Зеҳн

Ҳадафи мо – баланд бардоштани сатҳи хизматрасонист

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Яке аз самтҳои асосии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ин баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии соҳаи савдо, хӯроки умумӣ ва хизмати маишӣ мебошад. Дар ҳама давру замон табъи хушу болидаи мардум ва маҳсулнокии меҳнати ҳар як фард бевосита аз фаъолияти ин соҳаи муҳим вобаста буд.

Тайи солҳои охир кишвари соҳибистиқлоли мо аз ҳама ҷиҳат дар рушду нумӯъ аст. Қобили қайд аст, ки имрӯз тарабхонаю ошхонаҳои замонавӣ зиёд ва бо ҷиҳози мувофиқ ороста шуда, бо усулҳои миллию аврупоӣ таому хӯрокҳо омода намуда, дараҷаи хизматрасонӣ то андозае беҳтар шудааст.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар шакл ва мазмуни савдо ба василаи падид омадани як қатор омилҳои нави иқтисоди бозоргонӣ, инкишоф ёфтани савдои озод ва ривоҷ ёфтани тиҷорати тарафайн бо тамоми кишварҳои олам хеле тағйир ёфт ва вобаста ба ин низоми савдо низ ба дигаргуниҳо дучор омад. Дар шароити имрӯза тариқи корбурди тамоми нуқтаҳои савдо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонуну қоидаҳои муқарраргардида мураттаб ёфта, талаботи умумии корбурди нуқтаҳои савдо, тариқи қабул, нигаҳдошт ва ба фурӯш баровардани молу маҳсулот, қоидаҳои асосии фурӯш, ҳамчунин муомилаю муносибат бо мизоҷону харидорон, иҷрои талаботи санитарӣ, тариқи нархгузорӣ, назорати ҳатмӣ ба кори нуқтаҳои савдо, уҳдадориҳои асосии роҳбарон ва дигар кормандони нуқтаҳои савдо ва ин амсолро дар бар мегирад.

Кишвари мо яке аз кишварҳоест, ки сайёҳони зиёд рафтуомад мекунанд. Ҳар гуна муомила ва хизматрасоние, ки бо онҳо анҷом дода мешавад, ифодагари маданият, тамаддун ва чӣ гунагии миллати моро ба онҳо нишон медиҳад. Аз ин рӯ, мебояд хизматрасониҳои дилхоҳ самту соҳаи кишвари мо дар сатҳи баланд қарор гиранд. Зеро сайёҳ ва ё намояндае, ки аз дилхоҳ кишвар ташриф меорад, қариб аз тамоми хизматрасониҳои мо истифода менамояд, хусусан аз хизматрасонии савдо, ки яке аз талаботи асосии рӯзмарраи инсон аст. Ҳангоме ки ба ин ё он нуқтаи савдо ворид мегарданд, ба ҳама чӣ аҳамият медиҳанд. Аз ин рӯ, риоя намудани қоидаҳои савдо ва тариқи хизматгузории баланду нигаҳдории низоми соҳа муҳимтарин василаи пешбурди кор дониста мешавад.

Соҳибкорон кӯшиш мекунанд, ки мувофиқи талаботи истеъмолкунандагон молу маҳсулоти дорои сифати баланд, ҷавобгӯ ба стандарту меъёрҳои байналмилалӣ ва дорои сертификатҳои мутобиқатро ба фурӯш бароранд. Қабул ва ба фурӯш баровардани молу маҳсулот аз рӯи сифату шумора, ба талаботи стандартҳо ҷавобгӯ будани онҳо, тафтиши тамға ва бандубасти молу мавод, мутобиқати нархнома бо ҳуҷҷатгузориҳо, муҳлати истифодаи маҳсулот, шумора ва вазни дурусти онҳо мувофиқи нишондоди ҳуҷҷатҳо, санаи барориш ва ному суроғаи корхонаи истеҳсолкунанда, пеш аз ҳама, ба уҳдаи корманди қабулкунандаи молу маҳсулоти нуқтаи савдо вогузор карда мешавад. Ҳамзамон, барои қабул ва ба фурӯш баровардани молу маҳсулот ба ғайр аз корманди масъул боз фурӯшандагон ва дигар кормандони барои қабулу фурӯш сарикордошта низ масъул ҳисобида мешаванд.

Бо беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум талабот ва ниёз ба ин муассисаҳои хизматрасонӣ зиёд мешавад. Дар радифи ин барои пешбурди кор ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ рақобати байни муассисаҳои номбурда меафзояд. Маҳз барои он ки муассисаҳо ба рақобати байни худ тобовар шаванд, имрӯз кормандони онҳоро лозим меояд, ки баҳри такмили ихтисоси худ талоши бештар намоянд.

Азиз Паҳлавонов,
корманди бахши шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонии Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2