Мо, ҷавонон, пайравони Пешвои миллатем
Мо, ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон аз муҳаббату самимияти беандозаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон — Тоҷикистони азиз то абад боқӣ мемонем.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси миллат бошанд». Моҳияти ин нуктаҳои муҳими таъкиднамудаи Президенти мамлакат, пеш аз ҳама, дар ҷалби ҷавонон барои пайваста дар роҳи илму ҳунар ва дониш, инчунин, ҳувияти баланди миллӣ доштан далолат мекунад. Махсусан, таблиғи насли наврас ба омӯзиши мероси таърихӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷуҳи хоси мақомоти раҳбарии кишвар ба эҳёву шинохти арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад.
Мо, ҷавонон, сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар таҳкими истиқлол, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат арҷ гузошта, бо донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланди худшиносию ватанпарастӣ барои ба кишварҳои мутамаддин баробар гардидани Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузорем.
Боиси сарфарозист, ки ҳамин гуна нигоҳ ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои маънавии гузашта дар ҷомеаи мо миёни ҷавонон сол аз сол тавсеа пайдо менамояд. Ин аз он дарак медиҳад, ки сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат барои тарбияи фикриву маънавии насли ҷавон нақши рӯшан мегузорад.
Хушбахтии мо, ҷавонон, дар он аст, ки дар фазои сулҳу суботи комил, тараннуми якдиливу якпорчагии Ватани маҳбуб, таҳкими давлатдории навини миллӣ ва марҳилаи рушди устувор ва босуботи ҷомеа умр ба сар бурда, баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона ва муваффақонаи Пешвои миллат, ки рамзи иттиҳоди сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, камари ҳиммат баста, ҳамеша дар сафи пеши соҳибватанон қадамҳои устувор мегузорем.
Мо, ҷавонон, ваъда медиҳем, ки он дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сазовори боварии Пешвои ҷавонпарвари миллатамон бошем.
Ҳикматулло Бегов, мудири озмоишгоҳи ташхисии таҷҳизоти барқии Раёсати таъминоти метрологӣ




