Зеҳн

Усулҳои баҳогузории сифати маҳсулот

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуоти барои фурӯш пешбинишуда, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ, инчунин системаҳои сифат бояд баҳогузорӣ шуда, мутобиқи талаботи санадҳои меъёрӣ тасдиқ карда шаванд.

Мутобиқати маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот ба талаботи санадҳои меъёрӣ аз тарафи истеҳсолкунандагони онҳо аз рӯи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва хӯроки умумӣ, инчунин системаи сифат бояд баҳогузорӣ шуда, ба воситаи сертификатсияи ҳатмӣ мутобиқати онҳо ба санадҳои меъёрӣ тасдиқ карда шавад.

Ҳангоми интихоби маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот, ки тасдиқи мутобиқати онҳо ба талаботи санадҳои меъёрӣ ба воситаи сертификатсияи ҳатмӣ сурат мегирад, бояд дараҷаи хатарнокии маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот ба саломатии инсон, шароити истеҳсол ва муомилоти онҳо ба ҳисоб гирифта шавад. Феҳристи маҳсулоти хӯрокворӣ, маводу маснуот ва хизматрасонӣ (кор)-ро, ки бояд ҳатман сертификатсия шавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Ташкил намудан ва тартиби аз сертификатсияи ҳатмӣ гузаронидани навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва соҳаи хӯроки умумӣ, инчунин системаҳои сифат аз тарафи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба стандартизатсия, сертификатсия ва метрология амалӣ гардонида мешавад.

Нисбат ба маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуоте, ки сертификатсияи ҳатмӣ ва тасдиқи мутобиқати онҳо ба талаботи санадҳои меъёрӣ ҳатмӣ нест, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсол ва муомилоти чунин маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот машғуланд, ҳуқуқ доранд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сертификатсияи ихтиёрӣ гузаранд.

Дар ҳолатҳое, ки агар истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуоти сертификатсияшуда, истеҳсолкунандае, ки сертификати мутобиқати системаи сифат дорад, ё иҷрокунандаи хизмати сертификатсияшуда, ки дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хӯрокворӣ ё дар соҳаи хӯроки умумӣ фаъолият мекунад, муқаррароти санадҳои меъёриро вайрон кунанд, мақоме, ки сертификати дахлдорро додааст, бояд истеҳсол ё фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, маводу маснуот ва хизматрасониро дар давраи ислоҳи вайронкуниҳои муайянгардида манъ намояд; агар ислоҳи вайронкуниҳо имконнопазир бошад, бояд фаъолияти сертификатро бекор кунад.

Дар ҳолате, ки агар чунин вайронкуниҳо аз тарафи истеҳсолкунанда ба амал оянд, вай бояд ҳатман истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуотро боздорад ва ба мақоми назорати давлатӣ, ки дар маҳалли қароргирифтааш ҷойгир аст, хабар диҳад (Қонуни ҶТ «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»).

Бо кадом усулҳо ҳангоми идоракунӣ дараҷаи сифатро баҳо додан мумкин аст? Усули баҳодиҳӣ барои муайян кардан имконият медиҳад, ки кадом маҳсулот ё мол аз дигараш фарқи сифатан баланд дорад. Барои ин ба тариқи амал чунин усулҳоро истифода бурдан мумкин аст:

  • ченкунӣ;
  • ҳисобкунӣ;
  • органолептикӣ;
  • барӯихатгирӣ.

Аз рӯи сарчашмаҳо усули иттилоотӣ метавонад тақсим шавад ба:

  • анъанавӣ;
  • мумайизӣ;
  • ҷамъиятшиносӣ.

Зиёзода Фирдавс,
сардори шуъбаи сертификатсияи молу маҳсулоти Раёсати Тоҷикстандарт дар минтақаи Кӯлоб

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2