Зеҳн

Омилҳои ҳифз ва нигоҳдошти қаҳва

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Қаҳва маҳсулотест, ки дар ҷаҳон баъд аз нафт аз ҷиҳати харид ҷойи дуюмро ишғол кардааст. Қаҳва нӯшокии аҷибест, ки таърихи бисёрасра дорад ва онро дар давлатҳои дунё бо усулҳои хеле гуногун парваришу коркард мекунанд. Баландии дарахти қаҳва то 10 метр мерасад, вале барои қулай гаштани ҷамъоварии ҳосили қаҳва онро то ба 3 метр бурида шакл медиҳанд. Дарахти қаҳва то 70 сол умр мебинад, вале ҳар яки он дар як сол танҳо камтар аз 1 килограмм ҳосил медиҳад.

Сарчашмаҳои зиёди таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки Эфиопия ватани асосии қаҳва аст. То ҳол дар Эфиопия қаҳваро ҳамчун як арзиши миллии худ медонанд. Ин давлат дар дунё ягона маконест, ки дарахтони қаҳва чуноне ки садсолаҳо қабл мерӯиданд, ҳамон гуна дар шароити табиӣ, бе дахолати кори инсон месабзанд.

Тарзи омода кардани пиёлаи қаҳва низ омилҳои гуногун дорад ва ҳар нафаре аз дӯстдорони қаҳва ба таври хоссаи худ онро омода мекунад. Мавзеи асосии парвариши қаҳва давлатҳои гарм, ба монанди кишварҳои Африқо мебошад.

Қаҳва ҳамчун нӯшокӣ дар асри XVI аз давлатҳои арабии Африқо ба давлатҳои Аврупо ворид шудааст. Масалан, ба шоҳи Фаронса Людовики XIV донаҳои қаҳваро султони Яман ҳадя кардааст ва аввалин ниҳоли қаҳва дар шаҳри Париж соли 1714 шинонида шудааст. Дар ҷаҳони муосир беш аз 50 намуди қаҳва ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамаи он аз ду намуди асосӣ – арабикаи эфиопӣ ва робустаи африқоӣ омода мегардад. Намудҳои боқимонда дар натиҷаи коркард дар корхонаҳои саноатӣ ба миён омадаанд.

Талабот ба қаҳваи ҳалшаванда сол то сол афзун мешавад ва алҳол 20 дарсади талаботи ҷаҳонро дар бар мегирад. Истеҳсол ва коркарди ин намуди маҳсулот дар шароити саноатӣ марҳилаи душвор аст. Раванди коркарди он ҳатто барои кормандон дар рафти истеҳсолот як қатор хатарҳо дорад ва эҳтиёткории ҷиддиро талаб мекунад.

Содироткунандагони асосии қаҳваи коркардшуда дар ҷаҳон давлатҳои ИМА, Фаронса, Ҷопон, Испания, Британияи Кабир, Австрия ва Канада мебошанд. Истеҳсоли қаҳва содаву табиӣ буда, аз чанд марҳилаи одӣ – поксозӣ, бирёнкунӣ, хокасозӣ ва бастабандӣ иборат аст. Технологияи замони муосир бошад, раванди коркардро каме тағйир додааст, зеро таҷҳизоте, ки дар истеҳсолот ба кор бурда мешавад, марҳилаи коркарди қаҳваро ба қисмҳои зиёд ҷудо мекунад. Баъдан зарур аст, ки ҳар як намуди он дар озмоишгоҳ аз ташхис гузаронида шавад.

Давлати Бразилия яке аз асоситарин давлатҳои содироткунандаи қаҳва мебошад. Иқтисодиёти Бразилия аз бисёр ҷиҳат аз ҳосили майдонҳои қаҳва вобастагӣ дорад. Маҳз ба ин хотир дар шаҳри Сан-Паулу муҷассамаи қаҳва бунёд карда шудааст.

Қаҳваро чӣ гуна бояд ҳифз кард?

На ҳама дӯстдорони қаҳва медонанд, ки қаҳваро чӣ гуна дуруст бояд нигоҳ дошт. Дар ҳоли дуруст нигоҳ надоштани қаҳва ҳатто беҳтарин навъи он таъму бӯйи худро пеш аз муҳлат гум мекунад. Барои он ки қаҳва хусусиятҳои табиии худро нигоҳ дорад ва муддати зиёд ҳифз шавад, борҷомаи босифат барои нигоҳдории он хеле муҳим аст.

Барои он ки донаҳои қаҳва қисми зиёди бӯй, мазза ва сифати худро гум кунанд, басанда аст, ки чанд соате борҷомаи онро кушода нигоҳ дорем. Қаҳваи ҳалшаванда, ғуруша ва ё хока бошад, хеле зуд хусусиятҳои муҳими худро нобуд мекунад. Аз ин рӯ, борҷома кардани қаҳва дар банкаҳои шишагин, керамикӣ ва ё металлӣ муҳим аст. Зарфҳои шишагин одӣ, арзон ва роҳи муносиби ҳалли масъала дониста шудаанд. Зарфҳои чӯбин, ки начандон герметикӣ ҳастанд, барои нигоҳдории дарозмуддати сифати қаҳва камтар мувофиқанд. Истифодаи борҷомаи пластикӣ барои нигоҳдории қаҳва маслиҳат дода намешавад, зеро бӯйи пластик метавонад бо бӯйи қаҳва омезиш ёбад. Аз ин хотир, борҷомаи металлӣ бо сарпӯши герметикӣ барои нигоҳдории қаҳва беҳтар аст.

Зарфе, ки дар он қаҳва нигоҳ дошта мешавад, набояд дар зери нурҳои офтоб, ҳарорати аз ҳад паст ва ё ҷойи намнок нигоҳ дошта шавад. Онро метавонем дар дохили яхдон ва ё ҷевони ошхона ҳам ҷой диҳем. Хуб мешавад, ки истеъмолкунанда зарфи шаффофи қаҳвадоштаро дар ҷевони ошхона, дуртар аз крани оби ошхона ва плитаҳои пухтупази барқиву газӣ нигоҳ дорад.

То кадом андоза қаҳваро тӯлонӣ нигоҳ доштан имкон дорад?

Агар намудҳои гуногуни қаҳваро дар борҷомаи аслии худ тӯли 1–2 сол аз рӯзи истеҳсолаш нигоҳ дошта тавонем, пас дар чунин ҳолат аз вайроншавӣ эмин мемонад. Истеҳсолкунандагон тавсия медиҳанд, ки бастаи кушодаи қаҳваро давоми 1 моҳ бояд истеъмол кард. Донаи қаҳва ҳатто дар шароити беҳтарин низ дар ҳоли кушода будан муддати 20 то 30 рӯз бояд истеъмол карда шавад. Муҳлати нигоҳдории қаҳваи ҳалшаванда ва куфташуда пас аз кушодан аз 4 то 7 рӯз аст. Баъд аз ин таъму бӯйи он нобуд мешавад.

Таркиби қаҳва аз кофеин бой аст, ки барои паст кардани иштиҳо, зудтар кардани ҷараёни сарфшавии калория ва метаболизм дар организми инсон таъсир мегузорад. Ҳангоми истеъмоли мӯътадил ва парҳези мувофиқ он ба суръатбахшии сӯхтани чарбуи бадан мусоидат мекунад. Ҳар субҳ нӯшидани як пиёлаи он кифоя аст, ки хоболудиро рафъ намуда, одамро болидарӯҳ созад.

Ойгул Одинаева

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2