Зеҳн

Паём дар меҳвари диққати бонувону ҷавонон

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Паём дар меҳвари диққати бонувону ҷавонон

«Ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии мо имрӯзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош карда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд».
(Аз Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 январи соли 2015)

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 январи соли 2015 ироа шуд, бори дигар пеши ҷавонон вазифаҳои навбатии созандагию бунёдкорӣ гузошта шуд, ки иҷрои он вазифаи ҷонию қарзи виҷдонию имонии ҳар як фарди ватанхоҳу бедордил аст.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи моро дар оянда муайян сохт. Худшиносии миллӣ, дарки ватандорӣ, ҳаллу фасли мустақилонаи масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд аз муҳимтарин рукнҳову суннатҳои даврони истиқлолият аст. Имрӯз ҳар нафар аз насли ҷавон бояд хуб дарк намояд, ки шукуфоии давлату ҷомеа аз рафтору кирдори ӯ вобаста аст.

Дар шароити имрӯз таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳаёти сиёсӣ ва талошу кӯшиши онҳо дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷомеа яке аз омилҳои муҳимтарини рушду инкишофи кишвар маҳсуб мегардад. Ташаккулу боло бурдани маърифати сиёсӣ аз масъалаҳои муҳимми рӯз ба ҳисоб меравад. Ташаккули маърифати сиёсӣ моро водор месозад, ки ба ҳар як падидаву ҳодисаҳое, ки дар кишварамон ва тамоми кишварҳову минтақаҳои мухталифи олам ба вуқӯъ меоянд, баҳои воқеӣ дода, мавқеи худ ва кишвари худро дар онҳо дақиқ муайян намоем.

Аз ин рӯ, вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду такомули ҷавонон дар сатҳи маҳалҳо, бахусус таъсиси марказҳои ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад. Имрӯз теъдоди марказҳои ҷавонон дар кишвар хеле кам (63 адад) буда, ба 10 000 ҷавон як марказ рост меояд, ки он мутобиқи талаботи ҷомеаи кунунӣ ногувор арзёбӣ мегардад.

Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ҷиҳати таъсиси марказҳои ҷавонон чораҳои судманд роҳандозӣ намоянд.

Суръати баланди раванди ҷаҳонишавӣ ва дар ин замина ҷалби фарогири ҷавонон ба пайравӣ аз созмону ташкилотҳои мухталиф моро водор месозад, то пеш аз ҳама ба масъалаи тарбияи дурусти ин табақаи муҳимми ҷомеа таваҷҷуҳи бештар дошта бошем. Вақтҳои охир падидаҳои номатлубе чун гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав дар кишвари мо низ мушоҳида мешавад, ки ин боиси ташвиш аст. Махсусан, ҷалби ҷавонон ба равияҳои мазҳабии ифротӣ ва ҳатто ширкати онҳо дар амалиёти ҷангии кишварҳои хориҷ хеле нигаронкунанда аст, зеро табиист, ки ин зуҳуроти номатлуб барои ҳамаи кишварҳо оқибатҳои ногувор ва хатарнокро ба бор оварда истодааст. Ба ин хотир, бояд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода шавад, то ҷавонони мо фирефтаи ташвиқоти гурӯҳҳо ва манфиатҳои ғаразноки бегонагон нашаванд.

Бо назардошти муҳиммияти масъала масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти муҳоҷират ва ниҳодҳои онҳоро лозим аст, ки фаъолиятро дар самти пешбурди корҳои тарбиявӣ ва ташаккули шахсият дар мактабҳо, омӯзишгоҳҳо, литсейҳо, донишгоҳҳо ва дар маҷмӯъ дар байни оммаи ҷавонон ва бахусус онҳое, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, пурзӯр намоянд, то ки дар мафкураи ҷавонон дарку эҳсоси ватандӯстӣ, хидмат ба Ватан-Модар, ташаккул ёфтан ҳамчун як шахсияти худогоҳи мамлакат тарғиб ва талқин карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки дар самти таблиғу ташвиқи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ ва дар ин замина тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонон Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи пуриқтидори таблиғотӣ метавонад саҳми арзанда дошта бошад. Аз ин рӯ, кормандони ин соҳаи муҳимми идеологиро зарур аст, ки аҳолии кишвар ва берун аз онро аз рӯйдодҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ воқеъбинона воқиф намоянд.

Дар ин самт зарур аст, вохӯриҳо бо ҷавонони ноҳияҳои дурдаст ба роҳ монда шуда, гурӯҳҳои тарғиботӣ барои баргузории вохӯрию мулоқотҳо дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо, деҳа ва ҷамоатҳо аз ҳисоби донишҷӯёни лаёқатманд ва волонтёрон дар вақти таътили тобистона ташкил карда шаванд.

Ҳамчунин, ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ назорати толорҳои интернетӣ ва марказҳои дилхушӣ, ки яке аз омилҳои пайдоиши ҷинояту ҷинояткорӣ, ҷалби ҷавонон ба ҳар гуна маводи сахттаъсири мадҳушкунанда мебошанд, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои алоқаманд ба роҳ монда шавад.

Бо ин мақсад дар Паёми имсолаи худ Сарвари давлат таъкид доштанд: «Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин нерӯи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд».

Тайи солҳои охир дар соҳаи варзиши кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд. Дар самти тарбияи баданӣ, ҷалби мардуми кишвар ба варзиш аввали соли 2015 бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» аз 9 январи соли 2015, № 328 ба имзо расид.

Боиси эътирофу хушнудист, ки натиҷаҳои варзишгарони мо дар дохил ва хориҷи кишвар сол аз сол беҳтару боло меравад. Варзишгарони мо соли 2014 дар 90 (соли 2013 — 48) мусобиқаи байналмилалӣ бо теъдоди 1510 (соли 2013 — 684) нафар ширкат намуда, теъдоди дастовардҳо аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ва чемпионатҳои ҷаҳон, Аврупо, Осиё ва ИДМ, аз ҷумла: медали тилло 250 (2013 — 100), нуқра 243 (2013 — 130), биринҷӣ 404 (2013 — 231) мебошад.

Дар Паёми имсолаи худ Президенти кишвар ба дастовардҳои соҳа такя намуда, таъкид доштанд: «Барои рушди солими ҷомеаи кишвар ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш тайи панҷ соли охир 19 варзишгоҳ, 621 майдонча ва 110 толори варзишӣ, 11 ҳавзи шиноварӣ ва 9 маҷмааи варзишӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Инчунин 2700 майдонча ва 635 толори варзишӣ, 14 ҳавзи шиноварӣ ва 5 маҷмааи варзишӣ таъмиру азнавсозӣ гардидааст».

Дар маҷмӯъ то имрӯз дар кишвар 8025 иншооти гуногуни варзишӣ бунёд шуда, мавриди истифодаанд.

Вобаста ба ин дастгириҳо раванди оммавигардонии варзиш бояд қонеъкунанда бошад. Тибқи маълумот, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 55 федератсияи варзишӣ амал менамоянд, лекин фаъолияти қисми зиёди ин ташкилотҳо ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ намебошад.

Имрӯз Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро зарур аст, ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти мактабҳои варзишӣ чораҳои мушаххас андешанд ва доир ба таъсиси раёсат оид ба омодагии дифоӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон андеша ва чораҷӯйӣ намуда, пешниҳод манзур намоянд.

Дар давоми соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи сайру саёҳат заминаҳои зарурии меъёрию ҳуқуқӣ ва инфрасохторию ташкилӣ фароҳам оварда шуда истодааст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар маҳсуб мешавад.

Қобили қайд аст, ки вазъи муътадили сиёсӣ-иҷтимоии кишвар, густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва ба маркази баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ табдил додани пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе барои рушди соҳаи туризм таъсири мусбӣ расонида истодааст.

Дигар бахши суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба нақши занон дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ, мавқею манзалати зан-модар, нигоҳдошту пойдории оила ва солимии он нигаронида шуд.

Имрӯз бонувони мо дар баробари мардон қобилияту тавоноӣ, маҳорат ва малакаашонро барои иштирок дар равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ самаранок ва озодона истифода мебаранд, ки таъмини ин кафолат аз рӯйи равандҳои умумии эътирофшуда, меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии қабулгардида ба роҳ монда шудаанд. Гувоҳи ин он аст, ки дар баробари Рӯзи модар ҳамасола дар кишвари мо Рӯзи байналмилалии оила бо шукӯҳ ва шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Имрӯз моро зарур аст, ки сари баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ, коҳиш додани талоқ байни оилаҳои ҷавон, масъулиятшиносии волидайн, иртиботи мактабу оиларо беҳтар ба роҳ монда, баҳри бунёди оилаи солим, пойдории суннатҳои тарбияи фарзанд ва пешрафти ҷомеаи обод кӯшиш ба харҷ диҳем.

Эълон шудани «Соли оила» ва баргузор намудани чорабинӣ ва озмунҳои гуногун ҷиҳати баланд бардоштани маърифати рӯзгор ва оиладорӣ, мақом ва нақши зан-модар дар оила ва ҷомеа аз чораҳои навбатии пешгирифтаи Ҳукумати кишвар мебошад, ки бори дигар аз таваҷҷуҳи хоса доштани мақоми зан-модар гувоҳӣ медиҳад.

Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ, онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум будан тарбия намоянд.

Пеш аз ҳама, рисолати пурмасъули модар тарбияи ҷавондухтарони солиму солеҳа ва поктинату покдоман аст, зеро ҳамаи ин боиси афзоиши ҳурмат, муҳаббат ва устувории пояи зиндагии оилаҳо ва бақои ҷомеа гардида, намунаи ибрати наслҳои оянда хоҳад гашт. Пешрафти давлат ва нерӯмандии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба истифода ва риояи арзишҳои олии ахлоқиву маънавӣ вобаста мебошад.

Новобаста ба он ки дар ин самт якчанд барномаҳои давлатӣ ва Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020 қабул гашта татбиқ шуда истода бошанд ҳам, масъалаҳое пешорӯи мо қарор доранд, ки ҳалли онҳо меҳнату талоши ҳамаҷонибаро талаб менамояд.

Имрӯз сохторҳои масъулро зарур аст ҷанбаҳои ҳуқуқии фаъолияти хонакоронро такмил дода, механизми нави рушди фаъолияти онро таҳия ва ба роҳ монанд. Ин амал имкон медиҳад, ки садҳо нафар занону модарони хонашин ба шуғл фаро гирифта шаванд.

Кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки корҳои тарғиботӣ ва пешгирикунандаро дар байни аҳолӣ пурзӯр намоянд.

Ҳамзамон, сохторҳои марбутаро лозим аст, гузаронидани вохӯрию чорабиниҳо ва семинар-машваратҳо бо духтарон ва занони бешуғл, ташкили курсҳои касбомӯзӣ барои занони хонашин, самаранок ва шаффоф доир намудани озмунҳои грантҳоро ба роҳ монанд.

Дигар масъалаҳое, ки дар Паём мавриди ташвишу таъкид қарор гирифт, дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик ва аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадани кӯдакони маъюб ва боло рафтани шумораи гирифторони бемории норасоии масунияти бадан мебошад.

Дар ин самт ҳамкории муассисаҳои давлатии тиббӣ бо мақомоти давлатии кор бо занону ҷавонон ва созмонҳои ҷамъиятӣ хеле муҳим аст. Бо назардошти мавҷудияти тафовутҳо барои дастрасии маълумот дар байни аҳолии кишвар, хусусан дар байни занони хонанишин, бекорон ва дигар гурӯҳҳои аҳолӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемориҳо дар шакли суҳбатҳо, паҳн намудани воситаҳои иттилоотӣ зарур мебошад.

Ва боиси хушнудист, ки мардуми кишвари соҳибистиқлоламон, махсусан ҷавонони бебоку бонувони оқилаи мо дар ҳамдастию ҳамдилӣ дар пайи беҳбудӣ бахшидани ҳаёту ҷомеаи имрӯзи мо, амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳду талош намуда, ба қуллаи мурод мерасанд.

Худованд мефармояд: «Эй муъминон, Худоро фармонбардорӣ кунед ва Пайғамбару фармонравоён (ҳокимон)-ро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед!» (Сураи «Нисо», ояти 59).

Н. Бӯриев,
н.и. сиёсатшиносӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2