Зеҳн

Нақши стандартонӣ дар рушди саноат ва истеҳсолот

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Стандартҳо заминаи асосии сифату бехатарии маҳсулот ва хизматрасонӣ буда, дар пешрафти ҳаёти инсоният, фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ва таъмини ғизои босифату бехатар нақши муассир доранд. Талаботи стандартҳо дар саросари дунё амалӣ мегардад. Дар ҷумҳурии мо низ дар доираи қонунгузориҳои мамлакат ба татбиқи амалии стандартҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад ва ин омил барои баланд бардоштани сифату рақобатпазирӣ ва бехатарии молу маҳсулот мусоидат мекунад.

Саҳми кормандони Агентии Тоҷикстандарт дар рушди саноат ва истеҳсолоту баланд шудани сифати молу маҳсулоти ватанӣ назаррас аст. Тӯли солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар баробари зиёд шудани корхонаҳои саноатӣ масъулияти кормандони Агентӣ зиёд шуда, дар таъмини сифат ва бехатарии молу маҳсулот нақши худро мегузоранд. Ҳоло дар бозори дохилӣ ҳазорҳо намуди молу маҳсулотро дастрас кардан имкон дорад, ки дар корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мегарданд ва дар баробари ин бо сифати баланду қобили қабул аст. Чунин дастовардҳо натиҷаи амалӣ кардани стандартҳо дар рафти истеҳсолот аст. Соҳибкорони ватанӣ зарурати амалӣ кардани стандартҳоро, ки барояшон манфиати зиёд меорад, хуб дарк кардаанд. Онҳо дар доираи стандартҳои миллӣ, байнидавлатӣ ва байналмилалӣ фаъолият карда, тавассути молу маҳсулоти хушсифати худ дар хориҷи мамлакат низ тавонистаанд нуфузу обрӯи Тоҷикистонро ҳамчун як давлати дар ҳоли рушд баланд бардоранд.

Бо гузашти солҳо робитаи Агентии Тоҷикстандарт бо давлатҳои пешрафта тавсеа ёфта, боис шудааст, ки як қатор стандартҳо дар соҳаҳои гуногун таҳия ва дар истеҳсолот амалӣ карда шаванд. Мутахассисон муҳимтарин нуктаҳои таҳияи стандартҳоро аз рӯи таҷрибаи пешрафта омӯхта, талаботи онро дар қисмҳои он ҷой додаанд.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, барои баланд бардоштани сифату бехатарии молу маҳсулоти ватанӣ ва хизматрасонӣ 20 Регламенти техникӣ қабул гардид, ки иҷрои талаботи он дар истеҳсолоту савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ҳатмӣ мебошад. Риоя кардани стандартҳо ва регламентҳои техникӣ бо мақсадест, ки талаботи истеъмолкунанда пурра қонеъ карда шавад ва маҳсулоти ватанӣ талаф наёфта, бо сифати баланду ба солимии истеъмолкунандагон бехатар дастрас гардад.

Дар Агентии Тоҷикстандарт ба таври доимӣ семинару вохӯриҳо баргузор мегарданд. Соҳибкорон имконият доранд, ки дар рафти чунин чорабиниҳо ширкат карда, бо мутахассисон суҳбати озод карда, ҳар паҳлуҳои нозуки кории ба фаъолияташон дахлдоштаро омӯзанд, шинос шаванд ва дар кори минбаъдаашон самаранок истифода баранд. Имконияти ҳамкорӣ барои ҳама соҳаҳо дар Агентии Тоҷикстандарт фароҳам аст ва мутахассисон омодаанд, ки ба соҳибкорон ва истеъмолкунандагон кумак расонанд.

Яке аз муваффақиятҳои Агентии Тоҷикстандарт дар он аст, ки аъзои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартонӣ, метрология ва сертификатсияи узви ИДМ, аъзо-корреспонденти ташкилоти байналмилалӣ оид ба стандартҳо (ISO) ва аъзои дигар ташкилот мебошад ва Агентӣ имкон дорад, стандартҳои байналмилалиро дар корхонаҳои саноатӣ ва нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ ҷорӣ намояд. Баъд аз узви ин ташкилот шудан мутахассисони Агентӣ дар ҷаласаву вохӯрии он, ки дар давлатҳои аъзо доир мегардад, иштироки фаъолона мекунанд. Ин гуна ҷаласаҳо дар Тоҷикистон низ бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт доир шуда, масъалаҳои муҳими соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва савдо миёни аъзои ташкилот матраҳ мегардад.

Натиҷаи фаъолияти пурсамари мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт, ҳамзамон, дар он дида мешавад, ки корхонаҳои истеҳсолӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ дар Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дастовардҳои чашмрас иштирок мекунанд ва барои маҳсулоти беҳтарини худ ва ё хизматрасонӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Ин гуна пешрафти фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ далели он аст, ки истифодаи стандартҳо дар замони муосир хеле муҳим аст ва маълум мегардад, ки кормандони соҳа низ дар амалӣ гаштани низоми идоракунии сифат, татбиқи амалии стандартҳо, шартҳои техникӣ ва регламентҳои техникӣ бо масъулияти баланд кор мебаранду нақши худро мегузоранд.

Ойгул Одинаева

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2