Маълумот оид ба равғанҳои автомобил
Технологияи мошинсозӣ яке аз соҳаҳои асосии саноат буда, ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқро бо техникаҳои нав таъмин менамояд ва дар ҳалли масъалаҳои муҳим ёрӣ мерасонад. Тавре маълум аст, дар баробари рушди тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, соҳаи автомобилсозӣ низ сол ба сол рушд карда, тамғаю моделҳои нав ба нав аз ширкатҳои бузурги автомобилсозии ҷаҳон ба фурӯш бароварда мешаванд.
Яке аз маҳсулоти муҳим дар баробари сӯзишворӣ барои нақлиёт ин равғанҳои молиданӣ ба ҳисоб мераванд. Истеҳсоли равғанҳои молиданӣ аз ҷониби бузургтарин институтҳо, ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои ҷаҳонӣ оид ба таҳияи стандартҳо барои истеҳсоли равған, аз қабили API, ACEA, ILSAC, AAE бо сифати баланд истеҳсол ва пешниҳод карда мешавад.
Равғани автомобил баъди коркард аз нафт ва газҳои табиии нафтдошта ҳосил гардида, ба он иловакунандаҳо (пакет присадки), аз қабили зидди хӯрдашавӣ, муқобили коррозия, барои тоза нигоҳ доштани дохили муҳаррик ва дигар намуди иловакунандаҳо ҳамроҳ карда мешаванд. Равғани автомобил асосан барои хунук нигоҳ доштани муҳаррики нақлиёт, муҳофизат аз шикасташавӣ, хӯрдашавии қисмҳои ҳаракаткунандаи муҳаррик ва барои тоза нигоҳ доштан аз ғашҳои пасмондаҳои сӯзишворӣ хизмат мекунад.
Намудҳои равғанҳои автомобил
Равғанҳои автомобил ба 3 категория тақсим мешаванд: минералӣ, синтетикӣ ва нимсинтетикӣ (полусинтетик):
- Минералӣ: маҳсулоти аз нафти хом истеҳсолшуда ва таркибаш дорои миқдори ками иловакунандаҳо (присадка) мебошад. Ҳангоми дар минтақаҳои иқлимашон хунук ях мекунад, аз ин лиҳоз истифодаи ин равған дар иқлими гарм пешбинӣ шудааст. Муҳлати истифодабарӣ: 3 сол ё 5000 км.
- Синтетикӣ: комилан маҳсулоти сунъӣ буда, бо роҳи синтез аз газҳои табиии таркибашон нафтдор истеҳсол мегардад. Ҳамчунин, ҳамаи он намудҳои иловакунандаҳое, ки барои хуб кардани сифати равған заруранд, илова карда мешаванд. Равғани синтетикӣ дар фасли зимистон то -40 °С сардӣ тобовар мебошад. Муҳлати истифодабарӣ: 5 сол ё аз 12 000 то 15 000 км.
- Нимсинтетикӣ: омехтаи маҳсулоти минералӣ бо синтетикӣ мебошад. Таркибаш аз як қатор иловакунандаҳо иборат буда, барои истифода дар муҳаррикҳои дизелӣ аз рӯи хосияти шӯяндагӣ доштанаш ва кам намудани миқдори пасмондаи ғашҳои сӯзишворӣ муфид арзёбӣ мегардад. Муҳлати истифодабарӣ: 5 сол ё аз 8 000 то 10 000 км.
Таснифи равғанҳои автомобил бо стандарти ACEA (Ассотсиатсияи автомобилистеҳсолкунандагони Аврупо)
- А – муҳаррикҳои бо бензин ҳаракаткунанда;
- В – барои муҳаррикҳои дизелӣ;
- A1/B2, A3/B3, A3/B4, A5/B5 – равғанҳо барои автомобилҳои сабукрав, фургонҳо, микроавтобусҳо пешбинӣ гардида, хароҷоти сӯзишвориро кам мекунанд, бухоршавиашон кам буда, бар зидди хӯрдашавии қисмҳои муҳаррик тобовар мебошанд. Ин равғанҳои универсалӣ барои муҳаррикҳои бо бензин ва сӯзишвории дизелӣ ҳаракаткунанда мувофиқанд;
- C1, C2, C3, C4 – равған барои муҳаррикҳои бо бензин ва сӯзишвории дизелӣ ҳаракаткунанда бо катализатор барои безарар гардонидани газҳо пешбинӣ шудааст;
- E4, E6, E7, E9, E11 – равғанҳои автомобил барои нақлиёти боркаши бо қувваи дизелӣ пешбинӣ гардида, ба талаботи муҳаррикҳои дизелии муосири Евро-1, 2, 3, 4, 5 дар шароити вазнини корӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Таснифи равғанҳои автомобил аз рӯи системаи API (Институти нафти Амрико)
Бо системаи API равғанҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:
- API S (Service) – мисол API SP, равған барои муҳаррикҳои бо бензин ҳаракаткунанда;
- API C (Commercial) – мисол API CK-4, равған барои муҳаррикҳои дизелӣ.
Ҳарфҳои баъд аз S ва C омада сифати равғанро нишон медиҳанд: чӣ қадаре ки ҳарфҳо бо алифбо боло раванд, ҳамон қадар талабот ба хусусиятҳои равған зиёд мешавад. Категорияҳои равғанҳо барои муҳаррикҳои бензинӣ:
- API SJ – равған барои автомобилҳои солҳои бароришашон то 2001;
- API SL – равған барои автомобилҳои соли бароришашон то 2004;
- API SM – равған барои автомобилҳои соли бароришашон то 2010;
- API SN – равған барои автомобилҳои соли бароришашон аз 2011;
- API SP – равған барои автомобилҳои соли бароришашон аз 2020.
Равғани API SP метавонад категорияҳои равғанҳои пешинро (API SJ, API SL, API SM ва API SN) аз ҷиҳати сифатан хуб буданаш иваз намояд. Категорияи баланди равған барои муҳаррикҳои дизелӣ дар ин классификатсия равғани API CK-4 мебошад, ки барои автомобилҳои соли бароришашон аз 2017 боло пешбинӣ шудааст ва ин равған метавонад классҳои поёниро ба мисоли API CJ-4, API CI-4, API CI-4 Plus ва API CH-4-ро иваз намояд.
Таснифи равғанҳои автомобил бо стандартҳои ILSAC ва AAE
- ILSAC (Ташкилоти Ҷопонии стандартҳои автомобилӣ): дар ин классификатсия равғанҳо барои автомобилҳои амрикоӣ ва ҷопонӣ пешбинӣ шудаанд. Ба ин гурӯҳ панҷ намуди равғанҳои автомобилӣ дохил мешаванд. Категорияи баланди ин равғанҳо ILSAC GF-6a/b мебошад.
- AAE (Ассотсиатсияи муҳандисони автомобилии Россия): бо классификатсияи AAE ду намуди равған мавҷуд аст: Б – равған барои муҳаррикҳои бо бензин ҳаракаткунанда (категорияи баланд AAE B6, ҷавобгӯ ба талаботи Евро-5) ва Д – равған барои муҳаррикҳои дизелӣ (категорияи баланд AAE D5 барои шароити вазнини корӣ).
Таснифи часпакии кинематикӣ бо дараҷаи SAE
- Зимистона (0W, 5W, 10W, 15W, 20W, 25W): барои ҳарорати паст (аз -40 °С барои 0W то -15 °С барои 25W);
- Тобистона (20, 30, 40, 50, 60): часпакӣ дар ҳарорати 100 °С аз 5,6 то 26,1;
- Чорфасла (0W-30, 5W-30, 10W-40, 15W-40): барои истифода дар тамоми фаслҳои сол мувофиқанд.
Фаридун Маҳмадисоев,
сармутахассиси Озмоишгоҳи маҳсулоти нафтӣ




