Бонкдории мобилӣ дар ташкилотҳои қарзӣ
Бонкдории мобилӣ дар ташкилотҳои қарзӣ
Бонкдории мобилӣ яке аз шаклҳои хизматрасонии фосилавии бонкӣ мебошад, ки тавассути он муштарӣ бо истифода аз таҷҳизоти мобилӣ, аз он ҷумла телефонҳои мобилӣ ба хизматрасонии бонкдории мобилии ташкилоти қарзӣ дастрасӣ пайдо карда, метавонад амалиётҳои бонкиро аз дилхоҳ ҷой амалӣ намояд.
Натиҷаи таҳқиқоти қаблан дар Тоҷикистон гузаронидашуда нишон дод, ки алоқаи мобилӣ дар кишвар густариш ёфта, аксари аҳолии Тоҷикистон аз он истифода мебаранд. Ин яке аз омилҳои асосӣ барои тавсеаи муваффақонаи бонкдории мобилии мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар кишвар аст.
• Муштариёни алоқаи мобилӣ — 10,7 млн. нафар
• Фарогирии алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон — 130 фоиз
• Истифодабарандагони интернет — 3,8 млн. нафар
Афзалиятҳои бонкдории мобилӣ:
• Пайваст шудан ба низом ниҳоят осон.
• Қобилияти кории низом: 24 соат дар як шабонарӯз ва 7 рӯз дар як ҳафта.
• Сарфакории вақт, ройгон будани пайвастшавӣ ва истифодабарӣ.
Ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкдории мобилӣ муштариён метавонанд мустақиман аз хона чунин амалиётҳои бонкиро анҷом диҳанд: пардохти маблағи барқу хизматрасониҳои маишӣ, интиқоли маблағ ба суратҳисоби лозима, пардохти молу ашёи харидашуда.
Бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳайати мутахассисони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, адлия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба «Чораҷӯйӣ намудани масъалаҳои коҳиш додани муомилоти пули нақд дар кулли амалиётҳои тиҷоратӣ, хариду фурӯши маҳсулот ва хизматгузорӣ» таъсис дода шуд.
Дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кории мазкур, дар асоси таклифу пешниҳодҳои аъзои Гурӯҳи корӣ лоиҳаи «Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати васеъ намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, танзим ва коҳиши муомилоти пули нақд дар амалиётҳои тиҷоратӣ, хариду фурӯши маҳсулот ва хизматгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид.
Тибқи банди 8 нақшаи чорабиниҳои мазкур — ҷорӣ намудани бонкдории мобилӣ (мобайл-бонкинг) ва технологияҳои ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифода аз шабакаи Интернет (интернет-бонкинг) ба нақша гирифта шуд.
Мақсади асосии татбиқи бонкдории мобилӣ — ин фароҳам овардани имконияти ба таври электронӣ амалӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, бо истифода аз воситаҳои пардохти электронӣ, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ мебошад.
Бинобар ин, ҷиҳати иҷрои банди 8 ва бо мақсади васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонӣ, Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи татбиқи бонкдории мобилиро роҳандозӣ намуд.
Дар ин раванд Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ (GIZ, EBRD, IFC ва ғ.), ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои пешниҳодкунандагони хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ҳамкориро ба роҳ монда, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва техникии масъалаи татбиқи бонкдории мобилӣ, инчунин моделҳои имконпазири татбиқи бонкдории мобилиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои корӣ муҳокима намуд.
Яке аз масъалаҳои муҳимму сербаҳс — ин интихоби моделҳои имконпазири бонкдории мобилӣ буд (модели бонкӣ ва ғайрибонкӣ). Дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ, ширкатҳои мобилӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон ҳамаи моделҳои имконпазири бонкдории мобилӣ баррасӣ гардиданд.
Пешниҳодҳои мутахассисон дар ҷаласаи корӣ бо иштироки Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба «Чораҷӯйӣ намудани масъалаҳои коҳиш додани муомилоти пули нақд дар кулли амалиётҳои тиҷоратӣ, хариду фурӯши маҳсулот ва хизматгузорӣ» баррасӣ гардиданд. Бо назардошти хавфҳои имконпазир, таҷрибаи муосири байналмилалӣ, манфиатҳои истеъмолкунандагони ниҳоӣ ва суботи молиявии кишвар, тибқи Қарори ҷаласаи кории Гурӯҳи кории мазкур татбиқ намудани «усули бонкӣ»-и бонкдории мобилӣ интихоб гардид.
Технологияҳои татбиқи бонкдории мобилӣ: USSD-фармонҳо, барномавӣ (iOS, Android, Java), WAP (сомонаҳои мобилӣ) мебошанд.
Бо иштироки ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл», ҶДММ ТАҚХ «Авфар» ва ҶДММ ТАҚХ «Самар» барои барпо намудани интиқолҳои аввалини намунавӣ дар бонкдории мобилӣ гурӯҳи пилотӣ муайян карда шуд.
Дар доираи фаъолияти Гурӯҳи пилотӣ корҳои зерин иҷро гардиданд:
I. Рӯйхати амалиёт оид ба «бонкдории мобилӣ» муайян гардиданд:
- Интиқоли маблағ аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар.
- Пардохти хариди мол ва хизматрасониҳо.
- Пардохт аз рӯйи ҳисобномаҳо.
- Интиқоли маблағ ба гирандае, ки суратҳисоб надорад.
- Пардохти қарз.
- Пур кардани суратҳисоб тавассути воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзӣ.
- Гирифтани пули нақд аз суратҳисоб тавассути воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзӣ.
- Гирифтани қарз.
- Дастрас намудани маълумот оид ба бақияи суратҳисоб, қурби асъор ва ғ.
II. Интиқолҳои аввалини озмоишӣ аз ҷониби иштирокдорони барномаи пилотӣ бомуваффақият гузаронида шуданд.
III. Таклифҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор баррасӣ гардида, аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуд.
Дар маҷлиси Гурӯҳи кории татбиқи бонкдории мобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 июли соли 2014 бо иштироки ташкилотҳои қарзӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва рӯзноманигорон баргузор гардида буд, ташкилотҳои қарзӣ — иштирокдорони гурӯҳи пилотӣ хизматгузориҳои худро вобаста ба бонкдории мобилӣ ба аҳли ҷомеа муаррифӣ намуданд.
Татбиқи бонкдории мобилӣ дар ташкилотҳои қарзие, ки хизматрасониҳои бонкдории мобилиро пешниҳод менамоянд, рӯйи кор гирифтани чунин амалиётҳоро имкон медиҳад:
- Интиқоли фаврии маблағҳо:
• Аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар (дохили ташкилоти қарзӣ ва берун аз он).
• Пардохти хизматрасониҳои мухталиф (аз ҷумла хизматрасониҳои коммуналӣ, алоқа ва ғ.).
• Пардохти қарз. - Дастрас намудани маълумот оид ба ҳисобҳои бонкии мизоҷ.
- Дастрас намудани маълумот оид ба ташкилот (оид ба хизматрасониҳо, навидҳо ва иқдомҳо).
Хизматрасонии бонкдории мобилӣ ба муштариён имконияти иҷро намудани чунин амалҳоро фароҳам меорад: интиқоли маблағ аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар, пардохти хариди мол ва хизматрасониҳо, пардохт аз рӯйи ҳисобномаҳо, интиқоли маблағ ба гирандае, ки суратҳисоб надорад, пардохти қарз ва дастрас намудани маълумот оид ба бақияи суратҳисоб, қурби асъор ва ғайра.
Тибқи иттилои маҷаллаи «Wall Street Journal», амрикоиҳо ба таври оммавӣ бонкҳои хизматрасонии худро ба бонкҳое, ки хизматрасониҳои бонкдории мобилиро пешниҳод менамоянд, иваз намуда истодаанд. Мувофиқи иттилои AlixPartners, дар соли 2013 60 фоизи амрикоиҳо бонки хизматрасони худро бо сабаби надоштани хизматрасониҳои бонкдории мобилӣ иваз намудаанд.
Бонкдории мобилӣ на танҳо ба муштариёни ташкилотҳои қарзӣ, инчунин ба худи бонкҳо низ аҳамиятнок мебошад. Тибқи иттилои Javelin Strategy and Research, арзиши аслии аҳдҳое, ки тавассути бонкдории мобилӣ амалӣ мегарданд, нисбат ба дигар роҳҳои амалигардонии пардохтҳо якчанд маротиба арзонтар мебошад.
Аз моҳи декабри соли 2014 Бонки миллии Тоҷикистон оид ба гузаронидани амалиётҳои пардохтӣ тавассути шабакаи Интернет ва воситаҳои алоқаи мутаҳаррики радиотелефонӣ (мобилӣ) аз ташкилотҳои қарзӣ иттилоот дастрас менамояд. Тибқи ҳисоботи дастрасшуда, омори амалиёт оид ба бонкдории мобилӣ (барои моҳи декабри соли 2014) чунин мебошад:
• Суратҳисобҳои бонкии барои мизоҷон кушодашуда 2,2 млн. ададро ташкил медиҳад. Аз ин шумора ба 23 588 адад суратҳисобҳо дастрасии фосилавӣ тавассути воситаҳои алоқаи мутаҳаррики радиотелефонӣ (мобилӣ) дода шудааст;
• Шумора ва ҳаҷми амалиёти тавассути воситаҳои алоқаи мутаҳаррики радиотелефонӣ (мобилӣ) гузаронидашуда:
- Шумораи амалиёт — 63 440 адад
- Ҳаҷми амалиёт — 1 070 212,38 сомонӣ
Татбиқи бонкдории мобилӣ барои васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонӣ мусоидат менамояд.
Департаменти низоми пардохти Бонки миллии Тоҷикистон




