Дар вақти харидани либос чиро бояд донист?
Либос чизест, ки диққати ҳар як инсонро новобаста ба маҳорати касбӣ, вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи маданӣ ба худ ҷалб мекунад. Он ба фаъолияти ҳамарӯза ва зиндагии мо таъсири калон мерасонад.
Ҳангоми интихоб ва харидории либос чиро бояд донист? Барои муайян кардани таркиби матое, ки маҳсулот аз он тайёр карда шудааст, овезаи онро бо диққат хонда, ба нишонҳояш аҳамият диҳед. Ин тамғакоғазҳо чунин маъно доранд:
- ПА – полиамид;
- ПАН – полиакрилонитрилӣ;
- ПЭ – полиэфирӣ;
- Вис – вискозӣ;
- Ац – атсетатӣ;
- Тра – триатсетинӣ;
- ДВ – дигар нахҳо.
Матоъҳои аз нахи табиӣ тайёршуда нишонаҳои махсус надоранд, танҳо номгӯи онҳо навишта мешавад: пашм, пахта, лен ва ғайра.
Баъд аз интихоби шаклу намуд, харидор либоси андозаи худ ё андозаи касеро, ки либос барои ӯ харида мешавад, талаб мекунад. Андозаи либос бо шумораҳои арабӣ ба тарзи зайл ифода карда мешавад:
- Барои либосҳои занона (болопӯш, палто, костюм, курта ва ғайра): қад, гирди қафаси сина, гирди миён бо см. Мисол: 158-96-104.
- Барои либосҳои мардона (ба ҷуз курта): қад, гирди қафаси сина, гирди миён бо см. Мисол: 177-100-88.
- Барои курта: қад, гирди қафаси сина, ҳалқаи гардан бо см. Мисол: 176-100-41.
Ҳангоми чен кардани либос боварӣ ҳосил кардан зарур аст, ки он ба шумо мувофиқ аст. Ҳамзамон, аҳамият диҳед, ки тугмаву часпак ва чизҳои дигари ороишӣ дар ҷояшон бошанд.
Диққат диҳед, ки моли интихобкардаатон нуқс надошта бошад. Масалан: нахҳои ҳархела, ранги номуайян, қисмҳои рангпарида, ҷойҳои сӯхта ё сӯрох, рангу расмҳои бесифат, риштаҳои овезон, дӯхти ҳартарафа, дарзҳои канда, занҷираҳои вайрон, ҷойҳои аз сабаби дӯхти нодуруст қатшуда, тугмаҳои гуногуншаклу ҳарранга, доғҳо ва ғайра.
Аз тарафи даруни либос бояд тасмачаи махсусе дӯхта шуда бошад, ки дар он нишонаҳои тарзи нигоҳдошти либос ифода мешаванд. Нишонаҳои графикӣ ифодаҳои шартии байналмилалие мебошанд, ки тарзи шустан, сафед кардан, дарзмол, тоза ва хушк кардани либосро ифода мекунанд.
Бо риояи ин дастур шумо метавонед муҳлати истифодаи либосро тамдид диҳед, онро аз фарсудашавӣ эмин дошта ва рангу намуди аввалаи онро нигоҳ доред.
Фахриддин Исоев,
сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар саноати сабуки Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон




