Зеҳн

Ифтихори ватандорӣ бояд дар мазҳари ҳар ҷавони кишвар бошад

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

«Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».
— Эмомалӣ Раҳмон

Андешаҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.

Ифтихори ватандориву ватандӯстӣ дар наврасону ҷавонон аз иҷрои саривақту хушсифати ҳар кор, қатъи назар аз ҷисмонӣ ва фикрӣ будани он, аз хониши аъло ва амиқ омӯхтану донистани таъриху тамаддуни халқи хеш оғоз меёбад. Дар шароити имрӯза забони модарӣ ва забони русию хориҷиро, ки ба сифати воситаи робитаи байни давлатҳо қабул шудааст, хуб омӯхтану донистан ва ба ин забонҳо озодона гуфтугӯ ва иншо кардан ҳам натиҷаи ҳиссиёти баланди ватандӯстонаю ифтихори миллист.

Дар роҳи тарбияи ватандӯстӣ нуфузи адабиёти бадеӣ, афкору осори ватандӯстонаи суханварони кабири гузаштаю имрӯза басо бузург аст. Каломи шоирона ба қалбу рӯҳи мардум беҳтару бештар асар мекунад, дар дилу дидаи онҳо эҳсоси садоқати Ватанро зинда ва бедор карда, ба корномаҳои нав ба нав роҳнамун месозад.

Пешвои миллат ҳамеша таъкид медоранд, ки: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд. Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад».

Тавре маълум аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва бо ҷойи кор таъмин гардонидани онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон барномаҳои мушаххасро ба тасвиб расонид, ки дар натиҷа доираи васеи ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва омӯзиши касбу ҳунару илму маърифат фаро гирифта шуданд.

Мо – ҷавонони кишвар худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намудаем. Барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар, ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун неруи пешбарандаю такондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозем.

Хусрав Орифов,
мутахассиси пешбари шуъбаи НД дар МАС-и МСМС ва НС-и вилояти Хатлон

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2