Зеҳн

Варзиш — ин ҷисми солим, рӯҳи солим ва ақли солим аст!

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо соҳаи варзиш дар қатори дигар соҳаҳои гуногуни мамлакат рушду нумӯъ пайдо кард. Хусусан, бо таваҷҷуҳи хосса ва доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба варзиш, хусусан, навъҳои варзиши миллӣ эҳтиром мегузоранд, дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо рушд карданд, балки ба бисёр комёбиҳову дастовардҳо ноил гардиданд.

Самадзода Парвиз, сармутахассиси шуъбаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ дар МТМ ноҳияи Шаҳритус, яке аз варзишгарони номдори кишвар аст, ки дар дастаи яккачини вилояти Хатлон дар риштаи гӯштини самбо ҳунарнамоӣ мекунад.

Хотиррасон бояд намуд, ки 13 майи соли равон Парвиз дар чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини самбо аз номи вилояти Хатлон баромад намуд, ки дар он ҷойи дуюмро ишғол карда, соҳиби медали нуқра гардид. Ин ифтихори на танҳо кормандони МТМ дар ноҳияи Шаҳритус ва ё вилояти Хатлон аст, балки ифтихори Агентии Тоҷикстандарт аст.

Ин мусобиқа тӯли чанд моҳ ҷараён дошт ва беҳтаринҳо ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфта, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Бояд қайд намуд, ки Парвиз Самадзода яке аз варзишкорони сатҳи ҷумҳуриявӣ буда, дар мусобиқаҳои зиёд иштирок намудааст, ҳамзамон, соҳиби ҷойҳои намоён ва медалу ифтихорномаҳои бисёр гардидааст. Ҳамчунин, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ иштирок ва ҳунарнамоӣ кардааст.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2