Соҳибкорон дастгирӣ меёбанд
Боиси ифтихор аст, ки бо шарофати роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи иқтисодию иҷтимоии кишварамон ҳамасола рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ва пешрафтҳои назаррас дида мешаванд.
Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи саноат дар мамлакат аз самтҳои меҳварӣ маҳсуб ёфта, бо мақсади мусоидат ба ин соҳаи муҳим ва дар асоси Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидааст, дар мамлакат ба соҳибкорону саноатчиён як қатор имкониятҳо пешниҳод гардидааст. Ин иқдоми наҷиби Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки чандин корхонаҳои саноатӣ ба фаъолияти пурсамар шуруъ намуда, аз натиҷаи кори худ қаноатманд гарданд.
Фаъолияти соҳибкорӣ дар беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ, шуғли аҳолӣ ва истеҳсолоти ватанӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Соҳибкорӣ ба навовариҳои илму техника, тағйироту талабот ва вазъи бозори ҷаҳониву минтақавӣ ба зудӣ мутобиқ шуда, дар ин замина ба роҳ мондани истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазирро таъмин менамояд.
Бо дарки амиқи ҳамаи ин омилҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳибкорӣ ва сармоягузориро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ эълон намудааст. Солҳои охир дар соҳаи пешбурди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя як силсила ислоҳот, ки ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва дахолат накардани давлат ба фаъолияти хоҷагидории субъектҳои соҳибкорӣ равона гардидаанд, анҷом дода шуд.
Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ, ки аз ҳадафҳои муҳими мо ба шумор меравад, чораҳои ҷиддӣ андешида шуда, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст.
Дарвоқеъ, таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат ба масъалаҳои рушди соҳибкории хурду миёна ва дастгирии бевосита аз секторҳои хусусӣ минбаъд низ барои зиёд шудани сафи чунин ширкатҳои миллӣ, ки обрӯ ва эътибори ҷумҳурии тозаистиқлоламонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд, мусоидат хоҳад кард.
Тадбирҳое, ки барои дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шудаанд, имкон фароҳам оварданд, ки фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар рушд ёфта, ба навсозии истеҳсолот, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ, тақвияти ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ, мукаммалсозии низоми қарздиҳӣ ва молиявии дастгирии субъектҳои соҳибкории хурду миёна, пешниҳоди субсидияҳои давлатӣ ва қарзҳои имтиёзнок ба онҳо, беҳтар намудани сифат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ба содирот нигаронидашуда ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар мусоидат намуд.
Дилшод Султонов, сардори шуъбаи баҳодиҳии мутобиқат дар Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон




