Ҳамоиши ҷавонон дар Тоҷикстандарт
Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонон вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид.
Ҳозиринро муовини директори Агентӣ Сафарзода Мансур хайрамақдам гуфта, оид ба нақши ҷавонон дар замони истиқлол ва инчунин, саҳми ҷавонони Агентӣ дар пешбурди соҳа изҳори назар намуда, аз ҷумла, таъкид дошт, ки таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат сиёсати давлатии ҷавонон таҳкиму тақвият ёбад ва ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи созанда дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла, беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва бо ҷойи кор таъмин гардонидани онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон барномаҳои мушаххасро ба тасвиб расонид, ки дар натиҷа доираи васеи ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва омӯзиши касбу ҳунару илму маърифат фаро гирифта шуданд.
Дар Агентии Тоҷикстандарт мақсад ва вазифаҳои дар пешгузоштаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро хуб дарк намуда, бо дарназардошти он ки ҷавонон барои пешрафт ва тараққиёти кишвари азизамон саҳмгузор мебошанд, аз ҷониби роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт ҷавонон дастгирӣ меёбанд ва бо тавсияи директори Агентӣ онҳо ба курсҳои бозомӯзӣ, конференсияҳо ва семинарҳои байналмилалӣ дар дохил ва хориҷи кишвар равона карда мешаванд.
Ҳамзамон, муовини директори Агентӣ Рустамзода Малоҳат андешаҳои худро бо дарназардошти иштироки фаъолонаи ҷавонон дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлат баён карда, дар анҷоми суханронӣ зикр намуд, ки ояндаи тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши мо гузошта шудааст ва ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург буда, ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки дар татбиқи сиёсати созандаю хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас гузошта, ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоем. Инчунин, барои устувор намудани пояҳои истиқлоли миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дошта бошем.
Сипас, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар робита бо таҷлили Рӯзи ҷавонон бо маърӯзаи пурмуҳтаво суханронӣ намуда, даъват ба амал овард, ки: «Мо бояд фаъолияти худро ба манфиати давлат ва ҷомеа равона созем ва аз ҳама зуҳуроти манфӣ, ки шаъну шарафи мо — ҷавононро паст мезанад, худдорӣ намоем. Аз ҳамаи ҷавонон даъват ба амал меорам, ки биёед ба хотири рушди Ватани азизамон ва пешрафту ташаккули он муташаккилона бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавӣ кору фаъолият намуда, дар ҷомеа ҳиссаи сазовор гузорем. Дарвоқеъ мо — ҷавонон, қудрати сохтану бунёд карданро дорем, зеро зодаи ин миллати созандаем ва ояндаи ин Ватан дурахшон аст».
Дар идома як зумра ҷавонони фаъоли Агентӣ бо Ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Илова бар ин, дар охири ҷамъомад бо мақсади тақвият додани тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон аз ҷониби роҳбари Ҳайати ҷавонони Агентӣ Саидзода Рамазон ба ҳозирин оид ба муҳтаво ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» тариқи рӯнамо маълумот дода шуд.




