Зеҳн

Машварати корӣ оид ба Регламенти техникии «Бехатарии гӯшти паранда ва маҳсулоти коркардшудаи он»

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Чанде пеш дар бинои Агентии Тоҷикстандарт дар робита ба таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Регламенти техникии "Бехатарии гӯшти паранда ва маҳсулоти коркардшудаи он"» бо иштироки масъулин аз Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони корхонаи истеҳсолӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини директор Рустамзода Малоҳат оғоз намуда, иброз дошт, ки мақсад аз ҷамъомад баррасии пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор нисбат ба лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Регламенти техникии "Бехатарии гӯшти паранда ва маҳсулоти коркардшудаи он"» мебошад.

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Регламенти техникии "Бехатарии гӯшти паранда ва маҳсулоти коркардшудаи он"» тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» таҳия гардидааст. Мақсади асосии таҳияи регламенти техникӣ ба танзим даровардани меъёрҳои сифат ва бехатарии гӯшти паранда ва маҳсулоти коркардшудаи он мебошад.

Регламенти техникии мазкур равандҳои ҳатмии татбиқ ва таъмини талаботро нисбат ба маҳсулоти парандаи забҳшудаи дар хоҷагиҳои парандапарварӣ парваришёфта ва маҳсулоти коркарди он, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешавад, ҳамчунин, равандҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол (боркашонӣ), фурӯш ва нобудсозӣ, инчунин, талаботро ба тамғагузорӣ ва бастабандии маҳсулоти парандаи забҳшуда ва маҳсулоти коркарди он барои таъмини раванди озоди онҳо дар доираи муомилот муқаррар менамояд.

Вобаста ба масъалаи мазкур зимни суханронӣ сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ Ашурзода Суҳроб ва муовини сардори раёсат Нуруллозода Тоҳир таклифу пешниҳоди ниҳодҳои дахлдорро баррасӣ намуданд.

Дар асоси талаботи байналмилалӣ дар кори ҷаласа тарафҳои манфиатдор (истеҳсолкунандагон) — намояндаи ҶДММ «Покиза» оид ба истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ иштирок ва пешниҳоди худро ироа намуд.

Дар анҷоми ҷаласа хулоса карда шуд, ки лоиҳа бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо такмил дода шуда, такроран барои баррасӣ ба вазорату идораҳо ирсол карда шавад.

Бояд қайд кард, ки лоиҳаи мазкур дар доираи Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ барои нимсолаи якуми соли 2023 таҳия гардидааст.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2