Паём — роҳнамои бонкҳои кишвар
Паём — роҳнамои бонкҳои кишвар
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз Паёми қаблӣ то Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба чунин дастовардҳо ноил гашт:
Моҳи сентябри соли 2014 ҳамоиши аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ дар ҷумҳурии мо гузаронида шуд, ки аз ҷониби иштирокдорон баҳои баланд дода шуд. Дар баргузории ин ҳамоиш БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳамчун бонки раисикунанда дар Иттиҳоди Байнибонкии СҲШ саҳмгузор буд.
Вобаста ба хусусияти махсус доштани фаъолияти БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳамчун бонки давлатӣ, дар соли ҳисоботӣ гузориши Раиси Раёсати Бонк дар ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт ва молия «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» дар БДА ҶТ «Амонатбонк» дар самти гузаронидани амалиётҳои молиявӣ аз буҷетҳои маҳаллӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баъди муҳокима ва баррасии масъалаи мазкур Кумита оид ба иқтисодиёт ва молия нисбат ба фаъолияти минбаъдаи бонк тавсияҳо дода, қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби муассисаҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» ҷиҳати иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014 таҳти № 4 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» оид ба пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ бо қартаҳои бонкӣ корҳои муайяне анҷом дода шуданд.
Дар ин ҷода, дар соли 2014 бо корхонаву ташкилотҳои гуногун корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, бо 3 885 корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути қартаҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 11 маротиба зиёд мебошад.
Ба санаи 31 декабри соли 2014 шумораи мизоҷони қартаҳои бонкӣ бо назардошти нафақагирон дар маҷмӯъ ба 623 ҳазор нафар, шумораи терминалҳои кории бонк ба 557 адад ва шумораи банкоматҳо ба 141 адад расонида шуда, гардиши умумии ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути қартаҳои пардохтии бонкӣ 1,3 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2013 ба андозаи 2 маротиба зиёд шудааст.
Пардохти нафақаи нафақагирон тавассути қартаҳои бонкӣ дар 32 филиал бо шумораи умумии 365 ҳазор нафар ба роҳ монда шуда, раванди ҷорӣ намудани пардохти нафақа тавассути қартаҳои бонкӣ дар филиалҳои боқимондаи бонк идома дорад.
Бояд қайд намуд, ки соли ҳисоботӣ бо мақсади ҳавасманд намудани мардуми кишвар, БДА ҶТ «Амонатбонк» пасандози ҷашнии муҳлатнокро бо номи «Истиқлолият» бо фоизҳои нисбатан баландтар ба аҳолӣ пешниҳод намуд.
Бақияи амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба санаи 31 декабри соли 2014 маблағи 1,2 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба аввали сол 42 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи пасандозҳои аҳолӣ 62 фоизи ҳамаи амонатҳои ҷалбгардидаро ташкил менамояд.
Бақияи пасандозҳои муҳлатнок бошад, нисбат ба соли гузашта 108 млн. сомонӣ ё 22 фоиз зиёд шуда, ба ҳаҷми 603 млн. сомонӣ расонида шудааст. Таносуби байни пасандозҳои муҳлатнок бо асъори миллӣ 40 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 60 фоизро ташкил медиҳад, ки дар ин самт бояд чораҳои зарурӣ нисбат ба зиёд намудани ҳиссаи пасандозҳо бо арзи миллӣ андешида шавад.
Дар соли 2014 аз ҷониби филиалҳои бонк 481 млн. сомонӣ маблағҳои коммуналӣ қабул карда шудааст, ки нисбат ба соли 2013 110 млн. сомонӣ, ё ин ки 30 фоиз зиёд мебошад.
БДА ҶТ «Амонатбонк» мисли солҳои пешин бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ҳамкориро идома додааст.
Тӯли ҳамкориҳо маблағҳои мувофиқи созишномаҳои байни Бонки давлатии рушди Чин ва БДА ҶТ «Амонатбонк» ҷудогардида дар ҳаҷми 32 млн. долл. ИМА пурра барои равнақу ривоҷ додани соҳаи кишоварзӣ ва инчунин пешравии соҳибкории хурду миёна дар ҷумҳурӣ равона карда шудаанд.
Бақияи қарзҳои тавассути маблағҳои Бонки давлатии рушди Чин пешниҳодшуда ба санаи 31 декабри соли 2014 22,8 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин маблағҳои инвеститсионӣ ҷиҳати рушди соҳаи соҳибкорӣ ва кишоварзӣ равона карда шудааст, ки барои ташкили ҷойҳои кории нав барои зиёда аз 2000 нафар мусоидат намуд.
Дар моҳи сентябри соли 2014 Созишномаи умумии қарзӣ ба маблағи 28 млн. долл. ИМА ба имзо расонида шуд, ки аз он 18 млн. долл. ИМА барои сохтмони бинои Дастгоҳи марказии бонк ва 10 млн. долл. ИМА барои рушди хоҷагии халқ ва дастгирии соҳибкории хурду миёнаи ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамкориҳо бо Бонки Исломии Рушд низ хеле хуб ривоҷ ёфта истодааст. Аз ҳисоби Созишномаи дар соли 2009 басташуда дар доираи 2,5 млн. долл. ИМА маблағҳо тариқи қарзҳои имтиёзноки бонкӣ марҳила ба марҳила пурра аз худ карда шуда, дастраси соҳибкорони хурду миёнаи деҳоти ҷумҳурӣ гардонида шуданд.
Дар маҷмӯъ, аз оғози ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ 38,5 млн. долл. ИМА ба бонк ворид гардидааст, ки 7,4 млн. долл. ИМА ба давраи ҳисоботӣ рост меояд.
Бонк дар маҷмӯъ аз ҳисоби маблағгузориҳои дохилию хориҷӣ дар соли 2014 ба 34 679 нафар ба маблағи умумии 862 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ (бе назардошти қарзҳои байнибонкӣ) пешниҳод намуд, ки нисбат ба соли 2013 2,8 маротиба зиёд мебошад.
Аз ҷумла, ҷиҳати дастгирии соҳибкорони хурду миёна ба 34 419 нафар ба маблағи умумии 299,6 млн. сомонӣ қарзҳои хурд пешниҳод намуд, ки ин 34,8 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои додашударо ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар соли ҳисоботӣ ба омӯзгорони ҷавон 1,2 млн. сомонӣ ва муҳоҷирони иҷборӣ 1,7 млн. сомонӣ қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок пешниҳод шудааст.
Аз рӯзе, ки ҳамкориҳо бо Фонди дастгирии соҳибкорӣ оғоз гардидааст, тавассути БДА ҶТ «Амонатбонк» ба 75 нафар соҳибкорон маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми умумии 54,8 млн. сомонӣ аз ҳисоби Муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкорӣ пешниҳод гардидааст.
Бақияи сандуқи қарзии бонк бо назардошти қарзҳои байнибонкӣ маблағи 912 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2013 зиёда аз 2 маротиба зиёд мебошад.
Соли 2014 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар озмуни ташкилнамудаи маҷаллаи молиявии «The Banker»-и Бритониёи Кабир ба гирифтани ҷоизаи «Бонки сол» ноил гардид, ки ин ифтихори тамоми кормандони соҳа мебошад.
Боиси хушнудист, ки БДА ҶТ «Амонатбонк» соли ҳисоботиро бо нишондиҳандаҳои назарраси молиявӣ ҷамъбаст намуд. Ба ҳолати 31 декабри соли 2014 дороиҳои бонк 1,8 млрд. сомониро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба аввали сол 37 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми сармояи бонк ба 222 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба соли 2013 18,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар соли 2014 даромади софи бонк 26,5 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2013 21 фоиз зиёд мебошад. Нақшаи пешбинишуда бо пуррагӣ таъмин гардид. Бонк дар ин давра дар маҷмӯъ 52,3 млн. сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳои ҳатмиро аз рӯйи фаъолияти худ ба буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронидааст, ки нисбат ба соли 2013 10,2 млн. сомонӣ ва ё 24 фоиз зиёд мебошад. Ҳайати воқеии кормандони соҳа ба санаи 31 декабри соли 2014 2 748 нафарро ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки рӯзҳои шанбе дар Дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои бонк ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст. Почтаи электронии бонк барои дар сатҳи зарурӣ доир ба ин масъала мутобиқ гардонида шудааст. Дар соли 2014 129 нафар шаҳрвандон дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон ба бонк муроҷиат намуданд, ки ҷиҳати татбиқи ҳалли мушкилоти онҳо аз ҷониби роҳбарияти бонк таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шудааст.
БДА ҶТ «Амонатбонк» Паёмҳои ҳарсолаи Президенти кишварро дастури кори худ қарор дода, ҷиҳати сари вақт иҷро намудани он аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода мебарад.




