Дастовардҳои пурарзиши Тоҷикистон дар соли Мавлоно Ҷомӣ (2014)
Дастовардҳои пурарзиши Тоҷикистон дар соли Мавлоно Ҷомӣ (2014)
Дар мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаҳои фаъолияти боғу токпарварони ин мавзеъ ошно гардида, бевосита дар ҷамъоварии себ, ангур ва челон иштирок намуд ва ба кори аҳли заҳмати хоҷагӣ баҳои баланд дод.
Дар маркази ноҳияи Хуросон бинои нави беморхонаи марказӣ ифтитоҳ ёфт, ки бо харҷи қариб 13 млн. сомонӣ маблағҳои грантии Ҷумҳурии Федеролии Олмон сохта ва бо таҷҳизоти навтарини ин соҳа аз ширкати олмонии Сименс таъмин карда шудааст.
Дар ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии зотпарварии «Саодат» дидан карда, коргоҳи коркарди шири онро расман ба кор даровард.
Дар фермаи зотпарварии ин хоҷагӣ барои парвариши беш аз 1000 сар чорвои калони хушзоти ширию гӯштӣ шароити инноватсионӣ бо технологияи олмонӣ муҳайё карда шудааст.
Дар ҳамин ҷамоат ҳамчунин корхонаи нави коркарди пахта, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фирдавс Валиев бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд, ки бузургтарин чунин корхона дар Тоҷикистон буда, метавонад дар як шабонарӯз 800 тонна ва дар як сол беш аз 60 ҳазор тонна пахтаро коркард намояд.
Бунёдкорони ин корхона тасмим доранд, ки ояндаи наздик боз корхонаи равғанкашӣ ва корхонаи коркарди чигити тухмӣ таъсис дода, минбаъд бо бунёди силсилаи корхонаҳои коркарди амиқи нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоиро ба роҳ монанд.
Дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон муассисаи давлатии Хона-интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон ва як мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2400 нафар хонанда дар ду баст ифтитоҳ ёфт.
Дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ба бунёди бинои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар ду баст асос гузошта шуд.
Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон корхонаи абрешимресии Дук ба кор дароварда шуд, ки нахустин чунин корхона дар вилояти Хатлон мебошад. Ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Додарбек Мунавваров бунёд ёфта, дар он 50 нафар, асосан занону духтарони маҳаллӣ, соҳиби кори доимӣ шудаанд.
Корхона бо технологияи муосири чинӣ муҷаҳҳаз шуда, имкон дорад, ки дар як сол беш аз 70 тонна пиллаи хомро коркард намуда, аз он риштаи хушсифати абрешим истеҳсол намояд.
Дар назди ин корхона ба сохтмони корхонаи дуюми ин соҳибкор, ки барои атласбофӣ пешбинӣ шудааст, оғоз бахшида шуд. Дар ин корхона 40 нафари дигар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд. Иқтидори лоиҳавии корхона имкон медиҳад, ки дар як басти корӣ ё худ 8 соат беш аз 500 метри мураббаъ атлас истеҳсол шавад.
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, ки ба моҳи ноябр рост омад, як зумра корхонаҳои истеҳсолӣ бо садҳо ҷойи нави корӣ ва як мактабу як бинои иловагӣ дар беморхонаи марказии ноҳия ба кор дароварда шуда, ба оғози сохтмони чанд корхонаи нави саноатӣ асос гузошта шуд.
Ҳангоми оғози сохтмони 2 корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷкартонӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки яке бо иқтидори 10 ҳазор маҳсулот дар як шабонарӯз то моҳи июни соли 2015 ва дувумӣ то моҳи декабри соли 2015 ба кор медароянд ва беш аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ташаббускорони бунёди ин корхонаҳо тасмим доранд, ки бо чунин маҳсулот на танҳо бозори дохилии Тоҷикистонро пурра таъмин намоянд, балки содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.
Дар ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи муосири парандапарварӣ бо иқтидори солонаи 1800 тонна гӯшти мурғ ба кор шуруъ намуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуриддин Нуралиев бунёд ёфтааст.
Дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони корхонаи нави семент оғоз бахшид, ки дорои иқтидори солонаи 1,2 млн. тонна буда, дар он беш аз 1000 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Дар ҳудуди ҳамин корхона ҳамчунин коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷкартонии сохтмонӣ бо иқтидори солонаи 1 млн. метри мураббаъ ва коргоҳи халтаҳои коғазӣ бо иқтидори 80 млн. халта дар як сол бунёд хоҳанд ёфт.
Аз ҷониби ин соҳибкорон то моҳи сентябри соли 2015 як мактаби нави замонавӣ ҳам сохта, ба мардуми ноҳия туҳфа карда мешавад. Бо ҳидояти Сарвари давлат онҳо ҳамчунин уҳдадор шуданд, ки пас аз ба кор даровардани корхонаи семент дар ин ноҳия боз як мактаби замонавӣ барои 1300 хонанда дар ду баст ва як толори муосири варзишӣ бунёд намоянд.
Дар беморхонаи марказии ноҳия, ки дар ҷамоати шаҳраки Ёвон қарор дорад, як бинои нави иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ин бино бо стандартҳои аврупоӣ бо таҷҳизоти муосири таваллудхона, ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ бо харҷи 14 млн. сомонӣ маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон сохта ва таҷҳизонида шудааст.
Ба иттилои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ, ин дувумин чунин таваллудгоҳи муосир дар вилояти Хатлон аст. Якумаш дар ноҳияи Хуросон ифтитоҳ ёфта буд. Дутои дигар ҳамин гуна таваллудхонаҳо дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Фархор ба кор омодаанд. Ояндаи наздик дутои дигар ҳамин гуна таваллудхонаҳо бо мақоми вилоятӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Қурғонтеппа сохта мешаванд. Тибқи барномаи дарозмуддати ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Федеролии Олмон ҳамин гуна таваллудхонаҳо дар тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон бояд сохта шаванд.
Бунёду навсозии муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла таваллудхонаҳои муосир дар бисёр минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Дар маркази ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як маҷмааи истеҳсолию хизматрасонӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Илҳом Мирзоев бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд.
Ин маҷмаа дар бинои нави чорошёна бо таҳхона ҷойгир шуда, аз корхонаи ҷӯроббофӣ, корхонаи дӯзандагӣ, маркази савдо ва ошхонаи ҷамъиятӣ иборат аст.
Дар ин маҷмаа ҳоло ҳамагӣ 105 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Соҳибкори номбурда бо падару бародаронаш тасмим доранд, ки корҳои истеҳсолию хизматрасониро дар ин бино ва атрофи он идома дода, дар муддати кӯтоҳ беш аз 600 ҷойи корӣ муҳайё созанд.
Дар ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон мактаби нави ҳамагонӣ барои 640 хонанда дар 2 баст ифтитоҳ ёфт, ки аз ҷониби корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр Семент»-и ноҳия барои мардуми деҳаҳои Ҳасанӣ ва Дарагӣ бунёд гардидааст.
Роҳбари корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр Семент» Акбар Ғуломов изҳор дошт, ки то соли оянда боз як мактаби дигар барои 1300 хонанда дар ду баст ва як боғчаи кӯдакона сохта ба истифода медиҳанд.
Дар ноҳияи Ёвон боз як корхонаи коркарди пахта ба кор дароварда шуд, ки дорои иқтидори коркарди 15 ҳазор тонна пахта дар як сол мебошад.
Дар паҳлӯи ин корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи равғанкашӣ асос гузошт.
Дар ин ноҳия Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо кори гармхонаҳои парвариши сабзавоти барвақтӣ бевосита шинос шуд.
Чунонки иттилоъ доданд, дар ин ҷо аз ҷониби ширкати чинии «Ҷинян Инхайи» дар майдони 49 га замини корами обӣ 196 гармхона бояд бунёд ёбад. То он рӯз 139-тои он сохта шуда буд. Дар 39 гармхонаи омодашуда помидору бодиринг, қаламфуру бойимҷон ва дигар сабзавот парвариш меёбад. Ҳар як гармхона дар масоҳати 60 метри мураббаъ замин бунёд ёфта, ҳосили интизорӣ аз як гармхонаи помидор ё бодиринг 10 тонна маҳсулот аст. Ҳадаф аз бунёди ин корхонаҳо пурра таъмин намудани талаботи бозори дохилӣ бо сабзавоти барвақтӣ дар фасли зимистон ва аввалҳои баҳор ва ба роҳ мондани содироти он ба хориҷи кишвар аст.
Дар ин ҷо 125 нафар ба таври доимӣ кор мекунанд, ки 110 каси онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Оянда шумораи коргарон дар ин ҷо то ба 200 нафар расонида мешавад.
Дар ҳамин ҷо ҳамчунин бунёди сардхона барои нигоҳдории 1000 тонна сабзавоти тару тоза ва коргоҳи бастубанди маҳсулот дар назар аст.
Дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори 4 гармхонаи дигар шинос шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Наврӯз Ҷонмаҳмадов бо бародаронаш бунёд ёфтаанд.
Тавре аён гардид, усули кори ин гармхонаҳо дигар аст, вале маҳсули фаъолияташон хуб аст. 4 гармхона дар масоҳати умумии 2 га бо харҷи 200 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Ба иттилои бародарони соҳибкор ин хароҷот дар як мавсими ҳосилғундорӣ на танҳо пӯшонида мешавад, балки фоида ҳам ба даст меояд, зеро аз 4 гармхона қариб 100 тонна помидору бодиринг ҷамъоварӣ мешавад.
Моҳи октябри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанӣ мулоқоти судбахш анҷом дод.
Сарвари давлат афзудани миқдори субъектҳои соҳибкориро дар рушди иқтисодиёти кишвар раванди мусбӣ номида, зикр намуд, ки дар чор соли охир шумораи онҳо аз 186,5 ҳазор ба 293 ҳазор расидааст ва афзоиши он дар маҷмӯъ 57 фоизро ташкил менамояд.
Таъкид гардид, ки аз 40,5 млрд. сомонӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти умумии кишвар дар соли 2013 зиёда аз 63 фоизаш ба бахши хусусӣ рост меояд.
Аз ин хотир, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ арзи сипосу қадршиносӣ карда, таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд барои боз ҳам беҳтар намудани фазои ҳуқуқии кори онҳо ҷаҳду талош хоҳад кард.
Президенти кишвар вобаста ба таклифу пешниҳодҳои судманди иштироккунандагони мулоқот ба мақомоти дахлдор супоришҳои мушаххас дод.
Соли 2014 дар ҷумҳурӣ 2 санаи муҳимми таърихӣ низ таҷлил карда шуд, ки яке солгарди 20-ум аз қабули бахтномаи миллат — Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дувумӣ 90-солагии шаҳри зебои Душанбе буд.
Ба истиқболи 20-солагии қабули Конститутсияи кишвар, аз ҷумла Қонуни авфи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки он нисбати зиёда аз даҳ ҳазор гумонбаршудаҳо, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад.
Қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» амали инсондӯстона буда, барои ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани шахсони ҷиноятсодирнамуда ва ислоҳ гардидани онҳо мусоидат хоҳад кард.
Ба истиқболи солгарди 90-уми пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе бошад, даҳҳо иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт ва рӯзи 19-уми октябр ба ин муносибат дар Боғи Наврӯзгоҳ карнавали бошукӯҳи идона баргузор шуд, ки дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти олии ҳокимияти давлатии қонунбарор ва иҷроияи Тоҷикистон, меҳмонони сершумор аз дохилу хориҷи мамлакат ва сокинони бешумори Душанбешаҳри нозанин иштирок намуданд.
Моҳи ноябр дар пойтахт 3 коргоҳи нави Комбинати шири шаҳри Душанбе пас аз навсозӣ ва дубора ба кор даровардани биноҳои бекорхобидаи он бо 152 ҷойи кори иловагӣ ифтитоҳ ёфт.
Инҳо коргоҳҳои маҳсулоти ширӣ барои кӯдакон, истеҳсоли панирҳои гуногун ва зарфҳои якбормасрафи пластикӣ мебошанд. Дар ин коргоҳҳо ҳоло 93 намуди маҳсулоти ширӣ ва тамоми намуди зарфҳои пластикии якбормасрафи барои ин маҳсулот зарурӣ истеҳсол карда мешавад.
Ҷойи таъкид аст, ки шаҳри Душанбе солҳои охир бо вусъати назарраси бунёдкорию созандагӣ симои наву зебо ба бар мекунад.
Дар кӯчаи Карамови пойтахт зимни шиносоии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони маҷмааи универсалии варзишии «Пойтахт-90», аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар майдони қариб 10 гектари ин мавзеи зебо қасрҳои варзишии болопӯшида ва нимпӯшида ва ҳам майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузург барои шиноварӣ ва дигар намудҳои варзиши обӣ ва ҳамчунин қасри намудҳои варзиши рӯйи ях бо навтарин стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешаванд. Ин маҷмаа дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишӣ мешавад, ки ҳар яке аз 150 то 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон доранд. Аз ҷумла 7 майдони омӯзишии теннис ҳар яке 150 ҷойи нишаст ва қасри теннис 3 ҳазор ҷойи нишаст хоҳанд дошт. Қасри калони варзиши обӣ бошад, дорои 2 ҳазор ҷойи нишаст мешавад.
Тавре аён гардид, лоиҳа аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи ширкатҳои «Ростовгипрошахт»-и Федератсияи Россия бо назардошти талу теппаҳои атроф ва соҳили рӯди Душанбе тарзе таҳия гардидааст, ки тамоми зебоиҳои релйефи маҳал ба фоидаи кор истифода мешавад.
Дар рафти сохтмони ин маҷмааи бузурги варзишӣ аз 1,5 то 2 ҳазор нафар ва пас аз ба кор даромаданаш беш аз 600 каси дигар бо кор таъмин мегарданд.
Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки қасрҳо ва дигар биною иншооти ин маҷмаа бо ранги кабуди монанд ба оби соф ороиш меёбанд, ки ин рамз бозгӯ аз кишвари обҳои мусаффо ва ташаббускори ҳалли мушкилоти обии ҷаҳон будани Тоҷикистон аст.
Дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Майдони теннис бо зербинои муосир ифтитоҳ ёфт.
Майдони нави теннис, ки дар паҳлӯи қасри Теннис ва майдони марказии варзишӣ қарор дорад, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мутобиқ бо стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст. Майдони асосии ин маҷмааи варзишӣ дорои се корти теннис ва 2600 ҷойи нишаст мебошад.
Тавре зикр гардид, ҳоло дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Чкалов се мактаби махсус оид ба теннис фаъолият доранд, ки дар рушди ин намуди варзиш саҳми намоён мегузоранд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба дастпарварони фаъоли мактаби махсуси наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе доир ба теннис туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла лавозимоти бозии теннис, тақдим намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар охир бо ғолиби мусобиқа дар миёни духтарони то 16-сола Анастасия Турсунова чанд лаҳза теннисбозӣ намуда, бори дигар дӯстдори воқеӣ ва тарғибгари фаъоли варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар миёни мардум будани худро собит намуд.
Дар қисмати ҷанубии пойтахт Маҷмааи корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонии соҳаҳои нақлиёт, гумрук ва полиграфия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он 300 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Маҷмааи корхонаҳои истеҳсолии хизматрасонии соҳаҳои нақлиёт, гумрук ва полиграфия, ки аз ҷониби ширкати хусусии «Фароз» бунёд ёфта, аз терминали гумрукӣ, мактаби ронандагӣ, толори варзишӣ, маркази муоинаи техникии автомобилӣ, маҷмааи нашриётӣ-полиграфӣ, ошхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва фурӯшгоҳ иборат аст.
Яке аз муҳимтарин корхонаҳои ин маҷмаа чопхонаи нашриётию полиграфии «Ганҷ» мебошад, ки ба рушду нумӯъ додани саноати полиграфӣ дар ҷумҳурӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли тамоми маводи чопӣ дар дохили кишвар нигаронида шудааст.
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Маркази савдои «Пойтахт-90» ифтитоҳ ёфт, ки ба истиқболи солгарди 90-уми шаҳри Душанбе хеле зебою боҳашамат бунёд ёфтааст.
Чунонки иттилоъ доданд, маҷмааи боҳашамати биноҳои Маркази савдои «Пойтахт-90» бо харҷи беш аз 205 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ дар зарфи 22 моҳ бо тарҳу намои зебои зоҳирӣ ва шароити мусоиди хизматрасонӣ дар дохили он бунёд ёфтааст.
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе пойгоҳи инноватсионии ронандагии «Автодром» ифтитоҳ ёфт, ки дуюмин чунин пойгоҳи автоматикунонидаи ҷавобгӯи талаботи муосири ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе ва панҷум дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад.
Ифтитоҳи меҳмонхонаи панҷситорадори «Шератон»-и Душанбе рӯйдоди арзишманд дар арафаи солгарди 23-юми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар буд, зеро ин нахустин меҳмонхонаи «Шератон» на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кулли Осиёи Марказӣ аст.
Меҳмонхона бо харҷи 275 млн. сомонӣ аз ҷониби ширкати хусусии «СИ ЭЙ ЧЕЛ»-и Ҷумҳурии Ҳиндустон бунёд шуда, дорои 148 утоқи зисти дараҷаҳои гуногун мебошад ва барои қабули ҳама гуна меҳмонон, то меҳмонони сатҳи олӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ин меҳмонхона 180 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд, ки 95 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Дар арафаи соли нави таҳсил дар маҳаллаи Шафақи кӯчаи Хуҷамбиёи Поёни шаҳри Душанбе мактаби нави замонавӣ барои 1400 хонанда дар 2 баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аввалин мактаби муосири чорошёна бо таҳхона дар шаҳри Душанбе аст.
Зимни охирин сафари дохилии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ноҳияи Данғара рост омад, дар ин ҷо ба сохтмони маҷмааи азими нассоҷӣ оғоз бахшида шуд, ки бузургтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Дар марҳилаи аввали он, ки бунёди коргоҳи ресандагиро дар назар дорад, беш аз 52 000 тонна нахи пахта мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад.
Дар 4 марҳила дар ин ҷо 4 корхонаи нав — ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ бунёд ёфта, дар маҷмӯъ 6 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин мешаванд.
Ин маҷмааи муштараки Тоҷикистону Чин буда, коргоҳҳои саноатии он бо ворид намудани навтарин технология аз ширкатҳои дорои шуҳрати ҷаҳонӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои аврупоии Италия, Швейтсария, Олмон ва аз худи Чин бунёд меёбад. Намояндагони ҳамаи ин ширкатҳо дар гузоштани санги асоси маҷмаа ва нома ба наслҳои оянда иштирок доштанд.
Дар корхонаи ресандагии маҷмаа, ки то моҳи октябри соли 2015 ба кор омода хоҳад шуд, 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор ҷалб карда мешаванд.
Дар корхонаи бофандагии он ҳангоми бо иқтидори пурра ба кор даромаданаш солона то 150 млн. метри мураббаъ матоъҳои хушсифати пахтагӣ истеҳсол карда хоҳад шуд.
Дар доираи татбиқи ин лоиҳа ҳамчунин бо ҷалби навтарин технологияи соҳа дар зиёда аз 15 ҳазор га заминҳои боир, камоб ва нав обёришавандаи 5 ноҳияи вилояти Хатлон кишти пахта ба роҳ монда шуда, боз қариб 15 ҳазор каси дигар бо кор таъмин мегарданд.
Дар 3 ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла Данғара ва Ҷиликул 3 корхонаи пахтатозакунӣ бунёд меёбад, ки онҳо метавонанд дар як сол беш аз 80 ҳазор тонна пахтаро тоза намоянд.
Соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қароргоҳи чанд қисми низомӣ ва воҳидҳои махсуси Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои қудратӣ ҳам дидан карда, аз ҳолу аҳволи онҳо ва омодагии ҷангию касбиашон бохабар шуд.
Тазаккур бояд дод, ки бо дастгирию ғамхории пайвастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир шароити будубоши шаборӯзӣ, заминаи моддию техникии таълиму тарбия, таъминот бо техникаю аслиҳа ва муҳиммоти дигари ҳарбии афсарону сарбозон ва кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, омодагии ҷангию касбии онҳо хеле баланд гардидааст.
Омодагии қавии онҳо, аз ҷумла зимни боздидҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қароргоҳҳои қисмҳои низомӣ ва воҳидҳои махсуси Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати Қушунҳои сарҳадӣ ва Гвардияи миллии Тоҷикистон барало аён гардид.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муқоиса ба даврони носозгории солҳои 90-уми асри гузашта дорои артиш ва нерӯҳои махсуси аз ҳар ҷиҳат таъмину муҷаҳҳаз, обутобёфта ва пуриқтидор мебошад, ки ҳайати шахсии онҳо бо ҳисси баланди ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллии худ барои ҳифзи музаффариятҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз ва таъмини ҳаёти орому осоиштаи мардуми шарифи кишвар ҳамеша омодагии қавӣ доранд.




