Хизматрасонӣ дар нуқтаҳои савдо талаботи имрӯзро тақозо мекунад
Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар шакл ва мазмуни савдо ба василаи падид омадани як қатор омилҳои нави иқтисоди бозаргонӣ, инкишоф ёфтани савдои озод ва ривоҷ ёфтани тиҷорати тарафайн бо тамоми кишварҳои олам хеле тағйир ёфт ва вобаста ба ин низоми савдо низ ба дигаргуниҳо дучор омад. Дар шароити имрӯза тариқи корбурди тамоми нуқтаҳои савдо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонуну қоидаҳои муқарраргардида мураттаб ёфта, талаботи умумии корбурди нуқтаҳои савдо, тариқи қабул, нигаҳдошт ва ба фурӯш баровардани молу маҳсулот, қоидаҳои асосии фурӯш, ҳамчунин, муомилаю муносибат бо мизоҷону харидорон, иҷрои талаботи санитарӣ, тариқи нархгузорӣ, назорати ҳатмӣ ба кори нуқтаҳои савдо, уҳдадориҳои асосии роҳбарон ва дигар кормандони нуқтаҳои савдо ва ин амсолро дар бар мегирад.
Бинобар ин, таҷриба нишон медиҳад, ки барои муваффақиятро дар бозор соҳиб шудан системаи тақсимкунӣ ва фурӯшро дуруст ба роҳ мондан аҳамияти бениҳоят калон дорад. Ин маънои онро дорад, ки то вақте маҳсулот харидор намеёбад ва ба фурӯш намеравад, истеҳсоли онро оғоз кардан намеарзад.
Бисёр истеҳсолкунандагон молҳои худро ба бозор бо ёрии миёнаравон мебароранд. Ҳар миёнарав кӯшиш мекунад, роҳи тақсимкунии худро ташкил кунад.
Дар ҷараёни ҳаракати мол нақши савдои чакана ва яклухт бисёр калон аст. Савдои чакана — ҳар фаъолият оид ба фурӯши молҳо ва хизматрасониҳо бевосита ба истеъмолкунандагони ниҳоӣ барои истифодабарии шахсии ғайритиҷоратии онҳо мебошад.
Ҳар дӯконе, ки ба ин кор машғул мешавад, новобаста аз тарзи фурӯши мол ва хизматрасонӣ — методи фурӯши шахсӣ, бо почта, бо телефон ё ба воситаи дастгоҳи савдо ва дар куҷо онҳо фурӯхта мешаванд — дар мағоза, дар кӯча ё дар хонаи истеъмолкунанда, ба савдои чакана машғул мешавад. Бо мурури замон бо дигар шудани муҳит хизматрасонии савдои чакана низ тағйир меёбад.
Тавре маълум аст, тариқи хизматгузории савдо, ки тӯли ҳазорсолаҳо дар раванди ҳаёти мардуми мо сайқал ёфта, ҳамзамон ифшогари яке аз ҷабҳаҳои маданият ва ҳувияти миллӣ мебошад, аз ҳамаи кормандони нуқтаҳои савдо, хоса тоҷирону соҳибкорон ва фурӯшандагон одоби баланд, маданияти миллӣ, нигоҳдошти низоми мураттабу риояи дурусти қоидаҳои ин соҳаи муҳимро пайваста талаб менамояд. Зеро нуқтаҳои савдо дар баробари хизматгузорӣ, инчунин макони фазл, даргоҳи оромиши рӯҳу тан ва ҷойи баланд бардоштани сатҳи тарбияи маънавӣ низ ба ҳисоб мераванд.
Бо ворид гардидан ба нуқтаҳои савдо ва мушоҳидаи муомилаву корбурди фурӯшандагону хизматгузорон мизоҷон зуд дармеёбанд, ки дар он макон тариқи хизматгузорӣ ва маданияти савдо дар кадом сатҳ аст. Аз ин рӯ, риоя намудани қоидаҳои савдо ва тариқи хизматгузории баланду нигаҳдории низоми соҳа муҳимтарин василаи пешбурди кор дониста мешавад.
Мувофиқи муқаррароти ҷойдошта, бояд дар болои дари даромадгоҳи ҳар як мағоза, дар овезаи меъёрии орододашуда, бо ҳарфҳои зебову хоно ва пеш аз ҳама бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) номи мағоза, номи ширкати ба ӯ тааллуқдошта, расм ё манзараи мувофиқ ба он насб гардонида шуда бошад. Ҳамчунин, дар назди даромадгоҳ соати корӣ, соатҳои танаффус, рӯзҳои истироҳат ва дигар реҷаҳои кориро дар лавҳи махсус орододашуда насб намудан ҳатмист ва ин навиштаҷот низ бояд пеш аз ҳама бо забони давлатӣ бошад.
Юсуф Нуров, мутахассиси шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонии Агентии Тоҷикстандарт




