Зеҳн

Соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисод

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат барои рушди соҳибкории ватанӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Бахусус, барои фаъолияти соҳибкорӣ шароити озоди иқтисодию иҷтимоӣ муҳайё шудааст.

Солҳои охир аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ як қатор корхонаҳои хурду бузург таъсис дода шудаанд, ки ҳоло фаъолияти пурсамар доранд. Акнун қариб ҳафтод дарсади аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъолро бахши хусусӣ бо ҷойи кор таъмин менамояд.

Раванди зиндагӣ нишон дода истодааст, ки рӯҳияи мардум сол то сол тағйир ёфта, дар ҳаёташон дигаргуниҳои куллӣ пайдо гардида истодааст. Дар муқоисаи 10–15 соли пешин ҳоло дар ниҳоди одамон майлҳои созандагӣ, зебоипарастӣ, сифатгароӣ ва баландшавии табъу завқ эҳсос мешавад. Бо вуҷуди ин, амали баъзе истеҳсолкунандагон, тоҷирон ва соҳибкорон ба ин пешравиҳо на ҳама вақт мутаносиб аст. Ҳоло ҳам далелҳои истеҳсоли молҳои ғайристандартӣ ва номутобиқ ба талаботи меъёрӣ, ворид намудани молҳои пастсифати хориҷӣ, ки онҳоро дар ватани истеҳсолкунандаашон касе харидорӣ намекунад, ҷой доранд.

Агентии Тоҷикстандарт барои иҷрои вазифаҳои худ ба қадри имкон захираҳои интеллектуалию техникиро доро мебошад. Озмоишгоҳҳои ташхисии Тоҷикстандарт ва марказҳои вилоятию минтақавии он сол то сол чи аз ҷиҳати миқдор ва чи сифат такомул ёфта, бо технологияи наву ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардида истодаанд. Акнун ҳамаи имкониятҳо мавҷуданд, ки ба воситаи ин асбобҳои замонавӣ на фақат сифату хусусияти гуногуни маҳсулоти хӯрокворӣ, балки муҳити атроф ва равандҳои технологӣ низ ташхис карда шаванд.

Бояд гуфт, ки таъмини пурраи сифат ва бехатарии маҳсулот ба бисёр ҷабҳаҳои иқтисодию сиёсии мамлакат, аз ҷумла ба таъмини боэътимоди воридоти озуқаворӣ бо роҳи аз байн бурдани монеаҳои сунъие, ки гардиши боэътимоди молро то ҷойи истеъмоли он таъмин мекунанд, мусоидат менамояд. Дар ин равия сол то сол беҳбудӣ ба назар мерасад. Аллакай як қатор корхонаҳои нави ватание бунёд шуда истодаанд, ки ҳам бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардидаанду ҳам моли хушсифат мебароранд. Ин ва дигар субъектҳои истеҳсолӣ дар зери назорати доимии нозирону мутахассисони Тоҷикстандарт қарор доранд.

Ҳамин тариқ, бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат вазорату идораҳои дахлдор тамоми чораҳоро дида истодаанд, ки кору фаъолият барои соҳибкорону истеҳсолкунандагон содаю осон карда шавад. Роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт низ дар роҳи иҷрои ин мақсад кӯшиш карда, шаффофияти санҷиш ва назорати давлатиро дар фаъолияти ҳаррӯза таъмин менамояд.

Воқеан, нозирону мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт ҳеҷ гоҳ ҷонибдори амриядиҳию ҷаримабандии соҳибкорон нестанд. Мақсаду мароми мо ин аст, ки дар бозори истеъмолӣ молу маводи хушсифат ва мутобиқ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар муомилот бошаду маданияти хизматрасонӣ дар доираи хулқу атвори ҳамидаи инсонӣ қарор дошта бошад. Вале афсӯс, ки баъзан соҳибкороне ҳастанд, ки бо тамғаҳои қалбакӣ молҳои ғайристандартиро пешкаши истеъмолкунандагон гардонда, нисбат ба ин табақаи бонуфузи аҳолӣ иснод меоранд. Дар ниҳоди чунин соҳибкорон ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳурмату эҳтироми пешаи интихобкарда нест. Зеро соҳибкорӣ, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин самти фаъолият таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуда истодаанд, худ ватандорист. Ҳар рӯз мо бояд дар назди виҷдони худ ҳисобот диҳем, ки ба халқу Ватан чӣ кори хубе кардаем.

Муслиҳиддин Ҳамдамов,
мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатӣ дар МАС

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2