Талаботи бехатарӣ ва қоидаҳои муомилоти шир ва маҳсулоти ширӣ
Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ» мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» бо мақсади муқаррар намудани талаботи ҳатмӣ ба шир ва маҳсулоти ширӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешаванд, таҳия шудааст.
Шир ва маҳсулоти ширӣ дар ҳолати мутобиқат ба талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ» ва ҳамчунин талаботи дигар Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки амалашон барои онҳо татбиқ карда мешавад, дар бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешаванд.
Маҳсулоти ширии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилотбуда дар давоми муҳлати муқарраршудаи истеъмолӣ, дар ҳолати истифода аз рӯи таъинот, бояд бехатар бошанд. Истеҳсоли маҳсулоти ширӣ бояд аз шири хом ва (ё) шири хоми беравғанкунонидашуда ва (ё) қаймоқҳои хом, ки ба талаботи бехатарии муқаррарнамуда ҷавобгӯ мебошанд ва аз коркарди ҳароратӣ гузаштаанд, амалӣ карда шавад.
Истеҳсоли маҳсулоти ғизои парҳезӣ ва маҳсулоти ҷурғотӣ (ғайр аз маҳсулоти ширии таркибӣ) бояд бе истифодаи иловагиҳои ғизоӣ ва хушбӯйкунандаҳо, ба истиснои компонентҳои ба таври функсионалӣ зарурӣ, амалӣ карда шавад.
Истеҳсоли хамираи фаллагӣ (творог) ва фаллаи дона-дона бояд бе коркарди ҳароратии маҳсулоти тайёр ва илова намудани устуворкунандаҳои консистенсӣ ва консервантҳо амалӣ карда шавад.
Дар ҳолати аз тарафи шахсони воқеӣ ба фурӯш баровардани шир ва маҳсулоти ширии истеҳсоли ғайрисаноатӣ, аз ҷумла дар бозорҳои хоҷагии қишлоқ, расонидани маълумот ба истеъмолкунандагон бо ҳама гуна усулҳои мусоид дар бораи бехатарии байторию санитарӣ, номгӯи онҳо, ҷойи истеҳсол (суроға) ва санаи истеҳсол ҳатмӣ мебошад.
Дар вақти ба фурӯш баровардани шири хом дар бозорҳои хоҷагии қишлоқ аз зарфҳои махсусгардонидашудаи воситаҳои нақлиёт ё дигар зарфҳо, ки аз маводи ба маҳсулоти хӯрокворӣ мувофиқ омода шудаанд, ба зарфи истеъмолкунанда фурӯшандаҳо (шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ ва шахси воқеӣ) уҳдадоранд ба истеъмолкунандагон ҳуҷҷатҳои дахлдор дар бораи экспертизаҳои байторӣ-санитариро тибқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд ва ҳамчунин дар бораи зарурияти ҷӯшонидани ҳатмии шири хом ба истеъмолкунандагон маълумот диҳанд.
Дар ҳолати ворид намудани шири хом, шири хоми беравғанкунонидашуда, қаймоқҳои хом ба нуқтаҳои қабули шир ё ба корхонаҳои коркардкунандаи шир фурӯшандаҳо уҳдадоранд ҳуҷҷатҳои ҳамроҳии байториро, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, бехатарии онҳоро тасдиқ менамоянд, пешниҳод намоянд.
Интиқол додани шири хом, шири хоми беравғанкунонидашуда ва қаймоқҳои хом дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуҷҷатҳои ҳамроҳии байторӣ, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, дорои маълумот дар бораи гузаронидани экспертизаҳои байторӣ-санитарии тасдиқкунандаи бехатарии онҳо мебошанд, ба роҳ монда мешавад.
Муҳлати амали ҳуҷҷати ҳамроҳии байторӣ вобаста аз натиҷаҳои гузаронидани чорабиниҳои байторӣ-профилактикӣ нисбат ба ҳайвоноти маҳсулдиҳандаи хоҷагии қишлоқ, аз рӯи ҷойи истеҳсоли шири хом, шири хоми беравғанкунонидашуда ва қаймоқҳои хом муқаррар карда мешавад, вале на зиёда аз як моҳ аз санаи додани ин ҳуҷҷат.
Ҳар як партияи шир ва маҳсулоти ширӣ зери назорати байторӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мавҷуд будани сертификати байторӣ, ки аз тарафи мақомоти салоҳиятдори кишвари ирсолкунанда дода шудааст, ворид карда мешавад.
Маълумоти пурра оид ба талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ» дар сомонаи Агентии Тоҷикстандарт (standard.tj) ҷойгир шудааст.
Таҳияи Алишер Нормуҳаммадов,
мудири бахши бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии МТМ-и шаҳри Панҷакент




