Зеҳн

Ҳангоми харидории маҳсулоти электронӣ ва барқӣ чиро донистан лозим аст?

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Пеш аз харидории асбобҳои электрониву барқӣ, дар бораи тарзи кор, хусусиятҳои хоси ашё ва ахбороти дигаре, ки дар маълумотнома, шиносномаи техникӣ, рӯйпӯш ё қуттии маводи пешниҳодшуда омадааст, шинос шудан лозим аст.

Харидор дар натиҷаи санҷишу муқоиса молеро интихоб мекунад, ки аз назари арзиш ва сифати техникӣ созгор аст. Аз ҳама муҳимтар муҳлати кафолати пешбинишуда, шартҳои ҷобаҷокунии асбобҳо, маълумот барои тарзи истифода ва таъминот бо қисмҳои эҳтиётӣ мебошад. Дар вақти харидани асбобҳои барқиву электронӣ, харидор бояд ба қуттии мол, нишонаи махсуси истеҳсолот, ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда, дастур оид ба танзим ва муҳлати кафолат диққат диҳад.

Ҳангоми харидории асбобҳои барқиву электронӣ фурӯшанда бояд коршоям будани маводи пешниҳодшуда, тарзи ба кор андохтан, пайвастани он бо хати барқ ва дигар чизҳои лозимиро ба мизоҷон фаҳмонда диҳад.

Асбобҳои барқиву электронӣ аз назари техникӣ ба кадом талабот бояд ҷавобгӯ бошанд?

  • нишони махсуси истеҳсолкунанда;
  • рақам ва ё қайди шакли (тип) асбоб;
  • намуди истифодаи қувва;
  • шакли махсуси истифодаи қувва.

Агар дар ин ё он асбоб равона кардани қувваи барқ тағйирёбанда бошад, пас роҳи махсуси ивазкунии неруи барқ низ бояд нишон дода шавад. Мавҷи муайяни қувва (агар он аз қувваи ноқилҳои доимоамалкунанда тафовут дошта бошад), қудрат ва шиддат дар ҳолате, ки барои васли дигар намуди таҷҳизот пешбинӣ шудааст, бояд қайд гардад.

Диққат:

  • ноқилҳои барқиеро, ки рӯйпӯши фарсуда доранд ва ё аз ҳад зиёд гарм мешаванд, истифода накунед;
  • асбоби ба қувваи барқ пайвастро накушоед;
  • қисмҳои аз қувваи зиёди неруи барқ пешгирикунандаро кӯшиши иваз кардан накунед, зеро на ҳамаи ин асбобҳо ба ҳам мувофиқ меоянд.

Фурӯшанда бояд бо асбоби харидашуда маълумотномаи тарзи истифода, варақаи муҳлати кафолат, шиносномаи техникӣ ва ҳуҷҷатҳои дигареро, ки бояд ба забони давлатӣ навишта шуда бошанд, ба харидор пешниҳод кунад.

Барои истифодаи муҳлати кафолат истеъмолкунанда бояд дастури истифодаро риоя кунад, варақаи кафолатро эҳтиёт намуда, ба худсарона кушодану вайрон кардани муҳри кафолати техникӣ роҳ надиҳад. Аз истифодаи сим ва розеткаҳои худсохт, ноқилҳои сифатан номатлуб даст кашед, то онҳо сабабгори сӯхтор, садамаи ноқилҳои барқӣ ё дигар фалокатҳо нагарданд.

Ҳикматулло Бегов,
мудири Озмоишгоҳи ташхиси таҷҳизоти барқӣ

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2