Мақсад: таъмини ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» муносибатҳои байни истеъмолкунанда, истеҳсолкунанда, иҷрокунанда, фурӯшандаро ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кор, хизматрасонӣ ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани моли сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол, кор, хизматрасонӣ ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагони он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳо муқаррар ва тарзи татбиқи ҳуқуқҳоро муайян мекунад.
Масалан, агар шумо шиме харидед, ки як андоза хурд бошад, ё ин ки пойафзоле, ки барои туҳфа ба ягон наздиконатон харидед, ба ранги куртааш мувофиқ наомад, дар чунин ҳолатҳо мувофиқи талаботи Моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» маҳсулоти мазкурро дар муҳлати то 14 рӯз метавонед иваз кунед.
Маҳсулоте, ки шумо иваз карданӣ ҳастед, аз нав ба фурӯш гузошта мешавад. Бинобар ин, на ҳама мол иваз карда мешавад. Моле, ки истифода шуда бошад, сифати истеъмолиаш паст мешавад (мисол: ҷӯробҳо, либосҳои тагпӯш), иваз ё бозпас гардонида намешаванд.
Агар шумо маҳсулоти хушсифатро иваз карданӣ бошед, дар хотир доред:
- Маҳсулот набояд истифода шуда бошад. Агар шумо пойафзолро се рӯз пӯшида бошеду аз сабаби маъқул набудани рангаш иваз карданӣ бошед, он иваз карда намешавад.
- Фаромӯш накунед — моли хушсифат бояд иваз карда шавад, ба шарте ки мол мавриди истифода қарор нагирифта, хосиятҳои истеъмолиаш осеб надида бошанд. Азбаски фурӯшанда моли бозпас гардонидаро боз ба фурӯш хоҳад гузошт, ҳангоми баргардонидани мол дар он бояд тамғаи истеҳсолкунанда мавҷуд бошад ва қолаби он бояд вайрон нагашта бошад.
- Албатта чеки хазинавӣ ё расидро, ки дар он рӯз ва нархи маҳсулот дарҷ шудааст, шумо бояд нигоҳ доред. Ин ба шумо барои исбот кардани он, ки кай, аз куҷо, аз кадом фурӯшанда ва чӣ хел молро харидаед, зарур мебошад.
Ҳангоме ки моли ба шумо лозим (андоза, модел, артикул) ҳангоми муроҷиат карданатон дар фурӯш набошад, шумо метавонед мувофиқи моддаи 25 Қонуни зикргардида шартномаро бо фурӯшанда бекор кунед ва баргардонидани маблағатонро талаб намоед ё ҳангоми ворид гаштани моли ба шумо муносиб онро дар навбати аввал иваз намоед.
Дар хотир дошта бошед, ки ин талаботро танҳо нисбат ба маҳсулоти хушсифате, ки ба шумо мувофиқ наомад, истифода бурда метавонед. Масъалаи ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар мадди аввали фаъолияти мо қарор дошта, дар самти пешгирии фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ, аз муомилот гирифтани маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта, инчунин, риояи қоидаҳои дурусти савдо пайваста бо соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон корҳои назоративу машваратӣ мегузаронем.
Бо вуҷуди ин, аз тамоми истеъмолкунандагон даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми харидории молу маҳсулот ҳуқуқҳои истеъмолии худро донанд ва дар натиҷаи муайян кардани камбудиҳо ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла ба Агентии Тоҷикстандарт муроҷиат намоянд.
Сироҷиддин Нуруллоев, сармутахассиси Нозироти савдои Агентии Тоҷикстандарт




