Зеҳн

Фаъолияти босамари ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сифат»

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Дар асоси ҷадвали пешниҳоднамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, инчунин, омӯзиши фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сифат» дар толори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки маъмурият ва аъзои ҳизб баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини сардори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд Сангинзода Сангин Абдурашид оғоз намуда, зикр дошт, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сифат» бо мақсади татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуб корҳои назаррасро ба сомон расонида, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва амалигардонии барномаи ҳизби пешсафи Тоҷикистон нақши муҳим дорад.

Дар идомаи ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов баромад намуда, оид ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо сарварии Пешвои миллат, таъмини сулҳу субот, баланд гаштани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ихтиёран сафарбар гаштани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ, такмили дониш ва малакаи касбии ҷавонон, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, фаъолияти ҷавонон дар сафи ҳизб ва саҳми онҳо дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат андешаҳои худро баён намуд.

Ӯ зикр дошт, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сифат» дар Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд яке аз ташкилотҳои пешсаф ва фаъол дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ба шумор меравад.

Сипас муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сифат» Наргиса Мирбобоева маърӯза намуда, зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳизби нерӯманди сиёсӣ сол аз сол дар байни ҷомеаи кишвар нуфузи бештар пайдо намуда, дар фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта истодааст.

Ӯ ёдовар шуд, ки Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд дар миқёси вилоят яке аз ташкилотҳои бонуфузи давлатӣ ба ҳисоб рафта, имрӯз 137 нафар корманд, аз ҷумла 117 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият доранд. Аз миқдори умумии кормандон 72 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, аз он 15 нафар занҳо мебошанд.

Изҳор карда шуд, ки дар Марказ вобаста ба татбиқи стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, иҷрои талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи забони давлатӣ» нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуда, аъзои ҳизб дар самти иҷрои талаботи онҳо фаъол мебошанд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа таъкид карда шуд, ки дар оянда низ ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри ободии диёр, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва баланд бардоштани савияи дониши сиёсии кормандони Марказ чораҳои зарурӣ меандешад.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ якчанд нафар аъзои ҳизб барои фаъолияти босамар ва натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуда, ба якчанд нафар аъзои нави ҳизб шаҳодатномаи аъзогии ҳизб супорида шуд.

Маҳкамбой Каримов, сардори дафтари матбуоти Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2