Фурӯши маҳсулот дар бозорҳо талаботи худро дорад
«То бозорро ба тартиб надарорем, интизоми намунавӣ ва маданияти бозордориро ҷорӣ насозем, назму низоми тиҷоратро ба роҳ монда наметавонем».
— Эмомалӣ Раҳмон
Бехатарии хизматрасонӣ дар бозорҳо бояд шароитро барои хизматрасонии харидорон, молҳои фурӯхташаванда, риоя кардани талаботи санитарӣ аз тарафи ҳайати бозор, ҳолати биноҳо, таҷҳизот ва лавозимот таъмин намояд.
Дар бозорҳое, ки ба фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва маҳсулоти хӯроки умум роҳандозӣ шудааст, бояд талаботи стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Хизматрасонӣ дар бозорҳо» риоя гардад. Ҳамчунин, ба талаботи СанПиН 2.3.5.021 низ ҷавобгӯ бошанд.
Қабули молҳо бояд мувофиқи талаботи стандартҳо, шартҳои техникӣ, ҳуҷҷатҳои ҳамроҳшаванда ва қоидаҳои савдо дар бозорҳо амалӣ карда шавад. Ҳамчунин, таҷҳизоте, ки дар дохили бозорҳо мавҷуд аст, бояд ба талаботи бехатарӣ мувофиқи ГОСТ 12.2.003 ҷавобгӯ буда, танҳо дар асоси талаботи корхонае, ки чунин таҷҳизотро тайёр намудааст, кор фармуда шуда, бояд мувофиқи Номгӯи маҳсулот ҳатман сертификатсия карда шавад.
Равшан намудани ҳудуди бозор ва корхонаҳои дохили онҳо бояд мувофиқи талаботи СНиП 32-05 ба роҳ монда шуда, инчунин бояд равшании табиӣ ва сунъӣ (равшании корӣ, садамавӣ ва навбатдорӣ) вуҷуд дошта бошад. Нишондиҳандаҳои микроиқлимӣ (ҳарорат, намнокии нисбӣ, ҳаводиҳӣ) дар дохили биноҳои савдои бозор бояд ба талаботи СНиП 2.04.05 мутобиқ бошанд.
Дар ҳама гуна бозорҳо барои фурӯш танҳо ба маҳсулоти босифат роҳ дода мешавад. Ҳама намуди маҳсулот мувофиқи тартиби муқарраргардидаи СанПиН 2051 дар озмоишгоҳҳои таҳлилии санитарӣ-байторӣ санҷида мешаванд. Ҷобаҷогузории нуқтаҳои савдо бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки ба рафтуои харидорон монеа накарда, ба қоидаҳои оташнишонӣ ва санитарӣ, инчунин ба маданияти хуби хизматрасонӣ мусоидат намояд.
Фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, маҳсулоти ширӣ ва тухм баъд аз ташхиси лабораторӣ дар озмоишгоҳи санитарӣ-байтории бозорҳо ба роҳ монда мешавад. Гӯшт ва маҳсулоти гӯштие, ки ба фурӯш иҷозат дода шудаанд, бояд дар ҷойҳои махсус, пештахтаҳо ва мизҳо ҷойгир шуда, дар чангакҳои оҳанин овезон карда шаванд.
Барои фурӯши шир ва маҳсулоти ширӣ дар бозорҳо ҷойи алоҳида пешбинӣ карда шавад. Фурӯшандагони шир ва маҳсулоти ширӣ бояд бо дафтарчаи тиббӣ ва маълумотномае, ки аз тарафи хадамоти байторӣ дода шудааст, таъмин бошанд.
Фурӯши калла, поча ва шикамбаи ҳайвон танҳо дар ҷойҳои махсус ҷудокардашуда, баъд аз мувофиқа бо мақомоти санитарӣ ва байторӣ ба роҳ монда мешавад. Орд, маҳсулоти ордӣ, донагӣ ва дигар маҳсулоти ҳаҷман калон дар рафҳо, пештахтаҳо ва линчаҳои тоза захира карда мешаванд.
Дар бозорҳои кишоварзӣ фурӯши чунин маҳсулот манъ карда шудааст:
- фурӯши маҳсулоти машруботӣ;
- фурӯши маҳсулоти тамоку бе маркаҳои аксизӣ;
- фурӯши занбӯруғҳои шӯркардашуда ва сиркошуда, ки дар шароити хона тайёр шудаанд;
- фурӯши растаниҳои доругӣ, гулҳои саҳроӣ бе литсензияи дахлдор;
- фурӯши тухмии сабзавот ва растаниҳои гулдор бе иҷозатномаи озмоишгоҳи назоратии тухмӣ;
- фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ аз замин, зарфҳои тасодуфӣ ва дар шароитҳои ғайрисанитарӣ.
Фурӯшандаи бозор вазифадор аст, ки гигиенаи шахсиро риоя карда, аз муоинаи духтур сари вақт гузашта, мувофиқи талаботи СанПиН 297 дар ҷойи кориаш дафтарчаи тиббӣ дошта бошад.
Мақсад Абдуллоев,
мутахассиси пешбари Раёсати баҳодиҳии мутобиқат




