Таъмин ва назорати бехатарии маҳсулот яке аз паҳлуҳои фаъолияти асосии мост
Боиси ифтихор аст, ки бо шарофати роҳбарии хирадмандонаи сарвари давлатамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи иқтисодию иҷтимоии кишварамон имрӯзҳо рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ва пешрафтҳои арзанда ба назар мерасанд.
Табиист, ки таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат ба масъалаҳои рушди соҳибкории хурду миёна ва дастгирии бевосита аз секторҳои хусусӣ минбаъд низ барои зиёд шудани сафи чунин ширкатҳои миллӣ, ки обрӯ ва эътибори ҷумҳурии тозаистиқлоламонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд, мусоидат хоҳад кард.
Тавре ки маълум аст, дар бозор аслан ба ҳамон маҳсулот талабот бештар аст, ки сифати хуб дорад, бехатар ва рақобатпазир аст ва ба табъу завқи истеъмолкунанда мувофиқ мебошад. Маҳсулотеро бехатар номидан мумкин аст, ки ҳангоми истифодабарӣ ва истеъмол барои саломатии инсон зараровар ва хатарнок набошад. Маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва аз микробҳои касалиовар олудашуда метавонанд сабаби пайдоиши касалиҳои сирояткунанда ва заҳролудшавии узвҳои ҳозима гарданд.
Аз ин рӯ, истеҳсолкунандагону соҳибкоронро зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, дар ҳама марҳилаҳои истеҳсолӣ хатарҳоро бартараф карда, баҳри солимии ҷомеа амал намоянд.
Хушбахтона, дар давраи соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳандозӣ намудани як қатор тадбирҳои мушаххас дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти хӯроквории ба саломатӣ хатарнок ва пешгирии истеҳсоли маҳсулоти пастсифат дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, аз муомилот баровардани маҳсулоти пастсифати хӯрокворӣ ва дигар маҳсулоти истеъмолие, ки ба саломатии аҳолӣ зараровар мебошанд, пешгирӣ шудаанд ва дар асоси ҳисоботи оморӣ воридоти ин навъи маҳсулот коҳиш ёфта, саҳми истеҳсолкунандагони ватанӣ дар таъмини бозори дохилӣ аз рӯи аксари номгӯи маҳсулоти хӯроквории сабади истеъмолӣ тамоюли рӯ ба афзоиш дорад.
Имрӯзҳо давлати тозаистиқлоли мо зина ба зина ба стандартизатсияи пешқадами ҷаҳонӣ васл шуда истодааст. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдкорона ва созанда мебошад. Ин иқдомро мо бояд бо дилу гарму рӯҳи болида, ифтихори миллию ҳисси ватандӯстӣ ва самимияти бепоён нисбат ба халқу Ватани хеш дастгирӣ намоем.
Умар Нормуминзода, сармутахассиси шуъбаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии МТМ дар ноҳияи Шаҳритус




