Семинарҳои омӯзишӣ – омили муҳими пешрафти истеҳсолот
Баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши тахассусии соҳибкорон, риояи ҳатмии талаботи регламентҳои техникӣ дар раванди истеҳсолот ва таъмини сифату бехатарии маҳсулот, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар субъектҳои хизматрасонӣ, дар давоми соли равон аз ҷониби мутахассисони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд бо иштироки масъулони соҳа ва ҷалби коршиносони сатҳи байналмилалӣ семинару тренингҳои омӯзишӣ ва мизи мудаввар барои роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо, соҳаи сайёҳӣ, марказҳо ва нуқтаҳои савдо баргузор карда шуд.
Дар семинарҳои омӯзишӣ ва мизҳои мудаввар моҳияти ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникии соҳавӣ, аз ҷумла регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ», «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ», «Маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва (ё) сабзавот», «Бехатарии маҳсулоти таъиноти кӯдакон ва наврасон», «Бехатарии таҷҳизоти пастшиддат» ва якчанд стандартҳо: СТ ҶТ 1110-2018 «Либоси мактабӣ», ГОСТ 31457-2012 «Яхмоси ширӣ, қаймоқ ва пломбир» ва талаботи қонунҳои соҳавӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, барои иштирокчиён санадҳои зикршуда дар фиттаҳо (дискҳо) ройгон тақсим карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар асоси лоиҳаи PTB «Пурзӯр намудани инфрасохтори сифат дар давлатҳои Осиёи Марказӣ» бо иштироки намояндагони 20 корхонаи истеҳсолӣ, мутахассисони шуъбаи санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченак, шуъбаи озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрока ва кишоварзӣ семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Санҷиш ва андозагирӣ, ҷиҳатҳои манфӣ ва мусбии он барои корхонаҳои истеҳсолӣ» баргузор гардид, ки дар кори он мутахассисон ва коршиносон баромад намуда, вобаста ба муҳим будани андозагирӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ва аҳамияти он барои истеҳсолот андешаҳои худро баён намуданд.
Инчунин, бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти Агентӣ тренинги омӯзишии 5-рӯза оид ба «Баҳодиҳии салоҳиятнокии озмоишгоҳҳо» дар Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 30 нафар иштирокчиён, аз ҷумла мутахассисони соҳаи стандартонӣ ва метрологияи Агентии Тоҷикстандарт ва зерсохторҳои он, инчунин намояндагони озмоишгоҳҳои корхонаҳои истеҳсолии вилояти Суғд ширкат намуданд.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки тренинги омӯзишӣ бо ҷалби мумайизони (экспертҳо) сатҳи байналмилалӣ бо саҳми ташкилоти Triple Point Engineering ва эксперт-аудиторҳо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндаи лоиҳаи PTB Институти физикӣ-техникии Олмон Вероника Грушевская баргузор гардид.
Дар тренинги омӯзишӣ коршиносони сатҳи байналмилалӣ оид ба моҳияти стандарти байналмилалии ISO/МЭК 17025-2017 «Талаботи асосӣ ба салоҳиятнокии озмоишгоҳҳои санҷишӣ ва андозагирӣ», аз ҷумла мавзуъҳои «Инфрасохтор ё зербинои сифат», «Сохтори озмоишгоҳ. Беғаразӣ. Махфият», «Талабот ба захираҳо», «Таҷҳизот. Қобилиятнокии метрологӣ», «Талабот ба системаи менеҷмент», «Пешниҳоди ҳисобот аз натиҷаи ташхис» ва дигар мавзуъҳо андешаронӣ намуданд.
Инчунин, дар охири моҳи ноябр дар Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд бо иштироки муовини директори Агентии Тоҷикстандарт Малоҳат Рустамзода ва муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Қаландарзода мизи мудаввар дар мавзуи «Мусоидати Агентии Тоҷикстандарт дар саноатикунонии босуръати кишвар» бо иштироки масъулини корхонаҳои истеҳсолии вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур мутахассисон оид ба мавзуъҳои «Мусоидати мақомоти Тоҷикстандарт дар ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар», «Дастрасӣ ба портали иттилоотии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартонӣ» ва «Моҳияти ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат ва бехатарии маҳсулот тибқи стандартҳои байналмилалии ISO» баромад намуда, вобаста ба мушкилиҳо ва афзалиятҳои асосӣ, самтҳои фаъолият, фонди давлатии стандартҳо, масъулияти озмоишгоҳҳои ташхиси молу маҳсулот, ташкили озмунҳо ва дарёфти ҷоизаи ИДМ, муаррифии нишони молии корхонаҳо, ҳамкорӣ бо шарикон, роҳҳои дастрасӣ ба портали электронӣ, аҳамият ва бартариҳои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии силсилаи ISO ва дигар масъалаҳо андешаҳои худро баён намуданд.
Ба роҳ мондани корҳои омӯзишӣ ва тарғиботӣ яке аз омилҳои муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳи тахассусии масъулини корхонаҳои истеҳсолӣ ва дар ин замина мусоидат ба саноатикунонии босуръати кишвар ва рушди истеҳсолоти ватанӣ мебошад.
Ғайбулло Муҳиддинов,
сардори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд




