Хизматрасонии сайёҳӣ ва масъалаҳои марбут ба он
Сайёҳӣ ҳамчун василаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ, соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойҳои нави корӣ, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ саҳми назаррас дорад. Ҳамаи афзалияту бартариятҳои ин соҳаи ниҳоят муҳимро Пешвои миллат дарк карда, дар кишвари азизамон соҳаи сайёҳиро ба тадриҷ роҳандозӣ сохтанд.
Дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ пайваста рушд ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самти муҳими стратегӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуд ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯю эътибори хосса гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои сайёҳӣ дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонунгузорӣ чораҳо андешида шуда, дар ин самт дар заминаи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои пешбинигардида бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудаанд.
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ аз ҷониби Агентии Тоҷикстандарт ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ва ба талаботи стандартҳо мутобиқ намудани фаъолият дар меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.
Бо дарназардошти он ки ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ яке аз омилҳои баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо мебошад, аз тарафи мутахассисони Агентӣ дар якчанд муассисаҳои хизматрасонии хӯроки умумӣ ва меҳмонхонаҳо корҳои сертификаткунонӣ гузаронида шудаанд. Инчунин, стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Таснифоти меҳмонхонаҳо» ва «Таснифоти муассисаҳои хӯроки умумӣ», ки қаблан таҳия карда шуда буданд, ба субъектҳои хоҷагидор дастрас гардиданд.
Қонунгузории кишвар мафҳуми сайёҳиро чунин маънидод кардааст: саёҳати гуногунҷанбаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин шуғле, ки бо мақсади солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат, тиҷорат, варзиш, касбию хизматӣ ва мақсадҳои дигар (ба истиснои ба кори музднок ҷалб шудан) ва будубоши муваққатии берун аз ҳудуди ҷойи истиқомати доимӣ анҷом дода мешавад.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои кишвар инфрасохтори зарурии сайёҳӣ бунёд гардида истодааст, ки барои ҷалби бештари сайёҳон, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии минтақаҳои деҳот ва пайдо гардидани ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ, рушди устувори сайёҳӣ дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳукумати мамлакат барои таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар намуда, дар марҳилаи аввал барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ ва таъсиси инфрасохтори зарурӣ заминаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Тавре маълум аст, дар ҳар мамлакат ба рушди туризм диққати зиёд дода мешавад. Ҳамзамон, ташкили фаъолияти сайёҳӣ бо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад, талабот бошанд дар стандартҳои давлатӣ оварда мешаванд. Хотирнишон бояд кард, ки вобаста ба ин дар кишвари мо низ стандартҳои махсус барои бехатарӣ ва дигар паҳлуҳои соҳаи сайёҳӣ қабул карда шудаанд, ки риояи талаботашон ҳатмӣ мебошад. Инҳо:
- СТ ҶТ 1100-2013 «Хизматҳои туристӣ. Талабот оид ба таъминоти бехатарии туристӣ»;
- СТ ҶТ 1099-2013 «Хизматрасонии туристӣ. Талаботи умумӣ»;
- СТ ҶТ 1101-2013 «Хизматрасонии туристӣ. Таснифи меҳмонхонаҳо».
Саёҳат аз маҷмӯи хизматрасонӣ барои ҷойгиркунӣ, интиқол, хӯроки сайёҳон, хизматрасониҳои экскурсионӣ, инчунин хизматрасониҳои роҳбалад-тарҷумонҳо ва дигар хизматрасониҳое, ки вобаста аз мақсади саёҳат расонида мешаванд, иборат аст.
Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои сайёҳон иҷозатномадиҳӣ ва стандартизатсияи фаъолияти туроператорӣ ва турагентӣ ва объектҳои саноати сайёҳӣ, инчунин сертификатсияи маҳсулоти сайёҳӣ гузаронида мешавад.
Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва малакаи касбии кормандони соҳаҳои хизматрасон бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи тарабхонадорон ва меҳмонхонадорон ва мактаби миллии меҳмондорӣ курсҳои кӯтоҳмуддати «Пешхизмати тарабхона», «Туризм ва сайру саёҳат», «Корманди меҳмонхона» ташкил дода шуда буд ва аз давраи ташкил шудани курсҳои номбурда кормандони соҳаи хизматрасонӣ соҳиби маълумоти касбӣ шудаанд.
Агентии Тоҷикстандарт минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои сайёҳӣ дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонунгузорӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.
Комилҷон Сафаров,
сардори шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ




