Зеҳн

Мусоидат ба рушди содирот

АГ
Агенти Зеҳнӣ18 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Давлату Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ҳамеша барои рушду такомули соҳаҳои гуногуни кишвар пайваста чораҳои зарурӣ андешида, имкониятҳои васеъю фарохро муҳайё месозад. Дастгирии рушди соҳибкорӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва бо ин мақсад ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ низ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлатамон ба шумор рафта, барои рушд ёфтани соҳаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромади худ хоссатан иброз намуда буданд, ки «ба масъалаҳои тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда аҳамияти махсус дода, барои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва меваю сабзавот, истихроҷи маъдан, коркарди металлу сангҳои қиматбаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд».

Агентии Тоҷикстандарт ҳамчун мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати давлатро дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ, стандартизатсия, баҳодиҳии мутобиқат ва метрология амалӣ месозад, ба воситаи соҳаҳои мазкур нақши худро дар амалӣ гардидани ин ҳадафҳои мамлакатамон мегузорад.

Дар самти баланд бардоштани сифати маҳсулот ва рақобатпазир гардонидани он ва дар ин замина ба вуҷуд овардани имконоти содиротии молу маҳсулот, пеш аз ҳама, тариқи ба роҳ мондани низоми идоракунии сифат дар асоси стандартҳои байналмилалии силсилаи ISO 9000 дар истеҳсолот имконпазир мебошад. Ҳамзамон, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти озуқаворӣ дар корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ аз талаботи Низоми таҳлили таваккалҳо ва назорати нуқтаҳои таҳдидомез (НАССР), инчунин ҷорӣ намудани низоми идоракунии амнияти маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқ ба талаботи ISO 22000 вобастагии калон дорад.

Ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат аз рӯи ин стандартҳо ба беҳтар шудани сифати маҳсулот, кору хизматрасонӣ, рақобатпазирии онҳо дар бозори дохилӣ ва хориҷи кишвар мусоидат намуда, заминаи эътирофи фаъолияти корхонаҳо дар сатҳи байналмилалӣ мегардад.

Боиси тазаккур аст, ки дар натиҷаи амалӣ гаштани ин низомҳо айни ҳол номгӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ рӯ ба афзоиш дорад ва ин маънои онро дорад, ки содироти даҳҳо номгӯйи ашёи хом ба хориҷи кишвар кам гардида, он дар дохили кишвар коркард ва истеҳсол мегардад. Ин имконият медиҳад, ки молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои дохиливу ҷаҳонӣ рақобатпазир гардида, иқтидори содиротии мамлакат қавитару васеътар гардад. Бояд қайд кард, ки аксарияти маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ба давлатҳои аъзои ИДМ содир карда мешавад, аз ҷумла меваи хушки дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда, ки дар номгӯи содироти маҳсулоти ватанӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд, асосан ба ин давлатҳо содир мегардад ва тибқи талаботи ин давлатҳо бояд корхонаҳои истеҳсолӣ дорои сертификати низоми идоракунии сифат бошанд. Хушбахтона, дар аксарияти корхонаҳои истеҳсолкунандаи меваи хушк ин низомҳо ҷорӣ шудаанд.

Тибқи мушоҳидаҳо, барои баланд бардоштани сифати молу маҳсулоти ватанӣ, зиёд гаштани номгӯи молу маҳсулоти воридотивазкунанда, ворид намудани технологияи муосири каммасраф ва ҷорӣ намудани низомҳои нави идоракунии сифати маҳсулот аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ мушкилоти маблағгузорӣ, омодагии техникӣ ва норасоии мутахассисони касбӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ба назар мерасад. Бо дарназардошти ин, андешидани чораҳо аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҷалби грантҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилоти донорӣ барои дастгирии корхонаҳои ватанӣ бо мақсади ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат ва бехатарии маҳсулот аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ зарур мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои солҳои 2013–2014» ва «Барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои солҳои 2015–2016», ки ба воридот, истеҳсол ва содироти молу маҳсулот мусоидат менамоянд, қабул гардидаанд. Дар баробари ин, чандин Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, ки талаботи онҳо корхонаҳоро вазифадор месозанд бо истифода аз технологияҳои муосир маҳсулоти ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро истеҳсол намоянд.

Давоми чанд сол аст, ки Агентии Тоҷикстандарт бо мақсади роҳ кушодан барои содироти маҳсулоти ватанӣ бо Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Милали Муттаҳид (UNECE) ҷиҳати истифодабарии стандартҳои кишоварзии сифат дар регламентҳои техникӣ ва истифодаи стандартҳо дар савдои байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад.

Илова бар ин, Раёсати Тоҷикстандарт дар минтақаи Кӯлоб тасмим гирифтааст, ки барои содирот намудани молу маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намуди маҳсулот ба хориҷи кишвар дар якҷоягӣ бо дастгоҳи марказии Агентии Тоҷикстандарт тадбирҳои заруриро андешида, дар рушди содироти кишвар нақши бориз гузорад.

Муродалӣ САЛИМОВ,
сармутахассиси шуъбаи МАС дар Раёсати Тоҷикстандарт дар минтақаи Кӯлоб

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2