Зеҳн

Таҷлили Рӯзи кормандони Агентии Тоҷикстандарт

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Санаи 25 майи соли равон дар Агентии Тоҷикстандарт ҷаласаи васеъ дар робита ба таҷлили Рӯзи кормандон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи тантанавӣ, нахуст, директори Агентии Тоҷикстандарт баромад кард. Ӯ зимни суханронии худ иброз дошт, ки меҳнат дар ҳама давру замон яке аз шартҳои мавҷудият, бақои инсон ва ҷамъият ба ҳисоб меравад ва имрӯз ҳам пешрафти ҷомеа, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагӣ маҳз ба ҳамин омил вобаста мебошад.

Ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рушди устувори иқтисодии Тоҷикистон ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум буда, дар назди мо вазифаҳое вогузор мешаванд, ки таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ватанамон аз иҷрои пайгиронаи онҳо вобастагӣ дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки Агентии Тоҷикстандарт ҳамчун мақомоти миллии соҳаи стандартонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ташкилоти байналмилалии соҳаи стандартикунонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Имрӯз мақомоти миллии стандартонии мамлакат аъзои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, сертификатсия ва метрологияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аъзо-корреспонденти ташкилоти байналмилалӣ оид ба стандартҳо ISO ва дигар ташкилот мебошад, ки бе мамоният аз стандартҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ истифода мебарад. Ҳамзамон, Тоҷикстандарт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти пешбаранда ва нигоҳдорандаи фонди давлатии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ мебошад.

Дар амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат дар баробари дигар мақомот Агентии Тоҷикстандарт низ масъулияти калонро ба зимма дорад. Фаъолияти самарабахши ҳаррӯзаи ҳар яки мо ва талошу заҳмати ҳар кадомамон ба хотири ободонии Ватан ва ҳифзи манфиатҳои мардум нигаронида шудааст. Ин амал аз мо талаб менамояд, ки бо дили гарму масъулияти дучанд кору фаъолият кунем ва кӯшиш намоем, ки дар татбиқи амалии вазифаву мақсадҳое, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши аҳли ҷомеа гузоштаанд, саҳми арзанда ва назаррас дошта бошем.

Дар охири ҷаласа як қатор кормандон барои саҳми назаррас гузоштан дар пешбурди соҳа бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2