Сартарошхонаи «Капитал» – кафолати хизматрасонии сатҳи баланд
Имрӯзҳо дар кишвари азизамон дар баробари рушду нумӯъ ва пешрафти тамоми соҳаҳо хизматрасонии сартарошхонаҳо низ бо маром рушд намуда истодааст.
Яке аз сартарошхонаҳои замонавию муосир, ки ба тамоми талаботи замони имрӯз ҷавобгӯ мебошад, ин сартарошхонаи «Капитал» аст, ки ба тозагӣ кори худро дар шаҳри Душанбе оғоз намудааст. Дар сартарошхона ҳамаи лавозимот ва ашёи зарурӣ бо тарҳи хосса ва аз дигар муассисаҳо фарқкунанда ҷиҳозонида шудааст.
«Мо ба ғайр аз ин муассисаи хизматӣ боз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон чандин нуқтаҳои сартарошӣ дорем, ки дар он устоҳои зиёди сартарош ба кор ҷалб гардидаанд. Дар умум 42 устои сартарош ва аз 7 то 10 нафар фаррош ба кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд. Нуқтаҳои дигари хизматрасонии мо бо дигар номҳо фаъолият доранд. Мо тасмим гирифтем, ки бо гирифтани патент оид ба бренди «Капитал» дигар муассисаҳои худро бо ин ном номгузорӣ кунем», – иброз дошт зимни суҳбат роҳбари муассисаи хизматрасонӣ, соҳибкори инфиродӣ Ислом Шокиров.
Мавсуф, ҳамзамон, таъкид намуд, ки дар оянда нияти кушодани дигар нуқтаҳои сартароширо дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо дорад. Ҳамчунин, барои рушду равнақ додани соҳаи сартарошӣ курсҳои омӯзиширо ба роҳ монда, бо шаклу услуби замони муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯз мутахассисонро омода менамоянд.
Бояд қайд кард, ки ҳама гуна хизматрасониҳои сартарошхона ва ороишхонаҳо зери назорати мақомоти назоратӣ, хусусан Агентии Тоҷикстандарт қарор доранд. Фаъолияти онҳо аз ҷониби мутахассисон санҷида шуда, ҷиҳати мутобиқати шароити ҷойгиршавӣ, шакли фаъолият ва сатҳу сифати кории онҳо шаҳодатномаи кору хизматрасонӣ дода мешавад. Ин шаҳодатнома далолат ба он мекунад, ки ҳамин сартарошхона ва ё кошонаи ҳусн дорои хизматрасонии ҷавобгӯ ба талабот аст. Сокинон метавонанд бемушкилӣ аз он истифода намоянд.




