нисбатан кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ вобастагӣ дошт (Диаграммаи 8).

2.2. Содироти молҳо

Ҳаҷми содироти молҳо дар соли 2014 ба 977,4 млн. долл. ИМА расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 3,6 фоиз ё 34,1 млн. долл. ИМА зиёд мебошад. Содироти молҳо бо кишварҳои ИДМ 40,9 фоиз зиёд шуда, бо кишварҳои хориҷаи дур бошад 5,0 фоиз кам гардид.

Дар соли 2014 ба афзоиши ҳаҷми содироти молҳо нисбат ба соли гузашта маҳсулоти зерин мусоидат намуданд, аз ҷумла маҳсулоти маъданӣ 63,5 фоиз, сангу филизоти қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо 90,7 фоиз ва асбобу анҷоми оптикӣ ва тиббӣ 18,5 фоиз, ки аз зиёдшавии талабот ва нархи он дар бозори ҷаҳонӣ вобаста буданд.

Дар ин давра бинобар коҳиш ёфтани нархи маҳсулоти асосии содиротӣ, ба мисли филизоти арзон ва маснуоти онҳо, ки 24,9 фоизи ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳад, ба андозаи 37,0 фоиз, нахи пахта 30,2 фоиз, маҳсулоти растанӣ 23,9 фоиз ва васоити нақлиёт 40,1 фоиз таъсири худро дар суръати рушди ҳаҷми содирот расонид. (Барои маълумот: тибқи омори Бонки Ҷаҳонӣ, дар соли 2014 дар бозори ҷаҳонӣ нархи 1 тонна нахи пахта 21,8 фоиз коҳиш ёфтааст).

Содироти молҳо ба кишварҳои хориҷаи дур афзалият дошта, 74,4 фоизи ҳаҷми умумии содиротро ташкил доданд. Дар байни ин мамлакатҳо мавқеи асосӣ ба Швейтсария 26,8 фоиз, Туркия 25,8 фоиз, Эрон 6,5 фоиз, Афғонистон 5,5 фоиз, Чин 4,0 фоиз ва Италия 1,7 фоиз рост меояд. Молҳои асосии ба ин кишварҳо содиршаванда алюминий, нахи пахта ва чарм мебошад.

Дар байни кишварҳои ИДМ бошад, шарикони асосӣ Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон мебошанд, ки 30,1 фоизи ҳаҷми умумии содирот ба онҳо рост меояд. Содироти маҳсулот ба ин кишварҳо бештар аз меваҷоту сабзавот ва нахи пахта иборат мебошад (Диаграммаи 9).

2.3. Воридоти молҳо

Ҳаҷми воридоти молҳо 4 338,8 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ 7,3 фоиз ва ё 293,3 млн. долл. ИМА зиёд мебошад.

Воридоти молҳо аз кишварҳои хориҷаи наздик 2 172,8 млн. долл. ИМА ва аз кишварҳои хориҷаи дур 2 166,0 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба соли 2013 мутаносибан 13,4 фоиз ва 1,7 фоиз зиёд мебошад.

Зиёдшавии ҳаҷми воридот дар соли ҳисоботӣ аз рӯйи бештари гурӯҳи молҳо мушоҳида гардид. Пеш аз ҳама воридоти чӯбу тахта ва маснуоти он ба андозаи 26,9 фоиз, маҳсулоти растанӣ 6,1 фоиз, филизоти арзон ва маснуоти онҳо 7,3 фоиз, маҳсулоти маъданӣ 14,0 фоиз, маҳсулоти тайёри озуқа 13,0 фоиз, маснуот аз санг, гулгаҷ ва семент 24,6 фоиз ва равғани чорво ва растанӣ 8,4 фоиз ба назар расид.

Афзоиши ҳаҷми воридоти молҳо дар соли ҳисоботӣ бо коҳиш ёфтани нархи молҳои воридшаванда ва зиёд гардидани талаботи дохилӣ ба молҳои истеъмолӣ ва инвеститсионӣ (маҳсулоти сохтмонӣ барои татбиқи лоиҳаҳо) вобаста мебошад.

Ҳамзамон, коҳиш ёфтани нархи баъзе аз маҳсулоти воридотӣ бинобар зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва кам гардидани талабот раванди коҳишёбӣ доштанд, аз қабили маҳсулоти саноати кимиё 13,9 фоиз, мошинолот ва таҷҳизот 4,6 фоиз ва васоити нақлиёт 28,2 фоиз.

Воридоти маҳсулот аз кишварҳои ИДМ асосан ба Россия 27,6 фоиз, Қазоқистон 15,7 фоиз, Туркманистон 2,5 фоиз ва Украина 2,1 фоиз рост меояд. Аксарияти молҳои аз ин кишварҳо воридшавандаро маводи сӯзишворӣ ва маҳсулоти истеъмолӣ ташкил медиҳанд.

Аз мамлакатҳои хориҷаи дур бошад, фоизи зиёди воридот ба Чин 16,8 фоиз, Швейтсария 5,1 фоиз, Эрон 3,8 фоиз, Туркия 3,4 фоиз ва Амороти Муттаҳидаи Араб 2,0 фоиз рост омад, ки асосан аз ин мамлакатҳо молҳои нассоҷӣ ва маҳсулоти истеъмолӣ ворид гардид (Диаграммаи 10).

Чӣ тавре маълум аст, номукаммалии сохтори истеҳсолии иқтисодиёт дараҷаи ҳассосӣ ва вобастагии бозори дохилиро аз таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла тағйирёбиҳои қурбӣ ва нархҳои ҷаҳонии ашёи хом инъикос менамояд. Бақияи манфии тавозуни савдо, ки тӯли чандин солҳо ба таври систематикӣ мушоҳида мегардад, аз ин гувоҳӣ дода, аз талаботи афзояндаи иқтисодиёт ба маҳсулоти воридотӣ, ки дар дохили кишвар қонеъ ва истеҳсол намегардад ва мувофиқан иқтидори содиротро кам менамояд, шаҳодат медиҳад.

Дар баробари ин, ҳолати мазкур ба нишондиҳандаҳои бахши берунӣ-иқтисодӣ низ таъсири мустақим расонида, ба ноустувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, пеш аз ҳама қурби пули миллӣ таъсир мерасонад.

III. Бахши молиявию бонкӣ

3.1. Сиёсати пулию қарзӣ

Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2014 вобаста ба вазъи иқтисодию молиявӣ сиёсати пулию қарзиро баҳри рушди боэътидоли ҳаҷми пул, кам намудани тағйирёбиҳои қурби пули миллӣ ва бартарафсозии фишорҳои таваррумӣ равона намуд. Вобаста ба ин, дар ин давра фишангҳои монетарӣ, аз қабили меъёри бозтамвил, ҷудо намудани қарзҳои пардохтпазирӣ, амалиёт дар бозори озод ва бозори байнибонкии асъор мавриди истифода қарор гирифтанд.

Бо назардошти вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, меъёри бозтамвил дар семоҳаи аввали соли 2014 аз 5,5 фоиз то 4,8 фоизи солона паст карда шуд. Ҳамзамон, вобаста ба зиёд гардидани фишорҳои таваррумӣ дар моҳи май, меъёри бозтамвил то 5,9 фоиз, моҳи октябр то 6,9 фоиз ва моҳи декабр то 8,0 фоизи солона зиёд карда шуд (Диаграммаи 11).

Меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, баҳри таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ, дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт тавассути рушди маблағгузориҳои қарзӣ ва коҳиш додани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт, барои пасандозҳо бо пули миллӣ 3 банди фоизӣ паст ва барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ 1 банди фоизӣ зиёд карда шуда, мутаносибан дар сатҳи 2,0 фоиз ва 8,0 фоизи солона муқаррар гардиданд.

Меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, бо назардошти фоизи қарзҳои байнибонкӣ аз 17,3 фоизи солона дар аввали сол то 18,7 фоизи солона дар интиҳои сол зиёд шуд. Баҳри нигоҳ доштани устувории низоми бонкии кишвар ва таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, дар соли ҳисоботӣ ба бонкҳои ватанӣ 366,0 млн. сомонӣ, 12,0 млн. долл. ИМА ва 140,0 млн. рубли русӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат дода шуд.

Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ҳамчун нишондиҳандаи асосии пулӣ, ба ҳолати 31 декабри соли 2014 маблағи 6 067,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 13,2 фоиз зиёд мебошад.

Аз ибтидои соли 2014 сар карда омори монетарии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқ ба шакли нави ҳисобҳо — Омори монетарии байналмилалӣ ҳисоб карда мешавад. Нишондиҳандаҳои асосии пулӣ, ба монанди ҳаҷми захираҳои софи байналмилалӣ ва дороиҳои софи дохилӣ ба интиҳои моҳи декабри соли 2014 тибқи омори байналмилалӣ мувофиқан 1 908,3 млн. сомонӣ ва 4 911,9 млн. сомониро ташкил дод. (Барои маълумот: дар муқоиса ба ҳамин санаи соли 2013, захираҳои софи байналмилалӣ 72,6 фоиз ва дороиҳои софи дохилӣ 33,6 фоиз зиёд гардидаанд) (Диаграммаи 12).

Вобаста ба рушди бахшҳои иқтисодиёт нишондиҳандаи васеи ҳаҷми пул (М4) бошад, ба интиҳои моҳи декабри соли ҳисоботӣ 9 088,1 млн. сомониро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 7,0 фоизро ташкил намуд.

Баҳри идораи самаранок ва афзун намудани захираҳои байналмилалӣ, ки ба устувории низоми молиявӣ равона шудааст, дар соли ҳисоботӣ амалиётҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ ва мубодилаи асъорҳои хориҷӣ, ҷалби қарзҳои кӯтоҳмуддати байнибонкӣ ва пардохти он, харид ва фурӯши филизоти қиматбаҳо анҷом дода шуданд.

Бо мақсади ба танзим даровардани мавқеъҳои асъорӣ, кам намудани уҳдадориҳо дар назди ташкилотҳои қарзӣ ва васеъ намудани доираи амалиётҳо дар бозорҳои байналмилалӣ, дар соли ҳисоботӣ бо бонкҳои аврупоӣ ва Федератсияи Россия мунтазам амалиётҳои хариду фурӯши асъор гузаронида мешуд, ки ба танзим даровардани мавқеи асъорӣ ва тақсимоти самараноки дороиҳои асъорӣ мусоидат намуд. Ба интиҳои соли 2014 ҳаҷми дороиҳои софи хориҷии Бонки миллии Тоҷикистон маблағи 1 155,6 млн. сомониро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 31,4 фоиз кам гардидааст.

Дар соли 2014 бақияи пулҳои нақди дар муомилотбуда ба интиҳои соли баррасишаванда маблағи 4 756,7 млн. сомониро ташкил дод, ки 6,0 млн. сомонии он тангаҳои филизӣ мебошад. Ҷиҳати ташкил ва таъмини босамари гардиши пул, вобаста ба талаботи иқтисодиёти кишвар дар ин давра ба муомилот 2 427,6 млн. сомонӣ пули нақд бароварда шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 19,7 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон, 2 143,4 млн. сомонӣ аз муомилот гирифта шуд, аз ҷумла 1 294,6 млн. сомонӣ пулҳои коғазии фарсуда ва 848,4 млн. сомонӣ пулҳои коғазии коршоям.

Амалиёт дар бозори озод. Барои таъмини пардохтпазирии кӯтоҳмуддати низоми бонкӣ ва мусоидат ба фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок, дар соли 2014 барориши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун воситаи муҳимми сиёсати пулию қарзӣ самаранок идома ёфт.

Амалиёт дар бозори озод, ки хариду фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад, фаъолона идома ёфт. Амалиёт дар бозори озод яке аз фишангҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ буда, барои ба танзим даровардани ҳаҷми пулҳои захиравӣ ва идоракунии дороиҳои софи дохилӣ истифода бурда мешавад.

Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2014 бо назардошти талаботи мавҷуда ва вазъи низоми молиявии кишвар 143 музоядаи коғазҳои қиматнок ба маблағи 968,3 млн. сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ 22 музояда кам ва маблағи он 104,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Меъёри даромаднокии миёнавазни солонаи онҳо 3,2 фоизро ташкил намуда, дар муқоиса ба соли қаблӣ 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра 5 музоядаи векселҳои давлатии хазинадорӣ ба маблағи 154,8 млн. сомонӣ (124,7 млн. сомонӣ дар соли 2013) гузаронида шуд, ки муҳлати барориши онҳо 91 рӯз ва меъёри даромаднокии миёнавазни солона 0,4 фоизро ташкил намуд (Диаграммаи 13).

Қурби пули миллӣ. Сиёсати асъории Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2014 бо дарназардошти нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо ба таъмини фаъолияти муназзами бозори дохилии асъор ва суботи низоми молиявии кишвар равона гардид.

Дар ин давра дар ҷумҳурӣ афзоиши фишорҳои қурбии берунӣ мушоҳида гардид, ки пеш аз ҳама ба омилҳои берунӣ-иқтисодӣ, бахусус вазъи шадиди геосиёсӣ дар минтақа ва ноустувории рушди иқтисодиёти кишварҳои шарикони асосии савдо вобастагӣ дорад, ки боиси номувозинатии ҳаракати сармояи хориҷӣ ва лаппишҳои қурбӣ дар иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба инкишоф гардидааст.

Ҷиҳати пешгирии тағйирёбиҳои қурбӣ иштироки ҳамарӯзаи Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори байнибонкии асъор тавассути низоми ягонаи электронии савдо таъмин гардида, дар баробари анҷомдиҳии амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ бо ташкилотҳои қарзӣ, инчунин амалиётҳои фурӯши яктарафаи асъори хориҷӣ, ки барои бартараф кардани норасоии пешниҳоди он ва таъмини пардохтпазирии асъории ташкилотҳои қарзӣ мусоидат менамоянд, анҷом дода шуд. Инчунин, дар ҳолатҳои зарурӣ фурӯши бевоситаи асъори нақд тавассути нуқтаҳои мубодилаи асъор ба роҳ монда шудааст.

Дар соли 2014 бо мақсади муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори нақдӣ ба маблағи 137,1 млн. долл. ИМА ва дар бозори байнибонкӣ 984,7 млн. долл. ИМА мудохилаҳои асъориро анҷом дод.

Новобаста аз чораҳои андешидашуда, дар соли 2014 тамоюли пастравии бемайлони қурби сомонӣ ҷой дошт ва қурби расмии он нисбат ба доллари ИМА аз 4,7741 сомонӣ дар ибтидои сол то 5,3079 сомонӣ дар интиҳои сол ё худ 11,2 фоиз коҳиш ёфт. Қурби бозории хариду фурӯши асъори хориҷии нақдӣ бошад, дар соли 2014 барои 1 долл. ИМА аз 4,9300 сомонӣ то 5,4600 сомонӣ ё худ 10,7 фоиз паст гардид.

Барои муқоиса, дар ин давра коҳишёбии қурби асъорҳои дигар кишварҳои минтақа нисбат ба доллари ИМА низ дида мешавад, аз қабили гривнаи Украина 92,6 фоиз, рубли Россия 71,6 фоиз, тенгеи Қазоқистон 19,6 фоиз, рубли Беларус 25,2 фоиз, соми Қирғизистон 19,7 фоиз ва суми Ӯзбекистон 10,3 фоиз (Диаграммаи 14).

Ҷиҳати муайян намудани вазъи тавозуни савдо ва татбиқи босамари сиёсати пулию қарзии кишвар, Бонки миллии Тоҷикистон қурби самараноки воқеии сомониро бо назардошти намояи нархи истеъмолӣ ва қурби мубодилавии асъор дар кишварҳои шарикони савдо муайян намуда, пайваста оид ба тағйирёбиҳои он таҳлилу мушоҳидаҳо мегузаронад.

Қурби самараноки воқеии сомонӣ дар соли 2014 тамоюли қавӣ гаштан дошт ва тағйирёбии он 11,5 фоизро ташкил дод. Ҳамзамон, дар давраи мазкур қурби воқеии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 2,0 фоиз коҳиш ёфта, нисбат ба евро 9,0 фоиз ва нисбати рубли русӣ 54,7 фоиз қавитар гардид (Диаграммаи 15).

Истифодаи бомаврид ва саривақтии фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати рушди нишондиҳандаҳои монетарӣ (ҳаҷми пулҳои захиравӣ, захираҳои софи байналмилалӣ ва дороиҳои умумии хориҷӣ) дар доираи барномаи монетарӣ баҳри расидан ба сатҳи таварруми пешбинигардида мусоидат менамояд.

3.2. Низоми бонкӣ

Дар соли 2014 фаъолияти низоми бонкии кишвар пеш аз ҳама ба таъмини рақобатнокии бозори хизматрасониҳои бонкӣ, устувории вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ, боло бурдани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, рушди маблағгузории дарозмуддат, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҷалби пасандозҳои аҳолӣ ва сармояи хориҷӣ равона шуд.

Ба ҳолати 31 декабри соли 2014 дар қаламрави мамлакат 138 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 120 ташкилоти маблағгузории хурд, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ ва 344 филиалҳои бонкҳо фаъолият доранд. Шумораи бонкҳо 1 адад ва филиалҳои онҳо 17 адад нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ зиёд гардиданд (Ҷадвали 2).

Ҷадвали 2. Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон (адад)

Номгӯйи ташкилотҳои қарзӣ31.12.201331.12.2014
1. Бонкҳо1617
2. Ташкилотҳои амонатии қарзии хурд3942
3. Ташкилотҳои қарзии хурд4343
4. Фондҳои қарзии хурд3936
Ҳамагӣ:137138

Манбаъ: Бонки миллии Тоҷикистон

Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ ба интиҳои моҳи декабри соли ҳисоботӣ 14,9 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 15,7 фоиз зиёд шудаанд. Уҳдадориҳои умумӣ ва сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзӣ бошад, мувофиқан 12,5 млрд. сомонӣ ва 2,3 млрд. сомониро ташкил намуда, дар муқоиса ба интиҳои соли қаблӣ мутаносибан 22,8 фоиз зиёд ва 11,5 фоиз кам шуданд. Қайд намудан зарур аст, ки дар таркиби дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ ҳиссаи қарзҳо 53,9 фоиз ва дар таркиби уҳдадориҳо ҳиссаи пасандозҳо 52,0 фоизро ташкил дод.

Пасандозҳо. Пасандозҳои низоми бонкӣ ҳамчун манбаи маблағгузории дохилӣ ва ташаккул ёфтани пойгоҳи захиравии ташкилотҳои қарзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд.

Ба ҳолати 31 декабри соли 2014 ҳаҷми бақияи пасандозҳо маблағи 6 690,6 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 21,2 фоиз зиёд мебошад. Афзоиши мазкур бештар аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми пасандозҳо бо пули миллӣ 2 308,4 млн. сомонӣ ё 32,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба маблағи 4 382,2 млн. сомонӣ ё 16,1 фоиз ба вуқӯъ пайваст.

Бояд тазаккур дод, ки афзудани нишондиҳандаи мазкур аз баланд гардидани эътимоднокӣ ба низоми бонкӣ ва зиёд шудани ҳаҷми сармоягузориҳои дохилӣ гувоҳӣ медиҳад.

Ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ ба интиҳои соли 2014 дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо мувофиқан 34,5 ва 65,5 фоизро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба соли қаблӣ бо пули миллӣ 32,1 ва асъори хориҷӣ 16,1 фоизро ташкил намуд.

Дар соли 2014 фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ҷалб карда шуданд, бо пули миллӣ 15,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2013 бо пули миллӣ 0,7 банди фоизӣ паст ва бо асъори хориҷӣ 0,2 банди фоизӣ баланд мебошад.

Дар таркиби пасандозҳо аз рӯйи шакли моликият 63,6 фоизро пасандозҳои шахсони воқеӣ ва 36,4 фоизро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ташкил намуд. Ҳаҷми пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ нисбат ба соли гузашта 30,9 фоиз ва пасандозҳои шахсони воқеӣ бошад 16,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар таркиби пасандозҳо 59,4 фоиз ба пасандозҳои муҳлатнок, 25,6 фоиз ба пасандозҳои дархостшаванда, 10,3 фоиз ба амонатҳои пасандозӣ ва 4,7 фоиз ба пасандозҳои дигар (пасандозҳои буҷавии ҳукумат, пасандозҳои ғайрирезидентҳо ва ғайра) рост меояд.

Ба интиҳои соли ҳисоботӣ ҳаҷми бақияи пасандозҳо нисбат ба ММД 14,7 фоизро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,1 банди фоизӣ зиёд мебошад (Диаграммаи 16).

Маблағгузории қарзӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувории иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, баҳри зиёд гардидани ММД, рушди соҳибкории хурду миёна, афзоиши истеҳсолоти маҳсулоти содиротӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ равона гардидааст. Ҳаҷми бақияи умумии қарзҳои низоми бонкӣ дар соли 2014 маблағи 9 783,2 млн. сомониро ташкил дода, зиёдшавии он нисбат ба соли қаблӣ 29,9 фоизро ташкил намуд. Афзоиши он бештар аз ҳисоби зиёдшавии қарзҳо бо асъори хориҷӣ 31,2 фоиз ва бо пули миллӣ 28,0 фоиз ба вуқӯъ пайваст (Диаграммаи 17).

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми бақияи қарзҳо нисбат ба ММД 21,5 фоизро ташкил намуда, дар муқоиса ба соли қаблӣ 2,9 банди фоизӣ зиёд мебошад (Ҷадвали 3).

Ҷадвали 3. Бақияи қарзҳо ва пасандозҳо нисбат ба ММД барои солҳои 2010–2014 (бо фоиз, охири давра)

НишондиҳандаСоли 2010Соли 2011Соли 2012Соли 2013Соли 2014
Бақияи қарзҳо15,114,415,018,621,5
Бақияи пасандозҳо13,214,713,613,614,7

Манбаъ: Бонки миллии Тоҷикистон

Дар соли ҳисоботӣ ба туфайли нисбатан муътадил рушд намудани иқтисодиёти кишвар, зиёд шудани ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ва ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеӣ, ҷараёни пешниҳоди маблағҳои қарзӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ афзоиши нисбатан муътадилро идома дод.

Ҳаҷми қарзҳои ба иқтисодиёт додашуда дар давраи баррасишаванда маблағи 12 178,6 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 37,3 фоиз афзудааст. Ҳаҷми қарзҳои пардохташуда бошад, маблағи 9 925,0 млн. сомониро дар бар гирифта, коэффитсиенти бозгашти он 81,5 фоизи қарзҳои дар ин давра додашударо ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 5,4 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Афзудани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат (зиёда аз як сол) яке аз омилҳои мусбати рушди иқтисодиёт ва муътадилии низоми молиявии кишвар мебошад. Бақияи қарзҳои дарозмуддат сол то сол афзоиш ёфта, дар соли ҳисоботӣ 38,6 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои додашударо ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 5,9 банди фоизӣ зиёд мебошад. Қарзҳои дарозмуддат дар соли ҳисоботӣ маблағи 4 698,4 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 1 795,4 млн. сомонӣ ё 61,8 фоиз афзоиш ёфт.

Ҳиссаи қарзҳои кӯтоҳмуддат бошад 52,0 фоизи ҳаҷми умумии бақияи қарзҳо ва 41,8 фоизи қарзҳои додашудаи давраи ҳисоботиро ташкил намуд.

Маблағи зиёди қарзҳои додашуда дар соли 2014 бештар ба шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд рост меоянд, ки 8 611,4 млн. сомонӣ ё 70,7 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои дар ҷумҳурӣ додашударо ташкил намуда, сабаби баланд шудани суръати афзоиши пешниҳоди қарзҳо дар миқёси ҷумҳурӣ гардид. Қисми боқимондаи қарзҳои додашуда ба вилояти Хатлон 17,0 фоиз, ноҳияҳои тобеи марказ 9,7 фоиз, ВМКБ 1,8 фоиз ва ноҳияҳои водии Рашт 0,8 фоиз рост меояд (Диаграммаи 18).

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла савдои хориҷӣ 21,4 фоиз, сохтмон 15,8 фоиз, матлубот 14,6 фоиз, кишоварзӣ 12,0 фоиз, саноат 12,6 фоиз, нақлиёт 5,2 фоиз, хизматрасонӣ 4,0 фоиз ва дигар соҳаҳо 14,4 фоиз рост омад.

Ҳамзамон, дар соли 2014 пешниҳоди маблағгузориҳои қарзӣ барои рушди соҳибкорӣ, ҳамчун самти афзалиятнок дар кишвар раванди болоравии худро нигоҳ дошт.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби бонкҳо дар соли ҳисоботӣ додашуда 46,6 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 4,0 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 18,7 фоиз ё 622,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли ҳисоботӣ яке аз сарчашмаҳои зиёд гардидани афзоиши қарзҳои додашуда (37,3 фоиз) нисбат ба афзоиши бақияи пасандозҳо (21,2 фоиз) бештар ҷалб намудани маблағҳои қарзӣ аз хориҷа ба кишвар тавассути ташкилотҳои қарзӣ мебошад. Дар соли 2014 ҳаҷми қарзҳои дарозмуддати (зиёда аз 1 сол) аз хориҷи кишвар ҷалбшуда 207,2 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 51,5 фоиз зиёд мебошад. Аз ин маблағ 62,5 фоиз (129,4 млн. долл. ИМА) аз ҷониби соҳибкорон ва 37,5 фоиз (77,8 млн. долл. ИМА) бевосита аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ҷалб шуда, барои маблағгузории соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт равона гардид.

Дар соли 2014 фоизи миёнавазни қарзҳои аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ додашуда бо пули миллӣ 23,9 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 22,6 фоизро ташкил намуда, нисбат ба соли қаблӣ бо пули миллӣ бетағйир ва бо асъори хориҷӣ 0,8 банди фоизӣ кам гардид.

Қарздиҳии хурд. Дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар ҷумҳурӣ 4 488,1 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 42,1 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми қарзҳои хурди пардохташуда маблағи 4 859,4 млн. сомониро дар бар гирифта, коэффитсиенти бозгашти он 78,5 фоизи қарзҳои додашударо ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли қаблӣ 0,7 банди фоизӣ кам мебошад.

Маблағи зиёди қарзҳои хурди додашуда ба вилояти Суғд рост меояд, ки 2 240,7 млн. сомонӣ (36,2 фоиз)-и ҳаҷми умумии қарзҳои хурди дар ҷумҳурӣ додашударо ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 30,5 фоиз зиёд мебошад. Қисми дигари он ба вилояти Хатлон 22,9 фоиз, шаҳри Душанбе 22,4 фоиз, ноҳияҳои тобеи марказ 15,2 фоиз ва ВМКБ 3,3 фоиз рост меояд (Диаграммаи 19).

Ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бошад, маблағи 1 161,5 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 29,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми пардохти қарзҳои хурди ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон додашуда маблағи 908,5 млн. сомониро дар бар гирифта, коэффитсиенти бозгашти он 78,2 фоизи қарзҳои дар соли ҳисоботӣ додашударо ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 3,2 банди фоизӣ кам мебошад.

Ривоҷ додани қарздиҳии хурд дар қаламрави ҷумҳурӣ, хусусан дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ҳамчун вазифаи муҳим арзёбӣ гардида, баҳри иҷрои он низоми бонкии кишвар тамоми имкониятҳоро равона месозад.

3.3. Низоми пардохт

Дар соли 2014 дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 50,8 млн. амалиёти пардохтӣ ба маблағи умумии 675,3 млрд. сомонӣ тавассути низомҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ амалӣ гардиданд, ки нисбат ба соли қаблӣ шумораи пардохтҳо 60 фоиз ва ҳаҷми онҳо 47 фоиз афзуданд.

Миқдори умумии қартаҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда ба санаи 31 декабри соли ҳисоботӣ 1 107,1 ҳаз. ададро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 45,4 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони қартаҳои пардохтӣ бошад, 1 070,7 ҳаз. нафарро ташкил намуда, 43,6 фоиз зиёд гардидаанд.

Дар баробари ин, ба санаи 31 декабри соли 2014 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ мувофиқан 704 адад ва 1 576 ададро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 156 адад банкоматҳо ва 494 адад терминалҳои электронӣ афзуданд.

Шумораи умумии суратҳисобҳои бонкии барои мизоҷон дар ташкилотҳои қарзӣ кушодашуда дар соли 2014 нисбат ба соли қаблӣ 45,5 фоиз афзоиш ёфта, 2,2 млн. ададро ташкил намуд, ки ин аз беҳтар гардидани фарогирии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ шаҳодат медиҳад.

Дар соли 2014 фаъолияти мунтазами Низоми пардохти миллии «КОРТИ МИЛЛӢ» таъмин гардид, ки дар интиҳои давра шумораи умумии иштирокдорони низоми мазкур ба 16 адад (дар аввали сол 3 ададро ташкил медод) расид. Аз ҷониби ташкилотҳои қарзии иштирокдорони Низоми пардохти миллии «КОРТИ МИЛЛӢ» 657 599 адад кортҳои миллӣ бароварда шуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 106,5 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои банди 4 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2014, № 69 бо мақсади муайян намудани дурнамои рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2025» ва Нақшаи чорабиниҳои миёнамуҳлати татбиқи Стратегияи мазкур таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли 2014, таҳти № 679 тасдиқ гардиданд (Ҷадвали 4).

Ҷадвали 4. Сохтори шабакаи хизматрасониҳои бонкӣ бо истифодаи қартаҳои пардохтӣ (адад)

Нишондиҳанда31.12.201331.12.2014Тағйирёбии номиналӣТағйирёбӣ бо фоиз
Банкоматҳо54870415628,5
Нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд1 0821 57649445,7
Терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ3434328925,9

Манбаъ: Бонки миллии Тоҷикистон

Дар соли 2015 ноустувории бардавоми иқтисодиёти ҷаҳон, бахусус кишварҳои шарикони асосии иқтисодӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Украина, номуътадилиҳои нархҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти зерин (нафт, тилло, алюминий ва пахта) таъсири манфии худро ба иқтисодиёти кишвар (аз ҷумла ноустувориҳои қурбӣ, баланд шудани сатҳи нархҳо ва кам гардидани ҳаҷми содирот) мерасонад.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати маҳдуд намудани ин хавфҳо андешидани чораҳои зерин зарур мебошад:

  • дастгирии соҳибкории истеҳсолии хурду миёна ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ;
  • васеъ намудани муносибатҳои зичи иқтисодии молиявӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Араб;
  • фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ;
  • фароҳам овардани имкониятҳои истеҳсолӣ ва бартараф сохтани фишорҳои мақомоти назоратӣ, ҷалб намудани соҳибкорон — ҳамватанони бурунмарзӣ ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ дар кишвар ва ташкили ҷойҳои нави корӣ.

Департаменти сиёсати пулии Бонки миллии Тоҷикистон

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2